Ба рӯз шуда:  Шанбе, 22 Январ соли 2011 - 07:59

Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 21 январ

Дуруд ба алоқамандони барномаи тафреҳии тоҷикӣ.

Меҳрубони Равшан, овозхони ҷавони тоҷик, ба далели рӯй оварданаш ба арзишҳои исломӣ тасмим гирифтааст саҳнаро тарк кунад.

Айдулан Хуҷамқулова, варзишгари маълул, баъд аз мулоқот бо раиси ҷумҳур соҳиби хона шуд.

Ҷавонон дар водии Рашт чи гуна тафреҳ меунанд?

Мусиқӣ аз нигоҳи ислом: ҳаром ё...

Меҳрубони Равшан, овозхони тоҷик, ба далели ба арзишҳои исломӣ рӯй оварданаш тасмим гирифтааст саҳнаро тарк кунад.

Меҳрубони Равшан дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки беш аз чаҳор сол аст, ки ба арзишҳои исломӣ рӯй оварда ва дарк кардааст, ки шуғли овозхонӣ "кори дурусте набудааст."

Меҳрубони Равшан

Вай ҳамчунин хабар дод, ки муддати чаҳор соли ахир аз фарорасии соли нави мелодӣ ҳам таҷлил намекунад, зеро "ин амр дар ислом мамнӯъ аст."

Оқои Равшан мегӯяд, ки қасд дорад дар оянда машғули тиҷорат шуда ва танҳо оҳангҳои мазҳабӣ иҷро кунад. Вай мӯътақид аст, ки иҷрои оҳангҳои мудерн тибқи арзишҳои исломӣ гуноҳ маҳсуб мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран чанд тан аз овозхонони саршиноси тоҷик ба далоили мушобеҳ саҳнаро тарк кардаанд.

Маликаи Саидзод

Маликаи Сайидзод, ки дар гузашта аз маҳбубияти зиёде дар миёни алоқамандонаш бархурдор буд, баъд аз сафари ҳаҷ ҳиҷоб пӯшида, саҳнаро тарк кард ва ҳоло машғули тиҷорати либоси исломӣ барои бонувон аст.

Афзалшоҳи Шодӣ

Гузашта аз ин, бархе аз овозхонҳо баъд аз сафари ҳаҷ ба номҳои худ тахаллуси “Ҳоҷӣ” гирифтаанд. Вале бо ин вуҷуд, тарки касби худ накарданд. Ба унвони мисол, Ҳоҷӣ Афзалшоҳҳи Шодӣ ё Ҳоҷӣ Ҷӯрабеки Мурод ҳамчунон машғули овозхонӣ ҳастанд.

Ҷӯрабек Муродов

Фурқати Саид, овозхони тоҷик ва раҳбари гурӯҳи “Шашмақом” дар кумитаи родию ва телевизиюни давлатӣ, мегӯяд, ки ҳоло миёни ҷавонони мазҳабӣ ва овозхонон дар мавриди мамнӯъ будан ё набудани мусиқӣ дар ислом баҳсҳои тунде сурат мегиранд.

Фурқати Саид

Гузорише дар ин бора: Клик Аз саҳна ба масҷид...

“Қалбам бо номи тоҷику Тоҷикистон метапад”

Айдулан Хуҷамқулова, қаҳрамони мусобиқоти байналмилалӣ оид ба Арм-рестлинг ё дастхобонӣ аст, ки дар Тоҷикистон ӯро мардум бештар бо номи Адолат мешиносанд.

Вай дар як мулоқоти раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон аз мушкилоти бехонагияш шикоят кард ва ҳатто интизори онро надоштааст, ки дар муддати кӯтоҳ пас аз ин мулоқот соҳиби хона мешавад.

Айдулан Хуҷамқулова

Дар авохири соли 2010 Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, ба Адолат калиди хонаи ҷадидашро тӯҳфа кардааст.

Адолат дар Туркманистон ба дунё омадааст. Тибқи муъоянаи пизишкон, Адолат бо бемории ирсии камбуди масунияти қалбӣ ё нуқси дил ба дунё омадааст.

Табибон иллати бемориашро ба шароити иқлимии Туркманистон марбут медонанд. Дар чаҳорсолагиаш шаш моҳ Адолат беҳуш шуда ва пизишкон тавсия кардаанд, ки вай маҳалли зисташро иваз кунад. Падару модараш сипас роҳи Тоҷикистонро пеш гирифтаанд.

