Ба рӯз шуда:  Душанбе, 03 Январ соли 2011 - 12:52

Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 31 декабр

Хуш омадед ба охирин барномаи тафреҳии тоҷикӣ дар соли 2010 мелодӣ.

Имрӯз охирин рӯзи соли 2010-и милодӣ аст ва зиёде аз хонаводаҳои Тоҷикистон гирди ҳам омада, бо соли куҳан падруд гуфта, аз соли нави 2011 истиқбол мекунанд.

Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳии кишвар шиъорҳои “Соли нав муборак” ва “Марҳабо соли 2011” ба чашм мехурад. Назди сохтмонҳо ва аксаран дар майдонҳои марказии шаҳрҳо дарахтони санавбар ва ё он гуна, ки дар Тоҷикистон аз онҳо ном мебаранд арчаҳои солинавӣ оро дода шудаанд.

Ёд дорам, ки замони шуравӣ соли нав яке аз ҷашнҳои дӯстдоштатарини мо, бачаҳо, буд ва ҳанӯз чанд моҳе қабл аз фарорасии соли нав мо мунтазираш будем. Фикр мекунам шояд аз он хотир зиёд ин ҷашнро дӯст медоштем, ки дар шаби соли нав Бобои Барфӣ ва ё ба қавли эрониҳо Бобо нуел барои мо тӯҳфа медод ва дар мактабҳо барномаҳои ҷолиби солинавӣ баргузор мешуданд.

Ё шояд аз он хотире, ки мактабҳо таътил мешудану мо, толибилмон, барои ду ҳафта ба ҳоли худамон будем. Аммо ончунон ки имрӯз мебинам, таҷлил аз Соли нави мелодӣ шукуҳу шаҳомати қаблии худро аз даст додааст. Аммо ҳамоно модарон ва хоҳарону ҳамсаронамон барои хонаводаҳояшон дар ин рӯз ғизоҳои хушмазза мепазанду ширинӣ тайёр мекунанд ва хони идона ороста, соати 12 шаб ҳамдигарро бо фарорасии соли нави мелодӣ таҳният мегӯянд.

Дар ин барнома назари чанде аз ҳунармандону фарҳангиёнро дорем, ки ҳамкорони мо дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ҷамъ овардаанд.

табрикоти солинави аз Қурғонтеппа

Меҳри Ҳоҷибоева

Меҳрӣ Ҳоҷибоева, ҳунарманди халиқии Тоҷикистон, мегӯяд дар соли 2010 сафарҳои зиёде доштааст ва дар чандин намоишнома нақши қаҳрамони аслиро офаридааст. Ӯ мегӯяд: “Орзуи онро дорам, ки мисли солҳои қабли пур аз толори теотр пур аз тамошобин бошад ва мо ҳунарпешаҳо бо муҳаббат ва садоқат барои алоқамандони теотр нақшҳои хубу ҷолиб иҷро кунем.”

Муҳаммадалӣ Аюбӣ

Маҳмадалии Аюбӣ, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон мегӯяд, ки соли 2010 - ро ҳеҷгоҳ фаромуш намекунад, зеро дар ин сол сафаре доштааст ба семинари мусиқии суфиёна, дар Афғонистон.ӯ мегӯяд дар соли 2011 қасди баргузории барномаи консертиашро дар шаҳри Душанбе доштааст

Хайрулло Давлатов

Хайрулло Давлатов, саррассоми маҷалаи ҳаҷвии «Хорпуштак» аз соли 2010 изҳори қаноатмандӣ мекард , вай гуфт: “Албатта хеле соли пуркор ва пурборе буд барои ман, чун дар ин сол ман масъули тарҳрезӣ ва баргузории ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Данғара будам.

ҳамчунин дар ин сол ман тавонистам чандин корикотурамро дар маҷаллаи Хорпуштак ва маҷаллаҳои дигари кишвар нашр кунам, ки аз тарафи мардум хуш пазируфта шудаанд. Орзу мекунам, ки соли 2011 боз ҳам имкони бештареро барои мардуми эҷодкор фароҳам кунад.”

