Гуфтугӯ бо Сафари Абдуллоҳ дар бораи ҳувияти эронӣ ва тоҷикӣ

  • 4 Сентябр, 2014
Сафари Абдуллоҳ Image copyright BBC World Service
Image caption Оқои Абдуллоҳ эҳёи хатти порсиро танҳо роҳи рафъи мушкилоти забон ва фарҳанг дар Тоҷикистон медонад

Сафари Абдуллоҳ, аз фарҳангиёни шинохташудаи тоҷик аст, ки солҳост дар хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, вале чунонки худаш мегӯяд, дил ва ёдаш ҳамеша бо забону фарҳанг ва сарзаминаш аст.

Вай дар донишгоҳи Абулайхони шаҳри Олмотӣ дар Қазоқистон ба тадриси забону адабиёти форсӣ ба донишҷӯён машғул аст ва пажӯҳишҳое дар бораи фарҳангу тамаддуни эронӣ анҷом додааст. Дар сафари ахири оқои Абдуллоҳ ба Тоҷикистон, фурсате фароҳам шуд, ки ҳамкорамон Исфандиёри Одина бо ишон ба гуфтугӯ биншинад:

Устод, луфтан дар бораи фаъъолиятҳоятон дар Қазоқистон иттилоъ бидиҳед,

Ман муддати беш аз бисту анд сол аст, ки дар Қазоқистон зиндагӣ мекунам. Солҳои аввал, ки онҷо омадам, тадриси забони форсӣ чунонки бояд роҳандозӣ нашуда буд. Дар оғози падид омадани ҷумҳурии соҳибистиқлоли Қазоқистон ман онҷо омадам ва дар заминаи эроншиносӣ корҳоеро оғоз кардем. Дар пижӯҳишгоҳи ховаршиносӣ (он замон пижӯҳишгоҳ набуд, як маркази ховаршиносии вобаста ба пижӯҳишгоҳи уйғуршиносӣ буд) мо бахшеро барои корҳои эроншиносӣ шурӯъ кардем. Банда дар он ҷо муддати зиёде кор кардам, ҳамзамон дар донишгоҳҳои Қазоқистон аз забону адабиёти форсӣ тадрис мекардам. Дар ин муддат касони зиёде фориғуттаҳсил шуданд ва хушбахтона, теъдоди касоне, ки ҳамакнун ба забони форсӣ метавонанд роҳат суҳбат куанд, ё ҳадди ақал бихонанду тарҷума кунанд, аз форсӣ ба қазоқӣ ё ба русӣ, зиёд шудааст. Гузашта аз ин, ман соли 2007 дар Қазоқистон маҷаллаеро бо номи “Эроннома” ба забони русӣ роҳандозӣ кардам, ки ин маҷалла алъон дар ҳудуди чаҳорсад сафҳа мунташир мешавад. То кунун сӣ шумора аз ин маҷалла интишор ёфтааст, вале ҳоло мутаассифона аз сабаби таҳримҳои ноҷавонмардона алайҳи Эрон мо бо мушкилоти молӣ рӯбарӯ шудем ва нашри маҷалла ба душворӣ анҷом мешавад.

Бигӯед, ки ин маҷалла бо ҳимояти молии чи касе ё созмоне мунташир мешавад?

Ман ҳамаи кори ин маҷалларо тани танҳо анҷом медиҳам ва як нафар дастёр ҳам дорам, ки корҳои фаннӣ анҷом медиҳад ва шумораи омодашударо ба сурати электруник ба Ройзании фарҳангии Эрон медодам, ки онҳо дар Эрон чоп мекарданду меоварданд. Ба далоили барои ман чандон норӯшан, мутаассифона, намедонам, ки ройзани фарҳангии кунунӣ тавонист ё натавонист ба он тараф тавзеҳ бидиҳад, имсол ва то ҳудуде дар соли гузашта мушкили молӣ доштем. Бо вуҷуди мушкилоти молӣ, соли гузашта ман ҳамаи шумораҳоро даровардам ва ба ишон вогузор кардам, ҳоло мунтазирем, ки ин мушкилот рафъ шавад. Ин маҷалла маҷаллаест, ки аз сӯи бузургтарин ховаршиносон ва эроншиносони қаламрави Шӯравии собиқ бисёр хуб арзёбӣ шуд ва чанд нафар ҳам нивиштанд, ки беҳтарин маҷаллаи илмӣ дар заминаи ховаршиносӣ ба забони русӣ аст. Кори маҷалларо ман ройгон анҷом медиҳам ва барои ман ҳеч гуна суди молӣ надорад.

Дар ин маҷалла ман тавонистам беҳтарин мақолоти илмиеро, ки аз сӯи бузургони Эрон нивишта шуда, ба забони русӣ тарҷума ва чоп кунам. Ҳамчунин, аз эроншиносони ҷаҳон, ҳам аз эроншиносони Урупо, Русия ва кишварҳои муштаракулманофеъ. Хеле мутаассифам, ки алъон бо мушкилоти молӣ рӯбарӯ ҳастем. Ин мушкиле, ки баъзе кишварҳо, мутаассифона, бо Эрон доранд, масоили таҳримҳову инҳо, ба мо ҳам асар кард. Вале хуб, ман корҳои худро дар заминаи эроншиносӣ идома медиҳам ва дар баробари ин дар Қазоқистон тақрибан ҳар сол яке ду кунферонси байналмилалӣ баргузор мекунем дар заминаҳои забон, адабиёт, таърих, фарҳанг, тамаддун, фалсафа, ирфони эронӣ ва дар ин ҳамоишҳо мутахассисон ҳам аз Эрон, ҳам аз кишварҳои дигар ширкат мекунанд. Чандин маҷмӯъаи илмӣ ҳам ба забони русӣ ва гоҳо ба забони форсӣ интишор ёфтааст.

Аслан дар Қазоқистон оё мардум ба забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ таваҷҷуҳ доранд? Чун аз қадим мардуми қазоқ бо форсизабонон робитаҳои хоссе доштаанд?

Бале, масъала ин аст, ки бояд ба мардум тавзеҳ дод. Мардуми одӣ, ки намедонанд, вале қаламрави кунунии Қазоқистон, бахше аз ин қаламрав, ҷузъи Эрони Бостон буда. Масалан, дар адабиёти мо бо шаҳрҳое бо номи Исфиҷоб ва Тароз бисёр рӯбарӯ мешавед. Шаҳри Тароз ҳамон шаҳрест, ки Рӯдакии Самарқандӣ мегӯяд:

Рӯй ба меҳроб ниҳодан чи суд? Дил ба Бухорову бутони Тароз, Эзади мо васвасаи ошиқӣ, Аз ту пазирад, напазирад намоз...

Ё шаҳри Тароз дар “Шоҳнома” ва дар китобҳои дигар борҳо омадааст. Исфиҷоб ҳам аз он шаҳрҳои Сомониён буд. Тароз ҳам шаҳри Сомониён буд, ки Исмоъили Сомонӣ дар он ҷо зартуштиёнро зӯран мусалмон карда буд. Ва дар баъзе аз китобҳои торих омада, ки мардумони шаҳри Тароз мусалмонанд ва забонашон форсӣ, вақте аз Тароз хориҷ мешавед, ба хиргоҳҳои харлуқҳо рӯбарӯ мешавед. Хуб, ин шаҳрҳоест, ки замоне фарҳанг ва тамаддуни эронӣ дар онҳо бисёр нақши муассир доштааст. Нақши забони форсӣ ва фарҳанги эрониро дар ҳар куҷое аз манотиқи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз метавонед шумо эҳсос кунед ва ҳар касе ки ба торих бисёр алоқамандӣ дорад, ин чизро хуб медонад.

Гузашта аз ин, вақте агар дар бораи худи мардуми қазоқ бигӯем, ин мардумест, ки бо мо аз дерзамон иртиботи торихӣ доштанд. Дар забони қазоқӣ ҳудуди 3068 вожаи муштарак аст, ки аз забони мо ба забони қазоқӣ иқтибос шудааст, бавижа аз форсии Варорӯд, чун иртибот мустақим буда ва алъон ҳам ҳаст. Шумо дар хиёбонҳои Қазоқистон бисёр ба осонӣ бо вожаҳои дорухона, ошхона, кӯча, шаҳар, ободонӣ (дар шакли аудонӣ!) ва ё бисёр номҳои қазоқие рӯбарӯ мешавед, ки муштарак аст. Ҷолиб ин аст, ки номи Исфандиёр дар шакли Аспандиёр дар миёни қазоқҳо хеле фаровон аст, номи Рустам ҳам фаровон аст. Яъне на танҳо номҳои одии эронӣ, балки номҳоест, ки мо ба онҳо ифтихори миллӣ дорем ва ин номҳо номҳои ҳамосии мост, номҳое, ки дар “Шоҳнома” омадааст, мисли номи Бежан. Ҳатто номҳое, ки дар таркибаш вожаи “гул” ҳаст, хеле фаровон аст, 125 номи занонаи қазоқиро ман гирдоварӣ кардам, ки дар таркибаш вожаи “гул” омадааст, аз қабили Гулбадан, Гулноз, Гулнор, Гулдона, Гулбаҳром, ва ғайра...

