Дуруд ва хуш омадед ба барномаи тафреҳии тоҷикӣ!
Матолибе, ки дар барномаи ин ҳафта дорем, аз ин қарор аст:

Даргузашти Нигина Рауфова, овозхони маъруф,

Мушкили коргардоне ҷавон аз вилояти Суғд,

Тими футболи "Вахш" 50-сола шуд,

Таҷлил аз Шаби Ялдо.
"Нигинро бар хок гузоштанд"
Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 22 декабр Нигина Рауфова, овозхони машҳур, дар синни 65-солагӣ даргузашт.
Нигина Рауфова, ҳунарманди мардумӣ ва дорандаи ҷоизаи Рӯдакӣ, умдатан дар жонри мусиқии мардумӣ ва "Шашмақом" овозхонӣ карда ва дар солҳои 1970 ва 1980 ба авҷи шӯҳрат расида буд.

Хонуми Рауфова тахассуси вижаи мусиқӣ надошт, вале замоне, ки дар дастаи мусиқии корхонаи бофандагӣ дар соли 1969 ҳунарнамоӣ кард, ӯро ба хотири истеъдоди ҳунарӣ ва овози дилнишинаш дар гурӯҳи мусиқии ҳирфаии "Рубобнавозон" ба кор гирифтанд.
Дертар, ӯ бо ҳунари овозхонияш дар саросари Тоҷикистон шӯҳратёр шуд ва ӯро барои кор ба Кумитаи родию ва телевизиюни ин кишвар даъват карданд.
Дар маросими видоъ бо "апаи Нигина", ҳамон гуна ки ҳазорон мухлиси ҳунараш бо меҳрубонӣ ва эҳтиром аз ӯ чунин ном мебурданд, намояндагони давлат, аҳли фарҳанг ва дӯстону ҳаводорони ҳунараш ширкат доштанд.
Саидқул Билолов, ҳампеша ва ҳамкори деринаи Нигина Рауфова, марги нобаҳангоми ӯро талафоти бузурге барои ҳунари тоҷик хонд.

Вай гуфт: "Нигина барои ҳамеша дар дилҳои мо ҳамчун овозхоне, ки истеъдоди худодод дошт, боқӣ мемонад. Овози ӯ, симои ӯ, либоси ӯ, рафтори ӯ хеле тоҷикона буд ва беҳтарин сурудҳои мардумиро низ Нигина иҷро кардааст."
Нуқра Раҳматова, овозхони маъруф, ва аз дӯстони Нигина Рауфова, мегӯяд, ки имрӯз қабл аз ҳама бо як дӯсташ видоъ мекунад, то бо як ситораи мардумӣ.

Вай гуфт: "Нигина Рауфова ба сабки мусиқии мардумӣ то охирин лаҳзаи ҳаёташ содиқ монд. Ҳаргиз ба ҳаводорони ҳунараш, ба алоқамандони мусиқии мардумӣ хиёнат накард."
Гузорише дар ин бора: Клик Нигина Рауфова, сарояндаи "Аскарбача" даргузашт
Коргардони "қарздор"
Моҳи сентябр дар барномаи тафреҳии тоҷикӣ аз нахустнамоиши филми "Ормонҳо" барои шумо гузорише доштем ва бо Муҳиддин Ҷӯраев, коргардони ҷавоне аз устони Суғд сӯҳбате доштем.
Вай гуфта буд, ки бояд то охири моҳи ноябр 90 ҳазор сомониро, ки барои наворбардории ин филм қарз гирифта буд, баргардонад. Чанде қабл ҳамкорам Алишер дар шаҳри Хуҷанд сӯҳбате дошт бо Муҳиддин Ҷӯраев ва гузорише дар ин бора фиристодааст.

Вай мегӯяд, ки Муҳиддин Ҷӯраев, коргардони ҷавон, ки филми мустанади "Ормонҳо"-ро бо дарёфти вом таҳия карда буд, бо мушкили пардохти қарз рӯбарӯст.
Ба гуфтаи оқои Ҷӯраев, вай аз хешу ақрабо ва дӯстонаш беш аз 90 ҳазор сомонӣ ё муъодили 20 ҳазор дулори амрикоӣ вом дарёфт карда ва ин филмро таҳия кардааст.

