Бурӣ Карим: Маҳкамов то ҳол аз гуфтани ҳақиқат худдорӣ мекунад

  • 23 Август, 2014
Бурӣ Карим Image copyright BBC World Service
Image caption Мухолифони оқои Каримов худи ӯро низ дар вуқӯъи ҳаводиси мавсум ба "баҳманмоҳи хунин" то ҷое муқасир медонанд

Бурӣ Карим, раиси ҳайъати дабираи шӯрои байнидавлатии роҳсозони Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд, дар сар задани ҷанги дохилии Тоҷикистон дар авоили даҳаи 1990 раҳбарони вақти ин ҷумҳурии собиқи шӯравиро муқассир медонад.

Оқои Карим, ки номи ӯ ба ҳаводиси мавсум ба "баҳманмоҳи хунин" дар феврали соли 1990" сахт муртабит аст, баъд аз зуҳри рузи ҷумъаи 22 август дар маҳфиле гуфт, ки агар раҳбарони вақти Тоҷикистон пас аз ҳаводиси баҳманмоҳ аз симатҳои худ канорагирӣ мекарданд, ҷилави ҷанг гирифта мешуд.

Вай аз ҷумла гуфт: "Агар он замон курсинишинон қотеъона амал мекарданд ва чашм бар ишораи Маскав намешуданду баъди нахустин мавҷи нооромиҳо дар кишвар аз пайи иҷрои дархости мардум мешуданд ва аз симаташон ба хотири оромӣ ва осоиштагии мардум канор мерафтанд, шояд ин ҳама хунрезӣ ва ҷанги бародаркуш дар кишвар доман паҳн намекард."

Оқои Карим афзуд: "Агар он замон Маҳкамов, Ҳаёев ва Паллаев ба ҳарфи мардум гӯш мекарданд ва қадаме барои бароварда сохтани талаби мардум мезаданд, кишвар ҳаргиз ба хунрезӣ дучор намешуд."

Дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо", ки бо сарпарастии пруфессур Иброҳим Усмонов, мушовири собиқи раисҷумҳур, баргузор шуд, оқои Карим бавижа аз Қаҳҳор Маҳкамов, дабири аввали ҳизби кумунист ва раиси ҷумҳурии вақти Тоҷикистон дар авоили даҳаи 1990 башиддат интиқод кард.

Ба гуфтаи ӯ, оқои Маҳкамов дар тасмимгириҳои худ ба унвони раҳбари ҷумҳурӣ дар он замон қотеъ ва устувор набуд ва ҳамвора "чашм ба ишораи Маскав" дошт. Вай гуфт, ки оқои Маҳкамов ҳамчунон аз гуфтани ҳақиқат дар бораи ҳаводиси баҳманмоҳ ва баъд аз он худдорӣ мекунад.

"Ман баъзан дилам ба Қаҳҳор Мақкамов месӯзад. На барои он ки сустниҳод аст, балки ҳақиқатро намегӯяд. Ҳақиқатро бояд гӯяд, бояд гӯяд, ки агар ман фармон ҳам надодам, хомӯш будам. Хомӯш будан аломати ризоят аст. Ҳамин тавр, бо хомӯшии роҳбарони мо он замон аз силоҳ истифода шуд."

Ҳарчанд мухолифони Бурӣ Карим худи ӯро низ дар вуқӯъи ҳаводиси баҳманмоҳи хунин то ҷое муқасир медонанд, вале ӯ мегӯяд, ки нақши умдае дар сиёсати кишвар дар он замон надошт.

Бархе аз мухолифонаш ӯро ба таҳрики мардум ба эътирозоти майдонӣ дар моҳи феврали 1990 муттаҳам мекунанд, вале худи ӯ мегӯяд, ки ҳаргиз ҳеҷ гуруҳе аз мардумро ба таҷаммуъ дар майдонҳо даъват накарда буд ва ҳамеша хостори ҳалли мусолиматомези қазия будааст.

