Хуш омадед ба барномаи тафреҳии тоҷикӣ.
Мӯҳтавои барнома аз ин қарор аст:

Маҳбубияти синемои себуъдӣ дар Тоҷикистон,

Ҷавонони бекор дар Хатлон,

Теотри "Аҳорун", бе саҳна ва бе тамошобин,
Ва боз як ҷаҳон таронаву оҳангҳои шоду рақсӣ.
Дар оғоз ду хабари кӯтоҳ:
Гарри Мур, овозхон ва гиторнавози машҳури ирландӣ, якшанбеи гузашта дар Испониё аз сактаи қалбӣ даргузашт. Вай ба ҳангоми марг 58 сол дошт.
Гарри Мур тавониста ӯ дар тули умри худ дар ҷаҳони мусиқии рок аз худ мероси азиме бигузорад.

Рӯзи чаҳоршанбе тими миллии Эрон дар як бозии дӯстона бо тими Русия бозиро бо ҳисоби 1-0 бурд. Ин бозӣ дар Абузабӣ, дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, баргузор шуд. Танҳо гол дар ин бозиро Муҳаммад Ризо Халъатбарӣ дар дақиқаи 90 ба самар расонд.
Ин нахустин пирӯзии бозигарони тими миллии футболи Эрон бар тими Русия дар таърихи бозиҳои ду кишвар буд. Соли 1976 дар як мусобиқа тими Эрон бо ҳисоби 1- ба 2 бозӣ бо Русияро бохта буд.
Соли 1978 низ дар як бозии дӯстона Русия бар Эрон ба ҳисоби як бар сифр пирӯз шуд. Дар соли 1985 дар як мусобиқа дар Ҳинд тими Эрон боз ҳам бозиро бо ҳисоби 0-2 ба Русия бохта буд.
Маҳбубияти синемои себуъдӣ
Ба назар мерасад, ки дар ду соли гузашта ҳамаи мо ҷазби фанноварии себуъдӣ шудем. Санъати синемо порсол ба лутфи чашмгири филмҳои себуъдӣ дар саросари ҷаҳон фурӯши нисбатан хубе доштааст.

Аммо намоишгоҳе, ки дар авоили имсол дар шарҳри Лос-Вегоси Омрико баргузор шуд, нишон медиҳад, ки фурӯши телевизиюнҳои себуъдӣ чандон чашмгир набудааст.
Коршиносон бар он назаранд, ки вуҷуди айнакҳои себуъдии бузург, гарон ва зишт намегузорад, ки мардум бештар ба телевизиюнҳои себуъдӣ одат кунанд. Ҳоло хелеҳо муштоқанд, ки ин айнакҳоро барои ҳамеша канор бигузоранд.

Аз сӯи дигар, ширкатҳои тавлидкунандаи телевизиюнҳои себуъдӣ омода ҳастанд, то телевизиюнҳои ҷадиде ба бозор ироа бидиҳанд, ки тасвирҳои себуъдиро бидуни айнак метавон тамошо кард.
Аз тобистони соли гузашта дар синемохонаи "Ҷавонони" шаҳри Душанбе низ намоиши филмҳои себуъдӣ шурӯъ шуда буд.
Он чунон ки Азим Дадабоев, яке аз дастандаркорони намоиши филмҳои себуъдӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, хоҳишмандони тамошои филмҳои себуъдӣ дар Душанбе хеле зиёданд. Аз ин рӯ онҳо қасд доранд боз дар чанд синемохонаҳои дигар таҷҳизоти намоиши филмҳои себуъдиро насб кунанд.
Ба суоли ман ки оё бо пайдо шудани телевизиюнҳои себуъди тамошочиёни филмҳои себуъдӣ дар синемохонаҳо камтар хоҳад шуд? вай гуфт гуфт:
"На ман фикр намекунам, бартарии ширкати мо аз телевизиюнҳои себуъди дар он аст ки мо филмҳоро дар рӯзи нахустнамоиши ҷаҳонии филмҳои ҷадид ба бинандаҳои худ пешниҳод мекунем, дар ҳоле, ки дар телевизионҳо ин филмҳо танҳо баъди 5-6 моҳ намоиш дода мешаванд."
Чунончи коршиносон мегӯянд, мушкили дигар барои муштариён ва хоҳишмандони тамошои телевизиюнҳои себуъдӣ ин ҷост, ки ҳама аз қимати пардохти телевизюнҳои себуъдӣ барнамеоянд ва ё имкони харидории ин телевизиюнҳоро надоранд.
Коршиносон бар о назаранд, ки агар то ҳоло телевизиюнҳои себуъдӣ ҳамроҳ бо айнакҳои вижа арза мешуданд, Аммо ба назар меоасад ки шояд дигар ниёз ба ин айнакҳо набошад.
То он замоне, ки нархи телевизиюнҳои себуъдӣ дар бозорҳои Тоҷикистон пойин наравад, албатта, алоқамандони тамошои филмҳои себӯъдӣ ба синемохонаҳо мераванд.
Шояд қимати билетҳои филмҳои себуъдӣ дар оянда арзонтар шавад, то хоҳишмандон имкон дошта бошанд, ки лоақал ҳафтае як ва ё ду маротиба ба тамошои филмҳои себуъдӣ бираванд.

