Норизоятии довталабон кори Маркази озмунро мухтал кард

  • 26 Август, 2014
довталабон Image copyright BBC World Service

Дар ҳоле ки то замони оғози соли ҷадиди таҳсил дар Тоҷикистон камтар аз як ҳафта боқӣ монда, Маркази миллии озмуни ин кишвар бо чолишҳои ҷиддие дар заминаи пазириши довталабон ба донишгоҳҳо рӯбарӯ шудааст.

Ба гуфтаи масъулони ин ниҳоди вобаста ба риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол бори аввал масъулияти баргузории имтиҳоноти вурудиро ба уҳда дошт, ҳамчунон ҳудуди 15 ҳазор курсии холӣ барои донишҷӯёни оянда дар донишгоҳҳои ин кишвар вуҷуд дорад.

Аммо бисёре аз довталабон, ки муваффақ ба вуруд ба донишгоҳҳо дар риштаҳои дилхоҳи худ нашуданд, мақомоти омӯзишу парваришро ба додани имтиёзҳои табъизомез ба довталабони бархе аз манотиқи Тоҷикистон ва маҳрум сохтани дигарон аз имкони вуруд ба донишгоҳҳо муттаҳам мекунанд.

Иқдоми "табъизомез"

Субҳи рӯзи сешанбеи 26 август иддае аз довталабони норозӣ дар назди бинои Маркази миллии озмун дар шаҳри Душанбе гирдиҳам омаданд, то норизоятии худро дар мавриди иқдомоти ба гуфтаи онҳо табъизомези мақомҳои омӯзишу парвариш иброз доранд.

Бисёре аз довталабон ва волидонашон аз тақаллуб дар шумориши имтиёзҳо ва бархурди бади кормандони умури дохила бо онҳо шикоят мекарданд. Сафаралӣ, як сокини ноҳияи Роғун, мегӯяд тибқи паёмаке, ки дарёфт кард, беш аз 300 имтиёз дошт, аммо дар Маркази миллии озмун ба ӯ гуфтаанд, ки 180 имтиёз дорад.

Қаблан мақомот изҳор дошта буданд, ки роҳандозии фаъъолияти ин ниҳод барои аз байн бурдани фасод дар заминаи пазириши довталабон ба донишгоҳҳо сурат гирифтааст. Вале дар рӯзҳои охир масъулон ба таври ногаҳонӣ низоми пазириш ба Донишгоҳии пизишкии Тоҷикистонро тағйир доданд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Иттилоъоти ҷадиди Маркази миллии озмун дар назди дарвозаи ин ниҳод гузошта шадааст

Тибқи огаҳие, ки рӯйи дари ин марказ овехта шудааст, бар асоси дархости вазири беҳдошти Тоҷикистон ба довталабон аз бархе навоҳӣ, ки ғолибан аз вилояти Хатлон ҳастанд, барои пазириш ба Донишгоҳи пизишкӣ имтиёзоте эъто шудааст.

Ба ин тартиб, довталабон аз вилояти Хатлон, ки бештари мақомоти давлатӣ, аз раисҷумҳур шурӯъ карда, аз ин минтақа бархостаанд, дар муқоиса бо довталабон аз вилоятҳои Суғду Бадахшон, шаҳри Душанбе ва навоҳии минтақаҳои Рашту Ҳисор, аз имтиёзот вижае бархурдор шудаанд.

Бархе аз манобеъи огоҳ мегӯянд, ки агар довталабе аз Душанбе 400 имтиёз дошта бошаду довталабе аз навоҳии Хатлон 300 имтиёз, пас ба донишгоҳ довталаби вилояти Хатлон пазируфта мешавад. Ин мавзӯъ ба баҳсҳои доғе дар матбӯъот ва шабакаҳои иҷтимоъӣ дар бораи "табъизи маҳаллӣ" доман зад.

"Норасоии ҷуғрофиёии табибон"

Вале ахиран расонаҳои гурӯҳӣ посухи Нусратулло Салимзода, вазири беҳдошти Тоҷикистон, ба ин матолибро мунташир карданд, дар он омадааст: "Айни ҳол дар Тоҷикистон бо мақсади аз байн бурдани норасоии ҷуғрофии табибон ва таъмини ҳуқуқу дастрасии баробари мардуми тамоми шаҳру ноҳияҳо ба хидматрасонии тиббӣ зарур аст, ки ба баъзе шаҳру ноҳияҳои дахлдор имтиёзҳои гуногун дода шавад, то ки дар солҳои ояндаи масъалаи бо табибон таъмин намудани баъзе шаҳру ноҳияҳо роҳи ҳалли мусбии худро ёбад."

