Натиҷаи ниҳоии интихобот: мушорикат беш аз 90 дарсад

  • 13 Ноябр, 2013
Image caption Дар гузориши кумита оморе дар бораи ширкати муҳоҷирони корӣ дар интихобот дарҷ нашудааст.

Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурии кишварро эълом кардааст, ки аз мушорикати 90.1 дарсадии раъйдиҳандагон дар интихобот хабар медиҳад.

Ин кумисиюн натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳуриро дар сойти расмии худ мунташир кардааст.

Тибқи гузориши ин кумисиюн дар интихоботи рӯзи 6-уми ноябр аз шумораи умумии раъйдиҳандагон дар дохил ва хориҷи кишвар, ки теъдодашон чор милюну 201156 унвон шудааст, се милюну 787703 нафар ширкат пойи сандуқҳои раъй рафтаанд.

Тибқи шумориши ниҳоӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки қаблан эълом шуда буд бо касби беш аз 83 дарсади оро дар интихобот пирӯз шуд, 84,23 дарсади раъйи мардумро касб кардааст.

Исмоил Талбаков, номзади кумунистон дар интихобот бо касби 4,93 дарсади оро бештарин оро пас аз оқои Раҳмонро касб кардааст. Толиббек Бухориев, номзади ҳизби кишоварзӣ тибқи омори ниҳоӣ 4,49 дарсад, Олимҷон Бобоев, номзади ҳизби иқтисодӣ 3,82 дарсад, Абдуҳалим Ғаффоров 1,48 дарсад ва Саидҷаъфар Исмонов 1,05 дарсади ороро касб кардаанд.

Шумораи баргаҳои раъйдиҳие, ки беэътибор маҳсуб шинохта шудаанд 39403 адад будааст, ки 1,04 дарсади ороро ташкил медиҳад.

Дар ҳоле, ки мухолифони давлат ва мунтақидони раванди интихобот дар Тоҷикистон дар робита ба теъдоди муҳоҷирони кории раъйдиҳанда дар Русия баҳсҳо ва иддаъоҳое матраҳ кардаанд, дар гузориши ахири кумита оморе дар бораи ширкати муҳоҷирони корӣ дар интихобот дарҷ нашудааст.

Натоиҷи ниҳоии кумисиюни интихобот дар ҳоле мизони мушорикат дар интихоботро бештар аз қабл эълом кардааст, ки як рӯз қабл раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон гуфт, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 6-уми ноябр ҳудуди 33 дарсади раъйдиҳандагони Тоҷикистон ширкат кардаанд ва аз ин лиҳоз ин интихобот баргузоршуда маҳсуб намешавад.

Ӯ дар баёнияе хабар дод, ки қасд дорад аз натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бибарад.

Ба бовари оқои Зоиров агар теъдоди умумии раъйдиҳандагон ҳудуди 4 милюну 200 ҳазор арзёбӣ шудааст яку ним милюн аз онҳо дар хориҷи кишвар қарор доштанд ва фақат ҳудуди 2.7 милюн нафар аз теъдоди умумии раъйдиҳандагон дар дохили Тоҷикистон будаанд.

Ӯ афзуд, ки агар 50 дарсад аз интихобкунандагони дохили Тоҷикистон пойи сандуқҳои раъй рафта бошанд ва фақат 5 дарсад аз теъдоди умумии муҳоҷирони корӣ, ки теъдодашон яку ним милюн аст, дар интихобот ширкат карда бошанд, пас мизони мушорикати умумӣ чизе ҳудуди 33 дарсад будааст.

Рӯзи баргузории маросими таҳлиф ё савгандёдкунии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз эъломи натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар, барои рӯзи шанбеи 16-уми ноябр таъйин шудааст.

Матолиби муртабит