
"Шояд кордиҳанда дар бораи даромади воқеъии ширкат барои он дурӯғ мегӯяд, ки молиёти муқарраршуда хеле болост"
Бо ба таълиқ даромадани иҷрои муқаррароти ҷадиди қонуни молиёти Тоҷикистон дар мавриди баъзе созмонҳо, танҳо бахше аз мушкилоти кордиҳандагон бо ин муқаррарот ҳал шудааст.
Ин иддаъоро маркази мавсум ба "Бозори озоди Тоҷикистон" дар вокуниш ба эъломи мораториум ё таълиқ дар иҷрои бандҳои нави қонуни молиёт дар мавриди бархе аз созмонҳо ва бархе аз анвоъи иштиғол матраҳ кардааст.
Тибқи муқаррароти ҷадиди Қонуни молиёти Тоҷикистон, ки дар тобистони соли гузашта қабул шуд, молиёт аз даромади ҳар корманд бояд ҳаддиақал аз мизони моҳонаи мутавассит дар Тоҷикистон ҳисоб шавад.
Муассисаву корхонаҳо водор шудаанд, ки ҳангоми супоридани молиёт аз даромади он даста аз кормандони худ, ки маъоши ҳадди ақал дарёфт мекунанд, молиёт аз даромади моҳонаи мутавасситро ҳисоб кунанд, яъне дар амал, "молиёт аз даромади набударо" бисупоранд.
Барои мисол, агар моҳонаи як корманд 100 сомонӣ бошад ҳам, кордиҳанда молиётро на аз 100 сомонӣ, балки аз мизони моҳонаи мутавассит дар Тоҷикистон, яъне аз 527 сомонӣ, бояд ҳисоб ва пардохт кунад.
Аммо ахиран давлат бо ирсоли номае ба Кумитаи молиёт иҷрои ин муқарраротро дар мавриди чанд мақула ба таълиқ даровардааст:
- Дар мавриди созмонҳои ҷамъиятӣ, хайрия ва давлатӣ, ки ҳадафашон тиҷорат нест,
- Дар мавриди кормандони кумаккунанда (фаррош, ронанда, боғбон, нигаҳбон), ки фаъолияти онҳо дар даромаднокии корхона таъсир намегузорад,
- Дар мавриди корхонаву муасисаҳое, ки муваққатан фаъолияти худро қатъ кардаанд (ба ҷуз раис ё ҳисобдор),
- Дар мавриди кормандоне, ки бо муқаррароти рӯзи кории нопурра фаъолият мекунанд,
- Дар мавриди кормандоне, ки фаъолияташон мавсимӣ аст (дар марҳилаи бекорӣ).
Аммо ба бовари коршиносони маркази ғайридавлатии Бозори озоди Тоҷикистон, ҳарчанд ин мораториюми нисбӣ бархе аз мушкилоти ҷиддии мавҷуд дар ислоҳоти ворида ба қонуни молиёти Тоҷикистонро бартараф мекунад, аммо дар маҷмӯъ, усули ҷамъоварии молиёт, бар асоси моҳонаи мутавассит барои корхонаву муассисоти тиҷорӣ, бахусус, дар барои бахши хусусӣ, мушкилзо будааст.

Константин Бондаренко мегӯяд, давлат бояд таҳқиқ кунад, ки чаро ширкатҳо аз пардохти молиёт сарпечӣ мекунанд, шояд мушкил дар воқеъан хеле боло будани молиёт аст?
Константин Бондаренко, раиси ин марказ, дар ин бора мегӯяд: "Қонуни феълӣ дар бораи ситонидани молиёт аз даромади кормандон бар асоси моҳонаи мутавассит дар ҳар минтақа барои он қабул шуд, ки кумитаи молиёт мехоҳад бо пинҳон доштани даромадҳо ва сарпечӣ аз пардохти молиёт аз даромади воқеъӣ мубориза кунад. Аммо на ҳама дар бораи даромад фиреб мекунанд ва ин қонун бахусус дар мавриди бахши хусусӣ хеле табъизомез аст."
Вай гуфт, ки муқаррароти нави ҳисоб ва ситонидани молиёт аксари кордиҳандагонро водор ба ин карда, ки агар шумори кормандони худро кам накунанд, ҳаддиақал ҷойи нави корӣ таъсис надиҳанд.
Аз сӯйи дигар, ба ақидаи оқои Бондаренко, агар давлат мехоҳад бо сарпечӣ аз супоридани молиёт мубориза кунад, бояд омӯзад, ки чаро бархеҳо ин корро мекунанд.
Вай мегӯяд: "Агар як кордиҳанда дар бораи даромади воқеъии ширкат ва ё кормандонаш дурӯғ мегӯяд, ин ба хотири он нест, ки вай бемории қонуншиканӣ дорад, балки шояд молиёт дарвоқеъ хеле баланд ва барои ширкат зараровар бошад."
Дар ҳамин ҳол, Бозори озоди Тоҷикистон ба кумитаи молиёт пешниҳод кардааст, ки молиётро на бар асоси моҳонаи мутавассит, балки бо дарназардошти даромади ҳар ширкат дар тӯли як соли гузашта биситонад.
Кумитаи молиёт мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир кор барои беҳтар сохтани қонун дар бораи молиёт идома дорад, ва гуфтааст, ки пешниҳоди ин созмони ғайридавлатиро дар ин замина дар назар хоҳад гирифт.
Иҷрои қонуни молиёт бо шеваи нав дар мавриди бахше аз анвоъи иштиғол ва дар мавриди созмонҳои ғайритиҷоратӣ дар ҳоле ба таълиқ даромада, ки иддае аз тоҷирон ва коршиносон аз тағйироти ворида ба ин қонун дар соли гузашта башиддат интиқод кардаанд.
Ба гуфтаи коршиносон, ин гуна меъёр барои ситонидани молиёт аз даромад дар таҷрубаи байналмилалӣ банудрат мушоҳида шудааст.
Зимнан ислоҳоти мушобеҳ дар Қонуни молиёти Укройн дар соли гузашта роҳпаймоии эътирозии даҳҳо ҳазор сокини он кишварро ба дунбол дошта ва раиси ҷумҳури ин кишвар аз тасвиби он худдорӣ кардааст.
















