Ба рӯз шуда:  Шанбе, 08 Январ соли 2011 - 09:44

Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 7 январ

Дуруд ва хуш омадед ба нахустин барномаи тафреҳии тоҷикӣ дар соли 2011-и мелодӣ.

Баъди баргузории барномаҳои солинавӣ аксари фарҳангиён ва ҳунармандону овозхонҳои тоҷик ба таътил рафтаанд.

Албатта, муддатҳо қабл аз баргузории барномаҳои солинавӣ аксари сарояндаҳо ва фарҳангиён шабу рӯз тамрин мекарданд ва таронаву оҳангҳояшонро забт мекарданд, то маҳофили хубу хотирмоне барои алоқамандони ҳунарашон дар шаби Соли нав дошта бошанд.

Ҳоло то куҷо ширкаткунандагон ва мутасаддиёни баргузории барномаҳои солинавӣ муваффақ шуданд, инро ба шумо ҳавола мекунем, чун шумо ин барномаҳоро дидаед.

Ҳоло ба кӯлбори мо нигаред, ки чи армуғони солинавӣ дорем:

Нахуст шуморо ба тамошои "Боғи Бобур” ба шаҳри Кобул мебарем,

Баъдан сӯҳбате дорем бо аъзои гурӯҳи “Хуросон”, ки аз Эрон барои иҷрои барномае ба Душанбе омадаанд.

Ҳамчунин, ҳамкорам Орзу шуморо бо Матлуба Сафарова, овозхоне аз Қурғонтеппа, ошно мекунад.

"Боғи Бобур" дар Кобул

Дар қисмати ғарбии шаҳри Кобул боғи зебоест ба номи "Боғи Бобур", ки беш аз 11 ҳектор замин дошта, наздики 20 ҳазор дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда дар ин боғ мавҷуданд.

Дар рӯзҳои ҷашну таътил маъмулан ин боғ хеле серодам аст. Агарчи дар фасли пойиз аз ин боғ дидан мекардам, нафаси сарди пойиз ҳануз ба чаманҳои сарсабзаш нахурда буд ва рангҳои сурху зарди баргҳои дарахтони боғ ба чашм хеле зебо менамуданд.

боғи Бобур

Дар ин боғ мақбараест, ки онро Ҷаҳонгиршоҳ 77 сол пас аз марги Бобур сохтааст.

Номи аслии Бобур Заҳируддин Муҳаммад буда, вай бештар бо номи Бобур машҳур аст. Бархе аз таърихнигорон мӯътақиданд, ки Бобур аз он хотир ки марде шуҷоъ ва диловар буд ва ҳамеша дар ҷангҳо бар рақибонаш пирӯз мешуд, ин лақабро ба худ гирифтааст.

Ривояте ҳам ҳаст, ки гуё вай замоне сари бабрро оварда назди пойи шоҳи Ҳинд андохта ва пӯсташро бар шонаҳояш гузошта ва аз инҷо лақаби Бобурро гирифтааст.

Бобуршоҳ, ки аз бунёнгузорони сулолаи Бобуриён ё Муғулҳои Ҳинд (қарнҳои 16-19 милодӣ) маҳсуб мешавад, дар қаламрави Ӯзбакистони кунунӣ мутаваллид шуда ва дар Ҳинд вафот намудааст.

Бобои Абдураҳмонхон, парастори ин боғ, ки моро раҳбаладӣ мекард, аз таърихи шоҳ Бобур бароямон чунин гуфт: "Бобур ҳануз 12-сола буд, ки подшоҳ шуда ва бо мурури замон ба як имперотури тавоно расидааст."

"Бобур боғи “Мемла”, боғи “Сафо” ва боғи “Вафо”-ро дар Ҷалолобод сохтааст. Ҳамчунин қасри болои ҳисори Кобулро сохтааст. Боғи “Занона”, боғи “Солит”, боғи “Хилват”, боғи “Солиб”, боғи “Нур”."

Ба гуфтаи бобои Абдураҳмонхон, Бобур аз тарафи модар ба Чингиз, хони муғул, ва аз тарафи падар ба Темур, бунёнгузори давлати Темуриён дар бахшҳое аз қаламравии кунунии Осиёи Миёна ва Эрону Афғонистон, мерасад.

"Модараш Қутлуқнигор-бегим, духтари Юнусхони муғул, буд. Мегӯянд Бобур чаҳор писар дошт: Мирзо Ҳиндиёр, Ҳумоюн, Комрон ва Аскарӣ. Дар паҳлуи қабри Бобур қабри писараш Мирзоҳиндиёр ва наберааш Ҳаким, писари Ҳумоюн, низ ҳаст."

