Тавсаъаи ҳузури иқтисодии Чин дар Тоҷикистон

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 08 Ноябр соли 2012 - 13:18

Дар зарфи даҳ соли ахир Чин ба вомдиҳандаи бузург ва аз шарикони аслии иқтисодии Тоҷикистон мубаддал шудааст. Дар зарфи 7 соли ахир табодули коло миёни ин ду кишвар 100 баробар афзоиш ёфта ва дар соли гузашта 1 милёрду 750 милюн дулорро ташкил додааст. Ҳамкорамон Зеваршоҳи Муҳаммад олбуми аксеро таҳия кардааст, ки бо тасвир аз нуфузи иқтисодии Чин ҳикоят мекунад.

  • Сармоягузории Чин дар тарҳҳои мухталифи Тоҷикистон аз бунёди роҳҳову тунелҳо гирифта то тарҳҳои энержӣ беш аз 1,5 миллиёрд дулор арзёбӣ мешавад.
  • Ҳаҷми табодули коло ва мавод миёни ин ду кишвар дар даҳ соли ахир сад маротиба афзоиш ёфта ва беш аз 2 миллиёрд дулорро ташкил медиҳад.
  • Ҳоло дар Тоҷикистон ширкатҳои чинӣ муштаракан бо кишварҳои тоҷикӣ беш аз 50 лоиҳаи бузургро рӯи даст доранд.
  • Баҳори соли ҷорӣ яке аз ширкатҳои чинӣ тарҳи бозсозии роҳи Душанбе - Турсундозда, ноҳияи ҳаммарз бо Ӯзбакистонро оғоз кард.
  • Ин роҳи утумубилгарди Душанбе - Роғун бо сармояи чинӣ сохта шудааст.
  • Тунели "Шаҳристон" дар шимоли Тоҷикистон тӯлонитарин тунелест, ки Чин дар хориҷ аз кишвари худ сохтааст.
  • Сохтмони ин тунели беш панҷ килуметрӣ соли 2006 тавассути ширкати чинии "Чайна роуд" оғоз шуда ва дар соли ҷорӣ ба истифода дода шуд.
  • Ширкати Талко ва CNBM, ширкати сохтмонии Чин дар ноҳияи Шаҳритус корхонаи муштараки тавлиди семон месозанд.
  • Бо вуҷуди боло будани мизони табодули коло миёни ду кишвар, Чин ҳамасола дар Тоҷикистон намоишгоҳҳои тавлидоти ширкатҳои худро баргузор мекунад.
  • Тоҷикистон бештар бо навоҳии мухтори Синҷону Уйғури Чин ҳамкории иқтисодӣ барқарор кардааст.
  • Фаъолияти ширкати муштараки чинию тоҷикии "ТК Мобайл" дар қаламрави Тоҷикистон аз авосити соли 2004 шурӯъ шуд.
  • Теъдоди муштариёни ин ширкат беш аз 400 ҳазорро ташкил медиҳад.
  • Телефунҳои мубилии арзони чинӣ бозорҳои Тоҷикистонро фаро гирифтаанд.
  • Чин севвумин кишвари умдаи воридкунандаи коло ба Тоҷикистон аст.
  • Ин бозор дар шаҳри Душанбе дар миёни сокинон ба унвони "Хитойбозор" машҳур аст.
  • Афзоиши теъдоди тоҷирони чинӣ дар Тоҷикистон мояи нигаронии бархе аз бозаргонҳои маҳаллӣ шудааст
  • Дар ин бозор зарфу лавозимоти рӯзгори плостикӣ, либос ва матоъи сохти чинӣ ба фурӯш мерасад.
  • Бархе аз фурӯшандагони чинии "Хитойбозор" барои муошират бо харидоронашон забони тоҷикӣ омӯхтаанд.
  • Дар канори "Хитойбозор" корхонаи кучаки чинӣ барои тавлиди дару тирезаҳои полостикӣ фаъъолият мекунад.
  • Тамоми маҳсулоти ин корхона аз Чин вориди Тоҷикистон мешавад.
  • Бархе аз чиниҳо дар гӯшае аз ин бозор барои рахти хоб (тушак) (матратс) месозанд ва ба фурӯш мерасонанд.
  • Аксари кормандони ин корхонаи кучак чинӣ ҳастанд.
  • Аммо бархе аз занони тоҷик низ дар ин корхона бо кор таъмин шудаанд.
  • Бо афзоиши ҷамъияти чиниҳо дар Тоҷикистон теъдоди рестуронҳои чинӣ низ дар шаҳри Душанбе зиёд шуда.
  • Ин корхонаи тавлиди хишт, воқеъ дар ҳумаи шаҳри Душанбе низ чинӣ аст.
  • Муштариёни ин корхона мегӯянд, ки дар ин ҷо хишт бо қимати арзонтар ба фурӯш меравад.
  • Лию Чун, корманди корхонаи тавлиди хишт ду сол аст, ки дар Тоҷикистон ба сар мебарад.
  • Аксари кормандони ин корхона шаҳрвандони Чин ҳастанд.
  • Онҳо мегӯянд, корхона бо оғози фасли сармо ва реҷабандии барқ то авоили моҳи март таътил мешавад.
  • Ҳоло сокинони шаҳри Душанбе ба дидани овезаҳое бо навиштаҷоти чинӣ одат доранд.
  • Ҳоло дар бозори арзи Тоҷикистон юани чинӣ низ ба фурӯш меравад.

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.