Ба рӯз шуда:  Душанбе, 13 Декабр соли 2010 - 14:47

Викиликс: Раҳмон тарҳрезии табаддулот алайҳи худро ошкор кардааст

Викилиск

Мукотибаи маҳрамонаи диплумотики Омрико дар бораи Тоҷикистон шомили мавзӯъоти сиёсатҳои Русия, қочоқи маводди мухаддир ва фасод дар Тоҷикистон аст

Викиликс бо интишори номаҳои маҳрамонаи диплумотҳои омрикоӣ аз Душанбе ба Вазорати хориҷаи ин кишвар, аз ҷумла сӯҳбатҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар робита ба тарҳрезии табадулот алайҳи ӯ тавассути марзбонони Русия ифшо кардааст.

Ҳамчунин раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба даст доштани марзбонони рус дар Тоҷикистон ба қочоқи маводди мухаддир таъкид кардааст.

Яке аз ин номаҳо, ки ба таърихи панҷ соли қабл бармегардад, сӯҳбатҳои оқои Раҳмон бо диплумоти омрикоӣ дар бораи кудетои эҳтимолии женерол Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди раёсати ҷумҳурӣ ва Русия алайҳи давлати ӯро ошкор кардааст.

Дар санаде дигар, ки сафири кунунии Омрико дар Душанбе дар авоили соли ҷорӣ ба Вошингтун ирсол доштааст, диплумоти омрикоӣ аз фасоди густарда дар системи давлатдорӣ “аз президент оғоз карда то корманди пулис” ибрози назар кардааст.

Дар ин санади диплумотик вазъи иқтисоди Тоҷикистон шарҳ ёфта ва ба фаъолиятҳои тиҷории хонаводаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ мурур мешавад.

Дар бораи кудетои эҳтимолии Ғаффор Мирзоев

Дар номаи сафорати Омрико дар Тоҷикистон дар рӯзи 2-юми декабри соли 2005 ба Вазорати хориҷа мехонем: “Раҳмонов мегӯяд, “Мехоҳам асрореро ба шумо бигӯям, ки чаро марзбонони Русияро хориҷ кардам. Шумо медонед, ки онҳо бахше аз КГБ ҳастанд. Ман иттилоъи мӯътамад доштам, ки онҳо ва Мирзоев (женероли зиндонӣ Ғаффор Мирзоев) алайҳи ман кудето тарҳрезӣ карданд.””

Оқои Раҳмонов бино ба ҳикояти ин нома афзудааст, ки вай мавзӯъи хуруҷи марзбонони Русияро борҳо бо Влодимир Путин матраҳ кард, вале вай "ҳарфашро ношунида мегирифт”. Оқои Раҳмон афзудааст: “Танҳо пас аз ин, ки ман алайҳи Мирзоев иқдом кардам, Путин билохира фаҳмид, ки бозии онҳо тамом шуд.”

Дар мавриди дигаре дар мукотибаи маҳрамонаи диплумотики Омрико ин суханон ба оқои Раҳмон нисбат дода мешавад: “Дар воқеъият инҷо ниҳодҳои вижаи амниятии Русия мушкил эҷод мекунанд ва нафақат инҷо. Ҳамааш ба Кремлин ва бархеш ба боло вобаста аст. Набояд фаромӯш кунем, ки худи Путин дар ботин як “чекист” (афсари амниятӣ) аст.”

Дар номаи дигари диплумоти омрикоӣ мехонем, “мақомоти тоҷик бар ин боваранд, ки Русия ба гурӯҳи Мулло Абдулло кумак кардааст, то ба Тоҷикистон нишон диҳад, ки ба кумаки Русия ниёзманд ҳастанд”.

Дар бораи "сабабҳои" хуруҷи марзбонони рус аз Тоҷикистон

Мукотибаи ошкоршудаи Викиликс ба сабабҳое, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба диплумоти омрикоӣ дар бораи хуруҷи марзбонони рус аз Тоҷикистон пешниҳод кардааст, мурур мекунанд.

Аз ҷумла дар номаи Ричард Ҳогланд мехонем, ки оқои Раҳмон гуфтааст, Виктор Черкезов, раиси Хадамоти федероли Русия барои мубориза бо маводди мухаддир замоне, ки бо фаъолияти Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон ошно шуд, “дарк кард, ки марзбонони рус дар инҷо бештар ба қочоқи маводди мухаддир машғуланд, то мубориза бо он.”

Дар ин номаи диплумоти амрикоӣ мехонем: “Вақте сӯҳбати Раҳмонов дар робита ба ин мавзӯъ гарм шуд вай гуфт: “Фикр мекунед, чаро расонаҳои русӣ ҳамеша дар бораи нотавонии Тоҷикистон дар муроқибат аз марз гузориш чоп мекунанд? Ҳамааш кори женеролҳои рус аст, ки мехоҳанд ҳамроҳ бо мофиёи худ ба инҷо баргарданд.”

Оқои Раҳмон сипас саволи маънидоре додааст: “Женеролҳои рус дар сафи дарозе, ки ҳатто аз Майдони сурх ҳам убур мекард, навбат меистоданд, то ки ришва диҳанду ба Тоҷикистон эъзом шаванд – фикр мекунед, чаро ин корро мекарданд, то ин ки қарзи ватандӯстии худро иҷро кунанд?”

