Нигаронии Тоҷикистон аз амир шудани тоҷиктаборе дар Раққаи Сурия

  • 2 Сентябр, 2014
Сурия Image copyright n
Image caption Сурия тули чанд соли ахир ба маҳалли даргириҳои дохилӣ табдил ёфта ва ҳамакнун дар қисмате аз он Давлати Исломӣ Ироқ ва Шом (Доъиш) ташкил шудааст

Бино ба гузориши сойти хабарии мухолифони давлати Сурия тоҷиктаборе бо фармони халифаи Давлати Исломӣ (Доъиш) амири устони Раққа таъин шудааст.

Ҳарчанд исми ин фард эълом нашудааст, вале ба навиштаи сойти хабарии www.zamanalwsl.net, ӯро худи халифи Давлати исломӣ Абубакр Ал Бағдодӣ ҳафтаи гузашта ба ин симмат таъйин кардааст.

Устони Раққа бузургтарин минтақаи таҳти кунтрули шибҳнизомиёни Давлати Исломӣ дар Сурия маҳсуб мешавад.

Дуруст баъд аз чанд рӯз аз ин таъйинот шибҳинизомиёни Давлати Исломӣ ба пойгоҳи ҳавоии "Табқа" дар 45-килуметрии шаҳри Раққа, пойгоҳи аслии ҳавоии давлати Сурия, ки артиши Сурия ҳанӯз онро таҳти кунтрули худ дошт, ҳамла карданд.

Коршиносон мегӯянд, ки ин ҳамла бо дастур ва мушорикати амири ҷадиди тоҷиктабори Раққа сурат гирифт.

ҲНИТ мухолифи ташаннуҷи равобит бо кишварҳои шарқӣ аст

Image caption Ҳикматулло Сайфуллозода хабари интисоби як тоҷиктабор ба симмати амирӣ дар Раққаро нигаронкунанда хонд

Мақомоти тоҷик дар бораи интисоби як тоҷиктабор ба симмати амири Раққа изҳори беэътилоӣ карда ва аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд.

Анвар Ализода, раиси дастгоҳи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки аз мавзӯъ тавассути расонаҳои гурӯҳӣ огоҳ шудааст. Вай афзуд: "Мо талош кардем ва ин талошро идома медиҳем, ки ҳуввияти ин нафар мушаххас карда шавад. Вале куллия иттилоъот дар бораи вай дар Сурия махфӣ шудааст. Бо ин вуҷуд, мо дастур дорем, ки ба ҳар васила ҳуввияти ин шахс рӯшан шавад".

Оқои Ализода афзуд, ки дар ҳар сурат пулиси Тоҷикистон ширкати ҳар тоҷиктабор дар ҷанги Сурияро маҳкум мекунад. Ӯ гуфт: "Мо баръакс талош дорем, ки аз сафари ҷавонони тоҷик ба Сурия ҷилавгирӣ кунем. Бад ин манзур пайваста тариқи шабакаҳои телевизиюнӣ намоишҳо низ пахш карда ва аз вазъи ногувори ин кишвар мардумро огоҳ месозем".

Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон ва соҳибназарон теъдоди атбоъи тоҷик дар набардҳои кишварҳои шарқӣ, аз ҷумла дар Сурияро беш аз дувист нафар хонда ва дар ин замина ибрози нигаронӣ мекунанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи “Наҷот” ва узви раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар бораи интисоби тоҷиктаборе ба симмати халифаи Раққа иттилоъи комил надорад. Вале бо ин вуҷуд, вай ин амрро барои Тоҷикистон ғайри қобили қабул медонад.

Image copyright BBC World Service
Image caption Абдуғанӣ Мамадазимов бовар дорад, тасмими халифаи Доъиш дар мавриди интисоби тоҷиктаборе ба симмати амир ба хотири таҳрики ҷавонони Осиёи Миёна барои пайвастан ба суфуфи онҳо иттихоз шудааст.

Оқои Сайфуллозода мегӯяд: “Мо иттилоъ дорем, ки теъдоде аз атбоъи тоҷик дар даргириҳои Сурия мушорикат доранд. Вале интисоби як шаҳрванди Тоҷикистон ба чунин симмат хубие надорад, зеро муносиботи Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаро печидатар месозад. Ба ин далел раҳбарияти ҲНИТ низ мухолифи чунин амр аст”.

