Бонки Ҷаҳонӣ: 'Тоҷикистон муҳтоҷтарин кишвар ба пули муҳоҷирон аст'

Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 21 Ноябр соли 2012 - 10:51
Муҳоҷирони тоҷик

Ҳамасола аз муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон миқдори зиёди сармоя ворид мешавад

Дар миёни кишварҳое, ки иқтисодашон ба маболиғи интиқолии муҳоҷирони корӣ вобаста аст, Тоҷикистон ҳамчунон болотарин ҷойгоҳро ба худ ихтисос медиҳад.

Дар гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи вазъи муҳоҷирати корӣ омадааст, ки саҳми пули муҳоҷирон дар тавлидоти нохолиси дохилии Тоҷикистон дар соли 2011 ба таври қобили мулоҳизае афзоиш ёфта ва ба 47 дарсад расидааст.

Ин дар ҳолест, ки соли 2010 маболиғи интиқолии муҳоҷирон баробари 31 дарсади тавлидоти нохолиси дохилии Тоҷикистон будааст.

Ҳамакнун ин маблағ тақрибан ниме аз тавлидоти нохолиси дохилиро ташкил медиҳад. Ин бад-он маъност, ки дар ду соли ахир иқтисоди Тоҷикистон беш аз пеш ба пули муҳоҷирон муҳтоҷ шудааст.

Бар гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, Либериё ва Қирғизистон пас аз Тоҷикистон аз умдатарин кишварҳое ҳастанд, ки иқтисодашон вобастаи пули муҳоҷирон аст.

Пули муҳоҷирон дар ин кишварҳо мутаносибан 31 ва 29 дарсади тавлидоти нохолиси дохилияшонро ташкил медиҳад, ки ин арқом бамаротиб камтар аз Тоҷикистон аст.

Таносуби пули интиқолии муҳоҷирон бо тавлидоти нохолиси дохилӣ дар Лесуту 27 дарсад, дар Мулдовӣ 23 дарсад, дар Непол 22 дарсад ва дар Сомуо 21 дарсад арзёбӣ шудааст.

Ба ин тартиб, аз қаламрави Шӯравии собиқ Тоҷикистон, Қирғизистон ва Мулдовӣ аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки пешрафти иқтисоди онҳо беш аз дигарон дар гарави сармояи интиқолии муҳоҷирон аст.

Аммо дар ин миён Тоҷикистон ба сармояи муҳоҷирон беш аз ҳар кишвари дигаре муҳтоҷ аст ва бархе аз коршиносон ин амрро барои иқтисоди ин кишвар бисёр хатарнок арзёбӣ мекунанд.

Ҳанс Тиммер, масъули умури ояндабинии Бонки Ҷаҳонӣ, дар ҷараёни муъаррифии ин гузориш гуфтааст: "Бо вуҷуди он ки рушди кунди иқтисоди ҷаҳонӣ дар вазъи муҳоҷирон асароти манфӣ мегузорад, вале мизони сармояи интиқолии онҳо дар сатҳи қобили таваҷҷӯҳе боқӣ мондааст. Сармояи интиқолии муҳоҷирон на танҳо кумаке барои хонаводаҳои фақири онҳо, балки маншаъи аслии саботи арзи хориҷӣ дар бисёре аз кишварҳои фақири ҷаҳон аст."

Тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, интизор меравад дар соли ҷорӣ кишварҳои дар ҳоли тавсеъа аз хориҷ беш аз 406 милёрд дулор ба унвони сармояи интиқолии муҳоҷирон дарёфт кунанд, ки ин рақам дар муқоиса бо соли гузашта 6,5 дар сад афзоишро нишон медиҳад.

Коршиносони ин бонк ҳамчунин ҷараёни интиқоли сармояи муҳоҷирон дар ҷаҳонро пешбинӣ кардаанд. Тибқи ин пешбинӣ, то соли 2015 мизони интиқоли сармояи муҳоҷирон ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба беш аз 685 милёрд дулор хоҳад расид.

Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ омадааст, ки дар соли 2012 мизони бештари сармоя аз муҳоҷирон ба Ҳинд ворид шуда ва ин маблағ 70 милёрд дулорро ташкил додааст.

Давлат Усмон

Оқои Усмон гуфт, ки пеш аз ҳама барои оғоз кардани тиҷорати хурду миёна, роҳро барои фаъъолиятҳои соҳибкорон осон кардан зарурист

Чин бо 66 милёрд дулор дар ҷойгоҳи дувум, Филиппин ва Мекзик бо 24 милёрд дулор дар ҷойи севум ва Ниҷерия бо 21 милёрд дулор дар радаи чаҳорум қарор гирифтаанд.

Бар асоси гузоришҳои расмӣ, дар Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ беш аз як милюн муҳоҷири кории тоҷик фаъъолият мекунанд, ки ағлаби онҳо ҳамасола сармояи зарурӣ барои таъмини рӯзгори хонаводаҳоро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

Дар соли 2011 муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 2,7 милёрд дулор пул интиқол додаанд.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки ин маболиғ барои тавсеъаи иқтисоди дохилии Тоҷикистон чи андоза судовар аст? Давлат Усмон, коршинос дар умури иқтисодӣ, мегӯяд то замоне, ки аз маболағи интиқолии муҳоҷирон истифодаи муассир нашавад, яъне аз ин сармоя барои тавсеъаи тиҷорат истифода нашавад, дар мавриди судовар будани он сухан гуфтан мушкил аст.

Оқои Усмон бо ишора ба бисёре аз кишварҳои дар гузашта фақир мегӯяд, ки маҳз сармояи интиқолии муҳоҷирони он кишварҳо аз хориҷ ва истифодаи моҳирона аз он ба рушди иқтисод ва иҷтимоъи ин кишварҳо, аз ҷумла Банглодеш, Филипин, Молезӣ ва амсоли онҳо кумаки назаррасе кардааст.

Вай афзуд: "Мутаассифона, дар Тоҷикистон ҳамаи он сармоя, яъне наздики се милёрд дулоре, ки ба кишвар ворид мешавад, боз ба берун аз кишвар, яъне ба Эрон, Узбакистон, Чин ва кишварҳои дигар меравад. Зеро дар Тоҷикистон ҳатто аксари маводди ғизоиро, ки дар даврони Шӯравӣ мо тавлидкунандаи он будем, аз берун ба ин кишвар ворид мекунем. Агар ин омил бартараф нашавад, ин падида мушкилзо барои кишвар мешавад."

Оқои Усмон мегӯяд, ки бо фароҳам кардани шароити муносиб барои соҳибкорӣ ва тиҷорати хурд дар Тоҷикистон, давлат метавонад тавлидоти маҳсулотро дар дохил тақвият кунад.

Ин коршиноси масоили иқтисодӣ афзуд: "Пеш аз ҳама, барои оғоз кардани тиҷорати хурду миёна то ҳадди аксар роҳро осон кардан зарурист. Ҳукумат бояд барои ин барномаи муфассале омода кунад ва афроди дарвоқеъ боистеъдодро барои ҷоннок (тақвият) кардани ин барнома ҷалб кунад."

Аз сӯйи дигар, бисёре аз соҳибкорон ва тоҷироне, ки дар Тоҷикистон ахиран фаъъолиятҳояшонро роҳандозӣ кардаанд, аз боло будани мизони молиёти давлатӣ, сатҳи баланди мизони баҳраи бидеҳиҳо дар бонкҳо ва эҷоди мавонеъ аз сӯйи масъулони ниҳодҳои мухталифи давлатӣ дар заминаи соҳибкорӣ ва тиҷорат шикоят мекунанд.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.