Хулоса, мо хеле чизҳое дорем дар он ҷо, ки бояд мутолеъа шавад ва бояд кишварҳои форсизабон таваҷҷуҳи бештаре дошта бошанд. Чанд сол пеш бо дуктур Саид Муҳаммадбоқири Камолиддинӣ, устодёри Донишгоҳи “Паёми нур” аз шаҳри Язд, мо як феҳристи нусхаҳои хатти форсии маҳфуз дар китобхонаи миллиро ба забони русӣ интишор додем, ки онҷо нусхаҳои бисёр нодире буд. Аз ҷумла, ду нусхаи осори Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар ҳеч ҷое аз гӯшаи дунё набуд, қадимитарин нусхаҳо буд, яке “Туҳфатулаҳрор”, ки 23 сол қабл аз марги Абдураҳмони Ҷомӣ дар шаҳри Балх китобат шуда, дасти рӯзгор чигуна онро ба Қазоқистон бурда, ба Олмотӣ, ки мо онро боз пайдо кунем, ин худаш бисёр ҷолиб аст, мо ин китобро ҳам мунташир кардем.

Аслан аз қадимулайём мардумони турку эронӣ дар канори ҳам мезистанду бо ҳам равобити хуб доштанд, табодулоти фарҳангӣ доштанд, аммо дар солҳои баъд аз Шӯравӣ, ки тақсимоти марзӣ шуд, мешавад гуфт, ки онҳо то андозае аз ҳам ҷудо шуданд? Чун он замон масалан гароишҳои понтуркистӣ ба вуҷуд омад?

Дар замонҳои бисёр қадим, албатта, ақвоми эронӣ дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекарданд. Ҳанӯз ақвоми турк аз Сибрӣ ва Олтой наомада буданд. Ончи мо аз торихҳо медонем, дар Эрони шарқӣ ё дар Осиёи Марказӣ, ки имрӯз мегӯем, ақвоми суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ ва сакоӣ зиндагӣ мекарданд. Сакоиҳо аз ақвоми биёбонгарди эронӣ буданд, ки аз истепҳои ҷанубии Русия то Дуну Днепру Донуб (Дунай) ва дар савоҳили Урупои Шарқӣ зиндагӣ мекарданд. Ва ин номҳое ҳам, ки гуфтам, Дуну Днепру Донуб ҳамааш номҳои эронӣ ва сакоӣ ҳастанд. Чун торих иваз шуд, ақвоми эронӣ ва ориёӣ аз ин минтақаҳо ба сӯи Эрон ва Ҳинд кӯч карданд ва оҳиста-оҳиста ақвоми дигаре ба қудрат расиданд. Аз қарни ҳафтуми милодӣ туркҳо, хоноти турк, хоқонҳои турк, тавонистанд давлате бисозанд ва явош-явош ба он сарзаминҳое, ки қаблан ақвоми эронӣ буданд, роҳ ёфтанд.

Албатта, ҳам оқои Бертулд Ишпулери олмонӣ, ва ҳам устод Восилий Бортулд ва дигарон муътақид астанд, ки ақвоми турк ба Осиёи Миёна ҳарчанд меомаданду роҳзанӣ мекарданду мерафтанд, аммо нуфузи чандоне надоштанд. Ҳанӯз дар замони Сомониён низ. Вале аз қарни 11-и мелодӣ ба баъд оҳиста-оҳиста инҳо хеле аз ҷаҳонро ғасб карданд, аз ҷумла бар Эрон низ ҳукумат карданд ва дар ҳазор соли охир подшоҳони эронӣ низ аз ақвоми турк буданд. Ҳарчанд бисёре аз онҳо фарҳангашон бо фарҳанги эронӣ махлут шуда буд, вале нажодан турк буданд. Аз Маҳмуди Ғазнавӣ шурӯъ кунем, дар Эрон то замони Ризошоҳи Паҳлавӣ, истисно танҳо Каримхони Занд аст, мобақӣ ҳама аз нажоди турку муғул буданд. Яъне дар ин ҳазор соли охир фарҳанги мо бо фарҳанги туркӣ хеле омезиш ёфта ва бидуни тардид таъсир ва таассур дуҷониба будааст.

Аммо имрӯз чи тур? Имрӯз ҳам табодулоти фарҳангӣ дар он сатҳе ҳаст, ки пеш буд?

Бидуни тардид, имрӯз ҳам масалан робитаи фарҳангии Эрон бо Қазоқистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бояд рушди бештаре дошта бошад. Чун ҳамаи кишварҳое, ки мехоҳанд пешрафт кунанд, бояд бо ҳамсоягони худ иртиботи хубе дошта бошанд ва ин иртибот ба суди ҳамагон аст. Ман мутмаин ҳастам, ки чун кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳи мустақиме ба обҳои озод надоранд, хуб аст, ки бо Эрон иртиботи қавие дошта бошанд ва аз тариқи Эрон расидан ба бозорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ба бозорҳои Урупо, роҳаттар аст. Ва ин корҳоро мекунанд ва ман умедворам, ки рӯз аз рӯз иртиботи Эрону эрониён, аз ҷумла тоҷикон, бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя, ки дар онҳо ақвоми туркизабон ба сар мебаранд, густариш ёбад ва мустаҳкамтар шавад.

Албатта, баъзе аз ақвоми туркизабон туркшуда ҳастанд, на ин ки турк бошанд. Мисли баъзе аз кишварҳое, ки арабшудаанд, яъне муъарраб. Масалан, мо наметавонем бигӯем, ки уйғурҳо ё узбакҳо нажодан ақвоми комилан туркӣ ҳастанд, чун ман эҳсос мекунам, ки ҳудуди 70 дарсад аз узбакҳо тоҷикҳои узбакшуда ҳастанд, ки дар сад соли охир турк шудаанд. Раванди туркшавии тоҷикҳо аз қарни 16-и милодӣ шурӯъ шуд. Дар ин бора хеле аз бузургон нивиштаанд, аз ҷумла Ҳерман Вомберӣ ва дигару дигарҳо, вале ин раванд идома дорад. Ё масалан уйғурҳо, ки хеле зиёд хуни суғдӣ доранд ва шаҳрҳои Хутану Кошғар аз шаҳрҳои эронӣ буданд. Ё озариҳо як кишвари маснӯъӣ дар Қафқоз сохтанд бо номи Озарбойҷон, ки ин яқинан Озарбойҷон нест, чун марзи Озарбойҷон то рӯди Арас аст, ки устод Иноятуллоҳи Ризо бисёр хуб дар китоби “Аррон ва Озарбойҷон” дар ин бора нивишта ва собит кардааст ва ҳеч шакке дар он нест. Инҳо Аррон ва Шервон буданд, ки имрӯз бо аҳдофи сиёсӣ Озарбойҷон мегӯянд. Хуб, инҳо ҳама эронӣ буданд, фақат забонашонро аз даст доданд.

Аммо дар ҳамин сад соли ахир баъзе ҷунбишҳои носиюнолистӣ пайдо шуданд. Замони қадим ҳама мегуфтанд, ки мо мусалмонем, баъд аз Шӯравӣ ва тақсимоти марзияш, ки ба ин мардум номҳое дода шуд, ихтилофи назарҳое миёни онон пайдо шуд, бавижа миёни фарҳангиён. Ҳамин тур, бисёре аз тоҷикон мегӯянд, ки узбакҳо тоҷик астанд ё узбакҳо мегӯянд, ки тоҷикҳо узбак астанд?

