Ба рӯз шуда:  Шанбе, 19 Феврал соли 2011 - 10:46

Барномаи тафреҳии тоҷикӣ: 18 феврал

Бо беҳтарин орзӯҳо ва накӯтарин таманниёт, шуморо хушомадед мегӯям ба барномаи тафреҳии тоҷикӣ.

Ҳоло бишнавед чи матолибе дар ин барнома дорем:

Қисмати дувуми филми “Сукут” дар Омрико наворбардорӣ мешавад,

филми Сукут

Мижгонаи Мирзо, овозхони ҷавон аз вилояти Суғд, мегӯяд, ки мисли йигитҳои тоҷик дар ҷаҳон набудааст,

Мижгона

Ҳафтаи сипаришуда нахустнамоиши филми дигаре бо номи “Сазои вафо” дар синемохонаи “Тоҷикистон” баргузор шуд.

филми Сазои вафо

Наворбардории филми “Сукут” дар Омрико

Сироҷиддин Ғафурӣ, коргардони ҷавон, мегӯяд, ки қисмати дувуми филми “Сукут”, сохтаи ӯ дар Омрико наворбардорӣ мешавад. Қисмати аввали ин филм авоили моҳи декабри гузашта ба намоиш даромада буд.

Сироҷиддин созандаи сериёли машҳури “Беҳуда хорам мекунӣ” аст, ки соли гузашта сарусадоҳои зиёде миёни алоқамандони синемо ба по карда буд.

Баъзеҳо аз ин филм таъриф мекарданд ва мегуфтанд, ки хеле олӣ офарида шуда ва аммо баъзеҳо баръакс ба навоқиси ин филм ишора мекарданд.

Аммо дар барномаи ин ҳафта мо Сироҷиддинро на бахотири филми “Беҳуда хорам мекунӣ”, балки ба хотири филми ҷадидаш бо номи “Сукут” ба барномаи тафреҳии тоҷикӣ даъват кардем.

Худи Сироҷиддин дар ин филм нақши Алӣ, яке аз қаҳрамонони аслиро, иҷро кардааст. Вай мегӯяд, ки дар соли 2009 аз донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзодаро дар риштаи ҳунарпешаи синемо ва теотр бо мадараки олӣ фориғуттаҳсил шудааст.

Сироҷиддин

Сироҷиддин мегӯяд: “Аз моҳи феврали соли гузашта мо шурӯъ ба филмбардорӣ кардем. Ин филм дар се кишвари Тоҷикистон, Афғонистон (дар дараи Панҷшер) ва Русия (дар шаҳри Маскав) наворбардорӣ шудааст.”

Ҳамроҳи Сироҷиддин, Музаффар Шодиев, продюсер ё таҳиякунандаи филми “Сукут”-ро, ки ҳамчунин дар нақши Эҳсон, яке дигар аз қаҳрамонони аслии филм, бозӣ мекунад, даъват намудем.

Музаффар гуфт: “Бозори филмҳоро дар Тоҷикистон дар баробари филмҳои ҳиндӣ филмҳои туркӣ ва узбакӣ ишғол кардаанд. Мо чанд ҷавони тоҷик гирди ҳам омадем ва ба хулосае расидем, ки мо низ метавонем филмҳои хуб ва диданӣ офарем.”

Сироҷиддин ва Музаффар

Музаффар низ дар гузашта дар чанд филми дигар, монанди “Ҳикояти хоҷа” ва “Беҳуда хорам мекунӣ” нақш офаридааст.

Сироҷидин мегӯяд дар авохири моҳи апрел ва авоили моҳи май онҳо ба наворбардории қисмати дувуми филми “Сукут” шурӯъ хоҳанд кард ва он дар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, дар шаҳрҳои Лус-Онҷелес ва Лос-Вегос ва чанд шаҳри Русия наворбардорӣ хоҳад шуд.

“Йигити тоҷик бидон, мисли ту нест дар ҷаҳон”

Мижгонаи Мирзо, овозхони ҷавон аз вилояти Суғд, мегӯяд, ки ҳамкорӣ бо Фаррух Ёрматов, мудири барномаҳояшро қатъ кардааст. Вай ин суханонро дар сӯҳбате бо ҳамкорам Алишер дар вилояти Суғд иброз доштааст.

