Орзуҳои Кремлин: Аз руъё то воқеъият

  • 3 Сентябр, 2014
Image caption Яке аз раҳбарони ҷудоиталабони тарафдори Русия гуфтаи байни 3000 то 4000 довталаби рус ба кумаки шӯришиёни шарқи Укройн меҷанганд

Буҳрон дар шарқи Укройн, ки ба гуфтаи вазири дифоъи он кишвар меравад ба ҷанге тамомъаёр табдил шавад, ин саволро матраҳ кардааст, ки оё дар дарозмуддат аташи миллигароии Русия фурӯ хоҳад нишаст ё дуди оташи бапошуда, қабл аз он ки ба чашми дигарон биравад, ба чашми худи Русия хоҳад рафт.

Бо ҳама кӯшишҳо ба назар мерасад, ки Русия имрӯз ҳушдори давлатҳои ғарбиро ҷиддӣ намегирад.

Дар муқобили гуфтаи Ангело Меркел, нахуствазири Олмон, ки сароҳатан даргирӣ дар Укройнро ба Русия нисбат дода ва ҳушдори Девид Комерун, нахуствазири Бритониё, ки идомаи ин вазъро бо тағйири бунёдини равобити Русия бо бақияи ҷаҳон муртабит дониста ва ҳамчунин тарҳи пурранг шудани ҳузури НОТУ дар Укройн як рӯзномаи итолиёӣ мегӯяд Путин дар як гуфтугӯи телефунӣ ҳушдор дода, ки агар ирода кунад зарфи ду ҳафта Киев, пойтахти Укройнро тасхир хоҳад кард.

Иддаъое, ки агар таъйид шавад, воқеъияти назарияҳо ва руъёҳои даруни Кремлинро бараҳна нишон медиҳад.

Дар ин ҳол Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия бо лаҳне ором ва дилсӯзона хоҳони оташбаси фаврӣ байни нерӯҳои мутахосим шуда ва онро пешшарти музокирот дар Минск дониста ва гуфтааст: "Мо тарафдори як роҳи ҳали сад дарсад сулҳомез барои ин буҳрони бисёри ҷиддӣ, барои ин трожедӣ ҳастем."

Маҷаллаи Ишпигел, чопи Олмон аммо ин гуна ҳарфҳоро "дурӯғи Путин" мехонад, ки бо воқеъиятҳои мавҷуд дар Укройн мутобиқат надорад, ба хусус ки раиси ҷумҳури Русия дар яке аз мусоҳибаҳояш бо Би-би-сӣ артиши Укройнро бо низомиёни Олмони нозӣ муқоиса карда буд.

Кишварҳои ғарбӣ (урупоӣ), ки наздик ба се даҳа пеш бо шодмонӣ ба тамошои ларзае нишаста буданд, ки бар андоми Иттиҳоди Шуравӣ афтода буд ва онро бозоре бузург барои дастовардҳои санъатӣ ва фаровардаҳои тавлидӣ ва албата "системи демукротики сиёсии" худ медиданд, ҳоло бо воқеъияте мутафовут рӯбарӯ шудаанд.

Таҷрибаи ду даҳаи гузашта нишон медиҳад, ки агарчи санъат ва текнулужии ғарбӣ ба суръат дар кишварҳои истиқлолёфтаи Шуравии собиқ реша давонда, аммо ниҳоли раванди демукротик ва тавсеъаи сиёсӣ шоху барги чандоне надод.

Умеди даст ёфтан ба меъёрҳои сиёсии Урупои Ғарбӣ бар асоси он чи имрӯз дар Русия ва баъзе дигар аз кишварҳои истиқлолёфтаи Иттиҳоди Шуравии собиқ мегузарад, нишон медиҳад, ки корти барандаи сиёсат дар ин кишварҳо дар дастоне мутафовут аст, ҳадди ақал дар "асри Владимир Путин".

