Ба рӯз шуда:  Душанбе, 21 Феврал соли 2011 - 11:48

Иқдомот барои ҳифзи забонҳои кӯчак дар Тоҷикистон

Китоби яғнобӣ

То соли 2004 кӯдакони яғнобӣ забони модарии худро дар мактаб меомӯхтанд

Йағнобит ҳамашинт ҷам вис!

Ӣ гап деҳс, ӣ кам вот,

Майлаш зивокмох кам вот,

Арвоҳти дилмох ҷам вот.

Ин пораи шеър ба забони яғнобӣ, яке аз ҳашт забони кӯчаки Тоҷикистон, аст, ки дар он аз афроде, ки ба ин забон сӯҳбат мекунанд, даъват мешавад барои эҳёи забони модарӣ ва фарҳангашон талош кунанд.

Рӯзи душанбеи 21 феврал масъулони Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон низ дар ҳамоише пешниҳод карданд, ки барои нигаҳдорӣ ва ҳифозат аз забонҳои кӯчаки роиҷ дар ин кишвар ҳамасола як китоб аз осори шуъаро ва нависандагоне, ки ба ин забонҳо эҷод мекунанд, нашр шавад.

Ин нишаст ба ифтихори рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ки мусодиф бо 21 феврал аст, бо ширкати намояндагони ЮНЕСКУ ё Созмони Илмӣ, Омӯзишӣ ва Фарҳангии Милали Муттаҳид ва олимони пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт доир шуд.

Китобҳои камшумор

Сайфиддин Мирзозода, олими яғнобшинос, мегӯяд, ки дар ин нишаст олимони Тоҷикистон ба намояндагони ЮНЕСКУ пешниҳод карданд, ки аз чопи китобе, ки осореро ба забонҳои кӯчак дар бар хоҳад дошт, ҳимояти молӣ кунад.

Сайфиддин Мирзозода

Оқои Мирзозода мегӯяд пажӯҳишгарон омодаанд барои чопи як китоб ба забонҳои кӯчак ҳамасола матолиби заруриро ҷамъоварӣ кунанд

Оқои Мирзозода мегӯяд, ки олимони забоншинос ҳамасола шеър, ҳикоёт, зарбулмасалҳо ва осори дигари мардумӣ ба забонҳои кӯчак, аз ҷумла яғнобӣ, шуғнӣ, рӯшонӣ, язғуломӣ ва вахониро, ҷамъоварӣ хоҳанд кард ва ин мавод дар шакли китобе ба табъ хоҳад расид.

Ин пажӯҳишгари тоҷик мӯътақид аст, ки чопи кутуб ба забонҳои кӯчак яке аз роҳҳои аслии эҳё ва нигоҳдории ин забонҳо хоҳад буд.

Ҳамчунин вай афзуд: "То соли 2004 дар мактабҳои бархе аз навоҳие, ки аксари мардуми бумии он ба забонҳои куҳани эронӣ, аз ҷумла яғнобӣ, суҳбат мекунанд, ҳафтае ду дарс ба забони яғнобӣ анҷом мешуд. Аммо дар шаш соли ахир вазорати маъориф ин дарсҳоро аз барнома лағв кард. Имрӯз мо дар ин нишаст ба масъулони вазорат пешниҳод кардем, ки дарсҳо ба забони яғнобиро дубора роиҷ кунанд."

Сайфиддин Мирзозода мегӯяд, ки чопи кутуб ба забонҳои кӯчак, наворбардории филмҳо ва таҳияи намоишномаҳо ба ин забонҳо метавонад аз нобудии онҳо ҷилавгирӣ кунад ва забонҳои кӯчакро барои ворисон ба он шакле, ки онҳо имрӯзҳо арзи вуҷуд доранд, нигаҳ дорад.

Дар ҳамин ҳол, Умед Мирзоширинов, яке аз коргадонони ҷавони синемо, дар ҳоли таҳияи филми кӯтоҳе ба яке аз забонҳои роиҷ дар вилояти кӯҳистонии Бадахшони Тоҷикистон аст ва қарор аст дар ояндаи наздик ин филм рӯйи пардаи синемо биёяд.

“Барои эҳёи забонҳо давлат бояд иқдом кунад”

Аз сӯйи дигар, ба ақидаи бархе дигар аз олимони забоншинос, мушкилоти иқтисодии идомадор дар Тоҷикистон хатароти зиёде барои забонҳои кӯчак дорад. Афзун бар ин, ин падида барои забони давлатии Тоҷикистон, яъне форсии тоҷикӣ, низ мушкил эҷод мекунад.

Ҳоким Қаландаров

Оқои Қаландаров гуфт, ки мушкилоти иқтисодӣ бар вазъи забонҳои кӯчак таъсироти ногуворе мегузорад

Ба гуфтаи онҳо гузор ба хатти форсӣ, ки далели аслии душвориҳо дар заминаи поксозии забони тоҷикӣ аз калимоти ғайр будааст, ба сармояи ҳангуфте ниёз дорад.

Ҳоким Қаландаров, як корманди Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, мӯътақид аст, ки хатароти нобудӣ бештар ҳафт забони кӯчаки роиҷ дар Бадахшонро таҳдид мекунад.

Оқои Қаландаров афзуд: "Ман дар ҳамоиши имрӯз пешниҳод кардам, ки дар ҳоли ҳозир тамоми маводди мавҷуд ба забонҳои помириро ҷамъоварӣ кунанд. Мо танҳо имрӯз метавонем ин маводдро дар шакли зинда пйдо кунем ва фардо дер хоҳад шуд."

Вай афзуд, ки нигаҳдории забонҳои кӯчак ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон сахт бастагӣ дорад.

Бо ин вуҷуд, ба ақидаи иддае дигар аз олимони забоншинос, то замоне ки давлати феълии Тоҷикистон ба масъалаи забонҳои кӯчак ва нигаҳдории онҳо таҷваҷҷӯҳи лозим накунад, хатароти нобудии онҳо ҳамчунон боқӣ хоҳад монд.

Китоби мусиқӣ

Аз сӯйи дигар, ҳунаршиносон ба чоп даромадани се ҷилди китоби "Мусиқии суннатии Помир"-ро, ки дар он таронаҳои зиёде ба забонҳои роиҷ дар Бадахшон ҷамъоварӣ шудааст, иқдоме муҳим барои зинда нигаҳ доштани забонҳои кӯчак дар Тоҷикистон унвон кардаанд.

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.