Мижгона

Мижгона мегӯяд, ки меҳру муҳаббаташ ба овозхонӣ ҳанӯз дар хурдсолиаш ҷӯш зада буд ва ӯ нахуст бо ҳамроҳии падараш суруди “Бар лаби дарё” аз Боймуҳаммад Ниёзов, устоди мақомсароёнро, сурудааст.

Дар баробари овозхонӣ Мижгона дар филми мустанаде бо номи “Тақдир” низ нақш офаридааст.

Як сол, қабл дар барномаи тафреҳӣ бо Фаррух Ёрматов, мудири барномаҳояш дар бораи фаъолияти ҳунарии Мижгона сӯҳбате доштем, вале имрӯз вай ҳамкориашро бо оқои Ёрматов қатъ кардааст.

Мижгона

Мижгона дар посух ба ин суол, ки чаро чунин иттифоқ уфтод, гуфт: “Ҳар кореро оғозе ҳаст ва анҷоме низ. Аз ин хотир, ман тасмим гирифтам фаъолиятамро ба таври мустақиллона идома диҳам, зеро намехоҳам ба касе вобаста бошам.”

Ба ин суол, ки то чи ҳад дар мантақа барои як духтари ҷавон овозхон будан душвор аст, вай гуфт: “Шояд дар шаҳрҳои бузург назари мардум дигар бошад, аммо дар музофот мардум нисбат ба духтарони овозхон ва рақсандаҳо назари хубе надоранд.”

Мижгона

“Ҳамеша фикр мекунанд, ки онҳо духтарони сабукфикр ва бешарму ҳаё ҳастанд. Вале ман худамро як духтари боодобу бофарҳанг медонам.”

Нахустнамоиши филми “Сазои вафо”

Рӯзи 13 феврал дар кохи “Тоҷикистон” нахустнамоиши филми ҷадиди Муҳаммадрабӣ Исмоилов бо номи “Сазои вафо” баргузор шуд.

Муҳаммадрабӣ мегӯяд, сарфи назар аз душвориҳое, ки дар таҳияи ин филм доштааст, тавонистааст таҳияи онро ба анҷом бирасонад. Ин филм қисман бо кумаки фаннии шабакаи "Симои Мустақилли Тоҷикистон" таҳия шудааст.

Муҳаммадрабӣ

Мӯҳтавои филми ҷадиди Муҳаммадрабӣ аз ин қарор аст: Қаҳрамонони аслии ин филм, ки Гулбаҳор ва Баҳром ном доранд, тасодуфан дар хиёбон бо ҳам вомехӯранд. Баҳром, ки дар ин филм нақши аккосро иҷро мекунад, акси духтареро мегирад ва дар рафти филм ба ин духтар ошиқ мешавад.

қаҳрамони аслии филм

Муҳаммадрабӣ мегӯяд: “Дар баробари ҷавонон ҳунарпешаҳои ҳирфаӣ, мисли Раҷаб Ҳусейн, Лутфулло Давлатов, Раҳмондӯсти Қурбониён, Ғолиб Исломов, Ширинмо Ниҳолова ва чанде дигар дар ин филм нақш офаридаанд."

Вай афзуд: “Мехоҳам дар шаҳру навоҳии дигари кишвар низ ин филмро барои алоқамандон намоиш диҳам ва баъдан аз тариқи Ди-ви-дӣ ба бозор онро арза кунем.”

Муҳаммадрабӣ мегӯяд, маблағеро, ки аз намоиши филм ба даст меорад, барои тарҷумаи ин филм ба забонҳои русӣ ва инглисӣ сарф кунад ва бо ин филмаш дар ҷашнвораҳои байналмилалии синемо ширкат кунад.

Назарот ва пешниҳодҳои худро дар бораи барнома ба одреси электрунии мо zevarshoh@bbc.tj ё bbc_dushanbe@yahoo.com фиристед.

То ҳафтаи баъдӣ падрууууууууд!

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

Барномаҳои қаблӣ

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.