Чӣ гуна аз иттилоъоти худ дар бойгониҳои интернетӣ муҳофизат кунед

  • 4 Сентябр, 2014
Ҷенифер Лоренс Image copyright Reuters
Image caption Ҷенифер Лоренс аз ҷумла ҳунармандоне аст, ки мавриди ин ҳак қарор гирифтааст

Дарз кардани садҳо акси хусусии бозигарон ва чеҳраҳои саршинос дар шабакаи интернет як бори дигар мизони эманӣ ва эътимод ба сервисҳои бойгонии интернетиро, ки аз онҳо барои ба иштирок гузоштани аксҳои корбарон истифода мешавад, ба миён овардааст.

Дар айни ҳол дар зеҳни бисёре аз мардум ин саволро ба вуҷуд оварда, ки чи гуна метавон аз афтодан ба доми сориқини акс ва иттилоъот пешгирӣ кард. Аз чӣ тариқ ва бо чӣ иқдомоте метавон аз аксҳои худ муҳофизат кард ва аз сирқат ва интишори беравияи он рӯйи шабакаи интернет ҷилавгирӣ кард?

Уливер Крофтун, муассиси ширкати Силикейт текнулуҷӣ, ки хадамоти фановарии ҷадид бо зариби амниятии болоро ба муштариёни пулдор ва машҳур ироа медиҳад, мегӯяд: "Муҳимтарин нукта интихоби исми рамзи (пороль) беҳтар аст. Бо таваҷҷуҳ ба таҷрибае, ки аз мавориди қаблии ҳак шудани иттилоъот дорем метавон гуфт, ки нуқтаи заъфи аслӣ заъиф будани исми рамз аст."

Интихоби исми рамзе, ки кашф кардан ва ё ҳадс задани он сода аст ва ё истифода аз як исми рамзи воҳид барои сервисҳои мутафовит дар иртибототи диҷитол ба муҳоҷимон ин имконро медиҳад, ки ба ҳисоби корбарии як фард дар сафаҳоти мухталифи интернет ва ё шабакаҳои иҷтимоии гуногун русух кунанд.

Уливер Крофтун меафзояд: "Онҳо ба одресҳои имейли ин афрод русух мекунанд ва баъд бо раҳгирӣ ва дунбол кардани равиши марсум дар ин сойтҳо барои тағйир додани исми рамз, иттилоъоти ҷадиде ба он дода ва метавонанд ба сафаҳоти имейли ин афрод саркашӣ кунанд."

Ӯ мегӯяд, ки муштариёни ширкати ӯ ҳаддиақал як моҳ якбор бо онҳо тамос гирифта ва мегӯянд, ки дар сафҳаи имейли худ як дархости аҷиб барои тағйири исми рамз мушоҳида кардаанд. Ба эҳтимоли зиёд ин маворид нишон медиҳанд, ки касе қасд дорад ба сафҳаи имейл ва иртибототи он-лайни онҳо русух кунад.

Ба гуфтаи Кин Мунру, як коршиноси эмании интернет аз муассисаи шуракои Пентест ин навъи ҳамалот ба корбарони пулдор ва машҳур ва ё корбарони маъмулиро метавон бо истифода аз сервиси муассисоте, ки ду омил барои ташхиси ҳуввияти воқеии корбарон дар назар мегиранд, хунсо кард.

Ин сервисҳо барои тамос бо корбарон ба ҳангоми интиқоли иттилоъоти ҳассос мисли тағйир додани исми рамз ва ё мавориде, ки корбарон аз як компютери дигар мехоҳанд ба сафҳаи худ ворид шаванд ба ҷои ирсоли имейл аз ирсоли паёмак ба телефуни мубойли онҳо истифода мекунанд.

Кин Мунру меафзояд: "Магар ин ки касе комилан ба сафҳаи шахсии имейли шумо нуфуз карда бошад. Вале дар ғайри ин сурат бо истифода аз ду равиши иртиботии мутафовит ва дар назар гирифтани ду муаллифа барои ташхиси ҳуввияти корбарон баъид аст касе битавонад ба ҳарими он-лайни шумо нуфуз кунад."

