Гулнора Каримова: Гирифтори "рафтори бадтар аз саг" ҳастам

  • 26 Август, 2014
Гулнора Каримова Image copyright BBC World Service
Image caption Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳурии Узбакистон мавриди ғазаб қарор гирифта ва мегӯяд, ки дар ҳабси хонагӣ аст

Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури Узбакистон, ки замоне ҷонишини эҳтимолии ӯ дониста мешуд, дар паёме савтӣ, ки ба Би-би-сӣ расида, гуфтааст, ки дар Тошканд бо ӯ ва духтари 17-солаи бемораш "аз саг ҳам бадтар" рафтор мешавад ва хостори кумак аз хориҷ аз Узбакистон шудааст.

Духтари 42-солаи Ислом Каримов ҳудуди ду сол аст, ки баъд аз як расвоии молӣ дар Суис ва дар пайи он даргирӣ бо хонаводаи худ ва созмонҳои амниятии Узбакистон мавриди ғазаби падараш қарор гирифта ва иддаъо мекунад дар Тошканд дар ҳабси хонагӣ аст.

Хонаводаи Каримов ва мақомоти расмии Узбакистон то ба ҳол дар ин маврид изҳори назаре накардаанд.

Ғазаби системи давлатии Узбакистон, ки ба хушунат ва бераҳмӣ дар мавриди мухолифони сиёсии худ маъруф аст, ҳоло арсаро бар касе танг карда, ки қаблан эҳтимол мерафт, ки дар раъси он систем қарор гирад. Бонуи аввали пешини кишвар дар паёмҳои худ бо парешонӣ ва истисол аз рӯзноманигорон хоста садои кумакхоҳиашро ба гӯши ҷаҳониён бирасонанд.

Чанде пеш ҳам ӯ дар номае дастнавис тангнои сиёсии худро тасвир карда ва гуфта буд, ки аз маъмурон кутак хӯрда, доиман зери назари пулис аст ва бо дурбинҳои мадорбаста муроқибат мешавад.

Духтари мағзуби раиси ҷумҳурии Узбакистон замоне на танҳо шуғлҳои болои сиёсӣ дошт ва аз роҳи тиҷорат сарвати афсонаӣ дар кишвари зодгоҳаш ва хориҷ аз он ба ҳам зада буд, балки аз як тараф ба унвони устоди донишгоҳ дар риштаи улуми сиёсӣ, ва аз тарафи дигар ба унвони ситораи мусиқии поп ҳам фаъолият мекард ва барои худ номи Гугушаро интихоб карда буд. (Гугуш, хонандаи эронӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна бисёр маҳбуб аст)

Гулнора Каримова, ки беш аз нисфи умраш дар давраи пасошуравӣ гузашта, дар 23 соли ахир ва баъд аз фурӯпошии Шуравӣ аз назари молӣ мавқеъияти иҷтимоӣ ва шуҳрат ба мавқеъияте афсонаӣ расида буд, ки дар ҷумҳуриҳои пешини Иттиҳоди Шуравӣ танҳо маврид нест, аммо шояд яке аз ҷанҷолитарин мавридҳо бошад.

Шаҳрвандони навкиса бо озодии сармоядорӣ дар кишварҳои истиқлолёфта аз Русия ва Укройн гирифта то Қафқоз ва Осиёи Миёна дар муддате кӯтоҳ дар он кишвар чунон сарвате ба ҳам заданд, ки радди пойи он то дили шаҳрҳои бузурги Урупо (ва Омрико) монанди Ландан маҳсус аст.

Аммо гуфта мешавад, ки меъёрҳои ба чанг овардани сарват дар ин кишварҳо бахусус дар Осиёи Миёна ва Қафқоз дар чаҳорчӯби достонҳои ҳазор фомил қобили баррасӣ аст, ки ба суръат дар як пилаи мофиёӣ печида мешавад ва ранги шадиди сиёсӣ мегирад.

Дар асноди Викиликс Гулнора Каримова ба унвони яке аз чеҳраҳои манфур дар Узбакистон муъаррифӣ шуда, ки сарвати худро бо таҳдид ва зӯр ва аз тариқи тиҷоратҳои судовар ба даст оварда ва дар ҷомеъаи Узбакистон ба номи "улёмухаддираи дузд" маъруф аст.

