Падари Азиз баъди маргаш ба болини ӯ расид

  • 30 Август, 2014
Ҷалол Бадр Бису
Image caption Ҷалол Бадр Бису чанд соъат баъд аз марги Азиз ба болини писараш расид

Номаш "Азиз" буд, падари кӯдаки гумноми эзадӣ чаҳор соъат пас аз марги фарзандаш ба болини ӯ расид. Ҷалол Бадр Бису ва ҳамсараш ҳангоми фирор аз дасти Доъиш маҷбур шуда буданд Азиз, фарзанди чаҳорсолашонро, ки маълул буд, раҳо кунанд.

Ҳангоме ки акс ва гузориши Би-би-сӣ дар бораи Азиз дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мунташир шуд, бастагони ӯ падарашро огоҳ карданд. Ҷалол ба Сурия рафт ва умедвор буд, ки фарзандашро бо худ ба Курдистони Ироқ бибарад. Аммо ӯ дер расид. Азиз субҳи зуди ҳамон рӯз фавт карда буд.

Ҳазорон эзадӣ дар ҳоли фирор аз канори Азиз гузаштанд ва касе ӯро бо худ набурд. Нерӯҳои курди Сурия се ҳафта пеш Азизро танҳо дар кӯҳистони Синҷор ёфтанд.

Интихобе дарднок

Соъатҳо ва шояд рӯзҳо зери офтоби сӯзон қарнияи чашми ӯро хушконда буд ва чашмонаш уфунат карда буд. Ӯ ба бемористоне дар шаҳри Дирик дар Курдистони Сурия мунтақил шуд. Онҷо буд, ки тими Би-би-сӣ барои аввалин бор бо ӯ дидор кард.

Гузориши ӯ дар бемористонро инҷо бибинед

Пизишкону парасторон номи ӯро "Гумном" гузошта буданд. Онон талоши зиёде барои наҷоти Азиз карданд. Ӯ шуке шуда буд ва наметавонист ҳатто пилконашро ба ҳам бизанад. Наметавонист ҳарф бизанад ва 24-соъата чашмонаш боз буд. Гоҳе қатраҳои ашк аз гӯшаи чашмони сӯхтааш ҷорӣ мешуд.

Юсуфи Шукрӣ, дуктури Азиз, мегуфт "ӯ дар кумо буд. Мо фақат аз зарабони заъифи қалбаш фаҳмидем зинда аст."

Дар бемористон касе номи Азизро намедонист. Ӯ ба кӯдаки гумном маъруф шуда буд. Пизишки ӯ умедвор буд битавонад каме аз биноии кӯдакро ҳифз кунад.

Ҷалол Бадр маъмури пулис дар минтақаи Синҷор буд. Ӯ ва ҳамсараш бо се кӯдаки хурдсол наметавонистанд пиёда идома диҳанд. Шибҳинизомиёни "Давлати Исломӣ" наздик шуда буданд. Онҳо маҷбур шуданд як интихоби бисёр талху дарднок кунанд. Писари чаҳорсолаашонро раҳо карданд, то фарзандони дигарашонро наҷот диҳанд.

Ҷалол он лаҳзаи дарднокро бо ашк барои Би-би-сӣ бозгӯ мекунад: "Як капар (хонае, ки аз най ё бурё сохта шавад) канори ҷодда буд. Ӯро дохили капар гузоштем. Дигар тавони ҳамли ӯро надоштем. Хеле сангин буд. Тасмими бисёр дардноке буд."

Кӯдаки 'гумном'

Касе намедонад бар санги қабраш чи бинвисад. Касе номи ӯро намедонист, дар сукут, дар бемористоне дар Сурия дунёро тарк кард. Дунёе, ки рушноиро аз ӯ гирифт.

Касе аз сарнивишти падару модараш хабар надошт. Ончи мусаллам буд, писарбачае аз оворагони эзадӣ буд. Нерӯҳои курди Сурия ба номи "ЁПГ" ӯро танҳо дар кӯҳистон ёфта буданд.

Ӯ соъатҳо, шояд ҳам рӯзҳоро, дар гармо ва гарду хоки биёбон бидуни ғизо ва об сипарӣ карда буд. Яке аз нерӯҳои "ПКК" мегуфт "дар ҷаҳоне, ки Доъиш ба роҳ андохта буд, ҳатто модар кӯдаки худро фаромӯш мекард."

Маълум набуд бар сари волидайни ӯ чи омада, оё барои ҳифзи ҷонашон кӯдакашонро раҳо карданд? Ё кушта ва асир шудаанд?

Се ҳафта пеш бо гурӯҳе аз Би-би-сӣ барои таҳияи гузориш аз оворагони эзадӣ, ки ба кӯҳистони Синҷор паноҳ бурда буданд, ба Курдистони Сурия рафтем. Ӯ танҳо дар гӯшае аз бемористони Дирик буд. Бидуни ҳеч ҳамроҳе, дар сукуте маъсумона ва суолбарангез. Парасторон мегуфтанд на гиря мекунад ва на фарёд мезанад.

Соъатҳо зери офтоб монда буд ва нур қарнияи чашмонашро хушконда буд. Ташнагиву гуруснагӣ заработи муҳлике ба андомҳои дохилии ӯ ворид оварда буд.

Пас аз пахши гузориш садҳо паём аз саросари ҷаҳон ба мо ирсол шуд. Инсонҳое бо боварҳо ва эътиқодоти мухталиф мехостанд кумак кунанд. Ғарибаҳое, ки мехостанд ӯро ба фарзандхондагӣ бипазиранд.

Гузорише дар ин бора

Би-би-сӣ яке аз роҳнамоҳои маҳаллиро барои огоҳӣ аз сарнивишташ дубора ба Курдистони Сурия фиристод. Аммо имрӯз бохабар шудем, ки ин кӯдак аз дунё рафтааст.

Кӯдаке, ки нумоди мазлумияти даҳҳо ҳазор кӯдаки сурӣ ва ироқӣ шуд, кӯдаке, ки ба ҷойи оғуши гарми хонавода ва маҳди кӯдак акнун дар қабристоне дафн хоҳад шуд. Достони Азиз достони ҳазорон кӯдаки Ховари Миёна аст.

Матолиби муртабит