Хуб, ин ҷой дорад. Масъала ин аст, ки мо дар рӯзгоре ба сар мебарем, ки дар ҷаҳон раванди рӯ овардан ба решаҳо, ба торих, ба фарҳангу тамаддуни худ ва худшиносӣ дар авҷ аст. Баъзе кишварҳо, ки дар Осиёи Миёна ҷойи пойи ончунонӣ надоранд, вақте ба торих нигоҳ мекунӣ, он тарафтари торих биравӣ, ҷое надоранд, чун аз онҳо исме наёмадааст, хуб чи бояд бигӯянд? Инҳо маҷбур ҳастанд, ки як чизҳое ҳам бибофанду бигӯянд, ки мо ҳам будаем. Масалан, як замон оқои Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон, уламоро даъват карда ва гуфта собит созед, ки се ҳазор сол қабл ҳам узбакҳо дар ин ҷо буданд. Дар сурате ки Узбакхон, хони Урдаи Заррин, дар соли 1392 ба дунё омад. Чи гуна мешавад, ки узбакҳо се ҳазор сол қабл буда бошанд? Ақвоми турк буданд, албатта. Масалан, на се ҳазор сол қабл, вале хеле пештар аз узбакҳо онҳо буданд. Вале воқеъият ин аст, ки узбакҳо аз ақвоми ҷадиданд дар ин минтақа. Хуб, фикр мекунед онҳо чӣ бояд бигӯянд? Онҳо бояд бигӯянд, ки оре, мо ҳамин тур ҳастем? Хуб, инҳо чизҳое ҳаст, ки ман намедонам чигуна бароятон тавзеҳ бидиҳам.

Тақсимоти ҳудуди ҷуғрофиёӣ дар Осиёи Миёна ба таври ғайриилмӣ ва ғайримантиқӣ сурат гирифт, ки дар ин бора устод Бортулд ҳанӯз дар соли 1924 ва 29 ду бор ба кумитеи марказии ҳизби кумунист нома нивишта ва гуфта буд, ки ин коре, ки мекунед, ғайримантиқист. Чун шаҳрҳое, ки дар он ҳамеша форсизабонон ба сар мебурданд, аз ҷумла Самарқанду Бухоро, дар асноди кумитеи марказӣ омадааст, ки ин шаҳрҳои тоҷикон ҳастанд, вале бо таваҷҷуҳ ба манофеъи иқтисодии кишвари Шӯравӣ муваққатан дар ҷумҳурии бародарии Узбакистон хоҳанд буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки кишвари воҳиде ба номи Шӯравӣ буд ва мушкиле ҳам дар заминаи рафтуомад набуд, тоҷикҳо, ки ҳанӯз худшиносии миллии зиёде надоштанд, розӣ шуданд. Ва ин мисли ҳамон мақоли русӣ аст, ки “ҳич чизе ҷовидонатар аз он чизи муваққат нест.” Ин муваққат ҳоло ҷовидонӣ шуд. Ин чизҳое ҳаст, ки ҳар касе дарк мекунад. Медонед, як нуктаи бисёр муҳим ин аст, ки мо эрониёни Осиёи Миёна ё тоҷикон (ҳастем), чун калимаи "тоҷик" ҷуз "форс" маънои дигаре надорад, порсизабон ё эронии порсизабон. Дар қадимтарин китобҳо, аз ҷумла дар девони “Луғати турк”-и Маҳмуди Кошғарӣ ҳам омадааст, ки “тажик ҳамон форс аст.”

Воқеъан вожаи “тоҷик” ба маънои номи миллат ё воҳиде сиёсӣ дар замони Шӯравӣ матраҳ шуд. Қабл аз он ин вожа чи маъно ва мафҳуме дошт?

На, на, вожаи “тоҷик” дар замони шӯравӣ пайдо нашуда, хеле дерина аст.

На, ба маънои як воҳиди сиёсӣ албатта.

На, воҳиди сиёсӣ намегӯям, аммо ба маънои қавм эрониҳо дар қиёси аъроб худро аҷамӣ гуфтанд, ё арабҳо онҳоро аҷамӣ гуфтанд, ки маънояш гунг аст, яъне забони арабӣ балад несту намедонад. Ва дар қиёси турк тоҷик гуфтанд. Дар манобеъи торихӣ агар сухан аз тоҷик равад, дар баробараш турк ҳам меояд. Масалан, Саъдии Шерозӣ худашро чанд бор тоҷик гуфта, ҳол он ки ӯ дар ҷануби Эрони имрӯзӣ зистааст. Масалан мегӯяд:

Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд, Турки ту бирехт хуни тоҷик.

Дар як тарҷеъбанд ҳам мегӯяд, ки:

Рӯи тоҷиконаат бинмой, то доғи ҳабаш, Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ кашад.

Ё масалан Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ чанд бор аз вожаи “тоҷик” истифода карда ва дар ҷое ҳам мегӯяд:

Як ҳамлаю як ҳамла, омад шабу торикӣ, Чустӣ куну туркӣ кун, на нармиву тоҷикӣ.

Нармию тоҷикӣ дар инҷо ба маънои рӯшанфикрӣ дар муқобили туркигарист.

Фикр мекунед, чиро номи “тоҷик” дар Эрон ё Афғонистон онгуна ки дар Тоҷикистон ё Варорӯд ривоҷ ёфту номи давлат шуд, нашуд?

Ба хотири он ки тоҷикҳо дар иҳотаи туркон буданд. Мутаваҷҷеҳ ҳастед? Чун ин тоҷикҳо дар иҳотаи туркон буданд. Ҳамаи эрониёнро дар ибтидо тоҷик мегуфтанд, чун калимаи “точӣ” ва ё "таочӣ" дар забони чинӣ ба маънои эронӣ аст. Туркҳо ҳам аз онҳо гирифтанд. Чун мо дар канори туркон ва дар иҳотаи туркон зиндагӣ мекунем ва Тоҷикистон ҷазирае эронист, ки дар миёни туркон аст, ин номро ба мо итлоқ карданд ва ё ба мо нисбат дода шуд. Аз ин лиҳоз, номи тоҷик ба инҳо ба сурати утумотик вогузор шуд, бавижа баъд аз кишваркушоиҳои Инглис ва Русия, ки аз қарни 16-и милодӣ баробар шурӯъ карданд. Ин ду абарқудрат ду имперотурии бузург сохтанд ва моро пора-пора карданд ва масхарагӣ ба ҷое расид, ки масалан хоҳар дар Афғонистон зиндагӣ мекард, бародар дар Тоҷикистон, номи забони бародарро “тоҷикӣ”, номи забони хоҳарро “дарӣ” гуфтанд.

Фикр мекунед, чиро ин номҳоро иваз карданд? Хуб, намешуд, ки форсӣ бигӯянд?

Ин аҳдофи сиёсӣ аст. Пайдост, ки тафриқа бояд меандохтанд ва ҳукумат мекарданд. Кори бисёр сода аст. Ҷуз форсӣ мо забоне надорем. Ва дар тӯли ҳазор сол ҳам қавми тоҷик буда, аммо ҳеч ҷое ки сухан аз забон меравад, забоне ба номи “тоҷикӣ” вуҷуд надорад. Таъбирест, ки Истолин ва ёронаш ба миллати мо бор карданд. Ва аз сӯйи дигар, медонед, ки дар замони Истолин ҳеч касе ҷуръати рад кардан надошт. Ҳар касе рад кард, сараш аз танаш ҷудо шуд.

Чиро нахостанд номи форсӣ боқӣ бимонад?

Ба хотири ин ки Эрон ҳаст, Эрони бузург ҳаст. Ба хотири ин ки тоҷикони Афғонистон ҳам он замон забонашонро "форсӣ" мегуфтанд ва ё форсии кобулӣ ҳам мегуфтанд. Шумо медонед, аввал “тоҷикӣ” халқ карданд, баъд дар Қонуни асосии Афғонистон, ки соли 1966 дар замони Зоиршоҳ пазируфта шуд, забони форсии форсизабонон ё тоҷикони Афғонистонро “дарӣ” гуфтанд. Ин масхарагие беш нест! Хуб, пайдост, ки як забон аст ва пайдост, ки ин кор бисёр-бисёр огоҳона тарроҳӣ шуда буд, ки моро пора-пора кунанд ва ҳукумат кунанд.

Дар бораи вожаи эронӣ ё ҳувияти эронӣ. Чиро ин вожа дар ғарби Эрон, дар Эрони кунунӣ, ҷо уфтоду мардум худашонро эронӣ гуфтанд, аммо мо ҳам, ки мегӯем эронӣ ҳастем, мардуми инҷо ҳаргиз ҳувияти эронии худро барҷаста накарданд?

