Пруфесур Нурҷонов ва теотри мардумӣ дар Тоҷикистон

  • 17 Декабр, 2013
Низом Нурҷонов
Image caption Пруфесур Низом Нурҷонов 18-уми декабри соли 1923 дар шаҳри Бухоро ба дунё омад

Дар зиндагӣ кам шахсоне ҳастанд, ки касби худро аз дилу ҷон дўст медоранд, ба корашон муҳаббат доранд ва аз он лаззат мебаранд. Пруфесур Низом Нурҷонов аз ҷумлаи онҳост.

Ӯ ҳар лаҳзаи ҳаёти худро бидуни кори худ тасаввур карда наметавонад. Устод аз ҳар кори худ, навиштаи худ, заҳмати худ лаззат мебарад, ки аз сидқи дил кор мекунад, то барои ояндагон ҳар чи бештар аз худ мероси арзишманде боқӣ гузорад. Қариб 70 сол ба гирдоварӣ, таҳқиқ, омўзиш ва пажўҳиши фарҳанги суннати ҳунарӣ, намоишӣ, мусиқӣ, рақсӣ, теотрӣ машғл шудан ба гуфтан осон аст.

Ин донишманди фарзона 18-уми декабри соли 1923 дар шаҳри Бухоро дар хонаводаи шахси фарҳангӣ ба дунё омад. Давраи кўдакӣ ва навҷавонии худро дар ин шаҳр гузаронд. Нурҷонов дар айни авҷи балоғат буд, ки Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ шурўъ шуд. Дар канори ҳазорон ҷавонони 18-20 сола ў низ соли 1942 ба хидмати аскарӣ рафт. Бо тақозои замон ў соли 1945 дар Конфронси Ялта (Қрим), яке аз сарбозони муҳофиз будааст. Маҳз дар ҳамин конфронс сарони кишварҳои ба ҳам иттиҳод ба натиҷаи ниҳоӣ расинданд, ки Олмони нозӣ то охирин гурўҳаш торумор карда шавад.

Пас аз хизмати сарбозӣ, соли 1947 Низом Нурҷонов Институти давалтии педагогии ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ)-ро хатм намуда, ба фаъъолияти омўзгорӣ шурўъ менамояд. Чанд муддат ба мактаби рақами сеи шаҳри Душанбе аз забон ва адабиёти тоҷик барои хонандагон дарс мегўяд.

Дар канори кори аслии худ аз соли 1948 бо машварати мардумшиносони рус ба гирдоварии маводдди марбут ба расму ойинҳои мардумӣ машғул мешавад. Ў бо олимони рус ба монанди М.С.Андреев, А.К.Писарчик, Н.А.Кисляков аз наздик шинос шуда, шефтаи фаъъолияти илмии онон мешавад. Дар он солҳо ин пажўҳандагон тамоми неруи илмии худро ба омўзиш ва пажўҳиш фарҳанги суннатии мардуми тоҷик бахшида буданд. Ба ноҳияҳо мерафтанд, бо мардум мулоқот мекарданд, роҷеъ ба ҳаёти моддӣ ва маънавии мардум маводдд гирд меоварданд; ҳар сухани ҷолиберо, ки аз расму ойини мардум мешуниданд, сабт мекарданд ва онро мавриди баррасии илмӣ қарор медоданд. Нурҷонов низ ба кори онҳо пайравӣ карда, дар ҳар лаҳзаи рўзгори мардум зебоиҳоеро медид, ки қобили омўзиш буд. Устодонаш мебинанд, ки ҷавони соҳибистеъдод аст, ўро зуд ба навиштани рисолаи илмӣ ҷалб менамоянд.