Аммо ба далели он ки ин филм танҳо соли 2012 бо сабти видию ва дивидӣ (DVD) вориди бозор мешавад, имкони ба даст овардани даромад то он замон вуҷуд надоштааст. Вале Муҳддин зоҳиран барои напардохтани қарзаш таҳти фишор аст.
Аюбҷон Эгамов, коршиносе мустақил аз шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, ки дар Тоҷикистон вазъи синемо ва филмофарӣ бад аст ва мақомот барои ҳимоят аз коргардонҳои ҷавон талоше анҷом намедиҳанд. Ҳарчанд филми "Ормонҳо" аз мушкилоти умдаи ҷомеъа қисса мекунад, вале мақомот аз ин филм ҳимояти молӣ накардаанд.

Муҳиддин Ҷӯраев аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки фазои синемои Суғдро аксаран филмҳои тавлиди кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон фаро гирифтаанд ва мардум бештар шавқи тамошои ин филмҳоро доранд. Аммо вай мегӯяд, ки барои офаридани филмҳои тоҷикӣ ҳеҷ сарпарасте дар минтақа пайдо намешавад.
Зимнан, Муҳиддин Ҷӯраев, Ғайрат Қодиров ва Фарҳод Тӯхташев, се ҷавон аз шаҳри Конибодоми устони Суғд, ду сол қабл аз донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода, дар риштаи коргардонӣ ва бозигарии синемо ва теотр, фориғ шудаанд.

Ин гурӯҳи ҳунарии ҷавон нахустин филми худро бо номи "Ормонҳо" дар толорҳои синемои шаҳри Душанбе ва навоҳии устони Суғд ба намоиш гузоштааст.
Ҳамчунин, филми "Ормонҳо" бори нахуст дар моҳи октбяр дар шаҳри Душанбе дар ҷашнвораи байналмилалии синемои "Дидор" ба намоиш гузошта шуд.

Ин филм аз тақдири талхи се хонаводаи тоҷик, ки дар минтақа зиндагӣ мекунанд, қисса мекунад. Дар яке аз хонаводаҳо ҳодисаи худкушии ҷавонзане, дар хонаводаи дигар мавориди озори ҷинсӣ ва дар охирин, саргузашти ҷавоне мӯътод ба маводди мухаддир бозтоб ёфтааст.
Тими футболи "Вахш" 50-сола шуд
Дар авохири ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо варзишкорон мулоқоте дошт ва ба қавле дарди дили варзишгаронро шунид. Вай аз ҷумла ваъда кард, ки чанде аз толорҳои варзишие, ки аз фаъолият бозмондаанд дубора бозсозӣ хоҳанд шуд.

Вай ҳамчунин гуфт, ки толорҳои мудерн ва ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон сохта мешаванд. Раиси ҷумҳур ба футбол таваҷҷуҳи вижае кард ва гуфт дар дараҷаи аввал "футболи тоҷик бояд ба сатҳи баландтаре бардошта шавад."

Дар ҳамин ҳол, яке аз куҳансолтарин тимҳои футболи Тоҷикистон тими Вахш-и Қурғонтеппа аст, ки имсол 50-солагии худро ҷашн мегирад. Ҳамкорам Орзӯи Карим дар шаҳри Қурғонтеппа бо бозигарон ва мураббиёни ин тим сӯҳбат кардааст.

Исроил Шарипов, раиси клуби футболи "Вахш" дар шаҳри Қурғонтеппа ба ҳамкорам Орзу аз мушкили молӣ дар солгарди ин даста ҳаф задааст.
Оқои Шарипов гуфтааст, ки футболбозони ҷавону умедбахше шомили даста буданд, ки ба сабаби набуди маблағ ва сарпараст онҳо ба дастаҳои футболи "Истиқлол" ва "Регар" шомил шудаанд.

