Истиқлоли Тоҷикистонро шумо чигуна мебинед?

  • 9 Сентябр, 2014
Image copyright BBC World Service

Таҷлил аз 23 – умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон. Тибқи қавонини кишвар ин руз дар саросари кишвар рузи таътиласт ва дар аксари шаҳру навоҳии кишвар барномаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор мешавад.

Дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе низ шаҳрдорӣ барномаҳоеро барои сокинону меҳмонони пойтахт баргузор намудаанд.

Истиқлололи Тоҷикистонро шумо дар чӣ мебинед ва оё имкон дошт дар тули 23 сол кишвар пешрафти бештар ва мардум зиндагии бехтаре дошта бошанд аз оне, ки имруз дорем?

Дар ин бора назари чанде аз меҳмонон ва сокинони пойтахтро гирифтем

Аъзамшо Ширговадӣ

Image copyright BBC World Service

Тоҷикистон истиқлолияти худро бо баракати пош хурдани Иттиҳоди Шӯравии собиқ, муфт ба даст овардааст. Зеро дар солҳои навадуми қарни гузашта аксари сокинони он тарафдори Иттиҳоди Шуравӣ буданд ва танҳо теъдоди андаке барои озодӣ ва истиқлоли кишвар кушишу мубориза менамуданд ва далели ин гуфтаҳо раъйпурсии умумӣ буд, ки 94 фисад дар соли 1990 зидди истиқлоли кишвар раъй дода буданд.

Ба ҳар сурат Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дорои парчам, рамз ва ҳукумат ва маҳдудаи ҷуғрофии худ аст, ки аз тарафи ҳама кишварҳои олам пазируфта шудааст, ки ин худ баёнгари истиқлоли як кишвар аст, аммо то ҳануз ба истиқлоли комили сиёсӣ ва иқтисодӣ мисли бисёре аз майдакишварҳо нарасидааст.

Ё хулосаи гап, то даме пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон барҷост ва иқтисоди кишвар заъиф асту беш аз як миллион тоҷик муҳоҷири корӣ аст, аз истиқлоли комил ҳарф задан каме ғайримантиқӣ мебошад. Зеро ба ҳар баҳона кишварҳои қудратманд ва ба хусус Федеросиюни Русия метавонат бо истифода аз ин фишангҳо хостаҳои худро дар ин ҷо пиёда намояд.

Истиқлоли комилро агар дар умум ба назар бигирем танҳо чанд кишвари қудратманд доранду халос, дигар ҳама бо ҳар навъе “пойбанди” ин ё он кишваранд.

Шокирҷон Ҳакимов

Шаклан Точикистон истиқлолият дорад. Қонуни асосӣ, суруди миллӣ, парчам ва ғайраҳо вонамуд мекунанд, ки Точикистон давлати сохибихтиёр аст. Вале воқеъияти зиндагии шахрвандон мушкилоти иктисодиёти миллӣ ва махдудиятхо дар амалӣ намудани сиёсати дохилию хориҷии кишвар аз он гувоҳӣ медиханд, ки заминаҳои сиёсӣ ва фарҳангию иқтисодии мамлакат то ҳол ташаккул наёфтаанд.

Бидуни шакк дар ин муддат агар раҳбарияти сиёсӣ ва ҳукумат стратегияи прагматик медоштанду пайгирона баҳри бунёди давлати милии муосир кушиш менамуданд, сатҳ ва сифати зиндагӣхеле беҳтар мешуду робитаю муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ самаранок. Аммо чун расмиёти мо аз воқеият тафовут доранд, омилҳои беруна аз ҳамкории ҷиддӣ худдорӣ менамоянд. Тарзу усули идораи давлат низ ба орзую ормонҳои милат мухолифат мекунад.

Раҳмоналӣ Шералиев

Image copyright BBC World Service

Бале, истиқлолият ба даст овард. Ҳудуди худро дорад, атрибутикаҳои давлатии худро дорад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба унвони як субъекти мустақил эътироф намудааст. Аз он чизе, ки мо тоҷикон ба даст овардаем, бояд Худоро сипосгузор бошем.

Ёқуби Саид

Image copyright BBC World Service

Ман бар ин назарам, ки Тоҷикистон даврони мустамликаи худро чуноне, ки буд напазируфтааст. Дар китобҳои таърих гуфта нашудааст, ки даврони султаи Русия будан Тоҷикистон чи шароит ва имконоте дошт. Бидуни дарки ин нукта намешавад истиқлолияти Тоҷикистонро баҳо дод. Дар ин 23 сол нахуст кишвар бояд ҳамин нуктаро баҳо медод, ки воқеан даврони ғайримустақилият чӣ гуна буд ва ҳоло чӣ гуна аст. Ин ки мегӯянд, роҳу нақбу бино сохтем, барои сохтани инҳо истиқлолият шарт набуд.

Нуралӣ Давлат

Image copyright BBC World Service

Истиқлоли Тоҷикистон дар натиҷаи пош хурдани Иттиҳрди Шуравӣ ба даст омадааст ва Тоҷикистон имрӯз зоҳиран узви СММ ва дигар созмонҳои ҷахонӣ аст.

Точикистонро кишвархои дигаре, ки узви СММ ҳастанд ба расмият мешиносанд ва ин нишонаи истиқлол аст.

Орзу Иссоев

Image copyright BBC World Service

Истиқлолияти Тоҷикистонро ба корномаву ибтикори касе рабт додан хатост. Ҳеҷ як чеҳраи таърих садои истиқлолсозӣ набояд занад. Истиқлолияти мо бо амри тасодуф насиби миллати мо гашт.

Ин иттифоқи нобаҳангоми уфтода ба тоҷикон озодӣ дод, аммо то кунун мо дар хат ва ҳуруфи ғайр (сирилик) мондагорем. То кунун мо ба панҷоҳ дарсади маҳсулоти ниёзи мардумро тавлид намекунем, то ҳануз мо дастнигари бонкҳои сармоягузори хориҷием, то кунун хориҷ тавозуни иқтисодии кишварро аз роҳи машаққати муҳоҷирон таъмин мекунад, то ҳол мо бозори коғазҳои қимматнок надорем. Агар Истиклолият дар кулли ҷанбаҳо ба назар бирасад, он гаҳ метавон ифтихор кард!

Адибаи Азиз

Image copyright BBC World Service

Тоҷикистон воқеан истиқлолро ба даст овард ва дар муддати 23 сол кишварҳои зиёди ҷахон ватани моро ба ҳайси як давлати мустақил ба расмият шинохтанд.

Самараи ширини истиқлол ба ҳам омадани кишварҳои ҳамзабон ва робитаҳои қавӣ ва саршор аз муҳаббати муштарак мебошад.

Баъдан, истиқлол боис бар он гашт, ки Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро ба роҳ монад ва дигар он давлати абарқудрати Шуравӣ нест, ки марзҳо поеро ба хориҷ нагзоранд.

Яъне барои соири мардумон хаққи интихоб дод, истиқлоли руҳӣ ва фикрӣ маҳз аз дарахти сабзи ҷавон ва мевадори истикололияти давлатӣ ё худ миллист. Ин рӯзи муқаддас ва азизро ба тамоми шахрвандони Ватан муборак мегӯям!

Ва низ шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, ки дар соҳибистиқлолии Тоҷикистон саҳим буд, арзандаи ёд ва тасаллият аст.