Соли 1949 вориди аспирантураи шўъбаи Ленигради (ҳоло Санкт-Петербург) Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) мешавад. Яке аз мардумшиносони машҳур пруфесур Н.А.Кисляков роҳбари илмии ў таъйин мегардад. Н.Нурҷонов аз сидқи дил ба кор шурўъ кард, борҳо ба минтақаи Кўлоб ва ҷойҳои дигар ба кори майдонӣ рафт, бо машварати устодаш аз байни мардуми вилояти Кўлоб дар солҳои аввали панҷоҳи асри ХХ маводди зиёд гирд овард. маводди гирдовардаи ў бисёр ҷолиб буд. Тасаввур кунед, ки дар он солҳо барқ хеле кам буд, телевизиюн қариб набуд, дар ноҳияҳои дурдаст теотр набуд, родию ҳам хеле кам буд, мардум чи гуна аз суруд, тарона, рақс, афсона ва амсоли ин ғизои маънавӣ мегирифтанд. Дар он солҳо ин гуна маводди гуфториро аз гўяндагон ба воситаи дафтару қалам ҷамъ овардан, табақабандӣ кардан ва баъдан онҳоро бо назари илмӣ ба шакли навишторӣ дароварда, таҳқиқ ва таҳлил кардан, заҳмати зиёдро тақозо мекард. Ҳамин муҳаббат буд, ки Н.Нурҷонов соли 1951 дар мавзўи «Решаҳои теотри мардумии тоҷикон» (Дар асоси маводди вилояти Кўлоб) рисолаи номазадии худро дар шаҳри Ленинград дифоъ карда, барои кор ба Институти таърихи Фарҳангистони улуми Тоҷикстон меояд.

Соли 1956 рисолаи илмии Н.Нурҷонов дар шакли китоб бо номи «теотри мардумии тоҷик: бар асоси маводди вилоят Кўлоб» ба забони русӣ чоп шудааст. Маводди китоб хеле ҷолиб аст. Аксари он матнҳоеро, ки мавриди таҳқиқ қарор додааст, худи ў дар солҳои 1948-1950 аз байни мардуми Кўлоб ва ноҳияҳои атрофии он гирд овардааст.

Н.Нурҷонов ёдовар мешавад, ки дар он солҳо ба фаъъолияти масхарабозон таваҷҷуҳи бештар намуда. Ба гуфтаи эшон аксари он масхарабозоне, ки то Инқилоби Октябр буданд, аз олам даргузаштанд ва зиндаҳо хеле пир буданд. Аз ин рў бо диққат ҳар он чизе ки масхарабозон медонистанд ва дар ёд доштанд муаллиф сабт кардааст.

Аз мутолеъаи китоби Нурҷонов маълум мешавад, ки ў заҳмати зиёд кашидааст. Дар китоб қабл аз ҳама дар бораи макони баргузории намоишҳои мардумӣ иттилоъ додааст. Баъдан роҷеъ ба намоишҳои мардумӣ, ки дар ҳар фасли сол баргузор мегардид бо мисолҳо сухан рондааст. Аз ҷумла дар фасли аввали китоб ойинҳои «Гулгардонӣ», «Тўи суманак», «Наврўз», «Сайл», «Сайли сари сол» ва монанди инро шарҳ дода, ишора менамояд, ки ҳамаи ин намоишҳо дар Кўлоб дар маконе бо номи Тамошотеппа баргузор мешудааст. Тибқи ишорати Нурҷонов, ки барояш бузургсолон гуфтаанд, дар замони аморати Бухоро мардумро шахсе, ки ўро «ҷарчӣ» (қосид) мегуфтанд, бо садои баланд, мародумро ба сайл ба Тамошотеппа бо чунин суханони таблиғотӣ (рекламаи имрўз) даъват мекардад:

«Ҳо буродаро, фалон рўз сайли подшоҳӣ дар Кўлоб меша. Хоҳиш ҳаст, ки касе, ғуҷҷакчӣ (ғижжакчӣ, ғижакнавоз), тамбурчӣ, думбурачӣ, байтгў, паҳлавон боша, касе, ки аспдорай, чопандозай, масхарабоз боша ба сайли подшоҳӣ биёяде…»

Ин ҷарчӣ ба идомаи суханонаш ба дўкондорон ва дигар шахсони дорои касбу ҳунарҳои гуногун, кўча ба кўча гашта муроҷиа карда, мегуфт:

«Эй, баззоз бошед, савдогар бошед, кафшфурўш бошед, қассоб бошед… ба Тамошотеппа баромада дўкон кунед-е!»

