Чаро Би-би-сӣ ба касе терурист намегӯяд?

  • 26 Август, 2014
Image copyright Reuters
Image caption Аз Би-би-сӣ интиқод шудааст, ки чаро ба гурӯҳи Давлати Исломӣ (Доъиш) "терурист" намегӯяд

Яке аз пурсишҳое, ки бахши муҳимме аз мухотабони Би-би-сӣ пайваста матраҳ мекунанд, ин аст, ки чаро мо аз кор бурдани унвони "терурист" барои афрод ва гурӯҳҳое, ки ба иқдомоти хушунатомез даст мезананд, парҳез мекунем.

Ин пурсиш аз замоне ки гурӯҳи Давлати Исломӣ (Доъиши собиқ) бахшҳое аз хоки Ироқро тсарруф кард ва ба иқдомоте ҳамчун сар буридани мухолифон рӯй овард, ба шакли ҷиддитаре матраҳ шудааст. Ман саъй мекунам дар ин ёддошт сиёсати Би-би-сиро дар ин бора тавзеҳ бидиҳам.

Пеш аз ҳар чиз лозим аст, ки ёдоварӣ кунам, ки сиёсате, ки Би-би-сии форсӣ иҷро мекунад, мубтанӣ бар сиёсати куллии Би-би-сӣ ба унвони як расонаи ҷаҳонӣ аст, ки ба саросари дунё барнома пахш мекунад. Сиёсати Би-би-сӣ дар ин бора ба таври муфассал дар китобчаи "Роҳнамоии виросторӣ (эдитуриол)" омадааст ва барои ҳама бахшҳо ва забонҳои Би-би-сӣ яксон аст.

Мо вазифаи аслии Би-би-сиро гузориши дақиқ, бетарафона ва бекаму кости хабарҳое медонем, ки дар саросари ҷаҳон рӯй медиҳад. Би-би-сӣ беш аз навад сол аст, ки барнома пахш мекунад ва ба унвони яке аз муътабартарин расонаҳои дунё шинохта шудааст. Мухотабони ҷаҳонии Би-би-сӣ ҳудуди дувисту панҷоҳ милюн нафар аст ва ин мухотабон ба ин далел ба Би-би-сӣ муроҷиъа мекунанд, ки дарки беҳтаре аз рӯйдодҳои кишварҳои худ ва кишварҳои дигар дошта бошанд. Мухотабон ба мо муроҷиъа намекунанд, ки мо ба онон дарси сиёсӣ бидиҳем ва бигӯем кадом гурӯҳ хуб аст ё кадом давлат бад аст. Ин кори расонаҳои идеулужик аст.

"Терурисм" мафҳуме бисёр печида ва эҳсосотбарангез аст, ки ҳамвора ҷанбаҳои сиёсӣ дорад. Фарҳангҳои луғат маъмулан онро "истифода аз хушунат барои мақосиди сиёсӣ" таъриф мекунанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ таърифи ҷомеъ ва монеъе нест. Созмони Милал борҳо саъй карда, ки таърифи ҳамаписанде аз он ироа диҳад, ки то ба ҳол муваффақ нашудааст.

Душвории кор дар ин аст, ки бисёре аз давлатҳо мухолифони худро терурист меноманд, то саркӯби онҳоро тавҷеҳ кунанд. Вале ҳеҷ гурӯҳе худро терурист намедонад. Дар ағлаб маворид гурӯҳе, ки давлате онро терурист медонад, аз диди худаш ва тарафдоронаш як ташаккули озодибахш аст. Барои намуна ҳукумати шоҳ дар Эрон Созмони чирикҳои фидоии халқро як гурӯҳи теруристӣ медонист, вале ин гурӯҳ мегуфт, ки барои раҳоии мардуми Эрон мубориза мекунад. Ё Ҳамос аз диди кшварҳои ғарбӣ ва Исроил як созмони теруристӣ аст, чун ба гуфтаи онон бидуни ҳадафи хосе ба Исроил рокет партоб мекунад, ки мумкин аст бар асари он афроди бегуноҳ кушта шаванд, вале аз диди мардуми Ғазза ва давлати Эрон ин созмон барои озодии сарзаминҳои ишғолӣ аз "чанголи саҳюнистҳо" мубориза мекунад.

