Назризода: 'Баргузории анҷумани изтирориро мунтазирем'

  • 25 Август, 2014
Мирҳусейн Назризода Image copyright BBC World Service
Image caption Мирҳусейн Назризода ба сарҷамъ шудани қарибулвуқӯъи сусиёлистҳои Тоҷикистон бовар дорад

Ҳоло фурсате фаро расида, ки мавзӯъи сарҷамъ шудани ҷонибдорони ду ҷиноҳи Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон матраҳ шавад.

Ин матлабро Мирҳусейн Назризода, раҳбари ҷиноҳи сабтиномнашудаи Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон, дар мусоҳибае бо ҳамкорамон Искандари Фирӯз иброз доштааст:

Нахуст бигӯед, ки чунин бардошти Шумо аз чӣ маншаъ мегирад?

Ахиран ман ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафар карда ва бо фаъъолони сиёсии ҳизби сусиёлисти ин маҳал суҳбат кардам. Дар ин суҳбатҳо аъзои созмони ғайридавлатии "Ошкоро", ки бакуллӣ аъзои Ҳизби сусиёлист ҳастанд, ширкат доштанд.

Дар ин суҳбатҳо пайравони Ҳизби сусиёлист аз ман тақозо доштанд, ки анҷумани изтирории ҳизбро даъват карда ва чанд мавзӯъро дар он ҷо матраҳ кунем.

Чӣ мавзуъотеро онҳо пешниҳод доранд?

Нахуст, онҳо аз раванди ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик аз қаламрави Русия нигарон ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ки ҷавонони тоҷик бо азияти зиёде озими Русия мешаванд. Дар он ҷо онҳо бояд нахуст бо харҷи ҳудуди 30 ҳазор рубли русӣ асноди худро барои фаъъолияти кории қонунӣ таҳия кунанд.

Вале ин афрод имкон надоранд, ки бо худ ин миқдор маблағро ба Русия бибаранд. Ба ин далел, маъмурони ниҳодҳои зирабт онҳоро зуд боздошт ва барои нақзи муқаррароти қавонини Русия ихроҷ мекунанд.

Мо тақозо хоҳем кард, ки мақомҳои давлати Тоҷикистон атрофи ин мавзӯъ бо ҳамтоёни русаш вориди музокирот шуда ва ин мушкилро базудӣ ҳал кунанд.

Мавзӯъи дигар чӣ буд?

Пайравони Ҳизби сусиёлист дар минтақаи Кӯлоб ва манотиқи дигари Тоҷикистонро вазъи сиёсӣ дар Укройн нигарон кардааст. Онҳо умедворанд, ки Ҳизби сусиёлист дар муроҷиъате ба мардуми Укройн дидгоҳи худро аз ҳаводиси ахир дар ин кишвар матраҳ кунад.

Ҷонибдорони Ҳизби сусиёлист бар ин назаранд, ки Тоҷикистон дар даҳаи 90-уми қарни гузашта бо ҳаводиси мушобеҳ рӯбарӯ шуда буд, ки дар ниҳоят ба як ҷанги дохилии панҷсола анҷомид. Ин ҷанг дастикам беш аз яксад ҳазор кушта бар ҷо гузошт.

Мо дар садад ҳастем ин ду мавзӯъро дар анҷумани изтирорӣ баррасӣ ва баёнияе пахш кунем.

Вале барои баргузории анҷумани изтирорӣ танҳо ризояти ҷиноҳи шумо кофӣ нест. Масъулони ҷиноҳи расмии Ҳизби сусиёлист чӣ назар доранд?

Баростӣ, дар бораи фаъъолияти ҷиноҳи расмии Ҳизби сусиёлист хабар ҳам надорем. Дар Кӯлоб ва манотиқи дигари Тоҷикистон бештари сусиёлистҳо ҷонибдорони ҷиноҳи мо ҳастанд. Вале давлат дар гузашта ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоровро ба расмият шинохт ва мо аз раҳбарии ин афрод дур мондем.

Мо ҳатто намедонем, ки дафтари марказии ҷиноҳи расмии Ҳизби сусиёлист дар куҷост. Дар интихоботи гузаштаи риёсати ҷумҳурӣ номзади Ҳизби сусиёлист сабти ном шуд, вале касе намедонад, ки беш аз 200 ҳазор имзо барои пуштибонии ин номзадро чӣ миқдор кас ва ба чӣ наҳва ҷамъоварӣ карданд.

Аз сӯйи дигар, мақомоти Тоҷикистон пайваста гузоришҳои расмии Ҳизби сусиёлистро мепазиранд, вале боре ҳам барои бозрасии фаъъолияти он иқдом накардаанд.

Сусиёлистҳои Кӯлоб мегӯянд, ки Абдуҳалим Ғаффоров Ҳизби сусиёлистро ба роҳи аз байн рафтан мебарад ва ба ин далел, онҳо хостори муттаҳидшавии ин ду ҷиноҳ мебошанд.

Мутмаиннем, ки дар ҷараёни анҷумани изтирорӣ вакилон аз минтақаҳои гуногун фаъъолияти Ҳизби сусиёлистро воқеъбинона баррасӣ хоҳанд кард. Мо аз ин анҷуман умедвориҳои зиёде дорем.

Сипосгузорам аз суҳбати Шумо.

Матолиби муртабит