
Оқои Ли ба дунболи густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва низомӣ бо Иттиҳодияи Урупо аст
Ҳайате баландпоя аз мақомоти Чин дар сафар ба Бритониё ба дунболи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо аст.
Ли Кеҷон, муъовини нахуствазири Чин, ки бархе коршиносон ӯро нахуствазири эҳтимолии ояндаи он кишвар мехонанд, рӯзи якшанбе дар сафари чаҳоррӯзааш ба Бритониё вориди Искотланд шудааст.
Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳадафи аслии ин сафар ба шумор меравад.
Оқои Ли раёсати ҳайати бзурге аз мақомоти расмӣ аз ҷумла вазири давлати Чинро бар уҳда дорад ва чандин нафар аз туҷҷор ва бозаргонони саршиноси чинӣ ӯро дар музокироташ бо мақомоти Бритониё ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар аввалин рӯзи сафари чаҳоррӯза ин ҳайати баландпояи чинӣ ба Бритониё оқои Ли бо мақомоти Искотланд бар сари хариди фановарии муртабит бо энержиҳои таҷдидпазир ба тавофуқ расид.
Ин фановарӣ ба тавлиди барқ аз забола марбут мешавад ва тавофуқи марбут ба он ҳудуди 10 миллиюн дулор арзиш дорад.
Бриҷит Кендол, хабарнигори ҳавзаи диплумотики Би-би-сӣ мегӯяд, ки давлати Чин ба дунболи таҳкими равобиташ бо кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо аст.
Иттиҳодияи Урупо бузургтарин бозори маҳсулоти тавлиди Чин аст.
Ба назари коршиносон Бритониё ҳам ба дунболи дастрасии бештар ба бозори масрафи дар ҳоли густариши Чин аст. Зимни он ки ҷазби сармоягузории Чин дар бахшҳои иқтисодии Бритониё ба манзури эҷоди фурсатҳои шуғлии ҷадид ва рушди иқтисодии бештар аз дигар аҳдофе аст, ки мақомоти Бритониё дар музокироташон бо намояндагони давлати Чин дунбол мекунанд.
Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ мақомоти Чин ҳамчунин ба дунболи бартараф кардани чизе ҳастанд, ки "гароишҳои муртабит бо ҷанги сард" мехонанд ва муътақиданд, ки ин гароишҳо боъис шудааст фурӯши таслиҳот ва низ фановариҳое бо корбурди дугона маҳдуд шавад.
"Омрико Чинро дастикам гирифтааст"
Дар айни ҳол Роберт Гейтс, вазири дифоъи Омрико ҳам барои сафаре се рӯза ба Чин рафтааст. Ӯ дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба барномаҳои давлати Чин барои тавлиди аввалин ҷитҳои ҷангандаи номурраъӣ (невидимка) дар баробари родор гуфтааст, ки "ба назар мерасад Чин дар раванди тавлиди ин навъи ҷитҳо ба маротиб беш аз пешбинии ниҳодҳои иттилоъотии Омрико пешрафт кардааст."
Оқои Гейтс гуфтааст, ки "пешрафтҳои низомии ахири Чин ба ҳадде аст, ки метавонад қобилиятҳои Омрикоро дар минтақаи Уқёнусия бо хатар рӯбарӯ кунад."
Ӯ ҳамчунин гуфта, ки пешрафтҳое, ки дар бахши таслиҳот анҷом мешавад, нишонгари аҳамияти оғози "гуфтугӯ дар заминаҳои низомӣ" аст.
Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки дидораш аз Чин битавонад заминаеро барои шакл додан ба ҳамкориҳои дифоъии байни ду кишвар фароҳам кунад.
Гуфта мешавад, ки сафари оқои Гейтс ба Чин барои фароҳам сохтани муқаддамоти дидори расмии Ҳу Ҷин Тоу, раиси ҷумҳури Чин аз Омрико аст, ки дар авохири моҳи январ анҷом хоҳад шуд.
BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست
بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.