Бо дуруд!
Ба барномаи тафреҳии тоҷикии Би-би-сӣ хуш омадед.
Ин ҳафта барномаро ман Зарина, бо кумаки ҳамкоронам Орзуи Карим ва Алишери Охун омода кардам.
Матолиби барномаи тафреҳии ин ҳафтаи ин гуна аст:

Нахустнамоиши филми кӯдаконаи Афсонаи хоб дар Душанбе.
Намоишномаҳои уперо ва боле барои кӯдакон

Омодагии ду гурӯҳи ҳунарӣ барои ширкат дар ду ҷашнвораи кишвари Ҳинд

Осорхонаи маҳаллӣ дар вилояти Хатлон ва мушкилоти фаъолияти он.

Каромат Ҳоҷиева, овозхони маҳбуб аз вилояти Суғди Тоҷикистон дар меҳмонии марномаи мо

Нахустин консерти гурӯҳи навтаъсиси филормунии Тоҷикистон дар толори намоиши консертии ин муассисаи фарҳангӣ дар Душанбе.
Ба духтарони ҷавон омӯзиш амри зарурист!
Маркази вижаи созмони ғайридавлатии мавсум ба «Ғамхорӣ» дар шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, ҳамарӯза даҳҳо нафар аз занони ҷавон ба хотири гирифтани машварати ҳуқуқӣ ва равонӣ ба назди масъулони ин марказ меояд.
Орзуи Карим ҳамкорам низ он ҷо буд ва бо иддае аз бошандагони ин марказ суҳбат карда ва натиҷагирӣ кардааст, ки омӯзишу парвариш барои духтарони ҷавон амри зарурӣ будааст.
Маъсулини ин марказ мегӯянд ,ки бештари занони ҷавон бо мушкилоти хонаводагӣ рӯбарӯ ҳастанд ва яке аз душвориҳои аслии ин занон, эъмоли хушунат алайҳи онҳо дар хонавода будааст.
Дар марказ зане машғули суҳбат бо равоншинос буд, ки мегуфт дар ҷавонӣ бо варзишҳои мухталиф машғул будааст, вале ҳоло бо панҷ фарзандаш саргардон аст ва ҳатто сарпаноҳ низ надоштааст.

Малоҳат Усмонова,маъсули маркази вижаи занон мегӯяд, беш аз 50 дар сади муроҷеъаткунандагон ба маркази онҳоро занон ва духтарони ҷавон ташкил медиҳанд, ки дар гузашта таҳсилро баъд аз мадориси ҳамагонӣ идома надода ва издивоҷ кардаанд. Ба гуфтаи вай бештари ин духтарон аз он, ки барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои олӣ нарафтаанд, пушаймон ҳастанд.
Малоҳатбону афзуд, бештари ин духтарон аз ҳуқуқҳои худ бехабаранд ва дар сурати рух додани ҳаводисе бо онҳо намедонанд, ки аз худашон чи тавр ҳимоят кунанд.
Рухшона Шоинова, равоншиноси марказ мегӯяд, ки занҳо ниёз ба дастгирии руҳӣ низ доранд ва худро ва аз иҷтимоъӣ феъли ба дур эҳсос мекунанд.
Дар ҳамин ҳол идораи сабти авҳоли шаҳрвандии вилоят гуфтааст, ки мавориди талоқ дар миёни хонаводаҳо, бахусус хонаводаҳои ҷавон дар ҳоли афзоиш будааст.
Филми ҷадид барои кӯдакон
Дар толори намоиши синемои Тоҷикистон нахустнамоиши филми кӯдакон бо номи Афсонаи хоб баргузор шуд.

Ман ҳам рафтам ун ҷо ва аз ҳолу ҳавои маросим бохабар шудам ва бо иддае аз офарандагони филм суҳбат кардам.
Муҳтавои аслии филми Афсонаи хоб, даъвои волидон бо кӯдаконе аст, ки бештари авқоти худро дар марокизи компютерӣ машғули бозиҳои мухталиф мегузаронанд ва аз мадраса дар канор мемонанд.

Дар маросим қабл аз намоиши филм ҳунармандони ҷавон ва собиқадоре, ки дар ин филм нақшҳои аслиро иҷро карда буданд, рӯйи саҳна омаданд.

Муҳаббат Сатторӣ, коргардон ва нависандаи достони филм барои тамошочиён ҷузъиёти таҳияи филм, аз ҷумла мушкилоти ношӣ аз кор бо кӯдакони ҳунармандро шарҳ дод.

Идибек Мирзоев, омӯзгори тоҷик ва иҷрокунандаи нақши омӯзгор дар ин филм мегӯяд, ки бо амри тассодуф дар ин филм нақш офаридааст. Оқои Мирзоев афзуд, ки ҳамроҳ бо ду кӯдаки худ барои ширкат дар озмуни нақшҳо омада буд ва коргардон аз вай низ акс гирифт.

