'Хатари нобудӣ забонҳои яғнобӣ ва бартангиро таҳдид мекунад'

  • 21 Феврал, 2014
Ҳамоиш Image copyright BBC World Service
Image caption Дар Тоҷикистон аз "Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ" таҷлил шуд

Забонҳои яғнобӣ ва бартангиро хатари аз байн рафтан таҳдид мекунад.

Ин матлаб дар як ҳамоиши пажӯҳишгарон дар бораи вазъи забонҳои модарӣ дар шаҳри Душанбе иброз шуд.

Ҳамасола аз 21 феврал дар кишварҳои ҷаҳон ба унвони "Рӯзи байналмилалии забони модарӣ" таҷлил мешавад.

Ба ин манзур рӯзи ҷумъа дар пойтахти Тоҷикистон низ масъулони Кумитеи забон ва истилоҳоти кишвар якҷо бо коршиносон, пажӯҳишгарон ва намояндагони ақаллиятҳои қавмӣ ҷаласаи мизи гирде доир карданд.

Дар ин ҳамоиш масоили марбут ба ҳимоят аз тавсеъаи забонҳои модарӣ, таҳқиқ ва таъсиси махзани иттилоъотии забонҳо барои ҳифзи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дастандаркорон эълом доштанд, ки таҳкими робитаҳо бо намояндагони ақаллиятҳои қавмӣ ва арҷгузорӣ ба забонҳои модарӣ аз аҳдофи аслии ин ҳамоиш аст.

Дар ҷараёни ин нишаст изҳори нигаронӣ шуд, ки бо вуҷуди талошҳои мақомот дар Тоҷикистон хатари аз байн рафтани забонҳои бархе аз ақаллиятҳо, назири яғнобӣ ва бартангӣ, вуҷуд дорад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи пажӯҳишгарон дар тӯли солҳои истиқлол ба рушди ин забонҳо мақомот таваҷҷуҳи хосса карда ва тадобире барои ҳифзу тавсеъаи онҳо анҷом додаанд.

Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар чанд соли ахир истифода аз забони яғнобӣ дар таронаҳо ва офаридаҳои овозхонҳо бештар мушоҳида мешавад ва пажӯҳишгарон барои таҳқиқи вижагиҳои ин забон талошҳои бештаре анҷом медиҳанд.

Масъулони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, бавижа Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт ва осори хаттӣ, хабар доданд, ки қарор аст дар соли ҷорӣ барои анҷоми пажӯҳиши бештари забонҳои яғнобӣ ва бартангӣ гурӯҳҳои бештари коршиносон ба минтақаҳое, ки мардум дар онҳо ба ин забонҳо такаллум мекунанд, эъзом шаванд.

Зимнан, ба гуфтаи пажӯҳишгарон, забони яғнобӣ гӯише бозмонда аз забонҳои суғдии бостон маҳсуб мешавад, ки мардуми дараи Яғноб, дар водии Зарафшон, ва бархе аз рустоҳои дарави Варзоб, дар шимоли шаҳри Душанбе, ба он сухан мегӯянд.

Замони Шӯравӣ шуморе аз мардуми Яғноб ба даштҳо ва заминҳои ҳамвор дар ноҳияи Зафаробод ва бархе аз маҳаллоти перомуни шаҳри Душанбе кӯч дода шуданд, ки имрӯз онҳо дар ин ҷо маҳаллот зиндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар бархе аз рустоҳо, ки дар он ҷо яғнобиҳо ба таври ҷамъӣ зиндагӣ мекунанд, таълими забони яғнобӣ барои шогирдон дар мадорис роҳандозӣ шудааст.

Бо ин вуҷуд то ҳол дар бораи нашри китобҳои дарсӣ ба забони яғнобӣ гузориш нашуда ва ба ин далел коршиносон хатари аз байн рафтани ин забонро баъид намедонанд.

Забони суғдӣ, ки яғнобӣ шохае аз он маҳсуб мешавад, то пеш аз ҳамлаи араб дар минтақаи паҳноваре дар Осиёи Миёна ва шимоли Чин ба унвони забони тиҷорат ва равобити байналмилалӣ роиҷ будааст.

То кунун осоре ба ин забон дар Чин ва қисматҳое аз Осиёи Миёна ёфт шудааст. То кунун бисёре аз ҷойномҳо дар Осиёи Миёна ва Туркистони Чин решаи суғдӣ доштаанд. Ин забон таъсироте дар забони форсӣ, бавижа гӯишҳои маҳаллии он дар Варорӯд, низ барҷо гузоштааст.

Забони бартангӣ низ, ки шохае аз забонҳои шарқии эронӣ маҳсуб мешавад, дар Бадахшон, дар дараи кӯҳистонии Бартанг то кунун ҳифз шудааст. Чанд забони дигари маҳаллӣ, монанди шонию шуғнонӣ, вахонӣ, ишкошимӣ ва язғуломӣ дар кӯҳистони Бадахшон роиҷанд.

Аммо бештари ин забонҳо то кунун хатти худро надоранд ва таълиму тадрис дар мадориси Бадахшон ғолибан ба забони форсӣ (хатти сириллик) сурат мегирад. Дар солҳои ахир шуморе аз шоъирон ашъоре ба ин забонҳо мунатшир кардаанд ва овозхонҳо низ таронаҳое ба ин забонҳо месароянд.

Матолиби муртабит