Сешанбе, 29 Март соли 2011 - 08:15

Осиёи Миёна

Ҳушдор аз камбуди захоири об дар Тоҷикистон

Кӯҳистон

Камбуди захоири барф дар кӯҳистони Тоҷикистон ба вазъи кишоварзӣ дар минтақа таъсир хоҳад гузошт

Тибқи таҳқиқоти масъулони Ожонсии ҳавошиносии Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ дар манотиқи кӯҳистонии ин кишвар захоири барф то 35дарсад камтар аз меъёр аст.

Онҳо мегӯянд ин амр ба камобӣ дар рӯдхонаҳои Тоҷикистон мунҷар шуда ва ҳамин тур ба вазъи танзими захоири оби кишварҳои минтақа таъсир хоҳад гузошт.

Ба ин далел, давлати Тоҷикистон ба ниҳодҳои зирабт дар бораи зарурати сарфаҷӯӣ дар истифода аз об дар кишвар ҳушдор додааст.

Саидаҳмад Дӯстов, муъовини раиси Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран ин ниҳод дар ҳамроҳӣ бо коршиносони Кумитаи умури изтирорӣ ва ширкати “Барқи тоҷик” тавассути чархбол захоири барф дар бархе аз манотиқи балдандкӯҳи ин кишварро таҳқиқ кардаанд.

Ба гуфтаи вай, коршиносон ба захоири барф дар кӯҳистони атрофи рӯдхонаҳои Хингоб, Қизилсу ва Ёхсу таваҷҷӯҳи бештар кардаанд. Зеро, вуҷуди захоири кофии об дар ин манотиқ барои вазъи объёрӣ ва тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон аҳамияти бештар дорад.

Оқои Дӯстов афзуд, ки таҳқиқоти коршиносон собит сохт, ки дар баландкӯҳҳои ин минтақа захоири барф дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта то 35 дарсад камтар аст.

Вай афзуд: “Гузашта аз ин, мушшхас шуд, ки зичӣ ё суфтии барф ва намии он низ дар муқоиса бо соли қабл ба таври қобили мулоҳиза камтар аст.”

Ин масъули Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, ки худ низ аз ин манотиқ дидан кардааст, мегӯяд, ки дар моҳи декабри соли гузашта ва январи имсол бориши барф дар ин манотиқ тақрибан мушоҳида нашуд ва ин амр ба коҳиши қобили мулоҳизаи захоири барф ва намӣ дар кӯҳистон мунҷар шудааст.

Коршиносон ҳамчунин мизони захоири барф дар кӯҳистони Бадахшон ва водии Зарафшонро таҳқиқ кардаанд, ки маҷрои рӯдхонаҳои Ому ва Зарафшон, ду рӯдхонаи бузурги Осиёи Марказӣ аз онҳо сарчашма мегиранд.

Ба гуфтаи оқои Дӯстов, мизони захоири барф дар ин ду минтақаи кӯҳистонии Тоҷикистон ба гунаи соли гузашта аст, вале коршиносон мушшахас кардаанд, ки намии ин захоир ба сурати назаррас коҳиш ёфтааст.

Саидаҳмад Дӯстов хабар дод, ки натоиҷи ин таҳқиқот ба давлати Тоҷикистон ироа шуда ва ҳукумати кишвар бар асоси ин омор ба ниҳодҳои зидахл дар бораи “сарфакорӣ дар истифода аз об дастур додааст.”

Дар ҳамин ҳол, Георгий Кошлаков, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, ки дар пайи коҳиши мизони оби рӯдхонаҳои аслии Тоҷикистон дар тобистони соли ҷорӣ камбуди об дар дохили кишвар ва кишварҳои поёноб эҳсос хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вай, коҳиши 35 дарсадии захоири барф ва ҳамин тур захоири об ҳатто барои Тоҷикистон низ, бавижа дар вилояти Хатлон, ки дар он кишоварзон умдатан аз оби рӯдхонаи Вахш истифода мекунанд, маҳсус хоҳад буд.

Зеро, ба гуфтаи вай, дар фасли тобистон имконоти кишоварзони тоҷик барои обёрии мазореъ маҳдуд мешавад.

Вай гуфт, ки дар замони шӯравӣ дар сурати таҳдиди камобӣ ниҳодҳои давлатӣ аз баҳор дар обанборҳои муваққатӣ ҳатто оби боронро ҷамъ мекарданд, чоҳҳои нави об мекофтанд ва ба ин далел “ҳушдори давлатро барои сарфаи об амри дуруст медонам.”

Оқои Кошлаков мегӯяд, ки коҳиши оби рӯдхонаҳои Тоҷикистон ба кишоварзони кишварҳои поёноб низ таъсир хоҳад гузошт. Ба ақидаи вай, “ин мушкилро боз ҳам бештар кишоварзон эҳсос хоҳанд кард.” Зеро, тибқи омори расмӣ беш аз панҷоҳ дарсади захоири оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҳифз мешавад.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони арсаи энержӣ мегӯянд, ки ширкати “Барқи тоҷик” низ барои пур кардани обанбори нерӯгоҳи Норак - тавлидкунандаи аслии нерӯи барқ дар Тоҷикистон, бо мушкилоте рӯбарӯ хоҳад шуд.

Вале, ба гуфтаи онҳо, дар сурати гармои баланд дар тобистони имсол обшавии беш аз ҳадди маъмули яхчолҳои табиъӣ имконпазир мешавад, ки барои боло бурдани мизони оби рӯдхонаи Вахш ва сойири рӯдхонаҳои кишвар мусоъидат мекунад.

Бозгашт ба сафҳаи аслӣ: www.bbctajik.com

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.