“Ҳанӯз зуболаҳои родиюоктив хатарзо ҳастанд”

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 20 Ноябр соли 2012 - 13:24
Ҳамоиш

Дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе роҳҳои амнсозии зуболаҳои родиюоктив ва ҳастаӣ баррасӣ шуд

То ҳол зуболаҳои родиюоктив дар манотиқи шимоли Тоҷикистон дар фазои боз ва нимабоз воқеъ буда ва барои сокинон ва муҳити зист хатар эҷод мекунанд.

Ӯлмас Мирсаидов, мудири Ожонси амнияти ҳастаӣ ва родиюоктиви Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон гуфт, ин кишвар дар заминаи амнсозии 55 милюн тун зуболаи родиюоктив ба кумаки Ожонси байналмилалии энержии атумӣ ё МАГАТЭ, Созмони ҳамкориҳои иқтисодии УруОсиё ва кишварҳои кумакрасони хориҷӣ ниёз дорад.

Оқои Мирсаидов, ки рӯзи сешанбеи 20 ноябр, дар ҳамоиши байналмилалии “Мероси урониюми Иттиҳоди Шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ: Мушкилот ва ҳалли он” дар шаҳри Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, тавассути мусоидати молии созмонҳои байналмилалӣ ва бо истифода аз таҷрубаи Русия дар заминаи амнсозии зуболаҳои родиюоктив мушкили амнсозии маводди родиюоктиви Тоҷикистонро ҳалл кардан мумкин аст.

Зимнан, ин ҳамоиш ба ибтикори Ожонси амнияти ҳастаӣ ва родиюоктиви Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон, Маркази байналмилалии илмию фаннии Маскав ва Ожонси дифоъ аз ташъшуъи родиюоктиви Нурвеж (Норвегия) баргузор шуда ва дар кори он донишмандон аз Русия, Укройн, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.

Ба гуфтаи ӯ, аз замони узвияти Тоҷикистон дар Ожонси байналмилалии энержии атумӣ (МАГАТЭ" дар соли 2001 то ба ҳол ин ниҳоди байналмилалӣ ба Тоҷикистон ба миқдори 5 милюн дулор таҷҳизоти фаннӣ кумак кардааст.

Ҳамчунин, Ожонси байналмилалии энержии атумӣ дар Тоҷикистон Маркази онкологиро бозсозӣ карда, дар шаҳри Душанбе Маркази тибби ҳастаӣ таъсис кардаст. Дар таъсиси озмоишгоҳ барои назорат (мониторинг) дар корхонаи “Востокредмет” дар шимоли Тоҷикистон ва озмоишгоҳ барои таъмини амнияти ғизоӣ дар Вазорати беҳдошти Тоҷикистон кумак кардааст.

Донишмандони қирғиз гуфтанд, дар даврони шӯравии пешин партовҳои урониюми истифодашуда ба Тоҷикистон ва Қирғизистон мунтақил шуда, пас аз фурӯпошии шӯравӣ ин ду кишвар дар роҳи амнсозии зуболаҳои родиюоктив ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ шудаанд.

Зеро ба гуфтаи онҳо, амалиёти амнсозии маводди ҳастаӣ ва родиюоктив гарону пурҳазина буда ва ин ду кишвари фақири Осиёи Марказӣ ба танҳоӣ имкони ҳалли ин мушкилро надоранд.

Мирсаидов

Оқои Мирсаидов гуфт, Тоҷикистон дар заминаи амнсозии 55 милюн тун зуболаи родиюоктив ба кумаки хориҷӣ ниёз дорад

Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодии УруОсиё тасмим гирифтааст, дар соли оянда барои амнсозии зуболаҳои родиюоктив ба Тоҷикистону Қирғизистон ба миқдори 40 милюн дулор ҳазина тахсис диҳад.

Ӯлмас Мирсаидов, мудири Ожонси амнияти ҳастаӣ ва родиюоктиви Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон гуфт, дар марҳилаи аввал бояд партовгоҳҳои маводди родиюоктив дар манотиқи Деҳмой ва Истиқлол (шаҳри Табошари пешин) дар ҳолати боз воқеъ аст, корҳои амнсозӣ анҷом шавад.

Ба гуфтаи оқои Мирсаидов, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ болои ин партовгоҳҳо бояд бо 6 қабат хок пӯшонда шавад, ки барои иҷрои ин кор ҳаддиақал 55 милюн дулор лозим аст.

Ҳамзамон, ӯ сару садоҳо дар бораи имкони қочоқи маводди ҳастаӣ аз партовгоҳҳои Тоҷикистонро бепоя хонда ва гуфт, ки зуболаҳои родиюоктиви ин кишвар дар таркиби худ урониюм надоранд.

Аммо имкони аз Марокизи тиббӣ барои ташхиси саратон ё амрози дигар рабуда шудани маводди ҳастаӣ вуҷуд дошта, аз ин лиҳоз ин марокиз шадидан муроқибат мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи манобеъи Ожонси амнияти ҳастаӣ ва родиюоктиви Тоҷикистон, дар солҳои 2006, 2007 ва 2010 Кумитаи амнияти миллии ин кишвар дар ҳамкорӣ бо ин ожонс аз се мавриди қочоқи маводди ҳастаӣ ва родиюоктив ҷилавгирӣ кардааст.

Маълум нест, ки маводди ҳастаӣ аз Тоҷикистон қочоқ шуда ё аз тариқи ин кишвар ба таври тронзит интиқол шудааст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.