Варзиши Ушу

Ин ҳафта дар меҳмонхонаи барномаи тафреҳӣ сӯҳбате доштем бо Сиёвуш Гулмамадов, варзишкори ҷавони тоҷик. Сиёвуш мегӯяд, ки соли 2010 барояш хеле соли бобароре будааст.

Дар ин сол ӯ барои нахустинбор дар мусобиқоти байналмилалии ушу дар шаҳри Санкт Питерзбурги Русия сазовори ҷои аввал шудааст ва дар мусобиқоти байналмилали ушу дар ҷумҳурии халқии Чин мақоми севумро ба даст овардааст."

“Ман дар деҳаи Ринди ноҳияи Ишкошими Бадахшон ба дунё омадаам ва аз хурдсолӣ ба варзиш алоқаи зиёде доштам. Дар деҳаи мо толори варзишӣ набуд, мо дар майдончаи варзишии назди мактаб дар ҳавои кушод бо амакам, ки устоди фанни тарбияи ҷисмонӣ буд, шомгоҳон куштӣ машқ мекардем.”

Сиёвуш баъди хатми мактаб ба хидмати ҳарбӣ рафт ва танҳо баъд аз он ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба факултаи "Лингвистики тарҷумони" дохил шуда, тамринҳояшро дар толорҳои варзишии шаҳри Душанбе идома дод.

Ба суоли ман, ки чаро ба донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нарафтааст, Сиёвуш гуфт “Ман фикр мекунам варзиш касб шуда наметавонад, варзиш кардан, ба андешаи ман, барои ҳар фард шарт ва зарурист. Аммо дар баробари ин ҳар як варзишкор бояд тахассуси дигаре низ дошта бошад ва ман дар баробари омузиши забон ва тарҷумонӣ боз ҳамарӯза ба толори варзишӣ рафта машқ мекунам ва ҳатто дар бештари мусобиқоти сартосарӣ оид ба варзиши ушу ширкат мекунам ва имсол муаффақ шудам, то дар тими мунтахаби ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиши ушу шомил шавам ва шарафи Тоҷикистонро дар мусобиқоти Русия ва Чин ҳимоя кунам.”

Сиёвуш Гадомамадов

Сиёвуш мегӯяд: "Навъи варзиши ушу танҳо муштзанӣ ва шиканҷаи ҳарифи заиф нест, он фалсафаи ниҳонии худро дорад ва барои варзишкорони ҷавон бояд чандин солоҳо машқ кунанд то тамоми нозукиҳои ин навъи варзишро биомӯзем.

таманниёти солинави аз Кӯлоб

Орзуи Ҳамид хабарнигори маҳаллӣ аз мантақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, дар арафаи соли нави мелодӣ бо чанде аз фарҳангиёни ин шаҳр сӯҳбате доштааст

Дар пешвози соли нав раҳораҳ расидем ба ҳунарманди шинохтаи театри тоҷик Худойназар Тилавов. Мавсуф дар соли равон ба баландтарин унвони касбӣ сарфароз гардида, соли пеширӯ дарёфти ҷоизаи навбатиро интизор аст.

Ӯ гуфт: “Соли 2010 барои ман хеле соли бобарор буд ва ҳоло ҳуҷҷатҳоямро барои гирифтани мукофоти ҳунарманди беҳтарини сол омода карда ба вилоят пешниҳод карданд.”

Рафтем суроғи Зафар Мирзоён, аз ховаршиносони саршиноси кишвар ва ӯро на дар атрофи арчаи солинавӣ бо қадаҳи шампон, балки дар ҳоли мутолиаи китоби дӯстдоштааш “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ пайдо кардем. Воқеан, оқои Мирзоён соли 2010-ро аз муваффақтарин солҳои умраш медонад, зеро дар ин сол тавонист ба Эрон сафар кунад ва хоки мазори Фирдавсиро бӯса занад.