Вале Абдуғанӣ Мамадазимов, сиёсатшиноси тоҷик ҳадс мезанад, ки эҳтимол дорад шаҳрванди тоҷик ба ин мақом барои ба истилоҳ “хидматҳои шоиста” интисоб шуда бошад. Вай гуфт:

“Иттилоъе пахш шуда буд, ки дар суфуфи Давлати Исломӣ ҳудуди 200 нафар атбоъи тоҷик меҷанганд. Ва таъйини яке аз онҳо ба ин симмат далели фаъъолиятҳои онҳо аст”.

“Тоҷикон хуб меҷанганд”

Оқои Абдуазимов бар ин бовар аст, ки тасмими халифаи Давлати Исломии Ироқ ва Шом дар мавриди интисоби шаҳрванди Тоҷикистон ба симмати амир ба манзури таҳрики шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна барои пайвастан ба суфуфи онҳо иттихоз шудааст.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки амири Раққа, ки тоҷиктабор будааст, ба эҳтимоли зиёд даҳаи 1990 дар замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба Покистон рафта ва дар он ҷо таҳсили мазҳабӣ дидааст ва сипас барои ҷанг ба Сурия рафтааст.

Image caption Парвиз Муллоҷонов бар ин назар аст, ки Доъиш дар қиболи Тоҷикистон низ барномаҳоеро дар даст дорад.

Вай афзуд: “Он ки табаъайи тоҷик ба мақоми амири як минтақаи Сурия интисоб шуда, далели он аст, ки шибҳанизомиён ва созмонҳои ифротгаро барои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна барномаҳоеро дар даст доранд. Агар Доъиш ҳокимиятро дар даст нигаҳ дораду боз ҳам қавитар шавад, ин ҳушдори ҷиддӣ барои Тоҷикистон мебошад”.

Абдуғанӣ Мамадазимов низ бар ин нукта таъкид карда ва гуфт, ки атбоъи тоҷик аз он кишварҳо ба Тоҷикистон бо ақоиди ифротӣ ва бо таҷрубаи ҷангӣ бармегарданд.

Эҳтимоли маҳалгароии амири Раққа

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили адён бар ин назар аст, ки интисоби як тоҷиктабор ба унвони амир ҳушдорест барои мақомоти Тоҷикистон. Ба гуфтаи вай, ин амр далели боло рафтани мавқеъи тоҷиктаборон дар созмонҳои ифротгаро ва касби таҷрубаи баланди низомӣ аз сӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Ӯ афзуд: “Дар Тоҷикистон як мушкили ҷиддӣ "маҳалчигӣ" мебошад. Ба ин далел, амири ҷадиди Раққа талош мекунад, ки теъдоди зиёде аз ҳамватанони худро озими Сурия кунад. Ин амр ба амнияти он минтақа ва Тоҷикистон таҳдид хоҳад кард”.

Image copyright BBC World Service
Image caption Фаридун Ҳодизода мегӯяд, ки амири тоҷиктабори Раққа бо маҳалгароии хоси тоҷикон ба басич кардани ҳамватанонаш дар атрофи худ хоҳад пардохт

Оқои Ҳодизода мегӯяд, интисоби табаъайи тоҷик ба мақоми амир метавонад ҳамчун "таблиғи муассире" дар заминаи ҷалби афроди бештари тоҷик ба суфуфи созмонҳои ифрогаро истифода шавад. Ӯ мегӯяд: “Зеро, дар Тоҷикистон шароит барои рушди ҳирфаии афроди ҷавон душвор буда ва ин хабар нишон медиҳад, ки дар Сурия як тоҷик тавонистааст то ба мақоми амрирӣ бирасад”.

Атовулло Қосимов, муҳаққиқи дигари тоҷик низ бар ин бовар аст, ки агар хабари интисоби як тоҷиктабор ба симмати амири Раққа дуруст бошад, дар зудтарин фурсат ба ин минтақа теъдоди зиёде аз тоҷиктаборон эъзом хоҳанд шуд. Ӯ мегӯяд: "Амири ҷадид хоҳад буд, ки дар атрофи худ ҳамватанони худро басич созад ва ба ин тартиб ҳокимияти худро тақвият бидиҳад".

Аз сӯйи дигар, ба эътиқоди оқои Қосимов, халифаи Доъиш низ дарк мекунад, ки бояд аз миёни ақвоми дигар низ раҳбаронеро интисоб кунад, то аз ин роҳ онҳо ҳамватанони бештари худро барои сафар ба Сурия ва "ҷиҳод" алайҳи давлати Башор Асад таҳрик кунанд.

Ба ин тартиб баъид нест, ки дар зудтарин фурсат ӯ аз ҷумлаи шаҳрвандони Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ "амирони тоза" таъйин кунад.

Матолиби муртабит