Тибқи гуфтаи Нурҷонов ба сайли Кўлоб аз манотиқи дигар ба монанди Қаротегин, Дарвоз, Мўминобод, Ховалинг, Даштиҷум, Қизилмазор, Давлатобод, Фархор, Саройкамар, Шўробод, Сарихосор ва ҷойҳои дигар ҳунармандон, косибон, савдогарон, масхарабозон, паҳлавонон, бузкашон ва ашхоси дигар ташриф меоварданд. Дар рўзҳои сайл дар Тамошотеппа ҳунармандони мардумӣ ба милси «чашмбандон», «нағмачиён», «байтгўён», «ҳофизон» (сарояндагон), «дорбозон» ҳунарнамоӣ мекарданд. Гурўҳи дигар маҳорати бузкашӣ, пиёдапайка (давидан), гўштингирӣ ва дигар бозиҳои мардумиро ба маърази тамошо қарор медоданд.

Дар идомаи навиштаҳои худ Н.Нурҷонов роҷеъ ба махсусиятҳои Иди Рамазон, Иди Қурбон, ҷашни арўсӣ, хатнатўй (дар баъзе ҷойҳо «чуксур» мегуфтаанд), ки дар замони аморати Бухоро дар ҳар қишри ҷомеа чи гуна баргузор мегардид, маълумоти ҷолиб меорад, ки барои хонандаи имрўз хеле ҷаззоб аст.

Аз асари Н.Нурҷонов метавон дар бораи сарояндагон, гўруғлихонон, афсонагўён, нақлгўён, зарбузӣ (тирандозӣ), харкашак (бузкашӣ бо хар), пиёдокашак, пиёдопайка, суворапайка, подшовазир, алавхона, лавандхона (макони ҷамъомади ҷавонон) ва дигар ҳунару машғулиятҳои маънавии мардум ошно шуд.

Як ҷиҳати хеле назарраси китоби Нурҷонов дар он аст, ки ў дар бораи иҷрои рақси минтақа ба таври муфассал иттилоъ дода, ҳудуди густариши рақсҳоро дар байни тоҷикони Осиёи Марказӣ нишон додааст.

Дар бахше аз ин рақсҳо «Йирмонбозӣ» (юрмонбозӣ), Гургакбозӣ, Лаклакбозӣ, Каргасбозӣ ва ғайра ҳаракати ҳайвонот иҷро мегардид. Бахши дигари рақсҳо аз пантомима иборат буда, дар байни мардум бо номҳои рубаҳбозӣ, шағолбозӣ, қушқорбозӣ, булҳутҷанг (ҷанги бузон), капукбозӣ машҳур буданд. Тибқи навиштаи Нурҷонов рақсҳое низ буданд, ки дар онҳо амалу фаъъолияти кории одамон инъикос ёфтааст: «Арғишт бо дос ё досзанӣ», «Кўзабозӣ», «Арғишти ошпазӣ», «Арғишт бо дутор», «Арғишт бо доира». Ҳамчунин рақсҳое вуҷуд доштанд, ки онҳоро рақсҳои тақлидӣ мегуфтаанд. Шахси рақсанда дар рақси худ ҳаракатҳои ҷолиби занона, мардонаро нишон медодааст. Бархе аз рақсҳо бо номҳои мардинабозӣ, масхарабозӣ, лалакбозӣ, рақс дар рафти бадеҳсароӣ, аспакбозӣ, Уштур ба қатор шўҳрат доштаанд.

Нурҷонов ҳамчунин дар бораи теотри мардумӣ маълумот медиҳад, ки дар таблиғи он нақши ширинкорон ва масхарабозон арзанда будааст. Маҳз ҳамин масхарабозон интиқолдиҳандаи теотри мардумӣ дар тўли ҳазорсолаҳо будаанд. Масхарабозон дар ҳар давра, дар ҳар макон бо рафтори хандадори худ, шўхгуфторӣ, латифагўӣ ва амсоли ин кўшиш мекарданд, ки рўҳияи мардумро болида созанд. Нурҷонов дар бораи масхарабозони Кўлоб, шахсияти онон, фаъъолияти эшон дар манотиқи мухталиф муфассал сухан рондааст. Аз назари устод занҳои масхарабоз низ дур намондааст, ки маъмулан онҳо дар байни занҳо фаъъолият мекарданд.