Яке аз нивисандагони бузурги рус гуфта буд, ки агар як нафарро сӣ рӯз пайваста девона гӯӣ, рӯзи сиву якум худаш девона мешавад. Вақте ҳафтод сол ба сари мо заданду заданду гуфтанд шумо эронӣ нестед, эронӣ нестед, эронӣ нестед, алъон хеле душвор шуда, ки бигӯем мо эронӣ ҳастем. Аммо ман вақте Эрон мегӯям, Эрони худаму Эрони Фирдавсиро дар назар дорам. Ва танҳо маҳдудаи Ҷумҳурии Исломӣ нест, Ҷумҳурии Исломӣ танҳо бахше аз Эрон буд. Эрон хеле бузургтар аз он буд, ки мо имрӯз бигӯем Ҷумҳурии Исломии Эрон. Масалан, замоне буд, ки ҷаҳон ба ду тақсим шуда буд ва мегуфтанд Эрону Анерон, яъне Эрон ва ғайри Эрон. Эрон хеле бузург буд ва мутаассифона, мо будем ва гузаштагони мо буданд, ки натавонистанд ин кишвари бузургро, чунонки мебояд, ҳифз кунанд. Шояд ҳамаи имперотуриҳо сарнивишташон чунин бошад. Вале мо ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки забони мо порсист ва мо эронӣ ҳастем. Касоне ҳастанд, ки инҷо дину мазҳабро дар миён мегузоранду масхарабозиҳое мекунанд, ки на ба суди мост ва на ба суди Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба хотири ин ки барои мо муҳим эроният ва забони форсист.

Чун аз Эрон сухан гуфтем, баночор бояд аз Турон ҳам сухан гӯем. Ин исми кишварест, ки дар муқобили Эрон дар “Шоҳнома” ҳам омадааст. Аҷиб ин ки баъзеҳо мегӯянд ин вари рӯди Омӯ Туронзамин аст. Шумо чи фикр мекунед?

На, ҳамчунин чизе нест. Ман мақолае дорам “Эрон ва Турон ба ривояти Шоҳнома”, ки ба чанд забон, аз ҷумла дар Сан-Питерзбург ва Теҳрон мунташир шудааст. Ман дар ин мақола бо иттико ба матни “Шоҳнома” ба ин натиҷа расидам ва дӯстони дигар ҳам ба ин натиҷа расидаанд, ки вақте сухан аз Турон мегӯем, ҳаргиз турконро дар назар надорем. Турон сарзамини эрониёни кӯчнишин буд, сарзамини сакоиҳо, ҳамон сакоиҳое, ки дар Урупои Шарқӣ буданд. Бибинед, алъон даъво ҳаст, ки аз панҷ ё чаҳор музейи Криме теъдоде бозёфтҳои сакоиро ба Урупо бурдаанд, ҳоло намедонанд, ки ба Укройн баргардонанд ё ба Криме. Воқеъан, ин сакоиҳо саҳми бисёр бузурге дар торихи ҷаҳон доштанд. Бозёфтҳое, ки дар Урупо ва дар истепҳои ҷанубии Русия ва дар бахше аз манотиқи Қазоқистон пайдо шуда, гувоҳи он аст, ки намешавад ба роҳатӣ гуфт, ки сакоиҳо танҳо як қавми кучӣ ва ғоратгар буданду бас. Хеле қавми ғаюре буданд ва бозмондаҳои онон ҳамин осиҳо ё усетиёиҳо ҳастанд, ки имрӯз ба ду лаҳҷа ҳарф мезананд, лаҳҷаҳои дигорӣ ва иронӣ. Усетиёи Ҷанубӣ дар Гурҷистон ва Усетиёи Шимолӣ дар Қафқози Русия аст.

Чиро номи забонашонро “иронӣ” мегӯянд?

Иронӣ аз номи Эрон бармеояд. Яке аз маъноҳои калимаи “Эрон” озода будан ва дорои шарму дониш будан аст. Масалан, вақте Фирдавсӣ Эронро бо Араб муқобил мегузорад, мегӯяд:

Аз ин морхор аҳриманчеҳрагон, Зи доноиву шарм бебаҳрагон.

Яъне ончи эронӣ дорад, араб надорад:

На тахту на ганҷу на бахту нажод, Ҳама дод хоҳанд гетӣ ба бод.

Вожаи “Эрон” ба сурати “ир” дар номи Ирлонд ҳам боқӣ монда ва решаи ҳиндуурупоӣ дорад.

Бале, албатта. Аммо манзури ман ин аст, ки Шумо гуфтед усетиёиҳо бозмондаи мардумони туронӣ ҳастанд, яъне сакоиҳо, ки гуфтед туронӣ ҳастанд. Аммо чиро номи забонашон "иронӣ" аст?

Ба хотири он ки агар Шумо “Авасто”-ро хонда бошед, вақте ба эрониён дуъо мефиристанд, ба турониён ҳам мефиристанд, чун инҳо ҳама бозмондаҳои Фаридун буданд. Тибқи “Шоҳнома”, Фаридун сарзамини Эронро ба писаронаш тақсим мекунад ва фарзанди дувумаш, ки Тур буд, ва Тур бисёр ғаюр буд, ба ӯ бахше аз заминҳоро дар марзи Чин медиҳад. Ва баъд ду бародар меоянду бародари кӯчакро, ки Эраҷ буд, мекушанд. Ва бо кумаки Фаридун Манучеҳр, ки писари Эраҷ буд, аз амӯҳояш кини падарашро меситонад ва як ҷанги бародаркушӣ шурӯъ мешавад, ки дар “Шоҳнома” хуб бозтоб ёфтааст. Ин ки усетиҳо як бахш аз забонашонро “иронӣ” мегӯянд, амре табиъист, чун эрониву туронӣ яке ҳастанд: “Зи Эрону Турон ҷудоӣ набуд”, то замоне ки ин бародаркушӣ шурӯъ шуд. Аз ин лиҳоз, ин амре табиъист ва шарт нест, ки ҳатман туронӣ гӯянд.

Зимнан, дар “Шоҳнома” ҳам аз сакоиҳо ном бурда шудааст, ба гунаи “сагзӣ”, ва Сиистон ё Сакистон ҳам зоҳиран ба қавми сакоӣ рабт дорад. Аммо инҳо дар дохили Эрон буданд, чун Рустами Дастон, ки сакоӣ буд. Инҳо дар қалби Эрон буданд ва аз Эрон ҳамеша дифоъ мекарданд дар муқобили Турон. Яъне мешавад гуфт, ки сакоиҳо ду қисмат буданд, ки бахше эронӣ буданду бахше ҳам туронӣ?

Бибинед, дар мавриди сиистониҳо баъзеҳо чунин мепиндоранд, ки ин ҳамон Сакистон аст. Ин нуктаест, ки миёни уламо дар бораи он назари воҳид вуҷуд надорад. Баъзеҳо чунин мепиндоранд, баъзеҳо мегӯянд, на, ин чизи дигар аст. Ҳатто ҳастанд касоне, ки мегӯянд Рустам аз шарқи Эрон буд. Хеле аз муҳаққиқони бузург чунин назар доранд. Баъдан, Сиистон алъон танҳо дар Эрон нест, бахше дар Эрону бахше дар Афғонистон ва бахше дар Покистон аст. Нимрӯз, Кобулу Зобулу инҳо дар “Шоҳнома” омадааст, инҳо меҳани паҳлавонони зобулӣ буданд, ки Рустам ҳам аз онҳост. Вале хуб, ин масъалаест, ки баҳси тӯлонӣ мехоҳад. Муҳим ин аст, ки мо бидонем, ки туронӣ ҳаргиз турк набуд. Турониҳо ҳамон эрониҳое буданд, эрониҳои биёбонгард, ки муқобили шаҳрнишинон меҷангиданд. Ва дар ҳамин ҷангҳо Куруши Бузург ба дасти хонуме, ки сарвари турониён буд, кушта шуд.

Пас марзи байни Эрону Турон куҷо буд? Оё ин фарзия дуруст аст, ки рӯди Ому марзи байни ин ду сарзамин буд?

Баъзеҳо мегӯянд, ки рӯди Ому буд, вале рӯди Ому аз куҷо убур мекард? Рӯди Ому як замон то дарёи Хазар мерасид, алъон намерасад. Он замон, мегӯянд, ки аз Даҳистон убур мекард. Даҳистон дар Эрон, дар соҳили дарёи Хазар аст. Аз онҷо, аз Омуя убур мекард. Вале тибқи “Шоҳнома” тамомии шаҳрҳои Осиёи Миёна дили Эрон буд. Дар достони Сиёвуш, вақте ки Сиёвуш асирони зиёдеро аз турониён мегирад, Пирони Виса, вазири Афросиёб, меояд ва бо ишон суҳбат мекунад, ки шумо коре бикун, ки ин асиронро раҳо кунӣ. Чун Сиёвуш, тибқи ойини эронӣ, дар аҳди худ ҳамеша вафодор буд, ҳарчанд падараш дастур дод, ки асиронро бикушад, қабул накард ва маҷбур шуд, ки худаш ба Турон фирор кунад. Вале шарташ ин буд, ки шаҳрҳои эрониро раҳо кунед. Дар онҷо ошкоро омада, ки шаҳрҳои Чоч, Сипеҷобу Бухорову Самарқандро раҳо карданд. Баъд мегӯяд:

Бухорову Суғду Самарқанду Чоч, Сипеҷобу он кишвари тахту оҷ, Тиҳӣ карду рафт бо сипаҳ сӯи Канг, Баҳона наҷусту фиребу даранг.