Аз сӯйи дигар, мумкин аст гурӯҳе аз дидгоҳи давлате имрӯз теруристӣ бошад, вале фардо ба далоили сиёсӣ дидгоҳашро тағйир диҳад. Як намунаи бориз артиши ҷумҳурихоҳи Ирланд аст, ки давлати Бритониё барои муддати тӯлонӣ онро теруристӣ медонист, вале ҳамакнун дар Ирланди Шимолӣ бо он ҳамкорӣ мекунад. Як намунаи боризи дигар Нелсун Мондело аст, ки давлати хонуми Точер дар мавқеъи муборизоти зиддинажодпарастӣ ба ҳамроҳи давлати Офриқои Ҷанубӣ ӯро терурист медонист, дар сурате ки аз дидгоҳи мардуми ҷаҳон ӯ қаҳрамони озодӣ буд. Ё Омрико ҳамеша Ҷумҳурии Исломиро бузургтарин давлати ҳомии терурисм дар дунё муъаррифӣ карда, вале алон мехоҳад барои муқобила бо гурӯҳи Давлати Исломӣ дар Ироқ бо Эрон ҳамкорӣ кунад.

Лозим ба таъкид аст, ки Би-би-сӣ бо он ки як расонаи бритониёӣ аст, ҳаргиз на артиши ҷумҳурихоҳи Ирландро як созмони теруристӣ хитоб кард ва на Монделоро.

Би-би-сӣ муътақид аст, ки истифода аз сифати "терурист" барои афрод ва гурӯҳҳо танҳо кумаке ба дарки беҳтари рӯйдодҳо намекунад, балки мумкин аст ҳатто зеҳни мухотабонро мадхуш кунад. Албатта ба кор набурдани ин вожа ба маънои ин нест, ки мо вуҷуди терурисмро инкор мекунем ва ё ин ки худро аз дидгоҳи ахлоқӣ дар муқобили терурисм ва ҷиноёти ваҳшиёна ва ғайриинсонӣ хунсо медонем ва ё бо касоне ки ба ин ҷиноёти ҳавлнок даст мезананд, ҳамдилӣ дорем.

Би-би-сӣ вазифаи худро дар ин медонад, ки агар гурӯҳе ҷиноёти ҳавлноке муртакиб шуда, онро бодиққат ва дар асраъи вақт ва ба таври комил ва масъулона гузориш диҳад, вале қазовати арзиширо ба мухотабони худ вогузор кунад. Кори мо мавқеъе ишкол хоҳад дошт, ки ҷиноёти теруистиро мунъакис накунем. Мо танҳо таъкид дорем, ки аз доварии арзишӣ парҳез кунем. Мо агар ҷиноятеро гузориш кунем, кори гузоришгарии мо ба унвони як расона анҷом шуда ва дигар лозим нест, ки барои муртакибони ҷиноят сафҳои ҷиҳатдори хосе истифода кунем. Мо бояд диққат кунем, ки истифода аз вожагони хос ба эътибори Би-би-сӣ ба унвони як расонаи ҷаҳонии мавриди эътимоди ҳамагон садама назанад. Мо ба ҷойи вожагони ҷиҳатдори мисли терурист пайваста кӯшиш мекунем, ки истилоҳоти хунсотар мисли "бумбгузор", "афроди мусаллаҳ", "одамрубо" ва ҷуз инҳоро ба кор бигирем. Мо набояд вожагонеро истифода кунем, ки тарафайни даргир алайҳи якдигар барои носазо гутан ба кор мегиранд, балки бояд аз вожагоне хунсотар истифода кунем. Мо вазифадорем, ки эҳсосотӣ нашавем ва рӯйдодҳоро тавре гузориш кунем, ки ба мухотабон кумак кунем худашон қазоват кунанд, ки масалан чи касе терурист аст.

