Маҳфили бузугдошти Симини Беҳбаҳонӣ дар Тоҷикистон

  • 29 Август, 2014
ёдбуд Image copyright BBC World Service
Image caption Маҳфили ёдбуди Симини Беҳбаҳонӣ дар толори Иттиҳодияи нивисандагони Тоҷикистон баргузор шуд

Аҳолии фарҳангу адабиёти Тоҷикистон бо баргузории маҳфиле ёди Симини Беҳбаҳонӣ, шоъири саршиноси эрониро, ки ахиран даргузашт, гиромӣ доштанд.

Ин маҳфил рӯзи ҷумъаи 29 август ба ибтикори Гулрухсори Сафӣ, шоъири маъруф ва раиси Фарҳангистони шеъри ҷаҳон, ва масъулони маҷаллаи адабии "Садои Шарқ" ва Иттиҳодияи нивисандагони Тоҷикистон дар яке аз толорҳои ин иттиҳодия баргузор шуд.

Дар ин маҳфил шоъирону нивисандагон ва ҳунарпешагону рӯзноманигорони тоҷик ва масъулони сафоратхонаҳои Эрону Афғонистон дар шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ карданд.

Симини Беҳбаҳонӣ аз шоъирони саршиноси Эрон, ки ба иллати мушкилоти танаффусӣ ва қалбӣ дар бемористон бистарӣ буд ва аз понздаҳуми амурдод дар кумо ба сар мебурд, авохири ҳафтаи гузашта дар синни 87-солагӣ дар яке аз бемористонҳои Теҳрон даргузашт.

Дар маҳфили ёдбуди хонум Беҳбаҳонӣ гуфта шуд, ки ин бонуи ғазали Эрон беш аз 60 вазни навро дар шеъри форсӣ поя гузошта ва алоқамандони осори ӯ дар Афғонистон ва Тоҷикистон низ зиёд ҳастанд.

Соли 2008 китобе бо номи “Як доман гул” аз осори ин бонуи ғазалсарои эронӣ бо ҳуруфи сирилик ба дасти алоқамандонаш дар Тоҷикистон расид, ки нашриёти “Ирфон” онро мунташир кард.

Дар давраҳои пеш аз ин ҳам пораҳои паркандае аз осораш дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва маҷмӯъаҳои шеъри нави Эрон дар Тоҷикистон ба нашр мерасиданд ва бархе аз овозхонҳои тоҷик бар шуморе аз ғазалиёти ӯ оҳанг баставу иҷро кардаанд. Ин оҳангҳо миёни мардум маҳбубияти зиёде касб кардаанд.

Гулрухсори Сафӣ, шоъири шинохта, мегӯяд, ки Симини Беҳбаҳонӣ бо осори худ нақши боризе дар ҷаҳони шеъри форсӣ гузошт ва ӯ ҳаргиз "мутаъаллиқ ба як кишвар, як мантақа ва як давру замон набуд."

Image copyright BBC World Service
Image caption Соли 2008 китоби “Як доман гул” аз осори Симини Беҳбаҳонӣ бо ҳуруфи сирилик дар Тоҷикистон мунташир шуд

Вай афзуд: "Фотимаи Рокеъӣ, мудири омили Анҷумани шуъарои Эрон, чанд соъат баъд аз даргузашти Симини Беҳбаҳонӣ унвонии тамоми шоъирони Тоҷикистон номаи таслият фиристод, зеро аз даст додани Симини Беҳбаҳонӣ барои тамоми форсизабонон хеле дарднок ва сангин аст."

Хонум Сафӣ мегӯяд, ки хушбахтии дидору мулоқот бо Симини Беҳбаҳониро чандин маротиба дар манзили эшон дар Эрон дошта ва ӯ пайваста дар бораи вазъияти шеъру адабиёт дар Тоҷикистон пурсиш мекардааст.

Ӯ афзуд: "Дар суҳбатҳои тӯлоние, ки бо ҳам доштем, аз ҷаҳони шеъру адаб дар Тоҷикистон зиёд суол мекард ва орзуи омадан ба Тоҷикистонро дошт. Аз вожаҳои ноби форсӣ, ки дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ҳифз шудаанд, зиёд хушаш меомад ва мегуфт, ки чи хушбахтӣ, ки шумо ин вожаҳоро ҳифз кардед."

