Ба рӯз шуда:  Шанбе, 19 Март соли 2011 - 12:48

Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 18 март

Бо саломҳои гарму самимона ва саршор аз меҳру муҳаббат ҳузури шумо алоқамандони барномаи тафреҳии тоҷикӣ!

Хуш омадед ба барномаи худатон!

Дар барномаи ин ҳафта ин матолибро дорем:

Нахустнамоиши шаш филми ҷадид дар Кохи “Ҷомӣ”

Омодагиҳо ба таҷлил аз Наврӯз дар Тоҷикистон

Гуруҳи рақсии “Тhe moving architects” дар Тоҷикистон.

Нахустнамоиш аз истудиёи “МК”

Шаш филми ҳунарии истудиёи хусусии “МК”

Аз 11-ум то 16 – уми март дар кохи Ҷомии шаҳри Душанбе нахустнамоиши шаш филми ҳунарии истудиёи хусусии “МК” – баргирифта аз Маҳмадраҳим Каримов баргузор шуд.

Дар ин ҷо “Худкуш”-и коргардон Рустам Шоазимов, “Шумқадам”-и коргардон Ҳалим Сангин, “Бигзор ҳамаи ин хоб бошад” аз коргардон Гуландом Муҳаббатова ва Далер Раҳматов, “Арӯси хаппак” аз Ҳалим Сангинов , “Мутақарнай” аз Рустам Шоазимов , ва филми “Гули санг”-и коргардон Маҳмадраҳим Каримов ва Ҳалим Сангин ба намоиш гузошта шуданд.

Баъд аз нахустнамоиши филмҳои “Мутақарнай” ва “Худкуш” бо коргардон Рустам Шоазимов, ва Раҳмоналӣ Мирализода, муаллифи филмномаи “Мутақарнай” сӯҳбате доштем.

Маҳмадраҳим Каримов

Рустам Шоазимов мегӯяд “Дар ин шаш руз, ки дар кохи “Ҷомӣ” филмҳо ба намоиш гузошта шуд, тамошочиёни зиёде аз филмҳо дидан карданд ва то ҷое, ки ман фаҳмидам, аз ин филмҳо хушашон омадаст.

Рустам Шоазимов

Ба суоли ман, ки оё ин филмҳо метавонанд бо филмҳое, ки имрӯз бозори синамои Тоҷикистонро фаро гирифтаанд, рақобат кунанд, оқои Шоазим гуфт: “Бинандаи имрӯзро хеле душвор аст ба ҳайрат оварӣ.”

“Аз ин рӯ бояд зиёд меҳнат кунем ва қабл аз он, ки ба наворбардории филм шурӯъ бикунем бояд зиёд биомӯзем.

саҳнае аз филми  "Худкуш"

Филми “Худкуш”-и Шоазимов, дар мавзӯъи ҳифзи табиъат аст ва ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба масоили зистмуҳитӣ будааст. Филми дигари ӯ дар жонри кумедӣ таҳия шудааст.

Раҳмоналӣ Мирализода

Раҳмоналӣ Мирализода мегӯяд: “Паёми аслии мо аз нахустнамоиш он буд, ки барои бинандаи тоҷик бигӯем ки студиёи “МК” қодир аст филмҳои хуб ва диданӣ ва дорои мавзӯъоти замонавӣ тавлид кунад.”

Филми "Худкуш"

Ба суоли ман, ки баъди нахустнамоиш қисмати ин филмҳо чи хоҳад шуд, оқои Мирализода гуфт: “Албатта мехостем, дар чанд шаҳру навоҳии дигар низ ин филмҳоро ба намоиш гузорем ва дар баробари он Ди Ви Ди-ҳои филмҳоро ба бозор арза кунем ва муҳимтар аз ҳама тавониста бошем, ки онҳоро ба ҷашнвораҳои синамо пешниҳод кунем.”

Гурӯҳи рақсии “the moving architects” дар Душанбе

Шоми рӯзи 16-уми март дар толори теотри русии ба номи Маяковскии шаҳри Душанбе гурӯҳи “the moving architects”, гурӯҳи рақсии “Падида” ва гурӯҳи рақсии “West” аз донишкадаи тоҷикӣ словянӣ барномаи муштарак иҷро карданд.

гурӯҳи  “the moving architects"

Шаш нафар ҷавондухтарон аз гурӯҳи “the moving architects” бо кӯмаки сафорати Омрико дар Тоҷикистон аз иёлати Чикаго ба Тоҷикистон омадаанд. Дар ҳафт рӯзе, ки ин гурӯҳ дар Тоҷикистон ҳастанд, онҳо аз Кӯлоби вилояти Хатлон ва чанд навоҳии вилояти Суғд дидан карданд ва бо донишҷӯёну толибилмони мадориси мусиқӣ давраҳои омӯзиши баргузор карданд.

