Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 12 Январ соли 2011 - 12:07

Тасвиби пурутукул дар бораи муъомилаи арзӣ бо Чин

нақша

Помири Шарқӣ аз манотиқи мавриди баҳси Тоҷикистону Чин маҳсуб мешуд

Бо тасвиби прутукул дар бораи таъйини хутути марзӣ миёни Тоҷикистону Чин дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагони порлумони ин кишвар, 1142 килуметри мураббаъ аз қаламрави Тоҷикистон ба ихтиёри Чин гузашт.

Бо тасвиби ин санад баҳси арзии миёни Тоҷикистон ва Чин, ки таърихи беш аз садсола доштааст, ҳалшуда маҳсуб мешавад.

Ин санад рӯзи чоршанбеи 12 январ, дар иҷлоси Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон бо аксарияти кулли орои намояндагони порлумон тасвиб шуд.

Зимнан, ин прутукул дар 27 апрели соли гузашта дар шаҳри Пекани Чин аз ҷониби вузарои хориҷаи Тоҷикистон ва Чин имзо шуда буд.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон имзои ин санадро як гоми муҳим дар роҳи густариши ҳамкориҳо бо “ҳамсояи бузург” талақӣ кардаанд, аммо раҳбарони бархе аз аҳзоби мухолиф додани бахше аз қаламрави Тоҷикистонро ба кишвари дигар “амали муғойир ба Қонуни Асосии кишвар” хонданд.

"Дастовард дар равобити хориҷӣ"

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, ки прутукул дар бораи таъйини хутути марзи миёни Тоҷикистону Чинро дар иҷлоси порлумон муъаррифӣ мекард, имзои ин санадро "дастоварде дар равобити Тоҷикистон бо Чин" арзёбӣ кард.

Зарифӣ

Оқои Зарифӣ имзои тавофуқ дар заминаи таъйини хутути марзӣ бо Чинро "пирӯзии диплумосии Тоҷикистон" хонд

Ба гуфтаи оқои Зарифӣ миёни Тоҷикистон ва Чин се минтақаи баҳсноки водии Маконсу, ағбаи Қарозоқ ва Помири Шарқӣ, ки масоҳати умумиаш 28 ҳазору 412 килуметрро ташкил медод, вуҷуд дошт.

Минтақае, ки ба ихтиёри Чин дода шудааст, Шайнак ном дошта ва дар қисмати Помири Шарқӣ воқеъ гаштааст.

Гуфта мешавад, музокироти Тоҷикистону Чин бар сари манотиқи баҳснок дар моҳи январи соли 1993 шурӯъ шуда буд ва ҳайати Тоҷикистин нахуст дар ҳайати муштараки Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бо ҷониби Чин масоили марзиро баррасӣ кардааст.

Вале дар пайи музокироти дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар моҳи августи соли 1999, Тоҷикистон 1142 килуметри мураббаъи қаламрави худро, ки танҳо 3,5 дар сади манотиқи мавриди баҳси Тоҷикистону Чинро ташкил медод, ба ихтиёри Чин гузошт.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳалли мушкили арзӣ бо Чинро “дастоварди бузурги Тоҷикистон хонд, ки дар пайи музокироти тӯлонӣ ва баҳсҳои зиёд ба даст омадааст”.

Ин дар ҳолест, ки кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон аз 40 то 60 сади ин гуна манотиқи баҳсноки худро дар ихтиёри Чин гузоштаанд.

Муҳиддин

Оқои Кабирӣ мегӯяд, бар асоси қавонини Тоҷикистон "ҳудуди ин кишвар дахлнопазир аст."

Баҳсҳои арзӣ миёни Чин ва импротурии Русия, ки Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистони феълӣ шомили ин импротурӣ буданд, беш аз сад сол қабл шурӯъ шуда ва дар 22 майи соли 1884 миёни ин кишвар санаде бо номи “Марғелони нав” имзо шуда буд.

Тибқи ин санад қаторкӯҳҳои Саркӯл дар Помири Шарқӣ хатти марзи миёни Русия ва Чин таъйин шуда буд.

"Ҳудуди Тоҷикистон дахлнопазир аст"

Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумони Тоҷикистон гуфт, ки тибқи моддаи 7-и Қонуни асосии ин кишвар “ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир аст”.

