Худнамоии Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба унвони рақиби Ғарб

  • 13 Сентябр, 2014
Истиқбол аз Влодимир Путин Image copyright AFP
Image caption Истиқбол аз Влодимир Путин дар фурӯдгоҳ, ки барои нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба Душанбе рафтааст

Як ҳафта пеш Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, бо раҳбарони дигар кишварҳои узви созмони Ноту ба Вейлз (дар ғарби Бритониё) рафта буд, то шаклгирии "ҳастаи иттиҳод" барои мубориза бо таҳдидоти рӯзафзуни пайкорҷӯёни "Давлати Исломӣ" дар Ироқ ва Сурияро эълом кунад.

Баъд, дар ҳамон рӯз, ки ӯ чаҳорчӯби истротежиҳои ҷадиди худро эълом кард, раҳбароне дигар, ин бор дар шарқ, гирди як эътилофи дигар дар ҷангали кохи риёсати ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, барои дидори солонаи сарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой ҷамъ шуданд.

Бархе аз нерӯмандтарин бозигарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой тавоноии ихлолгарӣ дар беҳтарин барномаҳои Вошингтун дар Сурия ва Ироқро доранд.

Барои баъзе ин эътилоф, ки дар шарқ дар ҳоли густарда шудан аст, ҳукми подзаҳр алайҳи Нотуро дорад.

Кишварҳои нозир, мисли Эрон, Ҳинд ва Покистон, моиланд узви расмии блуке шаванд, ки 13 сол пеш байни Русия, Чин ва кишварҳои тоза истиқлолёфтаи Осиёи Миёна шакл гирифт.

Ҳатто ҳоло ба Туркия ҳам ба унвони як шарики билқувва нигариста мешавад. Дар ҳоле ки қаблан аз ин кишвар ба далели наздикияш ба Ғарб ва ҳамчунин ҳимоят аз душманони мусаллаҳи Башор Асад дар Сурия дурӣ мешуд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Ҳасани Рӯҳонӣ ҳам барои ширкат дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шонгҳой, ки Эрон узви нозири он аст, ба Душанбе рафта буд

Парвизи Давлатзода, муъовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт: "Ин нишасти сарон Душанберо ба маркази жиюпулитики ҷаҳон табдил хоҳад кард."

Влодимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, ва Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷ умҳурии Эрон, мутмаин ҳастанд, ки дар баъзе ҷабҳаҳо ангезаҳои муштарак доранд. Ҳарду таҳти таҳримҳои Ғарб ҳастанд, Русия барои амалиёти он кишвар дар Укройн, Эрон ба далели як барномаи ҳастаии норӯшан.

Ҳарду ҳам ҳомиёни собитқадами Башор Асади даргири ҷанг аҳстанд, ки барои замоне тӯлонитар аз интизор дар қудрат пойдор мондааст.

Шояд ҳарду Русия ва Эрон ҳоло бо ин гуфтаи Борок Убомо, ки "ёфтани як роҳи ҳалли сиёсӣ барои ҳалли буҳрони Сурия лозим аст", ташвиқ шудаанд.

Амнияти минтақаӣ

Вале ояндаи Башор Асад ба унвони як масъалаи асосӣ боқӣ мемонад. Ғарб ва кишварҳои араби муттаҳиди он мусаммиманд, ки ҳамалоти низомии ҷадид алайҳи мавозеъи гурӯҳи мавсум ба "Давлати Исломӣ" (ё Доъиши собиқ) ва ба нафъи як "ҷабҳаи миёнарави мухолифи давлат" бошад, ва на ба нафъи ҳукумати Сурия.

Далели вуҷудӣ ва ҳадафи ташкили Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар соли 2001, ки он замон ба номи "Панҷгонаи Шонгҳой" ташкил шуд, амнияти минтақаӣ буд, ки шомили даргириҳои марзӣ, терурисм ва пайкорҷӯёни исломӣ дар минтақа мешуд.

Ҳоло агар ҳамаи аъзо ва аъзои нозири Созмони Ҳамкории Шонгҳойро ба ҳам изофа кунем, ин кишварҳо бо ҳамдигар нисфи ҷамъияти ҷаҳонро ташкил медиҳанд.

Image copyright AFP
Image caption Ҷамъияти кишварҳои узв ва нозири Созмони Ҳамкории Шонгҳой нисфи ҷамъияти ҷаҳонро ташкил медиҳанд

Вале вазни сиёсии ин эътилоф чи қадр аст? Ин созмон монанди Ноту як эътилофи низомӣ нест, агарчи дар тӯли солҳо тамринҳои низомӣ ҳам баргузор кардааст.

Сергей Ловруф, ки ҳадс зада мешавад, баъд аз ин нишаст риёсати Созмони Ҳамкории Шонгҳойро ба уҳда гирад, дар блоги худ нивишта "мо барнома дорем, ки рӯйи муҷаҳҳаз кардани бештари Созмони Ҳамкории Шонгҳой мутамаркиз шавем, то битавонем чолишҳои мухталиферо, ки ҷаҳон бо он рӯбарӯст, мудирият кунем."

Афзоиши тиҷорат ҳам яке аз авлавиятҳои ин нишаст дар Душанбе аст, вале ҳатто иқтисод наметавонад аз дасти сиёсат фирор кунад. Эрон ва Русия то ба ҳол дар бораи табодули "нафт бо коло" суҳбат кардаанд, ки тамаркузаш бар табодули гандуми Русия бо нафти Эрон аст. Ин ба унвони тадбире барои муқобала бо таҳримҳои ҳарду кишвар дар назар гирифта шудааст.

Вақте аввалин рӯзи нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба поён наздик мешавад, ҳайъатҳои диплумотик барои як "шаби дӯстона" ҷамъ шуданд, то дар як ҷашнвораи фохири мусиқӣ ба тамошои ғинои суннатҳои фарҳангӣ биншинанд.

Рӯзи дувум ва поёнии нишаст раванди пазириши аъзои бештар дар ин эътилофро суръат хоҳад бахшид, ки дар он дӯстӣ ба маънои қад кашидани ҳамкориҳои истротежик дар ҷаҳонест, ки бо буҳронҳои беш аз ҳад рӯбарӯст.

Матолиби муртабит