Image copyright none
Image caption Гулнора Каримова ҳамдастӣ дар муд дорад ва ҳам ба номи ҳунарии "Гугуша" овоз мехонад

Дар ин аснод гуфта мешавад ки Гулнора, он тавр ки дар Узбакистон маъруф аст, ба тиҷорати маҳаллӣ басанда накарда ва дасти тамаъ ба суи ширкатҳои бузурги хориҷии муқими Узбакистон ҳам дароз кардааст.

Мухолифони давлат ва шаҳрвандоне, ки аз ӯ ва хонаводааш дили пурхуне доштанд, аз ҳамон замон ӯро ба фасоди молӣ ва суиистифода аз қудрат ва мавқеъияти хонаводагӣ муттаҳам мекарданд.

Аммо ситораи иқболи "Гугуша", ки намояндаи кишвараш дар Созмони Милал ҳам буд ва дар Женев иқомат дошт, ба сабаби қонуншиканиҳои муҳтотонаи ӯ ва атрофиёнаш дар корҳои байналмилалии тиҷорӣ уфул кард.

Рӯзҳо ширини Гулнора Каримоваи қудратманд тайи муддате кутоҳ чунон ба талхкомӣ табдил шуданд, ки баррасии он ва ҳошияҳояш ин тасаввурро ба вуҷуд меоварад, ки ин иттифоқот метавонанд мутааллиқ ба чандсад соли пеш бошанд.

Ҳоло ҳамон духтари қудратманди Ислом Каримов, ки ҳамзамон дар чанд арса фаъол буд, чунон нотавон шуда, ки бо пайкҳои ношинос ва номаҳои махфӣ аз ҷаҳониён мехоҳад, то барои мудовои духтари 17-солааш, ки ба хотири норасоии қалбӣ ниёз ба муроқибати пизишкӣ дорад, ӯро кумак кунанд, албата ба шарти он ки ин номаҳо ва муҳтавои онҳо воқеъӣ бошанд.

Шеваи иртиботгирии махфиёна бо хориҷ аз Узбакистон аз замоне шакл гирифт, ки аз моҳи феврали гузашта роҳи духтари раиси ҷумҳурии Узбакистон ба ҷаҳони маҷозӣ, ба Фейсбук ва Твитер баста шуд ва ӯ ба таври комил дар қарантинаи созмонҳое қарор гирифт, ки замоне қодир буд ба онҳо амр ва наҳй кунад.

Ин суқут аз арш ба фарш он ҳам дар хонаводаи яке аз қудратмандтарин ҳукуматҳои Осиёи Миёна ва дар кохи раёсати ҷумҳурии Тошканд, ки солҳост мухолифонашро дар як чашм ба ҳам задан сари ҷояшон менишонд, чи гуна иттифоқ афтод?

Image caption Лола Каримова ва шавҳараш Темур дар листи сарватмандтарин афроди Суис (Швейтсария) қарор доранд

Бар асоси гузориши рӯзномаи Ҳендлз Сойтунги Суис дар пайи боздошти ду узбак ба иттиҳоми пулшӯӣ дар соли 2012 мелодӣ дар Женев, маъмурони додситонии Суис беш аз як сол баъд хонаи муҷаллали Гулнора Каримова дар Суисро бозрасӣ ва моҳи сентябри соли пеш алайҳи ӯ қарор содир карданд.

Баъд аз он, Суэд ва Фаронса ҳам парвандаҳо дар ин замина боз карданд. Иттиҳом дар ин парвандаҳо ришваҳои чандсад миллиюндулорӣ барои вуруд ба бозори мухобироти Узбакистон буд ва ҷойи пойи духтари раиси ҷумҳури он кишвар барои масъулини парванда машҳуд буд.

Баъд аз он ки Гулнора Каримова бо истифода аз масъунияти диплумотик Суисро тарк кард, тайи як мусоҳиба бо рӯзномаи Ҳуррият дар Туркия хоҳари худ Лоларо, ки ӯ ҳам дар Суис намояндаи Узбакистон дар Юнеску аст, муқассири душвориҳо дар Ғарб хонд.

Лола дар мусоҳибае бо Би-би-сӣ аз ихтилофоти худ бо хоҳараш ва аз равобити сард бо падараш парда бардошта буд.

Бар асоси гузориши рӯзномаи Суис Гулнора гуфта хоҳараш баъд аз он бо Би-би-сӣ мусоҳиба карда, ки яке аз бонкҳои Суис барои ҳисобҳои хонаводагии онҳо мушкилот эҷод карда буд, масъалае, ки такзиб шудааст.