Бобои Абдураҳмон ҳамчунин мегӯяд, ки дар қисмати болои ин боғ сохтмони бузурге ҳаст, ки онро "Қасри Малика" меноманд ва онҷо замоне ҳарамсарои духтари Бобуршоҳ Руқия Султонбегим будааст.

"Дар боғ масҷиде ҳаст, ки мегӯянд онро Шоҳиҷаҳон, шоҳи муғул, пас аз он ки Балху Бадахшон ва Шибирғонро ба тасарруфи худ дароварда, сохтааст. Вай аз ҷанг хаста шуда бармегашт ва др ин боғ дам мегирифт ва мафтуни зебоии ин боғ шуда, 40 ҳазор пайсаи машҳадӣ дода, фармон медиҳад, то масҷидеро дар ин боғ бунёд кунанд ба шаклу услуби меъмории ҳиндӣ."

Деворҳои чаҳор тарафи ин боғ дар гузашта ду метр арз дошта, 7 метр баландӣ доштаанд, ки онҳоро ҳамсари Руқия Султонбегим, Ҷалолиддини Акбар, бунёд кардааст.

дар замони толибон

Ин боғ, дар маҷмуъ, 11 ҳектор замин дорад. Дар замони Толибон ин боғ вайрону валангор шуда буд ва дарахтони чандсадсолаи боғро решакан карданду сохтмонҳои онро валангор сохтаанд.

Чанд сол қабл бо кумаки молии Сандуқи Оқохон боз "Боғи Бобур" дубора тармим ва бозсозӣ шуда ва имрӯз маҳалли тафреҳ ва фароғати шаҳрвандону меҳмонони Кобул аст.

Овозхонии гурӯҳи “Хуросон”

Дар нахустин рӯзҳои соли 2011, аниқтараш 2 январ, дар толори Кохи Ҷомӣ дар шаҳри Душанбе гурӯҳи “Хуросон” аз Эрон як барномаи мусиқии суннатиро барои алоқамандони ин навъи мусиқӣ иҷро кард.

Теъдоди тамошочиёни ин барнома чандон зиёд набуд ва ончунон ки тамошочиён дар поёни барнома мегуфтанд, албатта, ин навъи мусиқӣ шояд алоқамандони худро дар Тоҷикистон дошта бошад, аммо таблиғи ин барномаи консертӣ ва гурӯҳи “Хуросон” қабл аз иҷрои барнома камтар буда ва ба ҳамин далел мардум аз ин рӯйдод чандон хабаре надоштаанд.

гурҳи "Хуросон"

акс аз Рузбеҳ

Созҳое ки аъзои гурӯҳи “Хуросон” аз онҳо дар ин барнома истифода карданд, мисли дутор, сетор, сантур, ба гуфтаи онҳо, хеле қадимӣ буда, реша дар фарҳангу таърихи деринаи ақвоми эронӣ доранд.

Ромёр, яке аз аъзои гурӯҳ, ки аз курдҳои Маҳобод, дар ғарби Эрон, аст, дар сӯҳбат бо мо чунин гуфт: "Шояд то имрӯз касе чунин кореро анҷом дода бошад, аммо ба ҳар ҳол, мо то ба имрӯз надидем ва нашунидем."

"Аз ҳамин хотир ҳам, барои аввалин бор ба ҳам омадем ва мусиқии ин дуто қавми тоҷику курдро, ки аз ду ноҳияи мухталифи Эрон ҳастанд, нишастем канори ҳамдигар ва ин мақомҳоро мурур кардем, дидем се чаҳоруми мақомҳои мо муштарак ҳастанд, вале чун дар гуйишҳои онҳо тафовутҳое ҳаст ва ё бо мурури замон эҷод шуда, мусалламан дар мусиқии ин ду қавм низ ин тафовут ба вуҷуд омада."

Ромёр

Ба андешаи Ромёр, ҷавонҳои зиёде имрӯзҳо гирди ҳам меоянду мусиқӣ менавозанд, мусиқиҳои қадимиро бозхонӣ мекунанд, танзими ҷадид мекунанд, корҳояшонро забт мекунанд. Вале мутаассифона, мушкил ин ҷост, ки ин корҳоро бидуни созҳои фулклурӣ анҷом медиҳанд. Вай мӯътақид аст, ки бояд бо созҳои худи ҳамон маҳал мусиқии он мантақаро иҷро кард.

Аъзои ин гурӯҳ мегуфтанд, ки қабл аз сафарашон ба Тоҷикистон маълумоти андаке дар бораи мусиқии мардумии тоҷикӣ доштанд, аммо дар мавриди мардуми тоҷик иттилоъи зиёде надоштанд.