Камоли Насрулло, шоъири дигар аз Тоҷикистон гуфт: "Дар шеъри Симин вожаҳо мисли гулҳо мешукуфанд, он гуна, ки дар ҷое ӯ мегӯяд "Дар муҳаббат такя кардам ҳамчу нилуфар бар об", ки чи тасвири шоъирона ва зебоест. Дар жонри ғазал Симин навовариҳои зиёде кард ва ҳамеша муваффақ буд."

Нуқраи Суннатниё, шоъири дигар, мегӯяд, ки соли 1969 барои нахустин бор аз як маҷаллаи чопи Афғонистон бо ашъори Симини Беҳбаҳонӣ ошноӣ пайдо кардааст.

Вай афзуд: "Аз ҳамон ҷо чашму дили ман ба шеъри ноби форсӣ боз шуд ва аз ҳамон замон Симинро дӯст доштам. Дар маҳфиле, ки озмуни шеърхонӣ буд, ман чаҳор мисраъ аз як ғазали зебои Симинро хондам, ки чунин буд:

Магар, эй беҳтар аз ҷон, имшаб аз ман беҳтаре дидӣ, Ки рух тобидиву дар ман ба чашми дигаре дидӣ? Зи ашки ман чи медонӣ гарониҳои дардамро, Зи тӯфон шабнаме дидӣ, зи дарё гавҳаре дидӣ.

Image copyright BBC World Service
Image caption Бархе аз овозхонҳои тоҷик бар шуморе аз ғазалиёти Симини Беҳбаҳонӣ оҳанг баста ва иҷро кардаанд

Ва он замон теъдоди маъдуде бо шеъри Симин дар Тоҷикистон ошноӣ доштанд ва ҳамагӣ дар ин озмун мақоми аввалро ба ман доданд."

Муҳаммадризои Тоҷдинӣ, пажӯҳишгари эронии муқими Тоҷикистон, мегӯяд, ки Симини Беҳбаҳонӣ қабл аз он ки як шоъир бошад, инсоне фурӯтан буд ва дари хонааш ба рӯи ҳама боз буд ва ҳеҷ гоҳ касеро сиёҳ намекард.

Вай афзуд: "Ӯ ҳаргиз шеъри касеро парт намекард, ҳамеша ташвиқ мекард ва ҳатто вақте, ки Фурӯғ нисбат ба Симин ҳассосият дошт, Симин нисбат ба Фурӯғ ҳассосият нишон надод ва ин нишондиҳандаи рӯҳи бузурги зиндаёд Симини Беҳбаҳонӣ аст. Шеъри ӯ шеъри мардум буд ва таронаҳое, ки бо ҳамроҳии Нодирпур он мавқеъ дар родию месохтанд, мақбулу мавриди назари мардум буданд."

Симини Беҳбаҳонӣ дар бисту ҳаштуми тири 1304\19июли 1925 дар Теҳрон ба дунё омад. Ӯ аввалин шеърҳои худро дар 14-солагӣ суруд, ки дар рӯзномаи "Навбаҳор" мунташир шуданд.

Маҷмӯъаи ашъори "Ҷойи по" (1335), "Чилчароғ" (1336), "Мармар" (1342) ва "Растохез" (1352) аз ҷумлаи осори ӯ пеш аз инқилоби Эрон аст. Нахустин маҷмӯъаи ашъори ӯ пас аз инқилоб дар соли 1360\1981 бо унвони "Хатте зи суръат ва аз оташ" мунташир шуд, ки таҳти таъсири ҳаводиси инқилоб фазое мутафовит аз осори гузаштаи ӯ дошт. Ӯ ду сол пас аз он "Дашти Аржан"-ро мунташир кард.

"Се тори шикаста" ва "Як дарёчаи озодӣ" аз дигар осори Симини Беҳбаҳонӣ аст. Вай аз авохири даҳаи чиҳил ва дар авоили даҳаи панҷоҳи хуршедӣ беш аз 300 тарона барои родию ва телевизиюн суруд. Хонуми Беҳбаҳонӣ дар соли 2009 ҷоизаи Симун ду Бувор барои озодии занонро аз они худ кард.

Матолиби муртабит