
Дар як ҳамоиш дар порлумони Тоҷикистон мавзӯъи боло бурдани огоҳии зистмуҳитии сокинони ин кишвар матраҳ гардид
Пойин будани сатҳи фарҳанги зисмуҳитии мардум, истифодаи ғайримуассир аз замину об ва буридани ҷангалҳо метавонад дар оянда дар Тоҷикистон ба фалокатҳои зистмуҳитӣ мунҷар шавад.
Шодӣ Шабдолов, муъовини раиси Кумисиюни муҳити зисти Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар ҳамоише дар порлумон гуфт, ки нодида гирифтани мушкилоти муҳити зист ва таъхир дар ҳалли онҳо барои кишвар авоқиби нохуше хоҳад дошт.
Оқои Шабдолов ба унвони мисол аз раванди бунёди манозили маскунӣ дар заминҳои кишоварзӣ ёдовар шуд, ки "аз ноҳияи Файзобод, дар шарқ, то шаҳри Турсунзода, дар ғарбро, фаро гирифтааст."
Ӯ таъкид кард, ки дар сурати идомаи ин раванд дар чанд соли оянда Тоҷикистон бо камбуди шадиди мазореъи кишоварзӣ ва замин барои бунёди манозил мувоҷеҳ хоҳад шуд. Зеро афзоиши ҷамъияти Тоҷикистон сареъ буда ва ҳамакнун нуфуси ин кишвар ба 8 милюн нафар расидааст.

Оқои Шабдолов гуфт, ки маърифати зистмуҳитии сокинони Тоҷикистон дар сатҳи пойин қарор дорад
Ин дар ҳолест, ки 93 дар сади ҳудуди Тоҷикистонро манотиқи кӯҳистонӣ ташкил дода ва ба дунболи тавзеъи арозии кишт ба сокинон барои бунёди манозил майдони кишоварзӣ ҳамасола коҳиш меёбад.
Ба гуфтаи оқои Шабдолов, маърифати зистмуҳитӣ аз хонаводаю мактаби мутавассита ва ниҳодҳои давлатию мустақил ва мутталеъ сохтани ҷамъияти Тоҷикистон аз хатароти эҳтимолии зистмуҳитӣ аз роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳити зист дар ин кишвар арзёбӣ мешавад.
Ҳамкорӣ барои ҳалли мушкилоти экулуҷӣ
Рустам Латифов, раиси Кумисиюни муҳити зисти порлумони Тоҷикистон, аз намояндагони созмонҳои ғайридавлатии зистмуҳитии ин кишвар даъват кард, ки дар таҳияи санадҳои ҳуқуқии бахши зистмуҳитӣ ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи зистмуҳитӣ бо порлумон ва давлат ҳамкорӣ кунанд.
Оқои Латифов зарурати таъсиси Кумисиюни муҳити зисти порлумони Тоҷикистонро ба вуҷуди мушкилоти ҷиддии зистмуҳитӣ дар ин кишвар марбут хонда ва гуфт, ки ин ниҳод метавонад дар ҳамоҳангсозии талошҳои созмонҳои ғайридавлатӣ ва ниҳодҳои давлатӣ барои ҷилавгирӣ аз хатароти зистмуҳитӣ нақши муассире дошта бошад.

Алихон Латифӣ ба халоъи иттилоъотӣ дар бахши зистмуҳитии Тоҷикистон ишора мекунад
Ӯ партовҳои родиюактив, хушксолӣ ва биёбоншавиро аз ҷумлаи чунин хатароти зистмуҳитӣ унвон кард.
Алихон Латифӣ, раиси Бошгоҳи созмонҳои зистмуҳитии Тоҷикистон, гуфт, ки созмонҳои ғайридавлатӣ омодаанд пажӯҳишҳои худ дар заминаи масоили муҳити зистро дар ихтиёри ниҳодҳои давлатӣ гузошта ва бо куллияи созмонҳо барои ҳалли масоили мушаххаси зистмуҳитӣ ҳамкорӣ кунанд.
Оқои Латифӣ гуфт, дар ҳоле ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия дар бахши муҳити зист пешрафтҳои чашмрасе доранд, Тоҷикистон дар ин замина гомҳои нахустинро мебардорад.
Ба гуфтаи ӯ, дар расонаҳои ҷаҳонӣ ва сойтҳои интернетӣ дар бораи мушкилоти муҳити зист ва роҳҳои ҳалли онҳо дар кишварҳои минтақа иттилоъи зиёд мавҷуд буда, аммо дар маврди масоили зистмуҳитии Тоҷикистон банудрат метавон иттилоъе пайдо кард.
Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ расонаҳою нашрияҳои мустақил танҳо пас аз пардохти пул матолиби марбут ба масоили муҳити зистро мунташир мекунанд.
Аз ин лиҳоз, пешниҳод шуд, ки ба манзури пур кардани ин халоъи иттилоъотӣ Кумисиюни муҳити зисти порлумон бояд сойти интернетии худро роҳандозӣ кунад.

Оқои Латифов созмонҳои мустақил дар умури ҳифзи муҳити зистро ба ҳамкорӣ бо давлат ва порлумон даъват кард
Аммо масъулони ин кумисиюн гуфтанд, ки ба далели камбуди ҳазинаи зарурӣ то ҳол дар ин замина коре анҷом нашудааст.
Аз сӯйи дигар, Муаззама Бурҳонова, раиси Сандуқи пуштибонӣ аз ибтикороти маданӣ, гуфт, ки созмонҳои ғайридавлатии зистмуҳитӣ аз ҷониби давлати Тоҷикистон ҳеч гуна кумаки молӣ дарёфт накарда ва танҳо бо кумакҳои созмонҳои хайрияи байналмилалӣ фаъолият мекунанд.
Светлана Благовешенская, масъули яке аз созмонҳои зистмуҳитии Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки давлат аз кумакҳои кишварҳою созмонҳои байналмилалӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои созмонҳои мустақилли зистмуҳитӣ ҳамасола маболиғе ихтисос диҳад.
Масъулони созмонҳои мустақилли муҳити зист гуфтанд, ки мусоъидати молӣ аз ҷониби давлат имкон медиҳад ин созмонҳо рушд кунанд ва тарҳҳои мушаххасеро барои пажӯҳиши масоили муҳити зист ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли онҳо ба иҷро дароваранд.
Бозгашт ба сафҳаи аввал: Клик www.bbctajik.com
* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд
BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست
بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.