Оқои Салимзода афзудааст: "Дар ҷумҳурии мо ҳудуди нишондиҳандаи таъминотнокии табибон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбат ба 10000 аҳолӣ 80,1 (шаҳри Хуҷанд) ва 4,5 (ноҳияи Бохтар)–ро ташкил дода, бениҳоят фарқияти калон дорад."

Оқои Салимзода иддиъои муаллифи мақолае аз сойти хабаргузории "Озодагон" дар ин бораро, ки оё вазир ба маҳаллгароӣ роҳ дода ва барои довталабони зодгоҳи худ имтиёз қоил шудааст, бепоя хондааст.

Image copyright BBC World Service
Image caption Дар муқаррароти ҷадиди Маркази милии озмун омада, ки барои довталабон аз 28 навоҳии кишвар имтиёзоте эъто шудааст

Вай менивисад: "Бояд тазаккур дод, ки коэффитсиентҳо ба ҳамон шаҳру ноҳияҳое дода мешавад, ки дар онҳо миқдори табибон нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳо кам буда, ҳангоми муъайян намудани коэффитсиент таъминотнокии табибон нисбат ба 10000 аҳолӣ ба инобат гирифта мешавад."

Аз 29 шаҳру ноҳияҳое, ки ба гуфтаи вазир дар он ҷоҳо шумори пизишкон кам аст, 20 шаҳру ноҳияба вилояти Хатлон, 2 ноҳия ба вилояти Суғд, 2 ноҳия ба Бадахшон ва 5 ноҳия ба минтақаҳои Рашту Ҳисор таъаллуқ дорад.

Ҳарчанд дар ин посух оқои Салимзода ба бештари суолоти хабарнигор посух дода, вале тавҷеҳоти ӯ бисёреро қонеъ насохтааст. Яке аз суолҳои матраҳ ин аст, ки чиро чунин тасмими ҷиддӣ дар рӯзҳои ниҳоии озмун гирифта шуда ва чиро қаблан дар сойти расмии Маркази миллии озмун эълом нашуда буд?

Ва оё метавон интизор дошт, ки дар солҳои оянда ба далели камбуди иқтисоддонҳо ва ҳуқуқшиносон дар як қисмати кишвар тасмимоти мушобеҳе дар мавриди ин риштаҳои таҳсилӣ ҳам гирифта мешавад? Дарвоқеъ чиро имсол дар мавриди ин риштаҳо чунин тасмиме гирифта нушадааст?

"Ҳама назди қонун баробаранд"

Мунтақидон ин имтиёздиҳиро амре "табъизомез ва ва муғоир бо асли баробарии имконот ва ҳуқуқ" медонанд, ки дар Қонуни асосии Тоҷикистон зикр шудааст. Манобеъи огоҳ мегӯянд чанд сол аст, ки довталабони минтақае хос дар Тоҷикистон "ба таври пинҳонӣ" аз ин гуна имтиёз бархурдор мешаванд.

Як довталаби риштаи пизишкӣ, ки нахост номаш ифшо шавад мегӯяд: "Барои чи бояд ба минтақае хос имтиёз бидиҳанд? Ҷор мезанем, ки ҳама дар назди қонун баробаранд-ку! Магар намешавад ба ҷои имтиёз додан сатҳи омӯзишу парваришро дар ин ноҳияҳо боло бурд? Ин гуноҳи мо нест, ки сатҳи маъориф дар бархе аз ноҳияҳо паст аст ва довталабонашон дониш надоранд."

Довталаби дигаре, ки худро Аҳмад муъаррифӣ кард, мегӯяд: "Замони шӯравӣ ба ноҳияҳое, ки духтуру муъаллим намерасид, аз дигар минтақаҳо муъаллиму духтур мефиристоданд. Ин гуна роҳи ҳалли масъала ҳам вуҷуд дорад. Аз сӯйи дигар, бисёре аз духтурон дар он ноҳияҳо кори худро партофта ба Душанбе омадаанд ва бо маҳалбозӣ дар шифохонаҳои марказӣ ҷойи кор пайдо кардаанд."

