Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 15 Феврал соли 2011 - 09:47

Окодемисиян Нӯъмон Неъматов даргузашт

Окодемисиян Неъматов

Окодемисиян Неъматов бештар дар бораи таърихи давлатдории Сомониён мутолеъоте анҷом додааст

Окодемисиян Нӯъмон Неъматов, пруфессури илми таърих ва муаллифи китоби "Давлати Сомониён", дар синни 84-солагӣ дар зодгоҳаш, шаҳри Хуҷанд, даргузашт.

Дар маросими дафни Нӯъмон Неъматов, ки зӯҳри рӯзи 15 феврал дар боғи фароғатии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, пайвандони ӯ, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, шогирдон ва муаррихони барҷаста ширкат ва суханронӣ карданд.

Ҷумъабой Сангинов, муъовини аввали раиси вилояти Суғд, аз хидматҳои бузурги окодемисиян Неъматов дар рушду нумӯъи илми тоҷик ёдоварӣ кард ва гуфт, ки даргузашти ин донишманди таърих талафоти бузурге барои илми тоҷик аст.

Оқои Сангинов гуфт: "Имрӯз Нӯъмон Неъматов аз байни мо рафта, вале таҳқиқот ва осори беназири вай барои наслҳои оянда аҳаммияти бузурге дорад. Махсусан, таҳқиқот ва корҳои илмии Нӯъмон Неъматов ба зинда кардани таърихи шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд бахшида шуда буданд."

Окодемисиян Неъматов

Дар расми тадфини окодемисиян Неъматов фарҳангиён ва мақомоти маҳаллӣ ширкат доштаанд

Вай афзуд: "Корҳои ҳафриётии Нӯъмон Неъматов дар шаҳри Бунҷикат, шаҳре қадимӣ дар ноҳияи Шаҳристони имрӯза, ва дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда буданд, ки ба саҳифаҳои норӯшани таърихи халқи тоҷик равшанӣ андохтаанд."

Дар ҳамин ҳол, Абдулло Мирбобоев, пруфессури илми таърих ва аз дӯстони наздики Нӯъмон Неъматов, мегӯяд, ки аз соли 1965, яъне аз замони донишҷӯияш бо устод Неъматов дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ошноӣ доштааст.

Оқои Мирбобоев афзуд, ки вай пас аз фориғ шудан аз донишгоҳ низ ҳамроҳ бо Нӯъмон Неъматов беш аз 40 сол дар пажӯҳишгоҳи бостоншиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Атоулло Атоев, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва аз пайвандони Нӯъмон Неъматов, мегӯяд устод Неъматов аз шахсиятҳое будааст, ки барои омӯзиши таърихи даврони Сомониён ва эҳёи таърихи 2500-солаи шаҳри Хуҷанд хидматҳои бузурге анҷом додааст.

Окодемисиян Неъматов

Окодемисиян Неъматов дар зодгоҳаш дар шаҳри Хуҷанд даргузашт

Вай гуфт: "Устод барои зинда кардани таърихи халқи тоҷик китобҳои зиёде таълиф кардаанд ва шогирдони зиёде доранд ва устодро дар Тоҷикистон ва берун аз кишвар ҳамчун як муаррихи бузург мешиносанд."

Зимнан, Нӯъмон Неъматов, соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада ва соҳиби се фарзанд мебошад. Маъруфтарин китобҳои вай "Давлати Сомониён" маҳсуб мешавад.

Ин китоб, ки баъд аз китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров, яке аз муҳиммтарин китобҳои таърих барои тоҷикон маҳсуб мешавад, бори нахуст дар соли 1977, ва баъдан дар соли 1988 ба нашр расидааст.

Пруфессур Набиҷон Раҳимов, донишманди таърих, мегӯяд, ки ин ягона китоби мукаммал дар бораи таърихи давлатдории Сомониён аст. Дар ин китоб муаллиф ба таҳлили сарчашмаҳои таърихӣ, аз ҷумла, дар бораи мазҳаб, ҳаёти шаҳрҳои давраи Сомониён, зиндагӣ, урфу одати он замон, пардохтааст.

гурги копитолӣ

Тасвире аз ин гург ба ҳангоми шир додани кӯдаконро Нӯъмон Неъматов дар яке аз ҳафриётҳо дар Шаҳристон пайдо кардааст

Оқои Раҳимов гуфт, ки Нӯъмон Неъматов дар яке аз ҳафриёти бостоншиносӣ дар Шаҳристон тасвире аз модагурги капитолиро пайдо кардааст, ки ҳоло муҷассамае аз он дар ноҳияи Шаҳристон насб шудааст.

Модагурги капитолӣ як тимсоли асотирӣ дар байни римиёни қадим аст, ки гӯё асосгузорони шаҳри Рум, дугоникҳо Ромул ва Ремро аз марг наҷот дода ва маконда бузург кардааст.

Вай афзуд: "Устод баъдан дар ин бора чандин мақолот ҳам ба нашр расонданд. Баъдан ба Итолиё даъват шуда буданд."

Нӯъмон Неъматов чанд китоб ва рисолаи илмӣ дар бораи таърихи Уструшанаи бостонӣ (ҳоло Истаравшан) низ навиштааст, ки аз ҷумла "Уструшани қадим ва йқарнҳои миёна" (1957), "Шаҳристон дар қарнҳои миёна" (1966) ва "Падидаи тоҷикӣ: таърихи назария" ба забони русӣ мунташир шудаанд.

Пайкараи Исмоъили Сомонӣ

Мақомоти Тоҷикистон давлати Сомониёнро улгӯе барои худ медонанд

Ба гуфтаи бархе аз фарҳангиён, китоби "Давлати Сомониён" аз окодемисиян Неъматов баъди нахустин чопаш ба баҳсҳое миёни фарҳангиёни Тоҷикистону Ӯзбакистон доман задааст.

Зимнан, пас аз касби истиқлоли худ, давлати Тоҷикистон Исмоъили Сомонӣ, бунёнгузори давлати Сомониёнро ба яке аз тимсолҳои қаҳрамонӣ ва улгӯе барои давлату давлатдории ин кишвар табдил дод ва пайкарае аз ӯ ба унвони бунёнгузори нахустин давлати тоҷикон (пас аз ислом) дар соли 1999 дар маркази шаҳри Душанбе насб шуд.

Бархе аз фарҳангиён, аз ҷумла худи окодемисиян Неъматов, он замон, дар ҷараёни таҷлил аз 1100-солагии давлати Сомониён аз ин иқдоми давлат истиқбол карда буданд.

Бархе аз шоъирони маҳаллӣ низ аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, барои таҷлил аз давлати Сомониён ситоиш карда ва ӯро дар ашъори худ "Исмоъили сонӣ" хондаанд.

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.