Аз ин лиҳоз, ба гуфтаи оқои Кабирӣ “ба Чин додани беш аз 1000 килуметри мураббаъи қаламрави кишвар ба ҳеч ваҷҳ пирӯзии диплумосӣ буда наметавонад ва мумкин аст кишварҳои дигар низ бо мушоҳидаи чунин вазъ, бо Тоҷикистон даъвои арзӣ дар миён гузоранд."

масов

Оқои Масов гуфт, ӯ ба унвони узви Кумисиюни муштараки Тоҷикистон ва Чин санади додани беш аз 1000 килумети мураббаъи арозии Тоҷикистон ба Чинро имзо накардааст

Ӯ гуфт, агар дар ин замина ба санадҳои таърихӣ истинод шавад, як замоне вилояти Қошғари Чин бахше аз Аморати Бухоро буд.

Окодемисиян Раҳим Масов, раиси Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон низ “додани арозӣ ба Чинро як амали нодурусти давлати Тоҷикистон “ хонд.

Оқои Масов, ки яке аз аъзои Кумисиюни муштараки Тоҷикистону Чин барои таъйини хутути марзӣ буд, ки соли 2004 таъсис шуда буд, гуфт, ки санади додани беш аз 1000 килумети мураббаъи қаламрави Тоҷикистон ба Чинро имзо накардааст.

Ба гуфтаи ин донишманди тоҷик "мавзӯъи дахлнопазирии ҳудуди кишвар барои ҳар шаҳрванди тоҷик муқаддас буда ва ӯ нахост, номаш дар таърих сиёҳ шавад."

Аз сӯйи дигар, тибқи иттилоъи ниҳодҳои заминшиносии Тоҷикистон, дар даврони шӯравии пешин дар минтақаи Помири Шарқӣ 17 маъдани мухталиф кашф шуда буд ва Чин талош мекард ин минтақаи ғанӣ аз маъодинро соҳиб шавад.

Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби куммунист ва намояндаи порлумони Тоҷикистон гуфт: "Агар мақомоти Тоҷикистон дар мавриди музокироти манотиқи баҳснок бо Чин иттилоъ дода ва ин раванд шаффоф мешуд, дар ҷомеъаи Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи фурӯхтани замин ба Чин пайдо намешуд."

Идомаи мубоҳисот дар атрофи манотиқи баҳснок

Чин нахустин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон аст, ки дар заминаи таъйини хутути марзӣ бо Тоҷикистон санади ниҳоиро имзо карда ва порлумони ин кишвар онро тасвиб кардааст.

шабдолов

Ба эътиқоди оқои Шабдолов шаффоф набудани раванди музокирот бо Чин дар масоили марзӣ сару садоҳоеро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба бор овардааст

Аммо ба гуфтаи масъулони Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, мубоҳисоту музокироти Тоҷикистон бо Ӯзбакистону Қирғизистон дар заминаи таъйини хутути марзӣ ҳамчунон идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадтоҳир Зокиров, раиси Кумитаи заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон гуфт, ки 98 дар сади хутути марзии миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мушаххас шуда, аммо то ҳол ҷонибҳо дар чанд минтақаи баҳснок дар манотиқи марзи муштараки ин ду кишвар дар шимоли Тоҷикистон ба тавофуқ нарасидаанд.

Оқои Зокиров таъкид кард, ҳамчунин мушкил дар таъйини хутути марз бо Қирғизистон вуҷуд дошта ва музокироти тарафҳо дар замина ба кундӣ пеш меравад.

Аз сӯйи дигар, музокирот дар заминаи таъйини хутути марз бо Афғонистон, ҳамсояи дигари Тоҷикистон то ҳол шурӯъ нашудааст.

Ба эътиқоди коршиносон, таъвиқ дар таъйини хутути марзӣ бо Ӯзбакистон ва Қирғизистон мушкилоти зиёдеро, назири мавориди кушта ва захмӣ шудани афрод дар манотиқи минкоришуда дар манотиқи марзӣ ва муноқишот дар заминаи тақсими манобеъи об дар навоҳии наздимарзӣ ба миён овардааст.

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.