Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 18 Январ соли 2011 - 12:56

Аз саҳна ба масҷид: Оё мусиқӣ бо ислом таноқуз дорад?

Меҳрубони Равшан

Меҳрубони Равшан, овозхони тоҷик, ба далели ба арзишҳои исломӣ рӯй оварданаш тасмим гирифтааст саҳнаро тарк кунад.

Вай мегӯяд, ки қасд дорад дар оянда машғули тиҷорат шуда ва танҳо оҳангҳои мазҳабӣ иҷро кунад. Оқои Равшан мӯътақид аст, ки иҷрои оҳангҳои мудерн тибқи арзишҳои исломӣ гуноҳ маҳсуб мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран чанде аз овозхонони саршиноси дигар низ ба далоили мушобеҳ саҳнаро тарк кардаанд.

Гуфта мешавад Маликаи Сайидзод, овозхони маъруф, низ, ки дар гузашта аз маҳбубияти зиёде дар миёни алоқамандони таронаҳояш бархурдор буд, баъд аз сафари ҳаҷ ҳиҷоб пӯшида, саҳнаро тарк карда ва ҳоло машғули тиҷорати либоси исломӣ барои бонувон аст.

Гузашта аз ин, бархе аз овозхонҳо баъд аз сафари ҳаҷ ба номҳои худ тахаллуси “Ҳоҷӣ” гирифтаанд. Вале бо ин вуҷуд, тарки касби худ накарданд. Ба унвони мисол, Ҳоҷӣ Афзалшоҳи Шодӣ ва ё Ҳоҷӣ Ҷӯрабеки Мурод ҳамчунон машғули овозхонӣ ҳастанд.

Фурқати Саид

Фурқати Саид мегӯяд, ки ахиран миёни мазҳабиён ва овозхонҳо дар бораи мақоми мусиқӣ ва овозхонӣ дар зиндагии мардум баҳсҳои тунде сурат мегиранд

Меҳрубони Равшан дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки беш аз чаҳор сол аст, ки ба ислом рӯй оварда ва дарк кардааст, ки шуғли овозхонӣ "кори дурусте набудааст."

Вай афзуд: "Ҳама шаб дар маросими мухталиф овозхонӣ мекунем, ки он ҷо бонувони зиёде рақсу майнӯшӣ мекунанд. Ин ҳама гуноҳ аст ва мо беихтиёр дар он мушорикат мекунем. Тасмим гирифтам, ки овозхониро батадриҷ қатъ кунам ва ба тиҷорат машғул шавам."

Бо ин вуҷуд, оқои Равшан мехоҳад, ки дар оянда таронаҳои мазҳабӣ иҷро кунад ва ҳоло машғули таҳияи як барномаи вижаи мазҳабӣ будааст.

Вай ҳамчунин хабар дод, ки тайи чаҳор соли ахир аз фарорасии соли нави мелодӣ таҷлил намекунад, зеро "ин амр дар ислом мамнӯъ аст."

Рақс

Мазҳабиён мегӯянд, ки шунидани таронаҳое, ки боъиси барангехтани фасоди ахлоқӣ мешаванд, аз нигоҳи дин мамнӯъ аст

Фурқати Саид, овозхони тоҷик ва раҳбари гурӯҳи “Шашмақом” дар кумитаи родию ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳоло миёни ҷавонони мазҳабӣ ва овозхонон дар мавриди мамнӯъ будан ё набудани мусиқӣ дар ислом баҳсҳои тунде сурат мегирад.

Вай афзуд: “Мутмаинам ислом наметавонад ҷудо аз мусиқӣ бошад. Зеро оятҳои Қуръон низ дар қолаби арӯз иҷро мешаванд. Мушкил ин аст, ки бисёре аз овозхонони ҷавон таронаҳоеро иҷро мекунанд, ки аз завқи пойини онҳо гувоҳӣ медиҳад."

Оқои Саид гуфт, ки худ низ дар ҷавонӣ таронаҳоеро иҷро кардааст, ки аз иҷрои онҳо акнун "шарм медорам" ва онҳоро аз барномаҳояш лағв кардааст. Вай афзуд: "Ба ин далел, ба “Шашмақом” рӯй овардам, зеро дар ин қолаб таронаҳое иҷро мешаванд, ки мухолифи одоб ё ахлоқи исломӣ нестанд."

Акбари Тӯраҷонзода, аз чеҳраҳои саршиноси мазҳабии Тоҷикистон, мегӯяд, ки шунидани ҳар гуна оҳанг ва ё таронае, ки "барангезандаи фаҳш" набошад, дар ислом мамнӯъ нест.

Акбари Тӯраҷонзода

Акбари Тӯраҷонзода: "Агар дар маҳфиле таронаҳои "сӯхтам-пухтам" садо диҳанд, он маросимро тарк хоҳам кард"

Оқои Тӯраҷонзода низ бар ин назар аст, ки ислом наметавонад аз таронаҳои суннатӣ, ки бар осори шоъирони клосик иҷро мешаванд, сарфи назар кунад: "Шеърҳои Ҳофизу Саъдӣ ва Камолу Бедил инсонро тарбият ва ба андеша даъват мекунанд ва таронаҳое, ки бар пояи осори ин адибон иҷро мешаванд, бо арзишҳои исломӣ муғойир нестанд."

