Олим Бобоев вориди феҳристи номзадони президентӣ шуд

  • 20 Сентябр, 2013
Бобоев
Image caption Анҷумани Ҳизби ислоҳоти иққтисодӣ номзадии Олим Бобоев, раҳбари ин ҳизбро ба мақоми раиси ҷумҳурӣ пешниҳод кард

Анҷумани 4-уми ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олим Бобоев, раҳбари ин ҳизбро номзад ба мансаби раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.

Дар ин анҷуман, ки баъд аз зӯҳри ҷумъаи 20 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, оқои Бобоев бидуни рақиб ва бо аксари орои вукалои анҷуман ба унвони номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон баргузида шуд.

Дуктур Олим Бобоеви 61 -сола аз донишмандони саршиноси Тоҷикистон маҳсуб шуда ва дар солҳои 2010-2011 вазири нақлиёти ин кишвар буд.

Дар авохири соли 2005 ҳизби ҷадиди ислоҳоти иқтисодӣ, ки бархе аз соҳибназарони тоҷик онро "ҳизби кисагии ҳукумат" хондаанд, таъсис шуда ва Олим Бобоев раиси ин ҳизб интихоб гардид.

Зимнан, оқои Бобоев дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 ба ҳайси номзад ширкат карда ва пас аз Эмомалӣ Раҳмон (79,3 дарсад) бештари ороро (6,2 дасад) ба даст оварда буд.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон аз ҷумлаи 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон маҳсуб шуда ва ҳудуди 20 ҳазор нафар узв дорад.

Олим Бобоев панҷумин номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз ҷониби аҳзоби сиёсии кишвар пешниҳод шуданд.

Қаблан Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон - Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос, Ҳизби сусиёлист - Адбуҳалим Ғаффоров, раҳбари ин ҳизб ва Ҳизби кишоварзӣ - Толиб Бухориев, муъовини раиси Фарҳангистони улуми кишоварзӣ ва ҳизби демукроти кишвар - Саъидҷаъфар Исмоновро ба ҳайси номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда буданд.

Интизор меравад, фардо 21 сентябр, дар Анҷумани Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод шавад.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли ҷорӣ баргузор шуда ва дар он раиси ҷумҳурии ҷадид ба муддати 7 соли оянда интихоб хоҳад шуд.

Матолиби муртабит