Аз мисолҳои Нурҷонов маълум мешавад, ки дар иҷрои масхарабозон намоишномаҳои «Хирсбозӣ», «Нахчирбозӣ», «Сайдбозӣ», «Кавкгуша» (шикори кабк), «Нишоллопазӣ», «Ҷуфтронӣ», «Бофандагӣ», «Подавонӣ», «Қорибозӣ» ва амсоли ин хеле маъмул будааст. Дар иҷрои масхарабозон ва баъзе ровиёни шўх латифа, афсонаҳои ҳаҷвӣ, нақли ҳикоятҳои хандадору ҳаҷвӣ ва ҳайратовар низ ҷойгоҳи махсус доштааст.

Як ҷиҳати назарраси фаъъолияти Н.Нурҷонов дар он аст, ки ў кўшиш намудааст матнҳоро бо лаҳҷаи минтақа сабт намуда, ҳамчунин акси ровиёнро низ гирифтааст. Хеле хуб аст, ки дар ҳамаи китобҳои ў тасвире аз ровиён ва лаҳзаҳои иҷрои матнҳо ба назар мерасад.

Дар солҳои панҷоҳум, қариб дар аксари ноҳияҳо, аз тарафи давлат гурўҳҳои худфаъъолият, теотрҳои минтақавӣ ташкил шуда буданд. Дар ин теотрҳо аз иҷрои ровиён, масхарабозон, раққосон, сарояндагони мардумӣ истфода мешуд. Дар китоби худ «Теотри мардумии тоҷик: бар асоси маводди вилоят Кўлоб» роҷеъ ба ин ҷиҳати масъала низ равашнӣ андохтааст. Ҳамчунин дар охири китоби мазкур намунаҳои матнҳои гуногун ба монанди суруд, бадеҳа ба хусус чандин намунаҳо аз намоишномаҳои мардумиро бо гуфтори омиёна овардааст.

Дар воқеъ барои маъруф кардани теотри мардумии тоҷик заҳмати Н.Нурҷонов беназир аст. Дар солҳои баъд ў дар мақолаҳо, суханрониҳо ва китобҳои дигари худ ба таври муфассал ҳар он чизеро, ки дар байни мардум, оид ба теотри мардумӣ, сарояндагӣ, рақс, мсхарабозӣ, ҷамъомадҳои мардону занон, ки дар онҳо аз ҳунарҳои мардумӣ истифода мешавад, маросимҳо, расму ойинҳо, ки хухусияти теотрӣ доранд ба таври мунтазам менависад.

Соли 1968 Низом Нурҷонов дар мавзўи «Таърихи теотри шўравии тоҷик (солҳои 1917-1941)» рисолаи доктории худро дифоъ карда, ба таври мунтазам роҷеъ ба теотри касбӣ ва мардумӣ асарҳои илмӣ менависад. теотри касбиро низ ба таври бояду шояд мавриди таҳқиқ, нақд ва таҳлил қарор медиҳад. Самти фаъъолияти илмии Н.Нурҷонов гуногун аст. Ҳамаи онро дар як мақола маъруфӣ кардан аз имкон берун аст. Агарчӣ устоди гиромӣ дар бораи теотри касбӣ асарҳои зиёд таълиф намуданд, вале то ба имрўз баррасии теотри суннатии тоҷикон ва иҷрогарони он ҳамеша диққати устодро ба худ ҷалб кардааст.

Ба хусус чанд китоби дигари Нурҷонов, ки дар таи 10-12 соли ахир ба нашр расид, ба таври муфассал таҳқиқ ва таҳлилҳои арзишмандро роҷеъ ба теотри мардумӣ, рақс, суруд, бадеҳа ва дигар суннатҳои омӣ дарбар мегирад. Ин китобҳо ба забони русӣ бо номҳои «теотральная и музыкальная жизнь столицы государства Саманидов (Х1Х-ХХвв.)» (2001), «Традиционный театр таджиков» (2002, дар ду ҷилд) чоп шудааст. Дар айни замон дар ҳар кадоме аз онҳо маводди зиёди илмӣ бо мисолҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ин асарҳои Нурҷонов теотри мардумии тоҷикро, ки аз замонҳои бостон то рўзгори мо аз насл ба насл омадааст, ба мисли оина, равшан месозад, ки тоҷикон дар тўли таърих чи ҳунарҳое доштанд. Як ҷиҳати бисёр муҳим ва илмии китобҳои Нурҷонов дар он аст, ки эшон санадҳои шифоҳии аз байни мардум гирдовардаро бар асоси далелҳои бостоншиносӣ ва таърихӣ таид менамояд.

