Бозсозии Қасри Арбоб дар вилояти Суғд

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 16 Ноябр соли 2012 - 12:16

Ба муносибати таҷлил аз 20-умин солгарди иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоб, дар наздикии шаҳри Хуҷанд баргузор шуда буд, ин қаср дубора тармиму навсозӣ шудааст. Қарор аст рӯзи душанбе, 19 ноябр бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар иҷлосияи бист соли пеши порлумон дар Кохи Арбоб ба қудрати сиёсӣ расида буд, ҷаласаи бошукуҳе баргузор шавад. Хабарнигорамон Суҳроби Зиё, ки ахиран ба Хуҷанд сафар карда буд, саре ба Кохи Арбоб ҳам зада ва ин аксҳоро гирифтааст.

  • Бозсозии Қасри Арбоб дар вилояти Суғд ба пешорӯи ҷашни солгарди иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон.
  • Барои тармиму бозсозии Қасри Арбоб ҳукумати вилояти Суғд беш аз 10 милюн сомонӣ масраф кардааст.
  • Сохтмони Қасри Арбобро соли 1951 Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, раиси вақти муҷтмаъи кишоварзии ба номи Карл Маркси вилояти Ленинобод оғоз намуда, дар соли 1957 ба итмом расонд.
  • Фаввораҳо мудернтар шуданд ва дар дохили об чароғҳои ранга насб шудаанд, ки имкони фаъолияти шабонарӯзӣ доранд.
  • Моҳи ноябри соли 1992 дар ин қаср иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор шуд.
  • Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ба ҳангоми нишондани ниҳол дар муҳавватаи Қасри Арбоб.
  • Қасри фарҳанги Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз дар замони шӯравӣ ҳамчун намунаи камназири меъморӣ ва ҳунари сохтмонсозӣ дар Тоҷикистон шинохта мешуд
  • Чойхонаи ҷадиде, ки имкони гунҷоиши ҳамзамони 1200 нафарро дорад, дар канори Қасри Арбоб бунёд гардидааст.
  • Ин чойхона ба андозаи 75 бар 54 метр бунёд шудааст, ки дорои толори нишеман, толори пазироии меҳмонон, толори ҷашну маҳофил мебошад.
  • Дар сохтмони ин чойхона аз ҳунари меъмории қадимии кандакорӣ дар чӯб ва гачкорӣ фаровон истифода шудааст.
  • Қасри Арбоб ба кохи маъруфи Петергофи шаҳри Санкт- Петербурги Русия шабоҳат дорад. Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев баъд аз дидани кохи Петергоф дар Питербург тасмим мегирад ин қасрро бунёд кунад.
  • Шоҳидон мегӯянд, ки баъди ба итмом расидани сохтмони ин қаср дар соли 1957 он давоми 55 сол бидуни тармим мавриди истифода будааст.
  • Он замон беҳтарин устоҳои ин минтақа дар сохтмони ин қаср ширкат доштанд.
  • Тармиму бозсозии ин қаср тирамоҳи соли 2011 оғоз шуда ва дар моҳи ҷорӣ ба анҷом расид.
  • Оромгоҳи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар канори Қасри Арбоб воқеъ аст.
  • Пайкараи Саидхоҷа Ӯрунхӯҷаев
  • Давлати ҷадиди Тоҷикистон, ки дар ин иҷлосия ба раҳбарии Эомалӣ Раҳмон зимоми умурро ба даст гирифт, онро барои кишвар сарнавиштсоз медонад.

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.