Тарроҳии ҷадиди сафҳаи сирилики Би-би-сии форсӣ

  • 14 Сентябр, 2014
Image copyright PA
Image caption Ҳамакнун сойти мо ба шакле муносиб бо фанновариҳои ҷадид нашр мешавад

Шакли сафҳаи сириллики бахши форсии Би-би-сӣ аз рӯзи душанбе, 15 сентябр тағйир мекунад. Ин иқдом талоши дигаре аст барои дар хидмати хонандагон, бинандагон ва шунавандагон қарор додани беҳтарин тавлидоти рӯзноманигории Би-би-сӣ. Ҳадаф аз ин тағйир мутобиқ сохтани ин сафҳа бо ниёзмандиҳо ва фановариҳои корбарони сойт аст.

Ҳамакнун сойти мо ба шакле муносиб бо фанновариҳои ҷадид нашр хоҳад шуд. Ин бадон маъно хоҳад буд, ки дигар шакли хоси он барои компютер ва мубойл вуҷуд нахоҳад дошт ва танҳо як дизойн барои мубойл, компютер ва Ойпаду назири онҳоро хоҳад дошт.

Яъне тарроҳии ҷадиди сойт мутобиқ бо зарфияти дастгоҳҳои шумо ва суръати интернети мавриди истифодаи шумо хоҳад буд.

Бадин тартиб, сарфи назар аз ин ки шумо ахбори моро дар мубойл, компютер ва ё дастгоҳи дигаре мехонед, сойти мо ба сурати доим мутобиқ бо ин дастгоҳҳо хоҳад буд.

Оё чиро мо даст ба ин иқдом задем?

Тарроҳии мутобиқ бо фановариҳои ҷадиди сойти мо имконоти беҳтаре дар телефунҳои мубойл дорад ва зудтар боз мешавад. Дар оянда мо метавонем вижагиҳои тозаеро ба он изофа кунем ва ҳамчунин имконоти онро афзоиш бидиҳем.

Афроде, ки аз дастгоҳҳои нисбатан қадимтари мубойл истифода мекнунанд, бо суръати хуб метавонанд ба матолиби асосии мо дастрасӣ дошта бошанд. Агарчи афроде аз дастгоҳҳои бузургтар ва дорои суръати бештар истифода мекунанд аз имконоти фаровонтар ва мутанавеътаре бархурдор хоҳанд буд.

Текнулуҷиҳои қадимитаре назири Уиндуз медиё плейер (Windows Media Player) дигар ғайриқобилиистифода хоҳанд буд, аммо дастгоҳҳои шумо метавонанд матолиби видиюӣ ва садоиро аз тариқи роҳҳои дигар боз кунанд.

Тарроҳии сойт ҳанӯз идома дорад ва поён наёфтааст.

Агар мушкиле дар робита ба шакли ҷадиди сойти мо бароятон пеш омад ва ё пешниҳоде дар робита дошта бошед, лутфан аз тариқи сафҳаи "Тамос бо мо" моро дар ҷараён қарор диҳед.

Матолиби муртабит