Ҳарчанд бархе аз уламои мазҳабӣ иддаъо доранд, ки шунидани ҳар гуна мусиқӣ мамнӯъ мебошад, вале Акбари Тӯраҷонзода мегӯяд, ки ҳатто парвардигор иҷрои таронаҳо дар маросими арӯсиро раво донистааст.

Вай афзуд: "Шарт нест ҳамаи таронаҳо илоҳӣ бошанд, шунидани таронаҳо дар бораи зебоӣ, табиъат ва арзишҳои дигари инсонӣ низ мамнӯъ нашудааст."

Ин дар ҳолест, ки бархе аз ҷавонони мазҳабӣ дар Тоҷикистон ҳоло аз шунидани ҳар гуна мусиқӣ ва таронаҳо худдорӣ мекунанд ва ин корро "ҳаром" медонанд.

Вале ба эътиқоди оқои Тӯраҷонзода, чунин бархӯрди ҷавононро метавон то ҳадде ифрот ё ҷаҳл номид. Ба ақидаи вай, ин мушкил аз камбуди дониши мазҳабӣ маншаъ мегирад.

Аз оқои Тӯраҷонзода суол кардам, ки агар дар маросиме ширкат дошта бошад ва дар он ҷо таронаҳое иҷро шаванд, ки онҳоро вай мамнӯъ медонад, чи гуна рафтор хоҳад кард?

Оқои Тӯраҷонзода гуфт: "Агар манзуратон ҳамон таронаҳои "сӯхтам-пухтам" бошад, ва агар имонам қавӣ бошад, бояд он маҳфилро тарк кунам."

Фаридун Ҳодизода

Оқои Ҳодизода мегӯяд, ки инкори мусиқӣ ва овозхонӣ нишони максимализми мазҳабиёни навпо аст

Фаридун Ҳодизода, коршинос дар умури адён, бар ин назар аст, ки бисёре аз ҷавонони мазҳабии Тоҷикистон аз касе шунидаанд, ки мусиқӣ дар ислом мамнӯъ аст ва бидуни далеле аз ин амр пайравӣ мекунанд.

Вай афзуд: "Наметавонам бигӯям, ки ин ифрот аст, вале ин нишонаи максимализми мазҳабиёни навпо мебошад."

Ба гуфтаи вай, дар ислом таронахонӣ ҳеҷ гоҳ мамнӯъ набудааст ва овозхонии Довуд, яке аз пайғомбарон, ки аз садои хуше бархурдор буд, далели ин амр аст.

Оқои Ҳодизода мегӯяд, ки инкори мусиқӣ ва овозхонӣ дар ислом баъд аз инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 оғоз шуд. Вай гуфт: "Он замон Оятулло Хумайнӣ мусиқиро афюн хонд. Вале бо гузашти солҳо дар Эрон аз ин амр даст кашиданд ва ҳоло гурӯҳҳои бисёри мусиқии поп дар ин кишвар фаъол ҳастанд."

Оқои Ҳодизода мӯътақид аст бархе аз овозхонҳои тоҷик, ки "ҳунари овозхониашон ба марҳилаи поёнӣ ё таназзул расидааст" ва дигар маҳорати бештаре аз ин надоранд, барои рӯйпӯш кардани ин вазъи худ ба ислом рӯй оварданро баҳонаи тарки саҳна мехонанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Фурқати Саид, овозхони тоҷик, мавориде низ вуҷуд дорад, ки овозхонҳо, бахусус ҳунармандони зан, таҳти фишори ҷомеъа ба тарки саҳна водор мешаванд.

Ба унвони мисол, оқои Саид гуфт мӯътақид аст, ки пас аз сафари ҳаҷ мардум ба Маликаи Саидзод фишор овардаанд, то вай "тибқи муқаррароти исломӣ" овозхониро тарк кунад кунад ва бояд ҳиҷоб бипӯшад.

Аммо худи хонуми Саидзод мегӯяд, ки сафари ҳаҷ зиндагии ӯро иваз кардааст.

Назароти шумо:

Музыка -как средство исцеления !Сура из святого Корана "Саджда"(ПоклоН)32:9.
Suhanoi akai Turajonzoda nagz gufta shudaast! mamnun nest va nameshavad!!!!a unas iz kraynosty v kraynost! golos propadaet, dengi konchautsya, vot i Islam posle tomu obyasnenie, chto eto haram. bred!poyte, raduyte, no bolshe pesen so smislom jelatelno, miksuyte folk s estradoy, von kak uzbekskie gruppi. Tancor Disco

Хайрият хушатон бар саратон мезадаст.. Мо хеле боз инро интизор будем....... Лекин холиям бовари нест.. Ягон фосик аз фосикияш нагаштааст................ Абдулло-ПОЖАРНИК, 61-МКР г.Душанбе

Мусики харом аст барои онхое ки бо нафси худ машгуланду гайр аз айби дигарон на рохи худшиносиро мебинанду на худошиносиро. Зеро каранду куранд. Хатто агар бубинанд ки чи гуна мавлонои Рум бо раксу мусики вучуди муридонашро меларзонид ва рух,ашонро ба сайр мебурд.

Аз дигар тараф мусикии хозираи мо аксаран пучу бемаънист ва манъи баъзеи он хайр аст.
Лек Шашмакоми мо, Шачариён ва Парвози Хумои эрони ки ба газалхои Бузургони Маърифати ислом оханг бастаанд аз ваъзи пучи баъзе мулло бехтаранд. Bahrom, Hisor

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.