Яъне дигар маҷбур буд шаҳрҳои эрониро раҳо кунад. Ин гувоҳи он аст, ки инҳо ҳама шаҳрҳои эронӣ буданд. Ва имрӯз ҳам баъзе аз бародарони мо бисёр ошиқона талош мекунанд собит кунанд, ки Осиёи Миёна Турон будааст. Ман комилан бо ин ақида мухолифам, чун ин ақида торихан нодуруст аст. Аммо Турон поёноби дарёчаи Орол ва баъд аз Хоразм, дар савоҳили дарёи Хазар ё дарёи Мозандарон ва истепҳои ҷанубии Русия ва Дуну Днепру онҷоҳо буд, ки ақвоми кучии эронӣ дар он ҷо кучнишинӣ ва роҳзанӣ мекарданд. Дар китоби “Шаҳристониҳои Эроншаҳр” омадааст, ки нахустин шаҳре, ки эрониён бунёд карданд, Самарканд буд. Эрониён дар наздикии Самарканд шаҳрҳои Чоч, Бухоро ва Исфиҷобро сохтанд. Шаҳрҳои Хутан ва Кошғар низ аз офаридаҳои эрониён аст. Ин нуктаҳои бисёр муҳим аст, ки бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем. Вагарна андешаҳо андешаҳои дурусти илмӣ наметавонад бошад.

Баъзе гурӯҳҳо ҳастанд, ки мегӯянд инҷо Хуросони Бузург аст. Оё Хуросони Бузург бо Эрон дар таноқуз аст ё ҷузъе аз он?

Албатта, вожаи “Хуросон” як вожаи эронист, ки ягон шакке дар он нест ва бо вожаҳои хуршеду хваразму ҳамаи инҳо ҳамреша аст. Хуросони бузург ҷуғрофиёи мушаххасе надошт. Қаблан чаҳор шаҳрро Хуросон мегуфтанд, баъдан хеле фаротар рафт. Ҳатто кор ба ҷое расид, ки Осиёи Миёна ҳам ҷузъи Хуросони Бузург буд ва Рӯдакии Самарқандӣ мегӯяд “Буд он замона, ки ӯ шоъири Хуросон буд.” Аз ин лиҳоз, ин ҳам аз мавзӯъотест, ки бояд сари он андеша бикунанд ва воқеъиятҳоро бигӯянд, ки Хуросон як маҳдудаи мушаххаси ҷуғрофиёӣ набуд. Яъне метавонистанд имрӯз як бахшеро гӯянд ва фардо бахши дигареро.

Аммо номи Эрон ба унвони як воҳиди ҷуғрофиёию сиёсӣ ҳамеша матраҳ буда, дуруст аст?

Ҳамеша буда. Номи мубораки Эрон танҳо дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ беш аз ҳафтсад бор такрор шудааст. Беш аз ҳафтсад бор!

Оё имперотуриҳои Сосонию Ҳамхоманишӣ дарвоқеъ номи кишварашонро Эрон мегуфтанд ё чизе дигар? Чун дар манобеъи ғарбӣ аз давлати Ҳахоманишӣ бештар ба унвони "Persia" ном мебаранд, агарчи номи "Эрон" қадимитар ба назар мерасад?

Бале, дар замони Ҳахоманишиён "Порс" ҳам мегуфтанд, вале номи "Эрон" реша дар вожаи "ориё" ва "ориёӣ" дорад ва хеле дерина аст. Масалан, шоҳ Дориюши Бузург мегӯяд:

"Adam aarayavaush xshāyathia vazrka xshāyathia xshāyathiayānām xshāyathia pārsaiy xshāyathia dahyūnām vishtāspahyā puthra arshāmahyā napā haxāmanishiya" (Ман, Дориюш, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи Порса, шоҳи кишварҳо, пури Виштосп, наваи Аршом,Ҳахоманишӣ).

Албатта замоне юнониҳо Першиё гуфтанд, чун порсҳо ҳукумат мекарданд. Дар матнҳои ҳахоманишӣ албатта калимаи “Порс” ҳам ҳаст. Яке аз ду қавм, ки иттиҳод сохтанд, дар баробари модҳо порсҳо буданд ва порсҳо пирӯз буданд. Сосониҳо ҳам аслашон аз Порс буд. Ва ҷолиб ин аст, ки ҳамин ҳахоманишиҳо, тибқи хеле аз пижӯҳишҳое, ки ахиран сурат гирифта, аслан аз Хуросону Варорӯд ба онҷо рафта буданд. Эрон дар тӯли торих сарзамини воҳиде буд ва масалан Камоли Хуҷандӣ метавонист бароҳатӣ дар Хуҷанд зода шаваду дар Табрез бимирад. Ва ё Оли Хуҷанд дар Исфаҳон ба сар барад ва ё нишопуриҳо дар Самарқанд ҳукумат кунанд ва ғайра. Ин як замон кишвари воҳиде буда ва моро пора-пора карданд ва мо бояд талош кунем, ки забонамон ва фарҳангамон яксон бимонад.

Оё ҳамин номи Эрон ба давлатҳои пас аз ҳамлаи араб, яъне дар даврони исломӣ, ҳам итлоқ мешуд? Оё онҳо худашонро Эрон мегуфтанд ё чизе дигар?

Онҳое ки аз ториху фарҳанг огаҳӣ доштанд, деҳгонон ё деҳқонон, медонистанд, ки Эрон чист. Масалан, яке аз фарзандони деҳгонон, ки ворисони аслии Эрони Бостон буданд, ҳамин Фирдавсии Тусӣ аст. Инҳо бахубӣ медонистанд, ки Эрон чист.

Оё аз лиҳози сиёсӣ, яъне ҳувияти сиёсии худро, ба унвони эронӣ мешинохтанд? Масалан, мо дар китобҳои торих мехонем, ки “давлати Сомониён”, аммо ин давлати Сомониён оё расман номи худашро Эрон мегуфт ё чизе дигар?

Ба қавли Рӯдакии Самарқандӣ, шоҳони сомонӣ шоҳони Эрон буданд, пас Эрон буд! Ғазнавиҳо ҳам ифтихор мекарданд, ки эронӣ ҳастанд ва барои худ шаҷараи дурӯғ ҳам мебофтанд, ки худро ба Эрон бичасбонанд. Бо он ки Ғазнавиҳо аз ғуломони турк буданд ва падари Маҳмуд Сабуктегинро Исмоъили Сомонӣ аз бозори ғуломфурӯшӣ харида буд, вале чун барояш хидмат карда буд, ӯро волии Хуросон кард. Дар натиҷа, вақте ки Қарахониён ба Бухоро ҳуҷум карданд, Ғазнавиҳо омаданду қудратро ба дасти худ гирифтанд ва ҳукумат карданд. Онҳо подшоҳони Эрон буданд. Мо наметавонем онҳоро подшоҳони турк бигӯем. Бале, нажодан турканд, вале Влодимир Мунумох ҳам нажодан юнонӣ аст, агарчи подшоҳи рус буд. Ё масалан Екотерини дувум, ки сад дарсад олмонӣ буд, аммо подшоҳи рус буд.

Пас мешавад гуфт, ки фармонравоёни муғул ҳам, ки дар Эрон ҳукумат карданд, подшоҳони Эрон буданд?

Сад дарсад подшоҳони Эронанд. Наметавонем бигӯем, ки онҳо подшоҳони ҷойи дигаранд. Масалан, мо хеле аз шуъарои бузурги Эронзаминро медонем, ки нажодан эронӣ нестанд. Масалан Бедили Деҳлавӣ нажодан муғул аст, аз авлоди барлос ё арлос аст. Ин дар хунаш буд. Албатта, хуни падарияш буд ё модарияш, ба ҳар ҳол қисман буд, вале хуб шоъири бузурги мост! Чунонки Ҳилолии Ҷағатоӣ. Ин як амри табиъист. Масалан, ду тан аз ҳакимони бузурги Юнони Бостон, Толис (Фалес) ва Онокорсис (Анахарсис), ҳарду искиф ё сакоӣ буданд. Вале онҳо барои фарҳанги сакоӣ коре накардаанд! Чунки онҳо дар матну батни фарҳангу тамаддуни юнонӣ тарбият ёфтанд, осорашонро ба забони юнонӣ гуфтанд, мо маҷбур астем онҳоро юнонӣ бихонем.