Оқои Карим он замон раиси Идораи барномарезии давлатӣ (госплан), муъовини раиси шӯрои вазирон ва ҷавонтарин узви кобине дар ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар миёни эътирозоти умумӣ алайҳи давлати Қаҳҳор Маҳкамов, ки ба хунрезӣ кашида шуд, иддае хоҳони суъуди ӯ ба курсии раҳбарӣ шуданд.

Ба дунболи фишори муътаризон гурӯҳе ба номи "Кумитеи 17" таҳти раҳбарии оқои Карим таъсис ва дар мавриди барканории Қаҳҳор Маҳкамов, дабири аввали ҳизби кумунист, Иззатулло Ҳаёев, раиси шӯрои вазирон, ва Ғоибназар Паллаев, раиси ҳайъати раисаи шӯрои олӣ) тасмим гирифта шуд.

Аммо иҷлоси ҳизби кумунист, ки он замон ҳизбе яккатоз буд, пешниҳоди барканории раҳбарони вақтро напазируфт ва баръакс оқои Карим ва ҳамроҳонаш ба талош барои кудето муттаҳам шуданд. Дар ин иҷлос, ки аз тариқи телевизиюн намоиш дода шуд, онҳо талаби омурзиш карданд.

Бо ин ҳол, Бурӣ Карим мегӯяд, ки дар ҳаводиси баҳманмоҳ нақши фаъъоле надошт: "Далели даст надоштани ман дар ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 дар пойтахти кишварро додгоҳу додситонии ҳамонвақтаи Тоҷикистони Шӯравӣ исбот кардааст, ҳарчанд раҳбарони вақти кишвар кӯшиш ба харҷ доданд, ки маро дар ин норомиҳо муҷрим нишон диҳанд."

Пас аз ин ҳаводис ва барканорӣ аз симаташ оқои Карим барои ҳамеша Тоҷикистонро тарк кард ва то кунун дар Маскав зиндагӣ мекунад. Вай гаҳгоҳе ба дидори пайвандонаш ё барои анҷоми корҳои дигаре ба Тоҷикистон сафар мекунад ва китобҳои бисёре аз худаш ва фарҳангиёни тоҷикро чоп кардааст.

Оқои Карим дар бораи иртиботи ҷанги дохилии Тоҷикистон бо ҳаводиси баҳманмоҳ мегӯяд: "Шуълаи ҷанги шаҳрвандии кишвар дар соли 1992 як андоза аз баҳманмоҳи соли 1990 маншаъ мегирад."

Бисёре аз таҳлилгарон мегӯянд эътирозоти моҳи феврали 1990 пас аз пахши хабарҳои мабнӣ бар кӯч додани садҳо хонаводаи армании фирорӣ ба Тоҷикистон ва эътои манозил ба онон ба вуқӯъ пайваста, дар ҳоле ки мардуми маҳаллӣ солҳо дар интизори навбат барои дарёфти манзил буданд.

Мақомоти вақт бо эъзоми нерӯҳои изофӣ аз Маскав ба Тоҷикистон даст ба саркӯби муътаризон заданд, ки ин амр тайи се рӯз ҳудуди 25 кушта барҷо гузошт. Бархе аз торихдонҳо ин хунрезиро нахустин ҷараққаи ҷанги дохилии панҷсола (1992-1997) дар Тоҷикистон медонанд, ки аз 50 то 150 ҳазор кушта барҷо гузошт.

Ин ҷанг назми сиёсии мавҷуд ва ороиши қудратро дар Тоҷикистон барои ҳамеша ва бакуллӣ иваз кард. Нухбагони сиёсии ҳоким, ки пештар ғолибан аз шаҳри Хуҷанд ва манотиқи атрофи он бархоста буданд, арсаро барои ҳамтоёни кӯлобӣ ва навпои худ холӣ карданд.

Он гуна, ки талилгарон мегӯянд, бо рӯи кор омадани давлати Эмомалӣ Раҳмон, ки акнун беш аз ду даҳа аст зимоми умурро дар даст дорад, ҳама гуна таҳаррукоти иҷтимоъию сиёсӣ ва рӯшанфикрӣ дар Тоҷикистон фурӯкаш карда ва фароянди мардумсолорӣ ҷойи худро ба истибдоди рӯзафзун додааст.

Матолиби муртабит