Иттифоқоти сиёсӣ-низомии чанд моҳи гузашта дар Укройн дар ҳар ду ҷабҳаи Русия ва Укройн ва лаҳни ду тараф нисбат ба ҳамдигар ва ҳамчунин рафтори онҳо бо мухолифон нишон медиҳад, ки фазои сиёсӣ дар ин кишварҳо ба шиддат аз ҳофизаи торихии мардум тағзия мешавад.

Image copyright AFP
Image caption Як рӯзномаи итолиёӣ аз Владимир Путин нақл карда, ки агар ирода кунад зарфи ду ҳафта Киев, пойтахти Укройнро тасхир хоҳад кард

Ҷанг дар Укройн ба тафовути нигоҳи сиёсии имрӯзи Русия ва Укройн нисбат дода мешавад, аммо ба назар мерасад, ки бештар решаи миллигароӣ дорад, ки бехи гӯши Урупои Ғарбӣ шакл гирифта ва густариш ёфтааст.

Ахиран гузоришҳо аз ҳузури низомиёни рус ё шибҳнизомиёне аз кишварҳои дигари Шуравии собиқ дар ҷанги шарқи Укройн дар расонаҳо мунташир шудааст, сарбозоне, ки маъмулан сарбози муздур маҳсуб шудаанд.

Александр Захарченко, яке аз раҳбарони ҷудоиталабони тарафдори Русия гуфтааст, ки байни 3000 то 4000 довталаби рус аз замони шуруъи даргириҳо дар моҳи апрел ба ҳамроҳи шӯришиёни шарқи Укройн меҷанганд.

Потрик Ҷаксун, яке аз хабарнигорони Би-би-сӣ, аммо батозагӣ шавоҳиде ба даст оварда, ки ҷангҷуён аз саросари Урупо, аз Фаронса, Испониё, Суэд, Сербистон, Лаҳистон ва чанд кишвари дигар ҳам дар муқобил дар ҷабҳаи Укройн меҷанганд.

Ӯ ишора мекунад, ки ангезаи ширкати баъзе аз онҳо дар ин ҷанг ба ҷангҳои Югусловии собиқ дар даҳаи 1990 бармегардад ва дар мавриди Испониё ҳатто ба ҷанги дохилии он кишвар дар даҳаи 1930.

Ба гуфтаи Патрик Ҷаксун ҷангҷуёни чеченӣ, ки шаҳрванди Русия маҳсуб мешаванд, дар ҳар ду ҷабҳаи давлати Укройн ва ҷудоиталабон вуҷуд доранд.

Ин падида, ки то ба ҳол дар мавриди Ироқ ва Сурия дар ҳамроҳӣ бо давлати исломӣ шинохта шуда буд, барои ҷанги Укройн падидаи тозае аст, ки ҷабҳаи ҷадиде дар дили Урупо мекушояд, агарчи ангезаи ҷангҷуёни урупоӣ дар ҷанги Укройн ҳануз комилан рӯшан нест.

Image copyright bbc
Image caption Александр Дугин, назарияпардози рус мегӯяд русҳо ҳуввияти худро дар муқобили фарҳанги Ғарб дар хатар мебинанд

Ҳузури ин ҷангҷӯён дар Укройн муъаммои ҷадиде дар муқобили нозирон гузошта, ки ин афрод агар бобати ҷангидан пул намегиранд бо чӣ ангезае ҷони худро дар роҳи ҳифзи қаламрави Укройн ё ба нафъи нуфузи Русия ба хатар меандозанд.

Раҳбари имрӯзи Укройн бар хилофи пешиниёни худ, ки Русияро қалбе тапанда барои кишварашон медиданд, омоли худро дар Урупои Ғарбӣ меҷӯянд, аммо Владимир Путин, дасти кам бахше аз дарсҳои худро, ки дар мактаби даврони Шуравӣ омӯхта буд, ҳамчунон аз бар дорад ва бо ангҳои фошизм ва нозӣ ба мубориза бо мухолифонаш, аз ҷумла раҳбарони имрӯзи Укройн мепардозад.

Александр Гелйевич Дугин, як файласуфи русӣ аст, ки ба унвони падари назарияи "неу-юру-ейшиёнисм" (Урупо-Осиёи нав), назарияе, ки баъд аз фурӯпошии Шуравӣ дар Русия шакл гирифта шинохта мешавад.