Исроил Шарипов мегуяд, ки дар якчанд бозӣ тими ӯ дастболо шуда, вале бозиҳои минбаъда ба сарпараст вобастагӣ дорад. Ба гуфтаи вай, барои як бозӣ дар берун аз Тоҷикистон наздики 50 ҳазор дулор лозим будааст, ки бозигарон ва мураббиён онҷо ширкат кунанд.
Салоҳиддин Ғафуров, мураббии дастаи футболи "Вахш" мегӯяд, ки ҷавонони шомили ин даста метавонанд, ки боз ҳам шуҳрати ин дастаро боло баранд, вале онҳо ба кумакҳои молӣ ниёз доштаанд.

Салоҳиддин Ғафуров гуфтааст, ки бо вуҷуди мушкилоти молӣ онҳо чандин гурӯҳи ҷавононро барои бозиҳои дохилӣ омода мекунанд ва дастаи футболбозони наврасон ҳам доштаанд.
Шомурод як мухлиси доимии дастаи футболи "Вахш" мебошад, ки аз рӯзи таъсисёбии ин даста бозиҳои онҳоро тамошо кардааст.

Шомурод, як мухлиси тими "Вахш"
Вай мегӯяд, ки дар замони Шӯравӣ ин даста шуҳрати зиёде дошт ва бештар дар бозиҳои дохилӣ ва берунӣ дастболо мешуд. Шомурод ҳоло низ шоҳиди бозии футболбозон аст ва ҳатто тамринҳои онҳоро тамошо мекунад.
"Шаби Ялдо"-и муштарак
"Шаби Ялдо"-ро, ки имсол мусодиф бо шаби 21 ба 22 декабр буд, ҳамроҳ бо дӯстони тоҷику эрониву урупоӣ дар манзили яке аз дӯстони эронии муқими Тоҷикистон гузарондем.

Барои ҳамаамон ин нахустин таҷрубаи ҷашни "Шаби Ялдо" буд. Шамсия ҳам дар бораи ин таҷрубааш бароямон гузорише таҳия кард, ки онро дар барнома пахш кардем.

Тоҷикон дар гузашта суннатҳое барои рӯз кардани дарозтарин шаби сол, яъне "Шаби Ялдо" доштанд, аммо ҳоло ин ҷашн бештар дар миёни эрониён таҷлил мешавад. Мутаассифона, дар Тоҷикистон аз он камтар дарак доранд.

Дӯстони эронии мо то ҷойе тавонистанд, ғизои эронӣ таҳия карданд ва мо ҳама унсурҳои муҳимтарин барои ҷашни Шаби Ялдо-ро доштем - тарбуз, анор, мағзу мавиз, дӯстдорон ва ҳатман Девони Ҳофиз.

Тарбузро дар ҷашни "Шаби Ялдо" ба ёдгорӣ аз рӯзҳои дароз ва гарми тобистон рӯйи хон мегузоранд. Вале анор самбули идомаи насл аст. Ҷолибтарин қисмати Шаби Ялдо барои ҳама гирифтани фоли Ҳофиз буд.

Рӯзбеҳ фоли Ҳофиз мегирад
Рӯзбеҳ дар бораи фоли Ҳофиз гуфт: "Дақиқан намедонам фалсафаи фол гирифтан чӣ аст, аммо медонам, ки дар хонаводаҳои Эрон, Ҳофиз ҳамеша баъд аз Қуръон ва шояд ҷилавтар аз Қуръон ҳам буд ва фарҳанги фолгирӣ аз Ҳофиз аз қадим дар Эрон будааст."
Гузорише дар ин бора Клик "Тарбузу анор ва фоли Ҳофизи "хаста" дар Шаби Ялдо"
Шунавандаҳои азиз назарот ва пешниҳодҳои худро дар бораи барнома ба одреси электрунии мо zevarshoh@bbc.tj ё bbc_dushanbe@yahoo.com фиристед.
Дар ин ҷо аз номи ман, Зеваршоҳ, муҷрӣ ва таҳиякунандаи барнома бо соири ҳамкоранам дар Хуҷанду Хатлон ва Душанбеву Ландан то барномаҳои баъдӣ бо шумо худоҳофизӣ мекунем падрууууууууд.
* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд
BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست
بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.