Пас мешавад гуфт, ки эронӣ будан ба нажод рабте надорад, ҳарчанд дар бисёре аз китобҳо омада, ки эрониҳо яъне ориёиҳо, яъне аз нажоди ориёӣ ҳастанд?

Сад дар сад, вале ба нажод чиро рабт надорад? Ба нажод рабт дорад, вале ақвоми дигар ҳам ба ин нажод омехта шуданд. Масъала ин аст. Чигуна рабт надорад? Рабт дорад!

Шояд дар оғоз рабт дошта, вале баъдан ин робита камранг шуда?

Дар тӯли торих ақвоми дигар ҳам омаданду бо эрониён омезиш ёфтанд ва дар Эрон ҳатто ҳукумат карданд. Масалан туркҳо.

Ва эронӣ шуданд?

Ва эронӣ шуданд! Сад дар сад дуруст. Ҳатто дар давлати Усмонии Туркия ҳам, ки яке аз забонҳои расмияш забони форсӣ буд, нажоди эронӣ дар баробари юнониҳо ва бизонсҳо нақши бисёр муассире дошт.

Хуб, ҳоло дар бораи забони форсӣ суҳбат кунем. Чиро аз миёни забонҳои эронӣ забони форсӣ бештар густариш ёфту бештари адабиёт ба ин забон нивишта шуд?

Аввал ин ки порсҳо ҳукумат мекарданду қавӣ буданд ва нақши муассире доштанд ва забони порсӣ забони расмӣ буд ва забоне буд, ки тамоми тираҳои эрониро муттаҳид кард. Ҳатто, матнҳои Ҳахоманишӣ ба чанд забон нивишта мешуд, вале забони аслӣ забони форсӣ буд. Баъд аз ҳукумати юнониҳо дар як муддати кӯтоҳ талоши эҳёи дубораи забони форсӣ сурат гирифт. Дар замони Ашкониён камтар, вале дар замони Сосониён ин забон бисёр-бисёр рушд кард. Ҳамин забоне, ки “дарӣ” мегӯем, забони дарбори Сосониён буд, ки онро “порсиг” мегуфтанд. Воқеъият ҳам ин аст, ки баъд аз ҳамлаи аъроб ва пазириши ислом дар Эронзамин як муддат фоҷиъаи ин миллат дар он буд, ки ба забони худ наметавонист дам аз ифтихороти миллӣ бизинад ва ба забони худ чизе биёфаринад. Дар китоби “Ду қарни сукут” устод Абдулҳусайни Зарринкӯб дар ин бора бисёр нукоти ҷолиберо ёдовар шудаанд. Дар "Торихи Бухоро" низ иттилоъи ҷолибе аз интишори ислом ва надонистани забони арабӣ ва аз ин сабаб "Қуръон ба порсӣ" хондан омадааст. Дар китобҳои дигар ҳам мехонем, ки эрониён муддати кӯтоҳе ғамгин буданд ва баъд ба забони арабӣ чунон суруданд, ки ба араби “сусморхуру биёбонгард” фарҳанг доданд ва адабиёти катбии арабӣ адабиётест, ки эрониён сохтанд. Инро ҳеч кас наметавонад рад кунад.

Даҳҳо тан аз бузургон, масалан Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ, ки номи форсияш Рӯзбеҳ писари Додбеҳ буд, хеле аз ториху фарҳанги моро ба забони арабӣ тарҷума карда буд ва дигарон аз поягузорони адабиёти клосики араб ҳастанд. Ва ҷараёни шуъубия нақши бисёр муассире дошт ва корҳои бисёр хуберо анҷом доданд ва дар шарқи Эрон, ки дуртар аз халифаҳои Бағдод буд, ҷунбишҳои миллӣ равнақ ёфт, ки яке аз маъруфтарини онҳо ҷунбиши Абӯмуслими Хуросонӣ буд. Инҳо тавонистанд корҳое кунанд, ки дар ҷоҳои дигар наметавонистанд кунанд. Ва давлатҳое падид омад, амсоли Саффориён, Тоҳириён, Сомониён, Оли Бӯя ва ғайра ва боқудраттарини онҳо Сомониён буд, ки пойтахташ Бухоро буд. Ин ҳамон Бухорое буд, ки ҳатто Маликушшуъаро Рӯдакии Самарқандӣ мегуфт “Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост.” Ва хеле қудрат пайдо карданду тавонистанд, ки забони форсии дарӣ дубора аз ин сӯи марзҳо, яъне аз Осиёи Миёна ва аз Хуросони Бузург ба манотиқи дигари Эронзамин интишор ёбад.

Яъне ин тур нест, ки ин забон реша дар ҳамин ҷо дошта бошад? Аз дигар ҷо омад ба инҷо ва дубора рафт, ҳамин тур?

Чиро? Вақте ки тамоми кишварҳову тираҳои Осиёи Миёна ҷузъе аз давлати Сосонӣ буданд, ин забон қабл аз он ки аъроб биёянд, дар инҷо интишор ёфта буд. Мутаваҷҷеҳ ҳастед? Вале забони ҷадид, форсии ҷадид, ки онро нимаъарабӣ ҳам метавон гуфт, чун дорои вожаҳои зиёди арабӣ аст, аз ин сӯ дубора ба саросари Эронзамин интишор ёфт. Ин аст, ки Носири Хисрав дар “Сафарнома” мегӯяд, ки “Қатрон ном шоъиреро дидам, ки дар даст девони Мунҷик ва Дақиқиро дошт, шеъри неку мегуфт ва забон неку намедонист, ва ба ман мехонду ҳарчи намедонист, ман ба ӯ шарҳ медодам.” Ин бад-он маъност, ки ҳанӯз дар он сазамин форсии дарӣ чандон ривоҷ наёфта буд ва мардум ҳанӯз ба забони паҳлавӣ суҳбат мекарданд.

Фикр мекунед, имрӯз вазъи забон чи гуна аст дар ин бахш аз Эронзамин?

Вазъи забони мо, бадбахтона, ба назари ман, бисёр бисёр бад аст ва ман ки дирӯз дар хиёбонҳои Душанбе мегаштам, чанд ҷо воқеъан гиря кардам. Масалан, дар чаҳор донишгоҳатон дар девор нивиштааст, ки “маркази русӣ.” Шумо маънои чунин ҳарферо мефаҳмед, ки чи аст? Ман намефаҳмам. Чи маънӣ дорад “маркази русӣ”? Мо дар забони форсӣ чунин ҷумлае надорем. Ҳадди ақал “маркази омӯзиши забони русӣ” бигӯянд, ё масалан “Маркази фарҳангии Русия” бигӯянд. Вале чизе ки инҳо мегӯянд, ман мутаваҷҷеҳ намешавам.

Масалан, вақте ман телевизиюнҳои Душанберо мебинаму гӯш мекунам, ба марази гӯш гирифтор мешавам. Ин қадр гӯшхарош аст! Наттоқҳо ба ҳадде бо лаҳҷаи хонаводагияшон суҳбат мекунанд ва талаффузашон ғализ аст, ки дигар нишоне аз забоне, ки буд, нест. Забони Садриддини Айнӣ, ҳамон забоне, ки Саъидии Сирҷонӣ дар пешгуфтори “Ёддоштҳо”-и Айнӣ гуфта буд, ки “ёде аз забони Абулфазли Байҳақӣ мекунад”, ку он забон??? Намебинем! Яъне забон бисёр хароб аст ва ман чораро фақат дар як чиз мебинам, ки ман ҳудуди сиву анд сол ҳам дар ин бора мегӯяму менивисам, ҳудуди чиҳил сол. Ягона роҳе, ки мо бояд аз ин бадбахтиҳо раҳоӣ ёбем, ин аст, ки аз даст додаҳои худро дубора эҳё кунем. Яке аз даст додаҳои мо хатти форсист, ки зӯран бо дастури Истолин аз мо рабуданд ва бар сари мо хатти русиро таҳмил карданд. Ин хат як девори Чин миёни мо ва ҳамзабононамон аст.

Бархе аз мунтақидони устод Айнӣ ӯро ҳам ба доштани нақше дар табдили хат дар Тоҷикистон муттаҳам мекунанд. Шумо дар ин бора чи назаре доред?