Ин назария, ки мустақим ё ғайримустақим мабнои тиюрии феълии Кремлин ҳам ҳаст, мегӯяд, ки Русия аз назари фарҳангӣ ба Шарқ бисёр наздик аст то ба Урупои Ғарбӣ.

Барои Александ Дугин мубориза бо "фарҳанги такқутбии ғарбӣ-омрикоӣ" дар маркази мубориза аст ва банобарин Урупо-Осиёи ӯ онҷое аст, ки садое алайҳи ин фарҳанги ғолиб баланд шавад: "Уру-Ейшиё Русия аст ва шариконаш, Туркия, Эрон, Чин ва Ҳинд, маҷмуъаи кишварҳои баъд аз Шуравӣ, ки то Муғулистон мерасад ва бахшҳо аз Урупои Шарқӣ, мисли Булғористон ва Сербистон."

Ин файласуф, ки батозагӣ курсии худ дар донишгоҳро ба хотири "махлут кардани беш аз ҳади сиёсат бо улуми донишгоҳӣ" аз даст дода, ҳамчунин гуфтааст: "Агар мо Укройни Шарқиро аз даст бидиҳем, Укройн ба Кириме ҳамла мекунад ва пойи мо ба як ҷанг кашида мешавад. Агар мо Киримеро раҳо кунем дар Маскав тазоҳурот шуруъ мешавад, ки ба суқути Путин меанҷомад ва баъд мо "Урупо-Майдони" худамонро инҷо хоҳем дошт. Ман Путинро намешиносам ва нуфузе рӯйи ӯ надорам, гӯйӣ ҳарфҳоямро дар хало мезанам. Вале ин вазифаи шаҳрвандии ман аст."

Ҳамин файласуф дар бораи ба ҳам задани як кунсерти мусиқии роки музисияни омрикоӣ Морилин Монсун дар Маскав гуфта буд: "Ин оғози як рӯёрӯии фарҳангӣ аст. Русҳо мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки ҳувияти онҳо дар хатар аст ва аз худашон дифоъ мекунанд."

Бояд мунтазир монд, ки мудели амалӣ барои назарияи "Урупо-Осиёи нави" шаклгирифта дар Маскав, агар амалӣ шавад, аз назари сохторӣ бештар аз "Иттиҳоди Ҷамоҳири" Шуравӣ тағзия хоҳад шуд ё аз "импротурии Русияи" тазорӣ.

Аммо хатари андешаҳо ва аъмоли ифротии "русмеҳавари" Маскав, ки имрӯз дар қолаби назарияи "Урупо-Осиёи нав" шакл гирифта дар ин аст ки ин русмеҳварӣ дар миёни ақвом ва кишварҳои ғайрируси ҳамон минтақа ҳарос андохтааст.

Бо дидани сарнавишти Укройн баъд аз сарпечӣ аз Русия тарси кишварҳое мисли Қазоқистон, ки теъдоди рустаборонаш зиёд аст ва ҷумҳурии Тотористон, ки ба Русия таъаллуқ дорад, ба рушди миллигарои ва қавмгароӣ дар ин кишварҳо мунҷар шуда, ки агар сиёсатҳои Кремлин ба ҳамин шакл идома пайдо кунад, метавонад шаклҳои ифротитаре ба худ гирад.

Он чӣ имрӯз маълум аст он аст, ки ҷудоиталабони шарқи Укройн мекӯшанд, ки бо ҳифзи Дунетск ва Луҳонск ва афзудани шаҳри Мориупул ба онҳо як роҳи заминӣ аз хоки Русия ба шибҳҷазираи Кириме боз кунанд.

Шодя ин кор адои дайни ин рустаборон ба фарҳанги аз нигоҳи онҳо дар хатари русишон бошад, ки дар миёни руъёҳои баландпарвозонаи Кремлин ва пуштибонони назарияпардозаш саҳме бисёр кӯчак аст.

Матолиби муртабит