Бо вуҷуди ин ки Лола Каримова кӯшида худро дур аз хоҳар ва ҳатто бо фосила аз падараш нишон диҳад, сарвати ӯ ҳам барои расонаҳои урупоӣ титрсоз будааст.

Бар асоси гузориши Би-би-сӣ ӯ ва шавҳараш дар листи сарватмандтарин шаҳрвандони Суис қарор доранд ва дар соли 2010 мелодӣ хонае ба қимати 46 миллиюн дулор харидаанд.

Image caption Ҳукумати Ислом Каримов, ки аз замони фурӯпошии Шуравӣ ҳамвора раисҷумҳури Узбакистон буда, муттаҳам ба нақзи шадиди ҳуқуқи башар аст

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши худ дар мавриди Узбакистон менависад, ки ҳудуди 16 дарсади мардуми он кишвар зери хати фақр зиндагӣ мекунанд. Узбакистон аз назари зариби тавсеъаи инсонӣ дар радаи 114 байни 186 кишвар ва баъд аз бисёре аз кишварҳои Шуравии собиқ қарор дорад.

Гуфта мешавад, ки наздик ба як сеюми нерӯи кори Узбакистон ба хориҷ аз ин кишвар бахусус ба Русия муҳоҷират карда ва ба корҳои сахт дар он кишвар машғул ҳастанд.

Соли пеш Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон дар як суханронии телевизиюнӣ коргаронеро, ки барои кор ба хориҷ мераванд танбал номид ва гуфт : "Ман онҳоеро, ки ба Маскав мераванд то хиёбон ва майдонҳои онҳоро ҷорӯб кунанд кунанд, танбал меномам. Одам аз ин воқеъият ки узбакҳо бояд барои ба даст овардани як луқмаи нон ба Маскав бираванд, мунзаҷир мешавад. Ҳеч кас дар Узбакистон аз гуруснагӣ намурдааст."

Аммо агар коргароне, ки барои ҷорӯб кардан ба Маскав мераванд, танбал номида мешаванд, рӯзноманигорон ва мухолифоне, ки дар Узбакистон мемонанд ва бо ҳукумати он кишвар ҳамсу нестанд, мавриди ғазаб қарор мегиранд.

Бар асоси гузориши Афви Байналмиллал дар мавриди Узбакистон дар соли 2013 мавориди нигаронӣ аз шиканҷа ва фишор дар зиндонҳои Узбакистон ва иръоби рӯзноманигорон ва мухолифин идома доштааст.

Афви Байналмиллал мегӯяд, ки ҳукумати Ислом Каримов, ки дар корномааш саркӯб ва куштори қиёми Андиҷон дар соли 2005-ро дорад, аз шиканҷа ва фишорҳои дигар барои иқрор гирифтан аз афроде, ки эҳтимол дорад бо аҳзоби исломии мамнуъшуда иртибот дошта бошанд, фурӯгузор намекунад.

Дар иртибот бо сиёсатҳои ҳукумати Узбакистон гуруҳҳои ҳуқуқи башарӣ ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва Омрикоро ҳам муттаҳам мекунанд, ки ба хотири истифода аз хоки он кишвар барои амалиёти низомии худ дар Афғонистон, нақзи ҳуқуқи башар ва шиканҷа ва зиндон дар он кишварро нодида мегирад.

Дар кишваре, ки ғазаби падар ва ургонҳои амниятии ӯ духтари раиси ҷумҳуриро дар шароите қарор медиҳад, ки бояд бо паёмҳои махфӣ иттилоъ диҳад, ки бо ӯ бадтар аз саг рафтор мешавад, бо таваҷҷуҳ ба гузориши Афви Байналмиллал, метавон тасаввур кард, ки зиндонии сиёсӣ будан метавонад ба чӣ маънӣ бошад.

Хориҷ кардани шуракои сиёсӣ аз даври қудрат иттифоқи ҷадид дар минтақа нест. Аммо даъвои хонаводагии Каримов, ки дастикам овозаи фаъолиятҳои ҷанҷолии иқтисодии онҳо то Урупо ҳами расида, чӣ дар минтақа ва чӣ дар кишварҳои Шуравии собиқ, ки сиёсатмадорони Узбакистон ҳанӯз аз дарсҳои мактаби он истифода мекунанд, дар навъи худ камназир аст.

Матолиби муртабит