Би-би-сӣ ба ҳамаи дунё барнома пахш мекунад ва дар дунё садҳо гурӯҳ ва созмон вуҷуд дорад, ки алайҳи давлатҳо меҷанганд ва мо аслан адр мавқеъияте қарор надорем, ки так-таки ин гурӯҳҳоро баррасӣ кунем ва барои ҳар як аз онҳо унвоне таъйин кунем. Мо дар Ғазза ва Курдистон ва Сурия он чиро ки рух медиҳад, гузориш мекунем ва мухотабони мо худашон дар бораи касоне ки ин эъмолро муртакиб мешаванд, қазоват мекунанд. Ҳамкорони ман мисли Нафиса, Жиёр, Комбиз, Меҳрдод ва дигарон ҳатто ҷони худро ба хатар меандозанд, ки воқеъиятро гузориш кунанд, вале ҳамеша мувозиб ҳастанд, ки дар гузоришдиҳӣ эҳсосоти худро канор бигузоранд ва кори ҳирфаӣ анҷом диҳанд. Вазифаи мо дилхуш кардани мухотабон нест, балки огоҳ кардани онҳо аст.

Мо дар Би-би-сӣ агар аз сифоте мисли терурист истифода кунем, дарвоқеъ вориди мавзеъгирии сиёсӣ мешавем ва ҷиҳат гирифтан комилан бар хилофи сиёсати расонаии Би-би-сӣ аст. Баъзе аз мухотабони мо мумкин аст истидлол кунанд, ки иқдомоти гурӯҳи Давлати Исломӣ дар Ироқ мисли сар буридани мухолифон маълум аст, ки як амали теруристии ошкор аст ва аммо ва агар надорад. Бо ин ки агар масалан гурӯҳе дар як кӯдакистон бумб партоб кунад, дигар тардиде вуҷуд надорад, ки ин як иқдоми кӯри теристӣ аст. Вале Би-би-сӣ дар чунин мавориде ҳам аз ба кор бурдани унвони терурист парҳез мекунад. Би-би-сӣ муътақид аст, ки аввалан агар мо ин ҷиноётро нишон бидиҳем, мухотаби мо биниши кофӣ дорад ва метавонад тасмим бигирад, ки ин иқдомро чи гуна тавсиф кунад, то ин ки Би-би-сӣ барои онҳо тасмим бигирад. Сониян мумкин аст дар ин маворид масалан барои бинандагон комилан ошкор бошад, ки як иқдоми теруристӣ сурат гирифта, вале иқдомоти дигаре вуҷуд дорад, ки мумкин аст тасмимгирӣ дар бораи онҳо ба ин содагӣ набошад.

Аз сӯйи дигар якдастӣ ва инсиҷом дар барномаи хабарии Би-би-сӣ бисёр муҳим аст. Масалан тасаввурашро бикунед, ки мо дар як булетени хабарӣ бумбгузори утубусе дар Ланданро терурист хитоб кунем, вале касеро, ки ҳамин корро дар Тел-Овив анҷом медиҳад, бумбгузори интиҳорӣ биномем. Мухотабон мумкин аст бипурсанд, ки ин ду иқдом комилан мушобеҳ аст ва чаро мо унвонҳои мухталиф истифода мекунем.

Би-би-сӣ барои парҳез аз печидагиҳое, ки унвони терурисм дорад ва барои иҷтиноб аз ворид шудан дар мавзеъгириҳои сиёсӣ ва қазоватҳои арзишӣ ва ҳифзи эътибори худ ба унвони як расонаи дақиқ бетараф ва ҷаҳоншумул исрор дорад, ки аз унвони терурисм парҳез кунад.