На, устод Айнӣ ҳеч нақше надоштанд ва ҳеч коре ҳам наметавонистанд бикунанд. Ҳеч касе дар муқобили Истолин наметавонист коре бикунад. Хеле касон кушта шуданд ва Худоро шукр, ки устод Айнӣ зинда монданд. Вале устод Айнӣ то дами марг бо хатти русӣ як ҷумла ҳам нанивиштанд ва (ин хатро) напазируфтанд. Ҳамеша бо хатти форсӣ менивиштанд ва инро ҳама медонанд.

Аммо дар амри сода кардани забон чи нақше доштанд? Чи фикр мекунед?

Воқеъан забонро дар он давра бояд сода мекарданд. Шумо агар забони авохири қарни 19 ва авоили қарни 20-ро хонда бошед, ин забоне буд, ки агар дар як сафҳа 80 вожа бошад, аз он 79 тояш арабӣ буд. Хеле бадарднахур буд. Алъон ҳам дар Теҳрон хеле ошиқи арабӣ ҳастанд. Мо ду чизро бояд ҳамеша дар назар бигирем. Ҳисоби ислом ҷудост, ҳисоби араб ҷудост. Мо мусалмон ҳастем, вале араб нестем. Мо эронӣ ҳастем ва забонамон форсист. Ё тоҷик ҳастему забонамон форсист. Бояд танҳо дар ҷое вожаҳои арабиро ба кор барем, ки муродифи форсияшро надошта бошем. Масалан, вақте ки дар Эрон мегӯянд, ки "ҳазинаҳои аёбу заҳоб", ман мағзам хароб мешавад. Дар сурате ки мо метавонем бароҳатӣ бигӯем “рафтуомад”, чиро рафтуомад нагӯем? Мутаваҷҷеҳ ҳастед, ки чи мехоҳам бигӯям?

Дар Тоҷикистон ҳам вазъият ҳамин аст. Тоҷикистон громери бисёр харобе дорад, ки дар асоси громери русӣ нивишта буданд ва алъон бояд комилан тағйир ёбад. Муҳиммтарин чиз дар ин роҳ, ки бояд аз он шурӯъ кард, эҳёи хат аст. Ман ҳудуди чиҳил сол аст дар ин бора мегӯяму менивисам, вале мутаассифона, ин бархеро аз як гӯшашон ворид мешаваду аз гӯши дигарашон хориҷ мешавад. Вале намедонам кай, дер ё зуд, мутмаин ҳастам, ки миллати мо бояд худашро бишносад ва ин корро анҷом бидиҳад. Замоне ки хат эҳё шуд ва мардум тавонист адабиёти форсиро бештар бихонад ва бо ҳамзабононаш муъоширати бештар дошта бошад, хоҳ-нохоҳ хеле аз мушкилот бартараф хоҳад шуд.

Фикр мекунед чи мушкилоте дар ин замина вуҷуд дорад?

Монеъа танҳо сиёсист ва маърифати сиёсию маърифати фарҳангӣ, чун, мутаассифона, маърифат ҳар қадр пойин бошад, дарки ин масъала ба ҳамон андоза душвор аст.

Бархеҳо мегӯянд, ки барои гузор аз як хат ба хатти дигар маблағи зиёде лозим аст?

Ин як ҳарфи пуч аст. Бибинед, масоиле ҳаст, ки ба сарнивишти як қавм ё миллат марбут аст, инҷо набояд дар бораи масоили иқтисодӣ андеша кард. Вақте як хатти ҳазору чаҳорсадсолаи моро аз байн бурданд, ҳеч кас дар ин бора фикр накард! Як хатти ҳафтоду андсоларо мо мехоҳем ба ҷояш хатти худамонро барқарор кунем, мегӯянд маблағ ниёз дорем. О чи маблағе? Бояд барномарезии ҷиддие сурат бигирад ва ин кори як рӯзу ду рӯз нест, дар ҳудуди понздаҳ сол ё бист сол, аз соли аввал шурӯъ кунанд ва оҳиста-оҳиста, нармак-нармак, андак-андак як марҳиларо тай кунанду хатро барқарор кунанд. Тамоми ҳамсоягони мо хатташонро иваз карданд. Узбакҳо иваз карданд, озариҳо иваз карданд, хуб, мо чиро накунем?

Фикр мекунед оё онҳо муваффақ шуданд дар табдили хатташон? Оё хатти ҷадид барои онҳо ҳеч фоидае овард?

Ман фикр мекунам, ҳар кудоме аз онҳо ҳадаф доштанд ва ба аҳдофашон расиданд. Масалан, дар Узбакистон ду ҳадаф доштанд, ки хаттро иваз кунанд: нахуст, бо ин роҳ мехостанд бо форсизабонони кишварашон коре кунанд, ки дигар натавонанд бо тоҷикони инҷо иртибот дошта бошанд. Ба ин ҳадаф расиданд. Ду, онҳо мехостанд, ки ба Туркия наздик шаванд ва наздик ҳам мешаванд. Ҳама чиз ҳадаф дорад ва ҳадафҳои онҳо сиёсӣ буд. Мо бояд ҳадафи миллӣ дошта бошем. Мо бояд хуб бияндешем, ки фардо роҳи мо куҷост, куҷо бояд биравем, ба кӣ бояд иттико кунем. Ман фикр намекунам, ки наздиктар аз Эрон барои мо касе ҳаст. Ман фикр намекунам, ки наздиктар аз тоҷикони Афғонистон барои мо хеше бошад дар дунё. Хуб, инҳо ки чандин маротиба теъдодашон аз мо бештар аст, аз он хат истифода мекунанд, чиро мо бояд ҳатман хатти русиро ҳифз кунем? Ин маънои онро надорад, ки забони русиро мо бояд аз ёд бибарем. Банда, ки хеле аз китобҳоямро ба забони русӣ менивисам. Ман хеле дӯст дорам, ки миллати мо ҳам русӣ ва ҳам чанд забони дигарро фаро бигирад. Вале забон омӯхтан ва хатти миллиро барқарор кардан як чиз нест. Ҳеч зараре надорад барои забономӯзӣ.

Аммо аз бас чун милюнҳо нафар аз мардуми мо дар Русия муҳоҷир ҳастанд, шояд давлат ҳам ба ин хотир намехоҳад, ки мардум мумкин аст явош-явош аз ҳавзаи фарҳангии Русия дур шаванд?

Ин зоҳири қазия аст. Чи гуна метавонанд дур бишаванд? Ин милюнҳо фарзандони мо, ки дар Русия ҳастанд, бадбахтона, дар он ҷо ҳам русиро ёд нагирифтаанд. Ба ҷойи ин ки ин ҳарфҳоро андеша кунем, ба онҳо забони русиро хуб ёд бидиҳем, баъдан бифиристем ба кишвари хориҷӣ. Ман ҷонибдори он ҳастам, ки забони русиро ҳам хуб фаро гиранд, чунон ки қаблан дар замони Шӯравӣ буда. Вале эҳёи хатти миллӣ бо омухтани забони русӣ ҳеч иртиботе надорад. Инро танҳо одамҳое иртибот медиҳанд, ки мехоҳанд баҳонае бисозанд. Ман ҳеч иртиботе намебинам. Яке аз нигарониҳои ин ҷомеъа ин аст, ки гӯё ақидаҳои исломӣ аз тариқи хатти форсӣ интишор меёбад. Аммо ин фикри содалавҳонаест. Ман хеле аз масеҳиёнро медонам, ки хатташон форсист, аммо ин ақидаҳоро паҳн намекунанд! Ин андешаҳо бепоя аст! Ин хатти миллии мост ва забони мо танҳо дар чорчӯби ин хат метавонад худро хуб эҳсос кунад.

Албатта, гузор ба хатти форсӣ дар авохири даҳаи 1980 ва авоили даҳаи 1990 яке аз аҳдофи фарҳангиён буд. Ва вақте, ки Қонуни забон тасвиб шуд, дар барномаҳои марбут ба давлати сохтани забон ҳам ин ҳадаф матраҳ шуда буд, ки мебоист дар тӯли даҳ сол ба хатти форсӣ гузарем. Аммо нашуд. Фикр мекунед, чиро нашуд?