Айдулан Хуҷамқулова

Айдулан Хуҷамқулова дар 3 навъи варзиш қувваозмоӣ мекунад: дастхобонӣ, бадансозӣ ва вазнбардорӣ. Вай чанд бор унвони қаҳрамонии Тоҷикистон дар ҳар се риштаи варзишро ба даст овардааст.

Вай ду бора қаҳрамони Осиё (2006 ва 2009) шудааст. Соли 2006 дар мусобиқаи Ҷоми Осиё дар варзиши дастхобонӣ вай ду медоли тило ба даст овардааст.

Айдулан

Дар маҷмуъ, Айдулан дар мусобиқоти мухталиф 20 медол гирифтааст, ки 6 тои онҳо тило ҳастанд.

Вай гуфт: "Барои нахустин бор соли 2006 дар мусобиқаи Ҷоми Осиё ширкат кардам ва аслан интизор надоштам, ки мақоми аввалро дарёфт мекунам. Ҳангоме ки номамро эълон карданд, ҳаяҷонзада шудам ва вақте парчами ватани азизам, Тоҷикистон, барафрохта шуду суруди миллӣ садо дод, фахр кардам."

Айдулан

Соли 2009 дар шаҳри Тошканди Ӯзбакистон бори дувум Айдулан ғолиби Ҷоми Осиё шуд ва боз ду медоли тилои мусобиқоти қаҳрамониро аз они худ кард.

Он гуна, ки Айдулан мегӯяд, вай орзӯҳои зиёде дар дилаш дорад. Дар ҳоли ҳозир зиёд тамрин мекунад ва мехоҳад, ки барандаи мақоми аввал ва медоли тилоии Ҷоми Ҷаҳонӣ шавад. Ҳамчунин, вай орзу дорад як тими мунтахаб аз варзишгарони маълулро дар Тоҷикистон таъсис диҳаду онҳоро барои ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ омода кунад.

Айдулан Хуҷамқулова

Айдулан Хуҷамқулова дар маркази маъюбони шаҳри Душанбе дарси хайёти мегирад.

Дар баробари машқу тамрин ва мусобиқот, Айдулан ё Адолат мехоҳад дар риштаи ҳуқуқ таҳсил кунаду ҳуқуқшинос шавад, то тавонад аз ҳуқуқи маълулон дар кишвар дифоъ кунад.

Баъди соҳиби хона шуданаш вай қасд дорад аз хонаи кӯдакон нафари бесаробонеро ба фарзандӣ бигирад ва тарбият кунад.

Тафреҳи ҷавонон дар шарқи Тоҷикистон

Бештари ҷавонон дар шаҳраки Роғун ва ноҳияи Обигарм мегӯянд, ки дар ин ду ноҳия толорҳои варзишии бештаре бунёд шаванд, то онҳо имкони бештаре барои машқу тамрин дошта бошанд. Ҳамчунин, толорҳои мудерни намоиши синемо низ дар он ҷоҳо мавҷуд набудааст.

Фаридун

Фаридун, як ҷавон аз Роғун, мегӯяд, ки дар навоҳии Обигарм ва Роғун барои ҷавонон варзишгоҳҳои вижае вуҷуд надоранд, то ҷавонон тавонанд берун аз дарс ё корашон дар чаҳор фасли сол тамрин кунанд.

Фаридун афзуд, ки ҷавонони ин минтақа ҳамчунин орзуманди дидани овозхонҳои маҳбубашон ва баргузории кунсертҳои онон дар шарқи Тоҷикистон ҳастанд.

Маҳмадраҷаб

Маҳмадраҷаб, як ҷавони дигар, ҳамагӣ то клоси панҷум дар мадраса таҳсил кардааст. Вай мегӯяд, ки мазҳабӣ аст ва чандон таваҷҷӯҳе ба шунидани таронаҳои мудерн надорад. Ҳарчанд вай таронаҳои мардумӣ дар иҷрои Муҳаммадалии Умар, як овозхони маҳаллиро, дӯст медорад.

Маҳмадраҷаб дар Русия панҷ сол кор карда ва ҳоло дар яке аз ширкатҳо дар тарҳи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" кор мекунад. Ҳарчанд вай афзуд, ки бештари ҷавонон дар ин минтақа бекор ҳастанд.

Назарот ва пешниҳодҳои худро дар бораи барнома ба одреси электрунии мо zevarshoh@bbc.tj ё bbc_dushanbe@yahoo.com фиристед.

То ҳафтаи баъдӣ падрууууууууд!

Барномаҳои Қаблӣ

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.