Аҳмад меафзояд: "Имрӯз бисёре аз духтурони тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ, дар Афғонистону Русия кор мекунанд. Вазорат ба ҷойи имтиёз додан ба афроди камдониш бояд шароит фароҳам кунад, ки онҳо ба ватан баргарданд ва дар минтақаҳое, ки духтур намерасад, дар он ҷоҳо кор кунанд."

Image copyright BBC World Service
Image caption Ситора Назарова: Аксари довталабон фикр мекарданд, ки 26 август ягона ва танҳо рӯзи сабтином шудан аст

Дар ҳамин ҳол, он гуна, ки Ситора Назарова, як масъули Маркази миллии озмун, мегӯяд, барои номнависии дубора ва интихоби риштаҳои дигар довталабони норозӣ се рӯз (аз 26 то 28 август) фурсат доранд.

Хонум Назарова гуфт: "Мутмаиннан гуфта метавонам, ки тамоми ин 7188 довталабе, ки барои пазируфта шудан имтиёзҳои камтар дарёфт карданд, ба клостерҳои дигар пазируфта хоҳанд шуд, зеро ҳудуди 15 ҳазор ҷойи холӣ то ба имрӯз дар бахшҳои мухталифи донишкадаву донишгоҳҳо боқӣ мондааст."

Ба гуфтаи вай, довталабон барои дубора номнавис шудан дар яке аз намояндагиҳои "Амонатбонк" бояд 14 сомонӣ пардохт намуда ва расидашро ба Маркази миллии озмун биспоранд. Танҳо дар ин сурат онҳо ба феҳристи довталабон барои риштаҳои дигар изофа карда хоҳанд шуд.

Мухтал шудани кори бонк ва маркази озмун

Вале ба далели зиёд будани шумори довталабоне, ки хоҳони номнависии дубора ҳастанд, масъулони “Амонатбонк” низ бо мушкилоте рӯбарӯ шудаанд. Аз ҷумла, рӯзи сешанбе дар назди дафтари ин бонк дар хиёбони Ҳофиз Шерозии шаҳри Душанбе теъдоди зиёди довталабон ва волидони онҳо гирдиҳам омадаанд, ки кормандони бонк аз уҳдаи хидматрасонӣ ба онҳо набаромадаанд.

Онҳое, ки барои супурдани маблағ соъатҳо навбат истодаанд, мегӯянд, ки дигар намояндагиҳои ин бонк аз қабули маблағи 14 сомонӣ барои сабти номи дубораи довталабон худдорӣ намуда ва гуфтаанд, ки танҳо дар намояндагии "Амонатбонк" дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бояд ин маблағро пардохт кунанд.

Танҳо баъд аз чанд соъати ин ҳама навбат истоданҳо масъулони бонк ба мардум эълом кардаанд, ки дар дигар дафтори ин бонк дар шаҳри Душанбе низ онҳо метавонанд маблағи 14 сомониро пардохт кунанд.

Масъулини Маркази миллии озмун мегӯянд, ки онҳо аз тариқи родию ва телевизиюн ва сойти ин марказ эълон карда буданд, ки дар тамоми бунгоҳҳои Маркази миллии озмун дар шаҳру навоҳӣ метавонанд довталабон худро дубора номнавис кунанд.

Аммо ба далоили мухалиф аз тамоми шаҳру навоҳӣ довталабоне, ки имтиёзи кам ба даст овардаанд, ба торихи 26 август дар назди дафтари Маркази миллии озмун дар шаҳри Душанбе гирдиҳам омадаанд, ки ин амр кори марказро низ мухтал кардааст.

Маркази миллии озмун имсол барои нахустин бор пазириши довталабон ба донишгоҳҳои Тоҷикистонро аз тариқи озмуни умумӣ ва мутамаркиз ба роҳ монд. Аммо тақсими донишҷӯён ба риштаҳои таҳсилӣ ва донишгоҳҳо аз чолишҳои умдае буда, ки ин марказ бо он рӯбарӯ шудааст.

Соҳибназарон мегӯянд, ки ин марказ бояд танҳо ба гирифтани имтиҳонот машғул бошад ва дар амри пазириш ба донишгоҳҳо набояд мудохила кунад. Аммо натоиҷи имтиҳоноти ин марказ бояд барои ҳамаи донишгоҳҳо муътабар бошад.

Тибқи итттилоъи ин марказ, дар маҷмӯъ, имсол ҳудуди 30 ҳазор нафар аз довталабон ба суфуфи донишҷӯён пазируфта шудаанд. Ва ҳудуди 16 ҳазор довталаб ноком шудаанд.