Ғаффоров номзади сусиёлистҳо ба интихоботи президентӣ шуд

  • 18 Сентябр, 2013
Анҷумани ҳизби сусиёлистӣ
Image caption Дар анҷумани ҳизби сусиёлист Абдуҳалим Ғаффоров номзади ин ҳизб барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ интихоб шуд

Аъзои Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон дар анҷумани ҳаштуми худ раҳбари ин ҳизбро барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар моҳи ноябр номзад карданд.

Ду узви дигари ин ҳизб, ки дар ин ҳамоиш номзадии онҳо низ барои ширкат дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешниҳод шуд, номзадии хешро бозхонда ва аз ҳозирин даъват карданд, ки аз номзадии Абдуҳалим Ғаффоров ҳимоят кунанд.

"Мардӣ набувад ҳаққи дигарон хӯрдан"

Дар анҷумани ҳаштум ва ғайримунтазираи ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 18 сентябр дар Қасри иттифоқи касаби Тоҷикистон доир шуд, 78 аъзои ин ҳизб ба иттифоқи оро Абдуҳалим Ғаффоровро ба унвони номзад барои ширкат дар интихоботи презедентӣ интихоб карданд.

Бархе аз ширкаткунандагони ин ҳамоиш аз оқои Ғаффоров даъват карданд, ки бо падидаҳои номатлубе назири фасодӣ молӣ, ки "ба рушди назаррас дар Тоҷикистон мавонеъ эҷод мекунанд", мубориза кунад.

Муҳаммад Гулов, намоянда аз ҳизби ҳокими халқи-демукроти Тоҷикистон ва меҳмони ин анҷуман гуфт, ки бо дарназардошти мавҷудияти мавориди зиёди фасоди молӣ дар Тоҷикистон аз номзади ҷадид ба интихоботи презедентӣ бо шеър даъват ба мубориза бо фасоди молӣ кард.

Вай афзуд: “Ман барои одамоне, ки камтаракак пора мегиранд як шеъре аз устод Рӯдакиро тағйир додам:

Гар бар сари нафси худ амирӣ мардӣ,

Аз хурду калон пора нагирӣ мардӣ.

Мардӣ набувад ҳаққи дигарон хӯрдан,

Аз киссаи худӣ фақирӣ, мардӣ.”

Image caption Абдуҳалим Ғаффоров гуфт, ки бовар дорад дар муддати лозим имзоҳои кофиро ҷамъоварӣ хоҳад кард

Оқои Гулов аз номзади ҷадид барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ хоҳиш кард, ки дар барномаи аслии худ мубориза бо порахӯрӣ (ришваситонӣ) дар Тоҷикистонро дар увлавият қарор диҳад.

Абдуҳалим Ғаффоров дар навбати худ дар ҷараёни ин анҷуман зимни муаррифии барномаи худ гуфт, ки мубориза бо фасоди молӣ, яке аз паҳлӯҳои аслии барномаи ӯ аст.

Ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ҳудуди 19 ҳазор узв ва беш аз 100 ҳазор ҷонибдор дорад ва ӯ бовар дорад, ки то замони лозима шумораи зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ хоҳад кард.

Вай афзуд: “Баъд аз анҷоми иқдомоти зарурӣ барои ширкат дар интихобот мо ният дорем, ки ҷамъоварии имзоҳоро аз шаҳри Душанбе шурӯъ кунем ва пасон ба вилоёти Суғду Бадахшон сар занем.”

Пирӯзиҳои пай дар пайи Раҳмон

Ин барои бори дуюм аст, ки Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари сусиёлистҳо барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзад мешавад. Оқои Ғаффоров дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 низ ширкат дошт.

Аммо дар он интихобот, чун дар интихоботи қаблӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ, ки беш аз 20 сол боз раҳбарии давлати Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад бо касби бахши умдаи орои интихобкунандагон пирӯзӣ ба даст овард.

Интихоботи қаблии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 2006 баргузор шуда буд.

Намояндагони порлумони Тоҷикистон рӯзи 30 августи соли ҷорӣ эълом карданд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар 6 ноябри соли 2013 баргузор мешавад.

Ин дар ҳоелст, ки дар солҳои 1999 ва 2003 ба Қонуни асосии Тоҷикистон ислоҳот ворид шуд ва тибқи он муддати раёсати ҷумҳурӣ аз 5 то 7 сол тамдид шуда буд.

Image caption Ширкаткунандагони анҷуман аз оқои Ғаффоров даъват карданд, ки бо фасодӣ молӣ мубориза кунад

Ҳамакнун ҳеч монеъа барои интихоби пайиҳами як нафар ба ин мақом дар Тоҷикистон вуҷуд надоштааст.

Интизор меравад, дар интихоботи соли ҷорӣ низ Эмомалӣ Раҳмон ба унвони номзад ширкат карда ва муддати раёсати ҷумҳурии худро то соли 2020 тамдид кунад.

То кунун ба ҷуз ҳизби сусиёлистӣ, ҳизби демукроти Тоҷикистон низ номзадҳои худ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро расман эълом кардаанд.

Пеш аз ин Иттиҳодияҳои нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Ойниҳол Бобоназароваро чун номзади ягона аз ин иттиҳодия муъаррифӣ кард.

Таърихи таъсиси ҳизби сусиёлист

Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон дар моҳи июни соли 1996 дар нахустин анҷумани он дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, таъсис ёфт ва нахустир раҳбари он зан буд.

Аммо дар соли 1997 раҳбарии ҳизбро Сафаралӣ Кенҷаев, ҳуқуқдони саршинос, раиси пешини Шӯрои Олӣ ё порлумони Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони фақиди Ҷабҳаи миллии ин кишвар ба уҳда гирифт.

Сафаралӣ Кенҷаев дар моҳи марти соли 1999, ҳашт моҳ пеш аз интихоботи дуввуми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки интизор мерафт дар он ширкат кунад, дар яке аз маҳаллоти шаҳри Душанбе аз сӯйи афроди номаълум ба қатл расид.

Пас аз марги Кенҷаев, дар соли 2000, Мирҳусейн Назриев, корманди Пажӯҳишгоҳи физики нуҷумии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон раҳбари ин ҳизб интихоб шуд.

Вале дар соли 2004 дар миёни аъзо ва тарафдорони ин ҳизб шикофе ба миён омад. Дар моҳи июли ҳамон сол Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев бо баргузории як ҷаласаи ҳизбӣ Мирҳусейн Назриевро аз симати раҳбарии ҳизби сусиёлист дар ғиёбаш барканор карданд.

Матолиби муртабит