Алӣ Амонӣ, яке дигар аз аъзои ин гурӯҳ, ки худаш аз курдҳои Хуросон аст ва дутор менавохт, гуфт: “Дар ин муддати кӯтоҳ, ки дар Душанбе ҳастем, ман тавонистам аз ҳунаристон ва ё консерваторияи Душанбе дидан кунам ва бо устодони мусиқӣ, мисли Давлатманди Хол, устод Абдураҳмону устод Ҷурабек Мурод мулоқот кунам. Ва бо шогирдони ҳунаристон суҳбатҳо доштам, бо созҳои мусиқии тоҷикӣ ошно шудам ва як иҷрои кӯчаке ҳам доштем барои донишҷӯён ва устодон."

Али Амони бо дутор ва Ҳоди Меъмориён бо даф

Вай афзуд: "Барои ман хеле ҷолиб буд, ки тоҷикҳо низ дутор доштанд, аммо инҷо ду навъ буд, ки якеро дутор ва дигариро думбра мегуфтанд, ки кӯчактар буд ва пардабандӣ нашуда буд ва торҳояш низ аз найлун буданд. Аммо дутори дигарӣ хеле шабоҳат дошт ба дутори эронӣ, аммо пардаҳояш бо лаҳҷаи тоҷикӣ ҷур шуда буд ва системи табақабандии мелодиҳояш фарқ мекард бо дутори эронӣ. Вале чун решаёбӣ кардем, аз як сарчашма реша гирифтаанд ва аз як ҷинс ҳастанд."

Қарор буд 3 уми январ барномаи дигаре низ ин гурӯҳ дар Кохи Ҷомии шаҳри Душанбе иҷро кунад, аммо ба далоили мухталиф ин барнома лағв шудааст.

гуруҳи "Хуросон"

акс аз Рузбеҳ

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи бархе аз ҳозирин дар консерти гурӯҳи “Хуросон” дар шаҳри Душанбе, дар остонаи баргузории ин барнома огаҳӣ ва таблиғоти каме дар мавриди баргузории ин барнома дар хиёбонҳои шаҳр ба чашм мехӯрд.

Дар маҷмӯъ, сознавозон ва овозхонҳои гурӯҳи “Хуросон” аз нахустин сафари худ ба Тоҷикистон розӣ ба назар мерасиданд ва гуфтанд, ки ҳозиранд дар ҳоли пайдо шудани барномагузори дигаре, ки иҷрои барномаи консертии онҳоро дар Душанбе бар зима бигирад, дубора дар ин ҷо барнома иҷро кунанд.

"Овозхон бояд ба дили ҳаводорон роҳ ёбад"

Матлуба Сафарова, овозхоне маҳаллӣ, дар хонаи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон фаъолият мекунад.

Дар мусоҳибае, ки ҳамкорам Орзу бо хонуми Сафарова дошт, вай гуфтааст, ки агарчи дар ноҳия барои такмили ҳунараш мушкил дошта, вале хушҳол аст, ки дар чандин кишварҳо аз тариқи барномаҳои консертӣ Тоҷикистонро муъарифӣ кардааст.

Матлуба Сафарова

Вай мегӯяд, ки дар замони Шӯравӣ бо сурудҳои мардумияш нахустин қадамашро рӯйи як саҳна дар Мулдовӣ гузошта ва дар саҳнаҳои дигаре дар Афғонистону Қазоқистон низ сурудхонӣ кардааст.

Матлуба мутаассиф аст, ки ҳоло барои такмили ҳунари овозхонӣ мушкилоти зиёде сари роҳ дорад ва масалан, наметавонад, ки бо музди моҳонааш сурудҳояшро забт кунад.

Матлуба Сафарова

Матлуба орзу дорад, ки як маҳфили рубобнавозони ҷавонро дар ноҳия таъсис диҳад, вале сармоя барои ин кор надорад ва ин орзуи сафеде барои ӯ будааст.

Хонуми Сафарова аз мушкилоти зиндагӣ руҳафтода нашуда ва рӯзҳои сангини ба саҳна омаданашро низ ба ёд меорад. Вай оҳангҳои зиёде дорад, ки ҳоло дар хазинаи тилоии родиюи Тоҷикистон маҳфузанд, вале боре ҳам барномаи консертии худро баргузор накарда ва кафкӯбии мухлисонашро дар толорҳои Тоҷикистон надидааст.

Матлуба Сафарова

Назарот ва пешниҳодҳои худро дар бораи барнома ба одреси электрунии мо zevarshoh@bbc.tj ё bbc_dushanbe@yahoo.com фиристед.

То ҳафтаи баъдӣ падрууууууууд!

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

Барномаҳои қабли

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.