Оқои Раҳмон сипас гуфтааст, ки панҷоҳ женероли рус, ки дар Вазорати дифоъи Тоҷикистон ба унвони мушовир боқӣ монда буданд, ба ин далел ихроҷ шуданд, ки кумаке барои Тоҷикистон анҷом намедоданд, "зеро мехостанд, Тоҷикистон заиф боқӣ бимонад, то ин ки дӯстони онҳо бозиҳои худро идома бидиҳанд ва аз роҳи қочоқ сармоя ҷамъоварӣ кунанд.”

Ин дар ҳолест, ки аз як моҳ бад-ин сӯ расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷӣ гузориш мекунанд, ки мақомоти Тоҷикистон ва Русия дар бораи "ҳамкориҳои густурдатар" дар заминаи муроқибати муштарак аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон музокира мекунанд.

Ахиран Максим Пешков, як намояндаи Вазорати хориҷаи Русия, ки дар ҳамоиши байналмилалии "Тоҷикистон ва Русия 2010" дар шаҳри Душанбе ширкат дошт, гуфт, ки музокира байни ду кишвар дар мавриди бозгашти нерӯҳои марзбони Русия ба марзи Афғонистон ҳамчунон идома дорад.

Оқои Пешков афзуд: "Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти Афғонистон ва хатароти терурисму ифротгароӣ, ки дар минтақа вуҷуд дорад, Русия омода аст нерӯҳои худро ба марзи Тоҷикистону Афғонистон бозгардонад. Агар мақомоти Тоҷикистон мувофиқат кунанд, нерӯҳои мо ба марз бозхоҳанд гашт."

Дар бораи майли Душанбе ба мизбонии пойгоҳи ҳавоии Омрико

Дар мавриде дигар дар мукотибаи маҳрамонаи диплумотики Омрико ба алоқамандии Тоҷикистон барои таъсиси пойгоҳи ҳавойии Омрико дар Тоҷикистон ишора шудааст.

Дар яке аз номаҳо мехонем, ки Тоҷикистон мехоҳад, Омрико колоҳои бештаре ба Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон интиқол бидиҳад ва дар ивази кумак ба Афғонистон, суди бештаре дошта бошад.

Дар ин нома омадааст: “Мақомоти тоҷик бар ин боваранд, ки Ӯзбакистон ҳамаи суд аз тронзити колоҳо ба Афғонистонро барои худ гирифтааст.”

Нома билофосила меафзояд: “Онҳо (мақомоти Тоҷикистон) ишора карданд, ки аз таъсиси пойгоҳи ҳавоии Омрико дар Тоҷикистон истиқбол хоҳанд кард. Онҳо ҳузури Омрико дар минтақаро ҳамчун сангар алайҳи бесуботӣ дар Афғонистон мебинанд.”

"Ҷӯрабозӣ ва фасод монеъаи ислоҳот дар Тоҷикистон"

Санади дигаре, ки Викиликс дар робита ба Тоҷикистон ошкор кардааст, ба моҳи феврали соли ҷорӣ бармегардад, ки дар он мулоҳизоти диплумоти омрикоӣ дар робита ба фасод дар ин кишвар дарҷ шудааст.

Дар ин нома аз ҷумла мехонем: “Монеъаи аслӣ дар роҳи беҳбуди вазъи иқтисодӣ дар ин кишвар, инкор аз анҷоми ислоҳот аст. Ҷӯрабозӣ ва фасод - аз фаъолияти Президент оғоз карда то кормандони пулис мушоҳида мешавад.”

Муаллифи нома ҳамчунин манависад, ки раиси ҷумҳурӣ ва хонаводаи ӯ “тиҷорати аслиро бо шумули бонки бузургтарини кишвар таҳти кунтрул дорад ва новобаста ба асароти ин амр ба иқтисоди кишвар, барои ҳифзи манофеъи иқтисодии худ талош мекунанд.”

Маводи сойти баҳсбарангези Викиликсро, ки муассиси он ба иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ҳоло дар боздошт аст, рӯзномаи бритониёии Гордиян (Guardian) мунташир кардааст.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон аз ироаи шаҳрҳу назар дар бораи ин мукотиботи маҳрамонаи ошкоршуда дар сойти Викиликс худдорӣ мекунанд.

Мақомоти Вазорати хориҷаи ин кишвар қабл аз интишори номаҳои ахири диплумотҳои омрикоӣ дар робита ба Тоҷикистон дар Викиликс, ин сойтро “иғвогар” хонда буданд.

Аммо шанбеи 11 декабр, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Дастаҷамъӣ дар Маскав гуфтааст, ки кишвараш ҷонибдори муқобала бо ҷароим дар арсаи иттилоърасонӣ ва фанновариҳои иттилоъотӣ аст.

Вай аз ҷумла гуфтааст, ки "Тоҷикистон ҷонибдори устувори муқовимати муштарак бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи иттилоъот ва технологияҳои иттилоъотӣ мебошад."

Бо ин ҳол оқои Раҳмон дар робита ба сойти Викиликс ибрози назаре накардааст.

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

bbc.co.uk navigation

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.