
Дар соли ҷорӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон барф тақрибан нарехтааст
Бориши кам дар тирамоҳи гузашта ва зимистони ҷорӣ Тоҷикистонро бо хатари хушксолӣ рӯбарӯ кардааст.
Тибқи иттилоъи Маркази ҳавошиносиии Тоҷикистон, дар ин муддат танҳо аз 5 то 15 дарсади мизони боришҳои ҳамасола мушоҳида шудааст. Ин марказ мегӯяд, ки агар то ду моҳи дигар вазъ тағйир наёбад, хатари хушксолӣ дар ин кишвар воқеъӣ хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, ки онҳо ба воҳидҳои кишоварзӣ дастур додаанд, то дар мазореъи лалмӣ танҳо ба кишти зироъатҳое машғул шаванд, ки масрафи оби онҳо камтар аст.
Нарзулло Додобоев, сухангӯйи ин ниҳод, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳатто дар сурати хушксолӣ об барои мазореъи обӣ таъмин мешавад.

Камбуди бориш ва хатари хушксолӣ кишоварзонро бо мушкилоте рӯбарӯ хоҳад кард
Вай афзуд: "Мушкили аслӣ дар мазореъи лалмӣ ба вуҷуд омадааст, ки арозии кулли он дар Тоҷикистон бештар аз 200 ҳазор ҳектор аст. Бархе аз кишоварзон дар ин қитъаҳои замин дар тирамоҳ гандум кишт кардаанд ва ҳоло баъид аст, ки ҳосили хубе ба даст оваранд. Мо пешниҳод кардем, ки ба ҷойи гандум ҷав кишт кунанд, зеро масрафи оби ин растанӣ камтар аст."
Гузашта аз ин, вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба давлат пешниҳод кардааст, ки аз моҳи ноябр то моҳи март кишоварзон аз пардохти ҳаққи истифода аз об муъоф шаванд.
Ба гуфтаи оқои Додобоев, ин пешниҳод ба он қитаъоти замин рабт дорад, ки интиқоли об дар онҳо бидуни истифода аз пумп (насос) анҷом мешавад. Вай афзуд: "Дар ин фасли сол об кам истифода мешавад, вале он ҷорӣ аст ва хуб мешуд, агар давлат ин пешниҳодро бипазирад."
Талбак Салимов, муъовини раиси Кумитаи кишоварзӣ ва шуғли аҳолии Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, ки чунин пешниҳоде то ҳол вориди порлумон нашудааст.
Вай афзуд: "Мо омода ҳастем ин мавзӯъро баррасӣ кунем. Вале бояд таъкид кунем, ки бидеҳиҳои воҳидҳои кишоварзӣ аз вазорати обёрии кишвар бузург аст ва ин ниҳод наметавонад ба таври ройгон обро барои кишоварзон таъмин кунад. Зеро интиқоли бидуни насоси об низ махориҷе дар пай дорад.

Маъмулан дар ин вақти сол дар гарданаҳои Анзоб ва Шаҳристон ин миқдори барф мушоҳида мешуд, вале ҳоло нишоне аз барф дар онҳо нест
Дар ҳамин ҳол, Ҷамила Байдуллоева, як масъули Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, мегӯяд, ки агар вазорати кишоварзӣ бо ин ниҳод робитаи хуб медошт, эҳтимоли ҷилавгирӣ аз хисорот барои кишоварзон имконпазир буд.
Вай афзуд: "Мо ҳанӯз дар тирамоҳи соли гузашта аз эҳтимоли камбуди борандагӣ дар бештари манотиқи кишвар ҳушдор дода будем. Вале кишоварзон ба ин иттилоъ таваҷҷӯҳ накарданд."
Хонуми Байдуллоева афзуд, ки зимистони имсолро наметавон ғайриъодӣ номид. Зеро соли 2001 дар Тоҷикистон вазъи мушобеҳе иттифоқ уфтод, ки дар натиҷаи хушксолии он замон иқтисоди Тоҷикистон хисороти ҳангуфте бардошт.
Ҷамила Байдуллоева гуфт: Дар бештари манотиқи Тоҷикистон дар тирамоҳ ва зимистони имсол аслан на борон ва на барф боридааст. Тибқи мушоҳидаи чандсола, дар ин муддат дар кӯҳистон бояд то 50 дарсади барф захира мешуд, вале ҳоло нишоне аз он нест.
Зимнан, Рустам, як ронандаи токсӣ дар масири Душанбе-Хуҷанд, мегӯяд, ки ҳамасола дар гарданаи Анзоб ва Шаҳристон дар ин замон қабати барф то чаҳор метр буд, ки ҳаракати васоили нақлияро душвор мекард.

Камборишӣ метавонад кишарҳои минтақаро дар заминаи танзими истифода аз захоири об бо мушкилоте рӯбарӯ созад
Вале вай афзуд: Ҳоло дар баландтарин нуқтаи гарданаи Шаҳристон аз зери чархҳои мошин чанг мехезад, ки хосми ин фасли сол нест.
Бо ин вуҷуд, Ҷамила Байдуллоева мегӯяд, ки ҳавошиносон эҳтимоли боришҳои зиёд дар моҳи февралро пешбинӣ кардаанд, ки метавонад то андозае хатари хушксолиро коҳиш бидиҳад.
Вай хабар дод, ки аз субҳи рӯзи ҷумъаи 7 январ дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон резиши барф ва борон мушоҳида шудааст. Ва интизор меравад дар ҳафтаи оянда бориши бештари барф мушоҳида шавад.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки хатари хушксолӣ метавонад масоили танзими истифода аз захоири об дар Осиёи Марказиро душвортар созад.
Зеро то шаст дарсади захоири оби минтақа дар кӯҳистони Тоҷикистон сарчашма мегирад ва камбуди об дар рӯдхонаҳо метавонад ба бурузи ихтилофот миёни кишварҳо дар заминаи тақсими манобеъи оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ мунҷар шавад.
* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд
BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست
بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.