Гирдоварии намоишномаҳои мардумӣ заҳмати зиёдро тақозо мекунад, ки ин кор аз дасти на ҳар кас меояд. Месазад ситоиш кард, ки Нурҷонов он намоишномаҳоеро, ки дар рафти кори майдонӣ аз байни мардум сабт намудааст, онҳоро соли 1985 дар шакли китоб зери уновони «Драмаи халқии тоҷик» ба нашр расонд.

Ин маҷмўа аз пешгуфтори муфассал ва аз 102 матни намоишнома (драма) бо вариантҳояш иборат аст. Дар пешгуфтори китоб, ки «Драмаи халқии тоҷик» ном дорад дар бораи таърихи теотри тоҷик чунин ишратеро мехонем:

«Дар матбуоти даврӣ ва ҳатто асарҳои илмӣ ҳанўз ҳам баъзан ақидаҳое баён мегардад, ки теотри тоҷикон гўё баъди инқилоб ба вуҷуд омадааст. Ин фикр, агар манзури баёнгарони он теотри аврупоишакл бошад, дуруст аст. Теотр намуду шаклҳои гуногун дорад… Тоҷикон аз давраи бостонӣ соҳиби теотри анъанавӣ ва драмаи даҳанакии халқӣ будаанд» (с.3).

Бале, ҳақ ба ҷониби Н.Нурҷонов аст, ки ин фикрашро тақвият дода, боз ишора мекунад:

«Теотри анъанавӣ бештар дар ҳавои кушод, дар майдону ҳавлӣ, боғҳои деҳот ва растаҳои пуродами шаҳрҳо ба тамошобин пешкаш мегардад» (с.4).

Муаллиф мантиқан таъкид менамояд, ки теотри лўхтак аз замонҳои қадим дар байни мардуми тоҷик вуҷуд доштааст. Барои далели худ ишорати зеринро меорад, ки ба ҳақиқат наздик аст:

«Ба андешаи мо, мушоҳидаи файласуфие, ки дар рубоии зерини Умари Хайём баён ёфтааст, аз тамошои теотри лўхтак ҳосил шудааст:

Мо лўъбатаконему фалак лўъбатбоз,

Аз рўи ҳақиқат, на ки аз рўи маҷоз.

Бозича ҳамекунем дар натъи вуҷуд,

Афтем ба сандуқи адам як-як боз.

Дар ин рубоӣ инсон ба зоча ва фалак ба зочабоз, чодари сиёҳ ба «сандуқи адам» ташбеҳ ва кўтаҳии умри одам ба бозии на чандон тўлонии зочаҳо монанд карда шудааст» (с.7).

Нурҷонов бо далелҳои илмӣ, бо такя бар гуфтаи адибон ва пажўҳандагон гуфтан мехоҳад, ки теотри мардумии тоҷикон таърихи тўлонӣ дорад. Исботи дақиқи гуфтаҳои ў ҳамин матнҳои гирдоварда ва дар ин маҷмўа нашр кардаи эшон низ аст.

