Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 15 Март соли 2011 - 09:30

Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 11 март

Дуруд ва хуш омадед ба барномаи тафреҳии тоҷикӣ.

Барномаи тафреҳӣ бо ҷолибтарин хабару гузоришҳо ва оҳангу таронаҳои маҳбуб меҳмони кошонаи шумост.

Муҳтавои барномаи ин ҳафта аз ин қарор аст.

11 март, рӯзи матбуъоти тоҷик. Қаламкашон ва наҳваи ҷадиди хабарнигорӣ.

Таҷлил аз "Рӯзи модар" ва ё 8 март, назари сокинон ва меҳмонони пойтахт.

Аммо қисмати аслии барномаи ин ҳафтаро мусоҳиба ва таронаҳои ҷадиди Самад Ғанӣ, овозхони ҷавони тоҷик ба худаш ихтисос медиҳад.

8 - уми март, оё ин ҷашн ҳанӯз ҳам дӯстдоштанист?

Соли ҷорӣ кишварҳои ҷаҳон барои бори садум Рӯзи ҷаҳонии занро ҷашн мегиранд.

Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст “Ҳарчанд дар сад соли ахир дар роҳи дастёбии занон ба ҳуқуқи мусовӣ бо мардҳо дар ҷаҳон пешрафтҳои чашмгире мушоҳида мешавад, вале дар бештари кишварҳо занҳо то ҳол шаҳрвандони дараҷаи дуюм, маҳсуб мешаванд”.

Дар замони шуравӣ 8 - уми март дар Тоҷикистон яке аз чашнҳои дӯстдоштатарин маҳсуб мешуд аммо имрӯз чи? Оё ҳамоно мардум ин ҷашнро дӯст доранд? Ва оё мардҳо низ дар баробари занҳо аз 8 - уми март хушашон меояд? Бо ин ва боз чанд суоли дигар дар хиёбонҳои Душанбе музоҳими сокинону меҳмонони пойтахт шудем.

Мардҳо ва ҷавонписарон ҳангоми сӯҳбат бо мо аз таҷлили 8 -уми март истиқбол мекарданд ва мегуфтанд, ки дар ин рӯз барои модарон ва ҳамсарону духтаронашон таваҷҷӯҳи хосе мекунанд ва дар ин рӯз барояшон армуғон ва ё тӯҳфаҳо мегиранд. Танҳо қисмати андаки ҳамсӯҳбатони мо аз ҷумлаи мардҳо мегуфтанд, ки ин ҷашни боқимондаи замони шуравӣ будааст ва дигар ниёз ба таҷлил аз он намондааст.

Мардҳо натанҳо дар рӯзи 8 - уми март ба модарон ва ҳамсарони худ таваҷҷӯҳи хоссе дошта бошанд, балки ҳар рӯз бояд бо эшон меҳрубон бошанд, мегуфтанд, ин ҳамсӯҳбатони мо.

Бонувони тоҷик ва гулдухтароне, ки дар ин рӯз дар хиёбонҳои Душанбе бо онҳо сӯҳбат доштем ҳамагӣ аз будани чунин рӯз истиқбол мекарданд ва мегуфтанд, ки дар 8 - уми Март онҳо худро дарвоқеъ хушбахт эҳсос мекунанд, зеро аксари мардҳо бо муҳаббат ва табассум онҳоро табрик мегӯянд ва дар хонавода низ онҳо аз кори хона озод ҳастанд, дар ин рӯз. Аз ин рӯ онҳо намехоҳанд ин рӯзро аз онҳо бигиранд.

Самад Ғанӣ намехоҳад фарзандонаш овозхон шаванд

Ин ҳафта дар меҳмонии барномаи тафреҳии тоҷикӣ Самад Ғанӣ овозхони ҷавони тоҷик буд. Самад шаш сол қабл ба саҳнаи мусиқии попи тоҷик омад ва бо нахустин таронааш зери унвони “Ишқи ту доди худо” ба дили садҳо алоқаманди ҳунараш роҳ ёфт. То имрӯз Самад ду олбуми оҳангҳояшро ба бозор ироъа кардааст.

Самад Ғанӣ

Дар сӯҳбат бо мо Самад қиссаи он, ки чигуна падараш номи бобояш Самад Ғанӣ, нависандаи машҳури тоҷикро барояш интихоб кардааст бароямон гуфт: “Падарам бо амакам шарт мебанданд, ки ҳамсари кадоме аз бародарон аввал шуда писар таваллуд мекунад номи падарашонро ба ӯ мегузоранд. Ман дар нахустин мусобиқа дар зиндагии худ даст боло мешавам зеро аз писарамакам 3 рӯз муқаддамтар ба дунё омадам."