Ба гуфтаи вай, сипас ба ӯ низ иттилоъ доданд, ки вай дар ин филм нақш хоҳад офарид ва ҳамин тур оқои Мирзоев ҳунарманд шуд. Яке аз қаҳрамоноин аслии филмро, ки Акбар ном дорадро Умедҷон Мирзоев иҷро мекунад.

Нафиса ҳунарпешаи ҷавонтарини филм аст, ки дар Афсонаи хоб нақши Гесӯро бозӣ кардааст.
Осорхона ва мушкилоти нигаҳдории осори таърихӣ
Раёсати вилояти Хатлон аз вазъи нигоҳдории нигораҳои таърихӣ дар осорхонаи кишваршиносии вилояти Хатлон нигарон аст, зеро бисёре аз ашъёи таърихӣ дар ин ин сосрхона бар асари сардӣ дар зимистон ва гармӣ дар тобистон хароб шудаанд.

Сафармоҳ Ятимова, раиси ин осорхона гуфт, онҳо бештар аксҳои шахсиятҳои маъруф ва аксҳои таърихиро ,ки дар ин осорхона дар гузашта маҳфуз буданд, аз даст додаанд. Хонум Ятимова афзуд, осорхонаи кишваршиносии вилояти Хатлон яке аз осорхонаҳои бузургтарини Тоҷикистон буд, вале толори он аз маркази шаҳри Қурғонтеппа дар макони дуре қарор гирифтааст ва аз ин рӯ омаду рафти тамошогарон ба ин осорхона хеле андак аст.

Аммо кормандони осорхона аз ҳукумати вилоят интизори он ҳастанд то онҳоро ба зудӣ ба бинои ҷадиди осорхона, ки дар ҳоли бунёд аст, кӯч диҳанд. Онҳо мегӯяд, ки бо дарназардошти мушкилотӣ ношӣ аз нигаҳдории мусаввараҳо, миқдори аз ёдгориҳои таърихӣ дар осорхонаҳои дигари Тоҷикистон маҳфуз ҳастанд.
Рақсу таронаҳои суфиёнаи тоҷикон барои мардуми Ҳинд
Дилбар, раққосаи гурӯҳи Чаманоро мегӯяд, ки бори нахуст аст ба Ҳинд меравад ва фарҳанги ин кишварро хеле дӯст дорад.
Вай ҳамроҳ бо гурӯҳи мусиқии Садои Суғд қарор аст, дар шаҳри Делҳи пойтахти Ҳинд дар ҷашнвораи масум ба "Surajkund Crafts Mela Festival ширкат хоҳанд кард.

Мадинабону яке дигар аз раққсандаҳои гурӯҳи Садои Суғд аст, ки дар ин ҷашнвора низ ширкат хоҳад кард. Вай мегӯяд, ки онҳо дар ҷашнвора ҳашт навъи рақси тоҷикро иҷро мекунанд.

Хайруллоҳ Додобоев, аъзои дигари гурӯҳи Садои Суғдва навозандаи дойра аст, ва вай мегӯяд, ки гурӯҳи Садои Суғд даҳ сол боз фаъолият мекунад ва нахустин бор аст, ки ба сафари Ҳинд меравад.
Ва ҳамчунин гурӯҳи дигаре, ки Афзалшоҳи Шодӣ ва Қурбоналӣ Раҳмон шомили он ҳастанд, рӯзи 4-уми феврал дар шаҳри Калкуттаи Ҳинд дар ҷашнвораи таронахонии суфиёна ширкат мекунанд.
Намоишномаҳои уперо ва боле барои кӯдакон
Ва дар як моҳи таътилоти зимистонаи шогирдони мадориси ҳамагонӣ барои тамошои намоишномаҳо ба теотрҳои Душанбе мерафтанд. Аз ҷумла теотри уперо ва болеи ба номи Садриддин Айнӣ барои кӯдакон ва навҷавонон намоишномаҳо ва барномаҳои хуберо ба иҷро дароварданд.

Иззатуллоҳи Самад, муъовини раиси теотр мегӯяд, ки дар як моҳи таътили зимистона онҳо намоишномаҳои зиёдеро пешкаши тамошочиёни ҷавон кардаанд.
Аз ҷумла ба гуфтаи вай намоишномаҳои Бузаки ҷингилапо, Моҳрӯ ва аждаҳор, Мусиқинавозони Бременро барои кӯдакон ва навҷавонон ба намоиш гузоштанд.