Ӯ мегӯяд, ки ба ҳангоми раду бадал кардани тасовири хусусӣ бояд шарти ақл ва эҳтиётро риоят кард. Ӯ меафзояд: "Мантиқӣ аст ки мардум дӯст доранд ҳарими он-лайни онҳо муҳтарам ва маҳфуз бошад. Вале агар касе намехоҳад, ки акси хусусиашро дигарон бубинанд, шояд роҳи муассиртар ин аст, ки худаш ба хубӣ аз онҳо муҳофизат кунад."

Талаи шуҳрат

Уливер Крофтун, муассиси ширкати Силикейт текнулужӣ мегӯяд ҳадс задан ва кашфи исми рамзи афроди машҳур кори чандон душворе нест, чун иттилоъоти бисёр зиёде дар мавриди зиндагии онҳо аланӣ аст.

Чун шуҳрат ба суръат аз роҳ мерасад, тамоми иттилоъоти марбут ба зиндагии ин афрод, ки як замоне ба хотири ношинос будани онҳо хусусӣ буд, якбора аз тариқи вебсойтҳои махсуси ғайбат ва шойиъасозӣ дар мавриди афроди машҳур аланӣ мешаванд.

Уливер Крофтун меафзояд: "Мо дар миёни муштариёни ширкати худ теъдоди зиёде футболисти саршинос дорем, ки бастани як қарордоди ҷадид метавонад зиндагии онҳоро зеру рӯ кунад. Эманӣ ва ҳифозат аз иттилоъоти шахсӣ охирин чизе аст, ки ин афрод ба он фикр мекунанд. Ин варзишкорон маъмулан барои умуре мисли молиёт, пасандози бонкӣ ва ҳатто эманӣ ва ҳифозати шахсии худ мушовироне доранд, вале ба назар мерасад, ки ба эмании иттилоъот аслан таваҷҷуҳ намекунанд."

Дақиқан ба ҳамин тартиб баррасии фаъолиятҳои он-лайни ҳар корбар метавонад иттилоъоти зиёдеро дар мавриди он фард, одот ва алойиқи ӯ бармало кунад ва аз рӯйи ин иттилоъот шояд битавон ҳадс зад, ки онҳо аз чӣ калимоте барои сохтани исми рамзи худи истифода мекунанд.

Аз рӯйи исми рамзҳое, ки маъмулан рӯйи шабакаи интернет мушобеҳи ҳам аз об дармеоянд, метавон дид, ки маъмултарин равиши сохтани исми рамз истифода аз номи фарзандон, ҳайвоноти хонагӣ ва ё тимҳои варзишии мавриди алоқа аст. Аксари муассисоте, ки ки хадамоти интернетӣ ироа медиҳанд аз ҳамин навъи иттилоъот барои ташхиси ҳуввият ба ҳангоми тағйир додани исми рамз истифода мекунанд.

Бо ин ҳама Уливер Крофтун мегӯяд, ки дар бархе аз мавориди ҳак барои кашфи исми рамзи афрод талоши бисёр зиёде мекунанд. Ӯ меафзояд: " Як мавриди мушобеҳи таҳоҷуми ахири ҳак ҳудуди 18 моҳ пеш иттифоқ афтод. Дар он маврид фарди ҳакер барои пайдо кардани исми рамзи шарики тиҷории худ тамоми вебсойти ӯро муталошӣ карда буд."

Боргузории огоҳона

Ҷеймз Лин, коршиноси аршади эмании интернет дар муассисаи Суфус мегӯяд, ки як исми рамзи қавӣ бояд ҳаддиақал 14 карактар (аломат) дошта бошад, вале мардум ба сахтӣ ба истифода аз исми рамзҳои тӯлонӣ одат мекунанд. Ӯ меафзояд: " Ҳатто қонеъ кардани аксарияти мардум ба истифода аз исми рамзҳо бо 8 карактар ҳам сода нест."

Ҷеймз Лин мегӯяд, ки истифода аз исми рамзҳои куҳнаи худ дар вебсойтҳои дигар ва ё истифода аз як исми рамз бо тафовутҳои ҷузъӣ барои тамоми сафаҳоти интерентӣ, ки ба он муроҷиа мекунем, кори муҳоҷимонро бисёр сода мекунад.