Хуб, ҷанги бародаркушӣ, ки дар кишвари мо рух дод ва кишварро тарк кардани теъдоди зиёде аз фарҳангиён ва кушта шудани 180-200 нафар аз фарҳангиёни номвари кишвар, ҳамаи инҳо асаргузор буд. Ин кори сода набуд. Метавон дарк кард, ки кишвар муддате ба хоку хун кашида шуд ва ин кор замон мехост ва ин буд, ки ба таъхир уфтод. Ман умедворам, ки масъулини кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадди ақал мушовиронашон, агар мунсиф бошанд, тавзеҳ медиҳанд ва мефаҳмонанд, ки ин кор ҷуз ба суди миллати мо нест.

Фикр мекунам, Шумо низ дар замони ҷанги дохилӣ аз Тоҷикистон берун рафтед?

На, ман соли 1979 аз Тоҷикистон рафта будам, ки он вақт ҷанге набуд. Ман дар Донишкадаи адабиёти Маскав устоди донишгоҳ будам. Албатта, соли 1992 омадам ва танҳо як сол инҷо будам.

Ба ҳар ҳол, мехостед, ки инҷо бимонед он замон, на?

Ман омада будам ва дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ кор мекардам. Аммо баъд аз он ки ман яке аз афроди муътамади номзади риёсати ҷумҳурӣ Давлати Худоназар будам ва мо интихоботро бохтем, як силсила ҳаводисе рух дод, ки боъис шуд хеле аз фарҳангиён раванд. Ман ҳам дубора баргаштам.

Гуфтед “бохтем”. Оё дарвоқеъ дар он интихобот бохтед ё фикр мекунед тақаллубе сурат гирифт? Чи назаре доред дар ин маврид?

Манзуратон чи аст? Хуб, расман мо бохтем, вале алъон ва он замон ҳам фикр мекардем, ки набохтем ва бояд даври дувуми интихобот баргузор мешуд. Тафовут миёни Давлати Худоназар ва Раҳмон Набиев тақрибан ду дарсад буд. Вале мутаассифона як ҳафта эълом накарданду баъд эълом карданд, ки оқои Набиев 58 дарсад аз ороро дарёфт кардааст. Хуб, ин боъиси нороҳатиҳо шуд ва баъд ҳам иттифоқоте рӯй дод, ки ман, чун дар умури сиёсӣ дахолат намекунам, намехоҳам дар ин бора тавзеҳ бидиҳам. Ман ҳеч вақт алоқае ба сиёсат надоштам ва он замон ҳам дар барномаҳои “Растохез” ширкат мекардам, чун ҳадафаш эҳёи хатти форсӣ, эҳёи забони форсӣ ва эҳёи ҳарчи дар замони Шӯравӣ аз даст дода будем, буд. Ва мо ҳам он вақт ҷавону румонтик будем ва фикр мекардем, ки бисёр корҳоро хеле басодагӣ метавонем анҷом бидиҳем.

Ҳоло чи фикр мекунед? Оё бисёре аз он аҳдофе, ки доштед, амалӣ шуд ё на?

На, мутаассифона. Хеле аз аҳдофи мо амалӣ нашуд ва ман умедворам, ки баоҳистагӣ бошад ҳам, ин аҳдофи мо амалӣ мешавад. Ва Эрон ҳам бояд эҳсос кунад, ки эрониёни дуруфтода аз он марзу бум пушту паноҳе доранд. Ва ба масоили миллӣ, ба масоили забони форсӣ бояд бештар бияндешанд, чун агар забони форсӣ набошад, на Эрон аст, на мо ҳастем ва на каси дигаре.

Фикр мекунед мешуд он замон ҷилави ҷангро гирифт ё на?

Ман фикр мекунам, агар касоне мехостанд ҷилави ҷангро бигиранд, мегирифтанд. Вале, мутаассифона, ҳамин Русия, ки ҳам ба ин тарафу ҳам ба он тараф силоҳ медод, талошашро накард. Узбакистон низ даст дошт. Хеле чизҳои дигар. Ман гуфтам, ки намехоҳам дар масоили сиёсӣ дахолат кунам, чун дар соли 1994 дар мусоҳибае дар Олмотӣ гуфтам, ки ҳеч гоҳ намехоҳам дар умури сиёсӣ дахолат кунам ва накардам, чун нафратам ҳам меояд. Ба хотири ин ки ман мехоҳам фақат дар масоиле дахолат кунам, ки дар он ҷо ҳақиқату адолату садоқату самимият бошад. Аммо дар сиёсат чизҳое ҳаст, ки дур аз ахлоқи банда аст.

Аммо фикр намекунед, дар масоили фарҳангӣ ва забон ҳам сиёсат дахолат дорад?

Мутаассифона, агар мо дахолат накунем ҳам, сиёсат дахолат мекунад.

Бавижа дар мавриди гузор ба хатти форсӣ?

Ин кори бисёр сода аст. Масалан агар раҳбари кишвари Тоҷикистон ин корро бикунад, номашро барои ҳазорсолаҳое дар торихи мо ҷовидона мекунад. Бо як дастур метавонад ин корро кунад.

Қаблан дар матни Қонуни асосӣ вожаи “форсӣ” дар канори “тоҷикӣ” дар паронтез вуҷуд дошт, вале соли 1994 ин вожа аз матни қонун ҳазф шуд.

Бале, дар матни Қонуни асосӣ, ки бо талоши зиёди рӯшанфикрон таҳия шуд. Банда низ дар он баҳсҳо аз тариқи матбӯъот бисёр фаъъол будаму ширкат кардам ва барои расмӣ шудани забонамон имзои бузургтарин нивисандагони Шӯравии собиқро аз Маскав ҷамъ овардам ва дар ин ҷо чоп кардам, ки устодон мегуфтанд нақши муассире дошт. Номи забонро ҳам мехостем “форсӣ” зикр шавад ва онро тӯи паронтез иҷоза доданд. Ҳатто баъзе аз нивисандагони мо, ки китобашон ба русӣ тарҷума мешуд, менивиштанд, ки “аз форсӣ (тарҷума шудааст)”. Хуб, баъд аз шурӯъи ҷанг касоне пайдо шуданд, ки номи форсиро аз паронтез ҳам берун оварданд. Чи гӯям, ки аз он ногуфтанам беҳ! Ҳар касе ки каме андешаю савод дорад, медонад, ки мо агар мехоҳем ба унвони як қавм зинда бимонем, эҳёи хатту забон ва ҳатто эҳёи номи забонамон муҳим аст. Забоне бо номи “тоҷикӣ” вуҷуд надошту надорад.

Албатта, дар солҳои ахир бисёре аз мақомҳои давлатӣ аз номҳояшон пасвандҳои “-ов”-у “-ев”-и русиро бардоштанд. Фикр мекунед, ин иқдом чи аҳаммияте дорад?

Хуб, мо ки ҳамеша надоштем, яъне наменивиштем, баъд аз он ки инҳо бардоштанд, намедонем чи кор кунем. Хуб аст, ки номҳои миллӣ барқарор шавад. Чи бадӣ дорад? Ман фикр мекунам, ки номҳо ва фомилҳои мо бояд миллӣ бошанд.

Дар ин як моҳ, ки дар Тоҷикистон будед, вазъияти фарҳангро чигуна дарёфтед?

Хеле дили ман мехоҳад, ки беҳтар бошад.

Оё Шумо мехоҳед дар оянда ба Тоҷикистон баргардеду корҳое дар ин замина анҷом диҳед?

Яке аз дӯстони ман мақолае дар бораи ман нивишт ва дар Қазоқистон чоп кард, ки агар Сафар Абдуллоҳ дар бораи кайҳон ҳам нивисад, сад дарсад дар бораи ватанаш ва дар бораи забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ андеша мекунад. Воқеъият ҳамин аст. Ман ҳар коре мекунам, марбут ба фарҳангу тамаддуни мост. Ба назари ман, омадану рафтан чандон муҳим нест. Аз тарафҳое, маро даъват ҳам карданд, ки баргардам, вале муҳим ин аст, ки барои як пажӯҳишгар бояд шароит вуҷуд дошта бошад. Агар шумо натавонед дар ин ҷо ин корро анҷом диҳед, хуб аст ки дар ҷои дигаре анҷом диҳед. Дар Қазоқистон, ки алъон ватани дувумам шудааст, ман ҳеч мушкиле надорам. Дӯстони зиёде дорам ва ифтихор ҳам дорам, кор ҳам мекунам ва корам ҳам дар заминаи фарҳангу тамаддуни худамон аст. Ҳам дарс медиҳам ва ҳам пажӯҳиш мекунам. Тасмим надорам, ки баргардам, аммо дар ҳамоишҳои илмӣ, агар даъват кунанд, ширкат мекунам, чунончи дар ҳамоишҳои эроншиносӣ дар саросари ҷаҳон ширкат мекунам.

Ташаккури зиёд, устод.