Нашри тазкирае аз ашъори шоъирони муъосири тоҷик дар Теҳрон

  • 3 Сентябр, 2014

Дар Теҳрон китобе, ки шеъри муъосири Тоҷикистонро ба хонандагон муъаррифӣ мекунад, таҳти унвони "Бӯи ҷӯи Мӯлиён" мунташир шудааст.

Ин китоб дар чорчӯби "Гуфтугӯи шеъри муъосири Эрон ва ҷаҳон", тарҳи бузурги марбут ба Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон таҳия ва нашр шудааст.

Тазкираи "Бӯи ҷӯи Мӯлиён" ҳосили ҳамкории Анҷумани шоъирони Эрон бо Рустами Ваҳҳоб, шоъир ва пажӯҳишгари тоҷик ва дабири масъули маҷаллаи миллии “Садои Шарқ” будааст.

Оқои Ваҳҳоб гирдоварӣ ва интихоби осор ва нивиштани муқаддимаи китобро бар ӯҳда доштааст.

Рустами Ваҳҳоб дар муқадддимаи ин китоб тавзеҳоте дар бораи шеъри Тоҷикистон ва гароишҳо дар он ва тасовире аз шеъру шоъирони муъосири тоҷикро ироа кардааст.

Фотима Рокеъӣ, виростори “Бӯи ҷӯи Мӯлиён”, дар пешгуфтори ин китоб нивишта: "Умед аст, ки ин тарҳ яке аз муҳиммтарин аҳдофи анҷуман (Анҷумани шоъирони Эрон)-ро, ки муъаррифии шеъри Эрон ба ҷаҳон ва баръакс шеъри ҷаҳон ба Эрон аст, муҳаққақ созад. Ин китоб гузидаест аз ашъори шоъирони муъосири тоҷик дар сад соли ахир, ки бахше аз тарҳи бузурги “Гуфтугӯи шеъри муъосири Эрон ва ҷаҳон”-ро ташкил медиҳад."

Дар китоби “Бӯи ҷӯи Мӯлиён” намунаҳое аз ашъори 53 шоъири муъосири тоҷик, аз Садриддин Айнӣ гирифта, то Орзу Исоев, шоъири ҷавон, интихоб ва муъаррифӣ шудаанд.

Рустами Ваҳҳоб дар бораи кори худ дар муқаддимаи ин китоб навишта: "Муваффақияти худро, агар нишоне аз он ҳаст, мадюни устоди бузургвор Садриддин Айнӣ медонам, зеро шоҳкори эшон “Намунаи адабиёти тоҷик”, ки устоди зиндаёд Саъиди Нафисӣ онро “нафистарин раҳоварди бародарони фарорӯдии мо” унвон карда буданд, ҳамвора дастгир ва илҳомбахши банда будааст."

Дар миёни ашъори мунтахаби шоъирони муъосири тоҷик, ки дар тазкираи “Бӯи ҷӯи Мӯлиён” ҷой дода шудаанд, аз миёни 53 шоъир фақат ашъори шаш шоъири зан - Гулрухсор, Фарзона, Нуқраи Суннатниё, Гулноз, Адибаи Хуҷандӣ ва Раънои Мубориз муъаррифӣ шудааст.

Рустами Ваҳҳоб дар посух ба ин суол, ки меъёри гузиниши шоъирон ва ашъори мунтахаб чи буд, ба Би-би-сӣ гуфт: "Шояд дар ин миён шоъироне аз ин китоб хориҷ боқӣ монда бошанд, ки осори хубу хондание доранд, аммо ончи дар ин маҳдудаи замонӣ ба мо дастрас гардид ва чеҳраҳое, ки муъаррифӣ шуданд, ҳар яке дар бахши худ муъаррификунандаи як қисмат аз назми муъосири мо мебошад, ки ҷараёнҳои мухталиф, завқу салиқаҳои мухталиф ва анвоъи гуногуни шеъри роиҷи Тоҷикистонро муъаррифӣ мекунад."

Ӯ афзуд: "Албатта, беҳтарин шоъироне, ки дар адабиёти имрӯзи мо матраҳ ҳастанд, дар ин маҷмӯъа ҷо ёфтаанд. Мо талош кардем, ки бо таъкид ба 50 соли ахир ин гузинишро анҷом бидиҳем. Бештар таваҷҷуҳ ба шоъироне шудааст, ки онҳо дар айни фаъъолияти эҷодӣ ҳастанд ва ояндаи адабиёти мо низ ба фаъъолияти онҳо бастагӣ дорад."

Дар маҷмӯъаи “Бӯи ҷӯи Мӯлиён”, ки дар зарфи ним сол таҳия ва чоп шуда, номи шоъирони тозае ҳам ба назар мерасад, ки ҳанӯз узви Иттиҳодияи Нависандагон нестанд. Оқои Ваҳҳоб дар бораи афзудани намунаҳое аз ашъори онҳо ба маҷмӯъа мегӯяд, "шеъри онҳо дар маҷаллаҳо чоп шуда ва шеърҳояшон пухта аст."

Рустами Ваҳҳоб мадраки дуктурои худро дар риштаи адабиёт ва филулужӣ аз Донишгоҳи давлатииТоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Маскав дарёфт карда ва дар мавзӯъи "Таҳаввули вазн дар назми муъосири форсӣ-тоҷикӣ" рисолаи илмии худро дифоъ кардааст.

Оқои Ваҳҳоб худ низ соҳибқалам буда ва ду китоби шеър бо унвонҳои “Калимаҳо” ва “Шаҳри хуршед” ба чоп расондааст. Бархе аз ашъори худи ӯ низ дар тазкираи "Бӯи ҷӯи Мӯлиён" муъаррифӣ шудааст.

Ба гуфтаи вай, дӯстдорони адабиёт дар Эрон аз китоби “Бӯи ҷӯи Мӯлиён” хуш истиқбол кардаанд ва акнун пайдо кардани ин китоб дар китобфурӯшиҳо, ки тирожи аввалини он камтар аз як моҳ қабл бо теъдоди 1100 нусха ба фурӯш расида, душвор аст.

Ӯ мутмаин аст, ки ноширон “Бӯи ҷӯи Мӯлиён”-ро борҳо ба чоп хоҳанд расонд.

Оқои Ваҳҳоб дар поёни суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Назарҳое имрӯз вуҷуд дорад, ки шеъри мо дучори фақру уфтодагӣ шуда ва ё сухан қолабӣ шуда ва ҳар касе ояд, онро такрор мекунад, чандон дуруст нест."

"Танзими ин маҷмӯъа маро бори дигар ба ин нукта муътақид кард, зеро ҳангоми гузиниши намунаҳое аз ашъори шуъарои Тоҷикистон мо ҳеҷ мушкиле дар интихоби намунаҳои муносиб ва шоиста надоштем, ҳам аз лиҳози саломати забон ҳам аз лиҳози диди шоъирона ва шоъиронагӣ..."