Боғи миллии Тоҷикистон дар феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуд

  • 21 Июн, 2013
Кӯҳистон
Image caption Бахши аъзами Боғи миллии Тоҷикистон дар кӯҳистони Помир доман густурдааст

Боғи миллии Тоҷикистон ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии Идораи омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) шомил шуд.

Ин тасмим рӯзи ҷумъаи 21 июн, дар иҷлоси 37-уми Кумитаи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Пномпени Комбуҷ иттихоз шуд.

Ин нахустин мероси табиъии Тоҷикистон дар Феҳристи Мероси Ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Дар ин иҷлос Тим Бадман, раиси Барномаи Мероси Ҷаҳонӣ, шомил шудани Боғи миллии Тоҷикистон ба Феҳристи Мероси Ҷаҳониро як комёбии бузург унвон карда ва гуфтааст, ба ин васила Тоҷикистон намунаи олии наҳваи истифода аз Кунвенсиюни мероси ҷаҳониро намоиш додааст.

Боғи миллии Тоҷикистон дар соли 1992 таъсис шуда, дар бахше аз ҳудуди вилояти Бадахшон ва навоҳии Тавилдараю Ҷирғатол доман густурда ва майдони умумии боғ 2,6 милюн ҳектур ё 18 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Дар Боғи миллии Тоҷикистон 170 рудхона, беш аз 400 дарёча, қуллаҳои Исмоили Сомонӣ, Ибни Сино ва Корженевский дар кӯҳистони Помир, пиряхҳои бузург, аз ҷумла, пиряхи Федченко бо тӯли 77 килуметр ва ин минтақа манзили хирси малла ё қаҳваранг, бабри барфӣ, гӯсфанди Марко Поло, бузҳои кӯҳӣ, ғози ҳиндӣ ва моҳиҳои хоси минтақа маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин, дар ин минтақа ёдгорӣ ё мероси таърихии шаҳри Бозор Дара, ҳисори Ямчуну Қаҳқаҳа ва нақшҳои қарни сангӣ боқӣ мондаанд.

Давлати Тоҷикистон ҳадаф аз таъсиси Боғи миллиро ҳифзу муроқибати табиъати дастнахӯрда, ҳайвоноти нодир ва роҳандозии ҷаҳонгардии зистмуҳитӣ унвон кардааст.

Зимнан, дар моҳи июли соли 2010 муҷтамъаи бостонии Саразм дар шимоли Тоҷикистон дар иҷлоси Кумитаи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО дар Брозил ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуд.

Муҷтамаъи бостонии Саразм нахустин осори таърихию фарҳангии Тоҷикистон буд, ки ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.

Муҷтамаъи бостонии Саразм яке аз муҳиммтарин амокини қадимии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки ба даврони асри нави сангӣ шомил мешавад. Дар ин ҷо хонаҳои қадимӣ, сохтмонҳои бостонӣ ва осори ҳунари дастии чандҳазорсола ёфт шудаанд.

Бар асоси иттилоъи манобеъи ҳафриёти бостоншиносӣ Саразм дар ҳазораи чаҳорум то дувуми қабл аз мавлуди Исо аз шаҳрҳои санъатӣ ва рушдёфтаи суғдиёни бостонӣ, воқеъ дар водии Зарафшон ва маркази тавлидоти филизоти қалъаӣ ва биринҷ маҳсуб шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси иттилоъи Комисиюни Миллии Тоҷикистон дар умури ЮНЕСКО ин кишвар ба Кумитаи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО 6 осори таърихию фарҳангӣ ва амокини табиъиро барои шомил шудан ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонӣ пешниҳод кардааст.

Кохи Ҳулбук, мақбараҳои Хоҷа Насрон, Хоҷа Маҳшад ва Муҳаммад Баширӣ, дайри буддоии Аҷинатеппа ва қуруқҳои Бешаи Палангон, Зоркӯл ва Дашти Ҷум аз ҷумлаи осори пешниҳодӣ маҳсуб мешаванд.

Матолиби муртабит