Муаллиф матнҳоро ба се бахш ҷудо кардааст. Бахши аввал ду бозиро дар бар мегирад: «Подшовазир» ва «Бобосафар». Дар бахши сеюм 13 матни намоишномаҳои теотри лўхтак оварда шудааст. Мисол: «Маймун», «Кучуквой», «Бекниёз», «Бойбангӣ», «Офтобхону Маҳтобхон», «Полвонкачал» ва ғ. Бахши сеюм аз он намоишномаҳое иборат аст, ки бо суруду мусиқӣ иҷро мешавад. Унвони баъзе чунин аст: «Харбузабозӣ», «Девонабозӣ», «Қаландарбозӣ», «Бобопирак», «Муғулбозӣ» ва ғ. Боқимондаи намоишномаҳо марбути масхарабозон аст. Мисол: «Нахчирбозӣ», «Оҳубозӣ», «Хирсбозӣ», «Гургбозӣ», «Пишакбозӣ», «Ҷуфтронӣ», «Хирманкўбӣ», «Нонвой», «Говҷўшӣ», «Сартарошбозӣ», «Қозибозӣ», «Қассоббозӣ» ва амсоли ин. Аз унвони намоишномаҳо маълум аст, ки онҳо бо ҳаёти моддӣ ва маънавии мардум иртиботи танготанг доранд.

Нурҷонов аз соли 1952 то ба имрўз на фақат дар Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии фарҳангистони Тоҷикисон фаъъолият дошт ва шўъбаи таърихи санъатро асос гузошта, аз соли 1958 мудирияти онро худ бар ўҳда дошт, балки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон фаъъолияти омўзгорӣ низ кардааст. Аз соли 1953 аввал дар Институти давлатии педагогии Душанбе, баъдан дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) ва аз соли 1967 дар Институти давлатии санъати Тоҷикистон барои донишҷуён дарс гуфта, соли 1970 сазоври унвони профессорӣ гардидааст. Эшон аз соли 1961 узви Иттиҳоди Нависандагони Иттиҳоди Шӯравии пешин низ будааст.

Ин донишманди ошиқи касби худ ба таври мунтазам дар корҳои майдонӣ ширкат намудааст: Кўлоб (1948), Ғарм (1952-1954), Зарафшони Боло (1957-1960), Бухоро (1958-1961), Помири ғарбӣ (1959-1971), вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд, 1961-1965). Ҳамчунин сафарҳои зиёди илмӣ дар деҳоти тоҷикнишини гуногуни Осиёи Марказӣ доштааст.

Пруфесур Нурҷонов, ки дар гузашта дар кунгре ва конфронсҳои байналмилалии зиёде дар дохил ва хориҷи кишвар суханронӣ намудааст, имрӯзҳо, ки ба синни мубараки 90 расидааст, то ҳол аз тариқи телевизиюни тоҷик сўҳбатҳои дилнишине дорад, ки бинандагон аз он баҳраи зиёд мебаранд.

Дар як мақолаи хурд наметавон тамоми фаъъолият ва осори таълифнамудаи эшонро маъруфӣ кард ва мо дар ин ҷо фақат ба як самти кори илмии эшон ба таври мухтасар ишора кардему халос. Пруфесур Нурҷонов дар бораи таърихи теотри муосири тоҷик, шахсиятҳои маъруфи он асарҳои зиёде дорад, ки дар оянда роҷеъ ба заҳматҳои устод метавон дар шакли рисолаи ҷудогона сухан гуфт.

Воқеан китобҳои устод «Дар олами балет» (1975), «Муҳаммадҷон Қосимов» (1978; 2007), «История таджикского совесткого театра» (солҳои 1917-1941) (1967), «Таджикский театр» (1968), «Аслӣ Бурҳонов» (1982), «Малика Собирова» (2001), «София Тўйбоева» (2007), «Олами беканори рақси тоҷик» (2004), «Ҳоҷиқул Раҳматуллоев» (2005), «Ҳошим Гадоев» (2007), "Фаррух Қосимов" (2009), «Мавригӣ (Мусиқии анъанавии эрониёни Бухоро)» (бо ҳамкории Б.Қобилова) (2008), «Ато Муҳаммадҷонов» (2010), «Музыкалное искусство Памира» (Ба ҳамкории Ф.Кароматов, Б.Қобилова) (2010) ва ғайра дар шинос намудани бахшҳои гуногуни фарҳанги ҳунарии касбӣ ва суннатии тоҷикон арзиши баланд доранд, ки умедворем дар оянда шогирдон ва пажўҳандагони мардушиносӣ, ҳунаршиносӣ, теотршиносӣ, фолклоршиносӣ ба он баҳои сазовори худро хоҳанд дод.

Матолиби муртабит