Рониши замин дар Бадахшони Афғонистон беш аз 2500 кушта гирифт

  • 3 Май, 2014

Мақомҳои маҳаллӣ дар вилояти Бадахшон, дар шимоли шарқи Афғонистон, гуфтаанд, ки теъдоди талафоти ҳодисаи рониши замин дар вулусволии Аргӯйи Бадахшон, ки имрӯз субҳ иттифоқ уфтод, ба беш аз 2500 нафар расидааст.

Шоҳ Валиюллоҳи Адиб, волии Бадахшон, дар гуфтугӯ бо Би-би-сӣ, зимни таъйиди ин хабар гуфт, ки ҳодиса дар қарияи Оби Борики вулусволии Аргӯи ин вилоят иттифоқ уфтода ва 300 хонавор зери гилу хок мадфун шудаанд.

Аксҳое аз ин ҳодисаро метавонед инҷо бибинед.

Оқои Адиб гуфт, ки рониши замин дар ду марҳила ва ба фосилаи замонии як соъат аз якдигар иттифоқ уфтодааст ва бештариқурбониён касоне будаанд, ки аз қарияҳои муҷовир барои кумак ба осебдидагони рониши аввад омада буданд.

Волии Бадахшон гуфт, ки мақомҳои вилоятӣ беш аз 700 хонавори дигар аз қарияҳои муҷовирро, ки дар маърази таҳдид буданд, аз минтақа хориҷ кардаанд.

Оқои Адиб гуфт, ки нерӯҳои имдод аз идомаи амалиёти кумакрасонӣ ва берун кашидани аҷсод аз зери хок сарфи назар кардаанд.

Ба гуфтаи оқои Адиб, далели ин тасмими онҳо ҳаҷми зиёди гил ва хокест, ки бар рӯйи ин қария рехта ва низ хатарнок будани идомаи амалиёт барои имдодгарон будааст.

Пештар Фазлиддини Айёр, фармондеҳи пулиси вилояти Бадахшони Афғонистон, гуфта буд, ки ин ҳодиса ҳаволии соъати 12:15 дақиқа ба вақти маҳаллӣ иттифоқ уфтодааст.

Оқои Айёр, ки дар ин минтақа ҳузур дошт, гуфт, ки беш аз 300 хонаи дигар низ дар маърази таҳдид қарор доштанд, ки нерӯҳои пулис сокинони минтақаро аз онҷо берун бурдаанд ва акнун мардум дар фазои боз ба сар мебаранд.

Ӯ таъкид кард, ки нерӯҳои пулис фақат тавонистаанд миқдори андаке маводди ғизоӣ ва оби ошомиданӣ дар байни мардум тавзеъ кунанд ва бояд ба осебдидагон кумаки фаврӣ сурат бигирад.

Фармондеҳи пулиси вилояти Бадахшон гуфт, ки ин русто дар дарае, ки аз теппаҳои гилӣ ташкил шуда, қарор гирифта ва бориши борон боъиси рониши ин теппаҳо шудааст.

Бархе аз манобеъи дигар, аз ҷумла намояндагии дафтари Созмони Милал дар Кобул кушта шудани беш аз 350 нафарро дар ин ҳодиса таъйид кардаанд ва гуфтаандаз сарнавишти бештар аз 2000 нафари дигар хабаре дар даст нест.

Ҳудуди 20 рӯз пеш ҳам рониши замин дар вилояти Тахор дар ҳамсоягии вилояти Бадахшон 120 хонаводаро маҷбур ба тарки хонаҳояшон кард.

Дар ин ҳодиса, ки дар рустои Хоҷа Хезоби вулусволии Рустоқ иттифоқ уфтод, тамоми хонаҳои мардуми маҳал хароб шуд, вале ба сокинони ин маҳал осебе нарасид.

Дар рӯзҳои гузашта дар вилоятҳои шимолии Сарипул, Форёб ва Ҷузҷон ҷорӣ шудани селоб низ беш аз 100 нафарро кушт ва садҳо хонавода низ овора шуданд.

Image copyright non

Матолиби муртабит