Зафар Мирзоиён

“Орзуҳои ман барои Эрон рафтан хокбӯсии хокдони ҳаким Фирдавсии Тусӣ буд. Ман ба ҳаким Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и абадзиндаи ӯ як муҳаббати беандоза дорам. Савганд хӯрда будам, ки то агар мазори ҳаким Фирдавсиро зиёрат накунам, як қадам берун аз хоки Тоҷикистон нахоҳам гузошт.”

Оқои Мирзоён, дар мавриди бохтҳои фарҳангӣ бо таассуф чунин ёд кард:

“Дар соли 2010 мо яке аз овозхонони хеле шуҳратёри Тоҷикистон Зафар Нозимовро аз даст додем. Ва баъдаш даргузашти Нигина Рауфова буд, ки ӯ аз хонандагони машҳур миёни мардум буд.

Одилҷон Умурзоқов яке дигар аз фарҳангиёни саршинос аст, ки ба суроғаш рафтам ва ӯро ҳамоғӯши сози дӯстдоштааш “Тор” дарёфтам. Ӯ ҳамроҳи шогирдон барои таҷлил аз ҷашни 20-умин соли истиқлоли Тоҷикистон, омодагӣ мегирифт, ки қарор аст соли 2011 ҷашн гирифта шавад.

Одилҷон Умурзоқов

“Мо чанд суруд тайёр кардаем ва бо ҳамроҳии шогирдону аҳли адаб мехоҳам оянда як барномаи консертӣ ҳам дар шаҳри Кӯлоб ва дар шаҳру навоҳии дигари ҷумҳурӣ баргузор намоем.”

Раҳмоналӣ Одинаев, ҳунарманди театри ба номи Сидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлобро дар либоси Бобои Барфӣ гирди арчаи солинавӣ пайдо кардам.

оқои Одинаев бо ин мисръаҳо сӯҳбатро оғоз кард:

“Соли пешин “хайр” бо мо гуфту рафт,

“Бо умеди рӯзи фардо” гуфту рафт.

Соли нав меояд, истиқбол гир,

Пешвоз онро тамоми сол гир.

Ҳар дақиқа, ҳар нафас қимат шумор,

Соати тозандаро дунбол гир.

Марҳабо, эй соли нав, хуш омадӣ,

Соли нав, иқболи нав хуш омадӣ.

Раҳмоналӣ Одинаев

Раҳмоналӣ дар идомаи суханаш афзуд "Қадами соли навро, ки соли харгӯш аст, шодбош мегӯям ва бигзор қадами неки ин ҷонвари беозор дар хонадони ҳар яки мо файзу баракат, бахту саодатро биёрад”

ВВС 70 сола шуд

70 сол муқаддам, дақиқан 29 декабри соли 1940 бахши форсии Би-би-сӣ бо як барномаи родиюии 18 - дакиқаӣ оғоз ба кор кард.

Алоқамандӣ ба матолиби родиюи Би-би-сӣ дар Тоҷикистон ҳатто дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ низ вуҷуд дошта, аммо бахши форсии Би-би-сӣ пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 расман вориди фазои иттилоъотии Тоҷикистон шуд

Сӯҳроби Зиё

Ҳамкорам Суҳроби Зиё яке аз нахустин кормандони дафтари Би-би-сӣ форсӣ дар Тоҷикистон буданд, чунин гуфт:

“Ба барномаҳои форсии Би-би-сӣ муддатҳо қабл аз фурупошии шуравӣ мардум гуш мекарданд, ҳарчанд шунидани барномаҳои радиоҳои хориҷӣ аз ҷумла Би-би-сӣ, мамнуъ буд.

Вале дар авохири даҳаи 1980-и милоди бахусус баъд аз шурӯъи ба истилоҳ “бозсозӣ” ё “перестройка”- и Михаил горбачёв таваҷҷуҳ ба барномаҳои Би-би-сӣ бахусус дар Тоҷикистон ҳам афзуд.

