Бонки Осиёии Тавсеъа аз анҷоми тарҳи худ дар заминаи рушди арсаи беҳдошт дар Тоҷикистон хабар додааст.
Ба гуфтаи масъулони ин бонк барномаи вижаи ҳафтмилюндулории ин бонк, ки аз соли 2005 роҳандозӣ шуда буд, ба беҳбуди вазъи бахши осебпазири ҷомеъаи Тоҷикистон, аз ҷумла ҷилавгирӣ аз маргу мири занону кӯдакон равона шуда буд.
Дар ҷаҳорчӯби ин тарҳ ҳамчунин кумакҳои назаррас ба занони обистан, ки аз камхунӣ ранҷ мебаранд, анҷом гирифт.
Афзун бар ин, ҷилавгирӣ аз афзоиши мубталоён ба вируси норасоии масунияти бадан ва бемории СПИД низ яке аз аҳдофи ин барнома унвон шуда буд.
Ҷодҷӣ Токешӣ, намояндаи БОТ дар Тоҷикистон гуфтааст: "Яке дигар аз самтҳои ин барнома назорат бар кайфияти доруҳои ворида ба Тоҷикистон ва афзоиши дӯконҳои доруфурӯшии қонунӣ дар ин кишвар буд. Дар чаҳорчӯби ин барнома шумораи чунин фурӯшгоҳҳо аз 157 дар соли 2004 то ба 1258 дар соли 2009 расид."
Гуфта мешавад, ин барномаи БОТ ҳудуди 50 навоҳии мухталиф дар сартосари Тоҷикистонро фаро гирифта буд. Дар ҷараёни иҷрои он, 130 пизишк ва 560 парастор давраҳои омӯзишии вижаи пизишкии хонаводагиро пушти сар кардаанд.
Барои иҷрои ин барнома беш аз нуҳ милюн дулор масраф шудааст, ки як милюну 700 ҳазори онро давлати Тоҷикистон ихтисос додааст.
Бонки Осиёии Тавсеъа соли 2010 эълом карда буд, ки дар се соли оянда барои роҳандозии барномаҳои иқтисодӣ ба Тоҷикистон маблағи 252 милюн дулори омрикоӣ ихтисос хоҳад дод. Миқдоре аз ин маблағ барои иҷрои барномаҳое дар арсаи беҳдоштии кишвар низ равона шудааст.
BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست
بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.