Ин дар ҳолест, ки барои тамошои як филм имрӯз тамошобинон дар синемохонаи "Ҷавонон" аз 15 то 30 сомонӣ, ки муъодили 3.5 то 7 дуллори Омрикоӣ аст, билет мехаранд.
Хонаи вайрони теотри Аҳорун
Аз ибтидои солҳои 1990 теотри Аҳорун бо роҳбарии Фаррухи Қосим, ҳунарпеша ва коргардони пуровозаи тоҷик, тамоми қолабҳои теотрии реалистиро шикаста, бо шаклу услуби ҷадид нахустин намоишномаи худ Юсуфи гумгашта-ро тақдими тамошочиёнаш кард ва аз истиқболи хубе бархурдор шуд. Ин теотр аз он замон то ба имрӯз аз ин сабку услуб дар намоишномаҳои худ кор мегирад.
Мунтақидони теотри он замон мегуфтанд, ки ин сабку услуб табаддулотеро дарворид теотри миллии тоҷик ворид кард.

Аксари намоишномаҳои ин теотр дарбораи таъриху фарҳанги пурғановати форсу тоҷик таҳия шуда буданд. Ин теотр ҳамчунин аз осори нодиртарин шахсиятҳои ҷаҳонӣ барои тамошобинони худ намоишномаҳо таҳия мекунад.
Хонум Қосимова, ки ҳоло раҳбарии теотри "Аҳорунро" бар зима дорад мегӯяд: "Ҳадафи аслии устод Фаррух Қосим низ аз он иборат буд, ки тамошобини тоҷик аз сарчашмаҳои бузургтарин саркардаҳои клоссикии ҷаҳонӣ бохабар бошад ва бо онҳо ошноӣ дошта бошад".

Дар 20 соли фаъолияти худ теотри Аҳорун толори худро надошт ва чандин сол дар толори итиҳодияи нависандагон меҳмон буд. Танҳо соле қабл баъд аз даргузашти Фаррухи Қосим, бозигарону ҳунарпешаҳои теотри Аҳорун, пас аз панҷ сол ваъдаҳои зиёд соҳиби сохтмоне шуданд, ки дар гузашта синемоҳонаи ба номи Горкий буд.

Аммо ман, ки дирӯз ин "хонаи нави теотри "Аҳорун"-ро дидам, ба назари ман онҷо натанҳо иҷрои намоишномаҳо маҳол аст, балки дар наздикии ин сохтимон истодан низ хатарнок аст, зеро ҳар лаҳза имкони фурӯ рафтани ин сохтмон вуҷуд дорад.
Сабоҳати Қосим, раҳбари ин теотр, мегӯяд, ки онҳо панҷ сол мунтазири он буданд, ки шаҳрдорӣ ин сохтмонро тармим кунад. Аммо дигар тоқати иттиҳодияи нависандаҳо низ тоқ шуда кормандони теотр маҷбур шудаанд, ки бо ҳамин ҳолате, ки ин сохтмон дошт ба онҷо кӯч бубанданд.

Хонум Қосм гуфт: "Танҳо муҳаббат ва садоқат моро ба ҳам оварда, кор мекунему намоишномаҳо таҳия мекунем ҳанӯз ҳам шӯълае дар дили мо аст, ки як рӯз ба орзуи худ мерасем ва соҳиби саҳнаву толор мешавем ки барои тамошобини худ зери боми теотри "Аҳорун" намоишнома иҷро кунем."
Ҷавонони бекори Хатлон
Раёсати агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Хатлон гуфтааст, ки зиёда аз се ҳазор ҷойи кори холӣ барои хоҳишмандон дар коргоҳҳои гуногун озод будааст, вале дар ҳамин ҳол 2400 нафар дар ҳамин раёсат расман ҳамчун бекор сабти ном шудаанд, ки бештари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Бисёри ин ҷавонон мадраки донишгоҳӣ доранд аммо ҳуқуқи моҳонаи ками идораҳои давлатӣ ва ё маъориф талаботи онҳо ва хонаводаҳояшонро бароварда карда наметавонад.

Аз ин рӯ бекорӣ дар миёни ҷавонон ҳамарӯза «Мардикорбозор»-и шаҳри Қурғонтеппаро ба қавле «гарм» ё «серодам» месозад . Аммо дар ин бозор низ корҷуён баъзан рузҳо ва ҳафтаҳо кореро пайдо карда наметавонанд, ки каме ҳам бошад, мушкили хонаводаҳояшонро осон кунанд.
Ҳамкорам Орзуи Карим дар «Мардикорбозор»-и шаҳри Қурғонтеппа бо чанде аз корҷӯён сӯҳбате дошт.

Меъроҷ Икромов,, ки чанд моҳе қабл омӯзгори забону адабиёти тоҷик, дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Мӯъминобод будааст, ҳоло васоили сохтмонӣ дар борхалта дар интизори корфармо истодааст, то ба назди фарзандонаш бо дасти холӣ барнагардад.
Ҳамчунин, даҳҳо ҷавони дигаре дар ин хиёбон чашм бароҳанд, ки шояд имрӯз бахт ба рӯйи онҳо механдад, то каме пул бадаст биёранд.

Ҳамсӯҳбати дигарам ки аз зикри номаш худдорӣ намуд, гуфт дар гузашта афсари қисми низомӣ будааст ва рутбаи низомияш лейтенант аст.
Вай бо нигаронӣ мегӯяд камии маъош ва танқисии рӯзгор ӯро маҷбур сохтааст, ки либоси зебою зебандаи афсариашро як су гузораду ба мардикорӣ даст задааст. Бекорӣ ва фақр боъис шуда, ки зану фарзандонаш аз ӯ ҷудо шуданд.
BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست
بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.