“Эҳсос мекунам, ҳар чизе мо то ҳоло дар Тоҷикистон дидем, яъне меъморӣ, одамон, либоси онҳо ва таҷрибае ки бо кӯдакон дар инҷо доштем, ҳамаи ин дар сабки рақси мо таъсири худро мерасонад.”

“Ончи ба назари ман рақси ин гуруҳҳоро наздик месозад, қудрати занон аст, ки дар рақси онҳо эҳсос мешавад. Онҳо хеле зебо мерақсанд ва ман мутмаъинам, ки ҳамаи ин бардоштҳоям тавассути рақс баён хоҳад шуд.”

Шерзод Абдуҷабборов, корманди бахши робита бо ҷомеъаи сафорати Омрико дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мо гуфт: “Гурӯҳи “the moving architects” дар давоми як рӯз бо гуруҳҳои рақсӣ аз Тоҷикистон машқ карданд ва ин барномаро омода карданд ”

Қарор аст акнун гурӯҳи “the moving architects” ба Қирғизистон сафар кунанд ва дар чанд шаҳри ин кишвар барномаҳоеро иҷро кунанд.

Омодагиҳо ба Наврӯз

Наврӯз дар роҳ аст, бо кулборе аз орзӯҳои тоза ва бо гомҳои сабзи рӯишу шукуфоӣ, ки то чанд рӯзи дигар ба сарзамини зебои Тоҷикон хоҳад расид.

Аммо аз чанд рӯз қабл ба истиқболи ин олиҳаи зебои сол, дар гӯшаву канори кишвар барномаҳои ҷолиби идона барпо мешаванд.

Донишҷӯёни Донишкадаи Иқтисодии Тоҷикистон барномаи ҷолиберо омода кардаанд аз шеъру суруд ва саҳнаҳои теотрӣ ва озмунҳову мусобиқоти варзишӣ.

Лутфия Эшонҷонова, муъовини раиси донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон гуфт, ҳамаи ҷашвораҳо дар донишкадаи иқтисодӣ ҷолибу рангин таҷлил мешаванд, амммо ҷашни Наврӯз назокату таровати хоси худро дорад ва зеботару дилработар ҷашн гирифта мешавад.

Лутфия  Эшонҷонова

Вай гуфт: “Миёни чаҳор факултаи донишкада озмун эълон шуда, ки ҳар кадоме бояд аз рӯи шартҳои зерин барномаҳои идонаи худро таҳия кунанд:

Паёми наврӯзии Бобои деҳқон ва Арӯси сол,

Ороиши хони ҷашнии ҳафт син ва ҳат шин

Таҳияи Гӯшаи наврузӣ”

Ҳадафи аслии баргузории чунин барномаҳо, “боло бурдани ҳисси ватанпарастии ҷавонон ва огоҳӣ аз сунани қадимии мардумии тоҷик унвон шудааст.

Абдулло Шарифов, масъули баргузории барномаҳои фарҳангии ин донишкада аз омодагии донишҷуён ва барномаҳои таҳиянамудаи онҳо дар сӯҳбат бо мо гуфт:

“Ҳама кор бар дӯши ҳунармандон аст, касе ба беҳунар коре надорад. Мо лаёқатмандтарин ҷавонони донишкадаро гирди ҳам овардаем ва таҳияву иҷрои ин барнома низ бар дӯши онҳост.”

Бадахшон

Аммо дар манотиқи дигари кишвар низ омодагиҳо ба ҷашни Наврӯз аз муддатҳо қабл идома доранд, агарчи чодари сафеди барф ҳанӯз аз кӯҳу домони саҳро нафаромадааст.

наврӯз дар Бадахшон

Сӯҳроби Зиё дар вилояти Бадахшон бо Арамбегим Маҳтобшоева муъовини раиси вилояти Бадахшон сӯҳбате дошт, ки аз омодагиҳо ва баргузории ҷашни наврӯзи имсол дар ин минтақа ҳикоят кард.

Арамбегим Маҳтобшоева

Вай гуфт: “Дар арафаи ҷашни Наврӯз хатнасури 550 нафар кӯдакон аз хонаводаҳои камбизоъат ва тӯйи арӯсии 50 нафар ҷавонон баргузор мегардад.

Дар барномаҳои наврӯзӣ расму оин ва суннани навоҳии мухталифӣ Бадахшон аз ноҳияи Дарвозу Ванҷ то ноҳияи Мурғоб, ки дурафтодатарин мантақаи Бадахшон аст барномаҳои ҷудогона таҳия шудаанд.”

Маҳалли аслии ҷашни Наврӯз дар вилояти Бадахшон шаҳри Хоруғ буда, вале ҳар як ноҳия барномаҳои наврӯзии худро дорад.

Матолиби бештареро аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Тоҷикитон дар барномаи дигари тафреҳи хоҳем дошт, аммо инҷо расидем ба поёни матолиби барномаи тафреҳӣ ва аз ман Зеваршо, таҳиякунандаи барнома то ҳафтаи дигар падрууууууууууууууд!

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

барномаҳои қаблӣ

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.