Оқои Самад афзуд, ки онҳо ҳамчунин қисматҳоеро аз болеи Шелкунчик-и Чайяковский, ки дар он шогирдони донишкадаи болеи шаҳри Перми Русия нақш бозидаанд, барои тамошочиён намоиш доданд.
Ва ин масъули теотр мегӯяд, ки дар рӯзҳои таҷлили аз Соли Нав ва баъди он, ҳунармандони теотр намоишномаи вижаи солинавиро пешкаши кӯдакон карданд.
Овозхони таронаҳои клосики тоҷик дар меҳмонии мо
Каромат Ҳоҷиева – овозхони маҳбуби тоҷик, идомадиҳанда ва эҳёгари мусиқии суннатии тоҷик, шашмақомсарои мумтоз 60 сола шуд. Бону Каромат маъмулан таронасароӣ Шашмақом навъи клосики тоҷикон мебошад ва Алишери Охун ҳамкорам бо хонум Ҳоҷиева суҳбате кардааст ва ин гузоришро бароямон тақдим доштааст.
Каромат Ҳоҷиева, ҳанӯз дар гузашта, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо сабку услуби вижае тарона эҷод мекард. Вай бо сурудани таронаҳои «Ранҷидаӣ», «Биё Лайло», «Ту дар соға кистӣ» ба дили мухлисонаш ҷой гирифта, сазовори эҳтироми онҳо гашта буд.

Меҳру муҳаббати Кароматбону ба овозхонӣ ҳанӯз аз давраи тифлиаш шурӯъ шудааст ва дар замони таҳсил дар мадраса аз устодаш Урунбой Дадобоев – рубобнавози машҳур нозукиҳои рубобнавозиро омӯхта буд.
Каромат Ҳоҷиева фаъолияти ҳирфаии худро аз теотри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд оғоз кардааст ва то ҳоло дар ин теотр фаъолият мебарад.
Дар маросими таҷлил аз ҷашнвораи Каромат Ҳоҷиева – Ҷӯрабек Набиев, Даврон Алиматов, Тулқин Тоҷибоев, устодони бузурги овозхонии суннатӣ ва шашмақом ширкат ва овозхонӣ карданд.
Ҷӯрабек Набиев – устоди шашмақомсароёни тоҷик аз хидматҳои бузурги Каромат Ҳоҷиева дар рушди ин арса ёдоварӣ карда, ӯро дар эҷоди сурудҳои суннатӣ беҳамто хонд.
Рӯзона Каромат-апаро дар роҳҳои шаҳри Хуҷанд аксар мошинсавор мебинанд ва ӯро аз утумобилаш мешисонад, тамғаи Газ-24 «Волга», ки онро ин зани ҳунарманд 30 сол қабл ба 45 ҳазор рубл харидорӣ кардааст. Вай мегӯяд, ки ин мошинашро хеле дӯст дорад ва ҳеҷ гоҳ ба дигар утумобил иваз нахоҳад кард.
Нахустин консерти гурӯҳи навтаъсис
Ман ин матлабро дар толори намоиши консертии Филормунии Тоҷикистон омода кардам. Он ҷое, ки дар авоили ҳафта нахустин консерти як гурӯҳи навтаъсиси баргузор шуд.
Ин консерт бо ширкати се овозхони ин гурӯҳ, Ақназар Аловатов, Ғуломшоҳ Сафаров ва Тоҳир Қизилов, пешкаши тамошочиён шуд.
Раққсандагони филормуӣ дар консерт рақсҳои мардумии тоҷикӣ ва афғониро иҷро карданд.
Ба ҷуз аз се овозхон дар ин гурӯҳ чаҳор навозандаи дигар фаъолияти ҳунарӣ мекунанд.
Амирбеки Мӯсо, раҳбари бадеъии Филормунии давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев мегӯяд, ки ҳарчанд ин гурӯҳ аз моҳи ноябри соли гузашта фаъолияташро дар филормунӣ оғоз кард, вале то ҳол гурӯҳ исми мушаххасеро нагирифтааст.
Ба гуфтаи раҳбарони ин муассисаи фарҳангӣ ҳадаф аз таъсиси ин гурӯҳ дар филормунӣ, рушди фарҳанг ва ҳунари мардумии манотиқи мухталифи Тоҷикистон будааст.
Ба гуфтаи вай қарор аст, ба зудӣ дар як нишасти вижаи масъулони филормунӣ ва вазорати фарҳанг ба ин гурӯҳ номи мувофиқеро пайдо кунанд.
Ғуломшоҳ Сафаров, овозхони гурӯҳ мегӯяд, ки онҳо аз оғоз тасмим гирифтанд, ки номи гурӯҳро Боми Ҷаҳон гузоранд. Вале вай афзуд, ки бархе дигар аз исмҳо низ барои онҳо пешниҳод шудааст ва онҳо дар садади сафари ҳунарӣ ба Испониё ҳастанд. Қарор аст, то он замон номи гурӯҳ мушаххас шавад.

Ақназар Аловатов, овозхони ин гурӯҳ мегӯяд, ки тасмим гирифт, ки ба хотири беҳбудии фаъолияташ, ҳунарнамоии хешро дар Душанбе маркази Тоҷикистон идома бахшад. Оқои Аловатов қаблан дар теотри ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ кор мекард.
Ташаккур аз он, ки ба саҳифаи мо сар задед ва то барномаҳои баъдӣ падрууууууууууууууд!
* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд
BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست
بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.