Дар даҳаи 1990 барои аввалин бор Боқири Муъин, раиси вақт бахши форсии Би-би-сӣ ба мантақа ва аз ҷумла ба Тоҷикистон сафаре анҷом дод ва аз он замон исми Тоҷикистон дар барномаҳои форсии Би-би-си матраҳ шуд. Муҳиддин Олимпур, нахустин хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ буд, ки таъсиси дафтари Би-би-сӣ дар Тоҷикистон бо фаъолияти ӯ мустақиман иртибот дорад,

Аммо соли 1995 ӯ ба дасти афроди мусаллаҳ кушта шуд ва ҳамкорони ӯ ба ироаи гузоришҳо аз Тоҷикистон идома доданд.

Ҳоло бахши форсии Би-би-сӣ дар Душанбе дар баробари барномаҳои радиои сафҳаи вижаи тоҷикиро дар шабакаи ҷаҳони иинтернет дорад ва барои мухотабонаш ҳамарӯза тозатарин хабару гузоришҳоро таҳия мекунанд. Ҳамчунин барои телевизиони форсии Би-би-сӣ низ аз Тоҷикистон гузоришҳо таҳия мешаванд.

Таманниёти солинави аз Суғд

Дар идомаи ин барнома меравем ба шаҳри Хуҷанд дар вилояти Суғд ва назароту таманниёти чеҳраҳои шинохтаи ин шаҳрро мешунавем, ки ҳамкорам Алишер барои мо фиристодааст.

Бобоҷон Икромов – рӯзноманигори маъруфи тоҷик:

Бобоҷон Икромов

“Барои банда соле, ки бо он падруд мегӯем, яъне соли 2010, аз он лиҳоз хотирмон буд, ки дар ин соли файзбор эҷод ва таҳрири китоби нави худро бо номи «Хандаҳои гулпеч» ба итмом расонидам ва дар соли нави 2011 ин китобро ба дасти чоп хоҳам супурд. Ман тамоми ҳамзабононамро самимона табрик мегӯям ва барояшон саломатӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳо орзу менамоям. Соли наватон муборак ҳамдиёрони азиз!

Сайрам Исоева, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва ҳунарманди теотри мазҳака ва мусиқии Камоли Хуҷандӣ:

Сайрам Исоева

“Соли 2010 барои ҳунармандони теотри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ соли пурбарор ва пурфайз буд. Бояд зикр кунам, теотри мо дар ин сол дар ҷашнвораи байналмилалӣ дар Қазоқистон ширкат кард ва сазовори ду ҷоиза гардид. Мехоҳам дар соли 2011 дар ҳар хонаводаи мардуми Тоҷикистон ва сайёра ишқу муҳаббат пойдор, меҳру садоқат устувор, файзу баракат ёр ва хандаи тифлон бешумор бошад. Соли наватон муборак!

Ҳасани Камол – овозхони маъруф:

Ҳасан Камол

Мо, ҳунармандон, ҳамеша дар хидмати мардум ҳастем ва ҳамеша барои онҳо сурудҳои наву тоза пешкаш мекунем. Соле, ки моро падруд мегӯяд, барои ман соли нек буд. Дар замони мо танҳо овозхон ва ё санъаткор будан кам, аст бояд тоҷир ҳам бошед. Дар соли 2011 ман чанд нақшаҳое дорам, аз ҷумла мехоҳам барномаи консертии худро дар хориҷ аз кишвар баргузор кунам.

у афзуд "Орзуи онро дорам, ки дар соли нави 2011 дар ҳар хонадон садои мусиқӣ танинандоз бошад."

Назарот ва пешниҳодҳои худро дар бораи барнома ба одреси электрунии мо zevarshoh@bbc.tj ё bbc_dushanbe@yahoo.com фиристед.

То ҳафтаи баъдӣ падрууууууууд!

Барномаҳои қаблӣ

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.