Иҷлоси Душанбе: Оё тавсеъаи Гурӯҳи Шонгҳой имконпазир аст?

  • 11 Сентябр, 2014
СҲШ Image copyright sco
Image caption Дар шаҳри Душанбе нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой баргузор хоҳад шуд

Иҷлоси сарони Гурӯҳи Шонгҳой дар Душанбе дар ҳоле баргузор мешавад, ки буҳрони Укройн ба шикофи амиқе байни Русия ва Ғарб мунҷар шуда ва ба гуфтаи бисёре аз таҳлилгарон, ин амр беш аз пеш ба вазъияти "ҷанги сард" байни Шӯравӣ ва Ғарб шабеҳ мешавад.

Созмони Ҳамкории Шонгҳойро, ки Русия ва Чин, ду абарқудрати минтақа, дар он нуфузи биломунозеъе доранд, бисёре аз соҳибназарон ҳамчашми НОТУ дар шарқ медонанд. Лоақал, ин созмон талош мекунад ҳамоварди Паймони Отлонтики Шимолӣ дар қаламрави собиқ Шӯравӣ ва фаротар аз он бошад.

Бо таваҷҷуҳ ба нуфуси Чин, ин созмон як чаҳоруми ҷамъияти ҷаҳонро ташкил медиҳад ва қаламрави васеъе дар қорраи Осиё ва Урупо ба кишварҳои узви ин созмон, бавижа Русия, мутаъаллиқ аст, ҳарчанд ба гуфтаи таҳлилгарон, аз назари иқтисод ва диплумосӣ, ин созмон ба пойи НОТУ намерасад.

Дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) дар шаҳри Душанбе интизор меравад санаде дар бораи шароити ҳуқуқӣ, молӣ ва идорӣ барои пазируфтани аъзои ҷадид ба ин созмон баррасӣ ва тасвиб шавад.

Дар сурати тасвиби ин санад мумкин аст дар ҳамоиши соли ояндаи Созмони Ҳамкории Шонгҳой Ҳинд ва Покистон, ки барои узвият дар СҲШ дархост додаанд, ба ин созмон бипайванданд, ҳарчанд бархе коршиносон ин амрро баъид медонанд, зеро тавозуни қуво дар дохили ин созмон иваз хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, Эрон ду маротиба барои узвият дар Созмони Ҳамкории Шонгҳой дархост дода, аммо ба далели таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид қарор доштани Эрон мавзӯъи пайвастани ин кишвар ба СҲШ матраҳ нахоҳад шуд.

Ин нишаст фардо, 12 сентябр баргузор шуда ва дар назар аст, дар канори масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва амнияти минтақа тарҳи Истротежии тавсеъаи СҲШ то соли 2025 ва вазъи Укройну Афғонистон низ матраҳ шавад.

Бино ба иттилоъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ 10 раиси ҷумҳурӣ, ду вазири хориҷа ва ҳафт раҳбари созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ширкат хоҳанд кард. Раиси ҷумҳурии Туркманистон ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ ба ин нишаст даъват шудааст.

Ин манбаъ гуфт, ки имкон дорад дар ҳошияи ин ҳамоиш дидори сарони кишварҳои узви СҲШ ва кишварҳои нозир дар ин созмон баргузор шавад. Аз ҷумла, дидори Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, бо руасои ҷумҳурии Узбакистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Эрон ва Чин пешбинӣ шудааст.

Риёсати феълии Созмони Ҳамкории Шонгҳойро Тоҷикистон ба уҳда дорад ва ин риёсат таҳти шиъори “Ҳамкорӣ, тавсеъа ва рифоҳи муштарак” анҷом шудааст.

Image caption Сергей Лавров гуфтааст, ки дар назар аст дар нишасти СҲШ дар шаҳри Душанбе буҳрони Укройн пушти дарҳои баста баррасӣ шавад

Риёсати баъдии ин ниҳод ба ҷониби Русия таҳвил шуда ва нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар рӯзҳои 9 ва 10 июли соли оянда дар шаҳри Уфаи ин кишвар баргузор хоҳад шуд.

Дар фарҷоми нишаст 10 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла Эъломияи Душанбе ва санади омодагӣ барои таҷлил аз 70-умин солгарди Пирӯзӣ бар Олмони нозӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум имзо хоҳанд шуд.

Рақобати Русия ва Чин дар СҲШ

Ба эътиқоди коршиносони тоҷик, Русия ва Чин, ду кишвари бузург, барои касби нуфузи бештар дар миёни аъзои Созмони Ҳамкории Шонгҳой бо ҳам дар ҳоли рақобат ҳастанд.

Русия кишварҳои Осиёи Марказии узви СҲШ-ро, ки ҷамоҳири пешини Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб мешаванд, ҷузъи қаламрави таҳти нуфузи худ медонад. Ин дар ҳолест, ки дар даҳ соли ахир равобит ва ҳамкориҳои ин кишварҳо бо Чин тавсеъа ёфта ва давлати Чин аз сармоягузорони аслии тарҳҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.

Аз сӯйи дигар, ба эътиқоди Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик, Чин ба ҳар васила аз талошҳои Русия барои бароварда сохтани аҳдофи истротежики худ дар СҲШ ҷилавгирӣ хоҳад кард. Зеро ин созмон аз замони таъсисаш дар соли 2001 таҳти назари Чин қарор дошта ва бештари аъзои он, бахусус Узбакистон, аз шарикони Чин ҳастанд.