Соли 2008 Самад Ғанӣ ду барномаи консартӣ дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро иҷро мекунад, ки дар чанд соли охир баъд аз Далер Назар ва Парвин Юсуфӣ танҳо овозхоне буд, ки дар шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро барнома иҷрокардааст.

Самад Ғанӣ

Самад соли гузашта дар кохи "Борбад" дар шаҳри Душанбе дуввумин барномаи консертии худро барои алоқамандони ҳунараш баргузор кард ва ҳаводоронаш аз ин барнома гарм истиқбол карданд.

Самад соҳиби ду фарзанд аст, духтар ва писар. Ӯ мегӯяд намехоҳад ки онҳо мисли падарашон овозхон бошанд, зеро овозхонӣ пешаи хеле душвор ва заҳматталаб аст.

Мусоҳибаи комил бо Самад Ғанӣ ва оҳангҳои ҷадидашро аз олбуми "Қиссаи ишқ" бо фишор додани линки садоии барнома бишнавед.

Расонаҳои чопӣ ё интернетӣ кадоме беҳтар?

Ҳоло меравем ба табрики ҳамкасбони худ рӯзноманигорони тоҷик. Зеро дар ҳамин рӯз 11 - уми марти соли 1912 нахустин рӯзнома ба забони тоҷикӣ бо номи “Бухорои шариф” аз чоп баромад.

Вале то соли 1996 дар Тоҷикистон рӯзи матбуот дар таърихи 5-уми май мутобиқ ба санаи нашри нахустин шумораи рӯзномаи «Правда»-и Ленин таҷлил мешуд.

Рӯшанфикрон ва муаррихони тоҷик чанд сол баъди истиқлол баҳс карданд ва билохира ба ин натиҷа расиданд, ки таърихи нашри нахустин рӯзномаи тоҷикиро бо номи «Бухорои Шариф» ба унвони санаи матбуъоти тоҷик дар 11-уми марти ҳар сол таҷлил кунанд.

Аммо миёни равшанфикрони тоҷик баҳсҳо дар мавриди таърихи матбуъоти тоҷик ҳамчунон идома дорад ва бисёре аз муаррихин бар ин ақидаанд ки, нахустин рӯзномаи тоҷикӣ ҳанӯз дар миёнаи асри 19 дар Калкутаи Ҳиндустон ба нашр расидааст. Ва ба унвони санаи матбуъот он таърих бояд дониста шавад.

Ҳамкорам Алишер Охунов аз шаҳри Хӯҷанд, ки бо чанде аз қаламкашон дар Хӯҷанд сӯҳбат кардааст мегӯяд, ки рӯзноманигорони суғдӣ бар он назаранд, ки шуғл дар сомонаҳои интернетӣ назар ба кор дар расонаҳои чопӣ барояшон ҷолибтар будааст.

Ҷӯра Юсуфӣ, муъовини сардабири ҳафтаномаи мустақили сиёсии «Вароруд» дар Хуҷанд, мегӯяд, дар шароити феълӣ вуҷуди вебсойт барои ҳар як нашрия амри зарурӣ аст.

Ҷӯра Бсуфӣ

Оқои Юсуфӣ гуфт, ки онҳо низ ният доштаанд, ки аз авоили соли ҷорӣ сафҳае дар интернет дошта бошанд, вале ба далели камбуди маблағ натавонистаанд, ин тарҳро роҳандозӣ кунанд.

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи вай, онҳо дар сададанд пас аз таҷлили ҷашни Наврӯз торнигор ё вебсойти ҳафтавори «Вароруд»-ро дар шабакаи ҷаҳонии интернет фаъол созанд

Оқои Юсуфӣ афзуд: «Дар мавриди аввал ҳадди ақалл пас аз таҷлили Наврӯз торнигор ё вебблоги ҳафтаномаи «Варорӯд»-ро, ки маблағи андакро талаб мекунад, боз хоҳем кард».

Тилав Расулзода, хабарнигори сойти интренетии «Фарғона.ру» дар шимоли Тоҷикистон мегӯяд, ки фаъолият дар расонаҳои электрунӣ, бавижа барои сойтҳои интернетӣ барояш ҷолибтар аст.

Тилав Расулзода

Аз сӯйи дигар ба гуфтаи оқои Расулзода ҳаққи заҳмати хабарнигороне, ки барои сойтҳои хабарӣ кор мекунанд, беҳтар аст ва хабарнигорон моиланд, дар хабаргузориҳои интернетӣ фаъолият кунанд.

Инҷо расидем ба фарҷоми барнома ва аз ман Зеваршо муҷрӣ ва таҳиякунандаи ин барнома бо соири ҳамкоронам то ҳафтаи дигар падруууууд.

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

Барномаҳои қаблӣ

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.