Ба гуфтаи Ҷеймз Лин як кори дигар барои афзоиши эмании фаъолияти он-лайн бозбинӣ ва кунтрули доимии тавофуқ ва ё иҷозаи мо барои боргирии ап ( нармафзор)-ҳое аст, ки дар телефунҳои мубойл истифода мекунем. Аксари афроди машҳуре, ки дар ҳуҷуми ахири ҳак ба дом афтодаанд, эҳтимолан намедонистанд, ки телефуни мубойли онҳо аз тариқи ҳамин апҳо аксҳои ононро рӯйи шабакаи интернет боргузорӣ мекунад.

Ӯ ёдоварӣ мекунад, ки ҷилавгирӣ аз боргузории утумотики иттилоъоти мо аз тариқи апҳои телефуни мубойл яке аз сипарҳои дифоъии муҳим барои ҳифозат аз ҳарими хусусии худ дар баробари ҳуҷуми ҳак ва ё ҷилавгирӣ аз ба иштирок гузошта шудани беравияи иттилоъоти мо аст.

Крис Буид, як коршиноси бособиқаи эмании интернет аз муассисаи Мол Вирбойтс мегӯяд мардум аз роҳҳои бисёр содатаре метавонанд аз аланӣ шудани иттилоъоти хусусии худ пешгирӣ кунанд.

Ӯ меафзояд: "Аввалин ва муҳимтарин кор ин аст. ки мардум бояд одат кунанд, ки ба таври мураттаб ҳамаи аксҳои худро аз телефунҳои мубойл пок кунанд ва онҳоро дар як ҳофизаи ҷудогона захира ва бойгонӣ кунанд."

Бо гузоштани куд ва ё исми рамзҳои вижа барои ин ҳард диск ҳатто дар сурати гум шудан ва ё ба сирқат рафтани он касе наметавонад ба иттилоъоти захирашуда дар он дастрасӣ пайдо кунад. Ба гуфтаи ӯ бояд комилан диққат кард, ки тамоми аксҳо бахубӣ ва ба дурустӣ аз ҳофизаи телефуни мубойл пок шудаанд.

Пок шуда, вале боқӣ монда

Крис Буид меафзояд, ки дар айни ҳол корбарон бояд бо муқаррарот ва равиши кори сервисҳои бойгонии интернетӣ комилан ошно шаванд. Ба унвони мисол пок кардани як парванда, ки собиқан боргузорӣ шуда, мумкин аст дақиқан ба ин маъно набошад, ки комилан ҳазф шудаст. Бархе аз ин сервисҳо ҳатто ба корбарон ин имконро медиҳанд, ки парвандаҳои зоҳиран "покшуда"ро дубора эҳё кунанд.

Вуҷуди як чунин имконоте дар сервисҳои бойгонии интернет ва ё сафаҳоти он-лайн барои ҳак як имтиёзи фавқулъода аст. Крис Буид мегӯяд: "Вуҷуди чунин имконе барои эҳёи иттилоъоте, ки шумо тасодуфан онро пок кардаед олӣ аст, вале барои иттилоъоти хусусӣ, ки шумо қасд доштед, онҳоро комилан ҳазф кунед, бисёр зиёнбор аст."

Аксҳои нимабараҳнаи Селено Гомес, бозигар аз ҷумлаи тасовире аст, ки ба шабакаи интернет дарз кардааст.

Гап зада мешавад, ки ҳакерҳо эҳтимолан аз як нуқтаи заъф дар сервиси бойгонии маҷозии ширкати Аппл iCloud суиистифода карда бошанд.

Сервисҳои назири Дропбокс метавонанд ба таври худкор аксҳои корбаронро дар бойгониҳои маҷозӣ купӣ кунанд.

Ҷенифер Лоренс, ҳунарпешаи маъруфи омрикоӣ ва Риёно, хонанда аз ҷумлаи ситорагони машҳуре ҳастанд, ки дар ин моҷаро ба дом афтодаанд.

Корбарони системи омили Андруид бояд ап ё нармафзори Футузро кунтрул кунанд ва бубинанд оё ба системи бойгонии маҷозии муассисаи Гугл муттасил аст ва ё на.