Ба гуфтаи оқои Дӯстов, Узбакистон ҳамеша ба ибтикороти Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо назари тардид нигариста ва аз созмонҳои таҳти нуфузи Русия, аз ҷумла Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, хориҷ шудааст.

Image copyright BBC World Service
Image caption Ба гуфтаи оқои Бекмуҳаммад, вахомати авзоъ дар Афғонистон дар вазъияти амниятӣ дар Осиёи Марказӣ, манотиқи мусалмоннишини Русия ва вилояти Шинҷони Чин асар хоҳад гузошт

Маъмулан Чин дар ҷаласоти СҲШ ба тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои амнияти минтақа, бахусус муборизаи муштарак бо терурисм, бунёдгаройӣ, ҷудоиталабӣ ва қочоқи маводди мухаддир таъкид дорад.

Саймуддин Дӯстов гуфт, ки дар заминаи тавсеъаи Созмони Ҳамкории Шонгҳой низ мумкин аст миёни Русия ва Чин ихтилофи назарҳое буруз кунад. Дар ҳоле ки Русия ба узвияти Ҳинд ба СҲШ ҷиддан алоқаманд аст, аммо бо таваҷҷуҳ ба мухолифатҳои байни Чину Ҳинд дар масоили марзӣ имкон дорад Чин бо узвияти Ҳинд дар ин ниҳод мухолифат кунад.

Укройн ва Афғонистон

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, ба хабаргузориҳои ин кишвар гуфтааст, ки дар назар аст дар нишасти СҲШ дар шаҳри Душанбе буҳрони Укройн пушти дарҳои баста баррасӣ шавад.

Ба гуфтаи оқои Лавров, Русия сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳойро бо натоиҷи ҷаласаи гурӯҳи тамос барои дастёбӣ ба сулҳу субот дар Укройн, оташбас миёни нерӯҳои Укройн ва ҷудоиталабони Дунбос ва Луҳонск ва сарнавишти ин ду вилоят ошно хоҳад кард.

Шокир Ҳакимов, коршиноси мустақил, муътақид аст, ки Русия ба ин васила талош хоҳад кард, то дар масъалаи Укройн аз пуштибонии кишварҳои узви СҲШ бархурдор шавад.

Вале оқои Ҳакимов гуфт, ки пуштибонии молию низомии Русия аз ҷудоихоҳони вилоёти Дунбосу Луҳонски Укройн мудохилаи ошкор дар умури дохилаи ин кишвар аст. Дар ниҳоят, вуруди нерӯҳои Русия ба хоки Укройн барои ҳамагон рӯшан буда ва баъид аст, ки кишварҳои узв дар нишасти Душанбе аз мавзеъи Русия дар буҳрони Укройн пуштибонӣ кунанд.

Ӯ гуфт, ҳатто Чин, ки аз шарикони Русия маҳсуб мешавад, дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар мавриди буҳрони Укройн аз пуштибонӣ аз мавзеъи Русия худдорӣ карда буд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Оқои Ҳакимов гуфт, ки Русия талош хоҳад кард, то дар масъалаи Укройн аз пуштибонии кишварҳои узви СҲШ бархурдор шавад

Дар ҳамин ҳол, коршиносон муътақиданд, ки ибрози назарҳои ахири Президент Путин ва Владимир Жириновский, намояндаи порлумон ва раҳбари Ҳизби либерол-демукроти Русия, дар бораи давлатдории Қазоқистон ва фишору таъқиби русизабонҳо дар ин кишвар хашми Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистонро, овардааст.

Мақомоти Русия гуфтаанд, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар шаҳри Душанбе баргузории як кунферонси сатҳи олӣ дар масоили Афғонистон дар Русияро пешниҳод хоҳанд кард.

Ба гуфтаи онҳо, ба ин кунферонс кишварҳои узви СҲШ, мамолики ҳамсоя, нозирон ва созмонҳои байналмилалӣ даъват хоҳанд шуд. Ҷониби Русия ибрози умедворӣ карда, ки мавзеъи кишварҳои узви СҲШ дар мавриди "кишвари мустақил, бетараф ва сулҳхоҳи Афғонистон" яксон хоҳад буд.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари маҳаллӣ, баррасии вазъи Афғонистонро аз мавзӯъоти аслӣ дар нишасти сарони СҲШ унвон карда ва гуфт, ки хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон дар соли ҷорӣ ва мубҳам боқӣ мондани ояндаи сиёсии ин кишвар метавонад шароитро барои иқдомоти Толибон ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ фароҳам кунад.

Ба гуфтаи оқои Бекмуҳаммад, вахомати авзоъ дар Афғонистон дар вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказӣ, манотиқи мусалмоннишини Русия ва вилояти Шинҷони Чин асар хоҳад гузошт.

Ӯ гуфт, ҳамчунин, хатари вуруди гурӯҳҳои теруристӣ ва ифротӣ аз тариқи Покистону Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад ва ин амр кишварҳои узви СҲШ-ро водор хоҳад кард, ки дар нишасти Душанбе масоили ҳамоҳангсозии талошҳои ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии ин кишварҳо барои муқобалаи муштарак алайҳи ин таҳдидро матраҳ кунанд.

Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар соли 2001 аз ҷониби Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шуда ва Афғонистон, Эрон, Ҳинд, Покистон ва Муғулистон аз кишварҳои нозир дар ин созмон маҳсуб мешаванд. Туркия, Белорус ва Сри-Лонко мақоми шарики муколимотро касб кардаанд.

Матолиби муртабит