Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 18 Январ соли 2011 - 13:12

ҲНИТ ва тарҳи "масъулияти волидон"

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ, ки рӯзи 17-уми январ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, пешнависи қонун дар бораи масъулияти падарон ва модаронро “дур аз воқеъияти ҷомеъаи мусалмонии кишвар” арзёбӣ кардааст.

Ба гуфтаи Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, таҳлилгари ин ҳизб, раҳбарони ин ҳизби мазҳабӣ тайи чанд рӯзи охир мӯҳтаво ва ҷузъиёти ин лоиҳаро баррасӣ карда ва дар ин ҷаласа ихтилофи назарҳои ҷиддии худро дар робита бо ин лоиҳа иброз доштанд.

Ширкаткунандагони ҷаласаи Шӯрои сиёси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ин қарор омадаанд, ки “Лоиҳаи қонуни мазкур хилофи меъёрҳои ақидатӣ, ҳуқуқӣ, бахусус конститутсионӣ буда, ба воқеъияти ҷомеъаи мусалмонӣ созгор нест. Вале ҲНИТ дар нисбати берун кардани баъзе меъёрҳо аз лоиҳа ва тағйирот ворид кардан ба бандҳои дигари он пешниҳоди мушаххаси хешро ироа медорад.”

Оқои Сайфулозода гуфт, ки аксари ихтилофи назарҳои тарафдорони ҳизб ба моддаи ҳафтуми лоиҳаи қонун дар бораи масъулияти падарону модарон муртабит будааст, ки аз ҷумла иҷозаи рафтани кӯдакон ба масҷидро мамнӯъ мекунад.

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.