Дуруд ба алоқамандони барномаи тафреҳии тоҷикӣ.
Мӯҳтавои барномаи ин ҳафта:
Нахустин қаҳрамони барномаи ин ҳафта Набила Иброҳимӣ, як зани афғони муқими Омрикост. Хонуми Иброҳимӣ мегӯяд алоқаи зиёде дорад ба оҳангҳои тоҷикӣ ва бахусус, таронаҳои Шабнами Сурайё.

Сипас, меравем ба устони Хатлон, ба шаҳри Қурғонтеппа: ҳамкорам Орзу мусоҳибае бо Қурбоналӣ Нодиров, овозхони собиқадор, анҷом додааст.

Аммо қисмати аслии барномаи ин ҳафтаи моро мусоҳиба бо Аҳмад Ҷавод Каримӣ овозхони ҷавони афғон, ба худ ихтисос медиҳад.

Дар ду ҳафтаи гузашта, ки дар барнома набудам, сафаре доштам ба Афғонистон, ба шаҳри зебои Кобул. Ва матолибе чанд аз ин сафар бо худ овардам, ки қисме аз онҳоро дар барномаи ин ҳафта барои шумо пахш кардем ва қисми дигар аз дидаҳо ва шунидаҳоямро дар барномаҳои дигар хоҳед шунид.

Намои Кобул аз болои Кӯйи Телевизиюн
Ман дар гузашта дар шимоли Афғонистон будам, аммо Кобулро ҳаргиз надида будам. Ва аз вазъияти ин кишвар бештар аз тариқи расонаҳо огоҳӣ меёфтам.
Ин сафар бароям хеле ҷолиб буд, дидани ватани устодони бузурги мусиқии мардумии Афғонистон, мисли устод Сароҳангу устод Залонд ва устод Маҳвашу устод Хаёлу, билохира, зодгоҳи Аҳмад Зоҳир, ки дар Тоҷикистон алоқамандони зиёде дорад.

Дар мақбараи Аҳмад Зоҳир дар гӯристони "Шуҳадои Солеҳин"
Дар ин сафар наметавонистам ба қабристони шуҳадои Солиҳин ба зиёрати мазори Аҳмад Зоҳир наравам.
Дар замони ҳукумати Толибон санги қабри Аҳмад Зоҳир аз тарафи Толибон тахриб шуда буд ва хушбахтона, дубора онро ҳамон гуна ки буд, барқарор кардаанд.

Ин маҳал бо номи Кӯйи Телевизиюн маъруф аст, чун болои онтенҳои зиёди телевизиюн ба чашм мерасад
Ҳамарӯза теъдоди зиёде аз алоқамандони ҳунари ин хунёгари мумтоз ба зиёрати мазори Аҳмад Зоҳир ба қабристони шуҳадои Солиҳин меоянд ва як мушт арзан ва ё гандум болои санги марқадаш мепошанду як каф дуъо ба арвоҳаш мефиристанд.
Набила Иброҳимӣ: Мехоҳам Фарзонаи Хуршедро аз зиндон озод кунанд
Дар ин сафар ба Афғонистон бо Набила Иброҳимӣ, зане, ки ошиқи таронаҳои Шабнами Сурайёст, вохӯрдам. Вай мегӯяд, ки дар як барномаи кунсертие, ки Шабнам дар Лос-Онҷелес иҷро кард, баъди анҷоми ин барнома Шабнамро ба хонааш даъват кардааст.
Хонуми Иброҳимӣ дар ин бора мегӯяд: "Духтари ман Ноҷияҷон аз алоқамандони ҳунари Шабнами Сурайёст ва ин муҳаббат ва дилбастагияш боъис шуда, ки бори дувум ба Тоҷикистон сафар кунад."
"Ноҷияҷон бисёр дар тапу талош аст, ки касеро пайдо кунад, то Фарзонаи Хуршедро аз зиндон халос кунад, ки ҳатто шабҳо ба хотираш гиря мекунад.

Набила Иброҳимӣ дар меҳмонхонаи "Порк Истор" дар Кобул
Хонуми Иброҳимӣ дар идомаи суханаш афзуд, ки соли 1384 (панҷ сол пеш) аз Афғонистон берун шуда ва се сол дар Покистон зиндаги кардааст. Баъд ба Омрико рафтааст. Вай феълан дар Омрико дар як ширкати Мортгеҷ брукер" кор мекунад ва ба тиҷорати мошин машғул аст.
Ӯ мегӯяд: "Ман хеле хуш шудам, ки Шумо, Зеваршоҳро дар Афғонистон, дар Кобул, вохӯрдам. Ин навбат бароям фурсат даст надод, ки ба Тоҷикистон сафар кунам, аммо дар навбати баъдӣ ҳатман аз Тоҷикистон дидан мекунам ва ба назди дӯстони азизам хоҳам рафт."
Оҳангҳои забтнашудаи Қурбоналӣ Нодиров
Ҳамкорам Орзӯи Карим ин ҳафта дар меҳмонии Қурбоналӣ Нодиров, сарояндаи таронаҳои мардумӣ ва аз овозхонҳои маъруф дар вилояти Хатлон буд. Оқои Нодиров тамоми умри худро ба обод кардани маҳфилҳои арусӣ ва баргузориҳои барномаҳои ҳунарӣ сарф кардааст, аммо имрӯз эҳсос мекунад, ки оҳангҳояш забт нашудаанд ва андаке дигар ба гӯшаи фаромушӣ хоҳанд рафт.

Қурбоналӣ Нодиров
Вай гуфт солҳои Шӯравӣ имкони сабти садо камтар буд, варна сурудҳояшро дар ҷавонӣ, ки ҳамроҳи Зафар Нозим, Тоҷиддини Муҳиддин, Дӯстмуроди Алӣ ва дигар сарояндагон хонда буд, забт мекард.
Садои Қурбоналӣ ба қавле намакин аст ва бо садояш чандин маҳофили шодиро бидуни баландгӯ гузарондааст.

Қурбоналӣ Нодиров бо Одина Ҳошим (аз рост) ва яке аз дӯстонаш
Вай бештар дар бебарқӣ гузарондани арӯсиҳоро дар ноҳияи Қумсангир ва ноҳияи Рашт дидааст. Ба нақли оқои Нодиров, дар ҷавонӣ вай ба Зафар Нозим зиёд монандӣ доштааст ва чандин маротиба мухлисони Зафар ба хонааш меомаданду мегуфтаанд, ки "бародари Зафар ҳастӣ", вале вай дар ҷавоб мегуфтааст "на, мо дӯст ҳастему ҳамкорӣ дорем."

Орзу бо овозхон Қурбоналӣ Нодиров
Қӯрбоналӣ Нодиров корро аз шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Вахшу Бохтар оғоз карда ва дар ҳунаристони шаҳри Қурғонтеппа муддатҳо кор кардааст. Дӯстдорони садо ва сурудаш то ҳол дар суроғи вай ҳастанд.
Қурбоналӣ ба ҳамкорам Орзу ваъда додааст, ки баъди забти суруҳояш дар шакли видию ва садо меҳмони "барномаи тафреҳӣ" мешавад ва сурудҳояшро ба шунавандагон тақдим месозад.
Дар меҳмонии Аҳмад Ҷаводи Каримӣ дар Кобул
Дар мантақае тафреҳӣ бо номи Қарға сӯҳбате доштем бо Ҷавод Каримӣ, оҳангсоз ва овозхони босалиқаи афғон, ки чанд сол дар Тоҷикистон ба сар бурда ва ҳоло бо даъвати телевизиюни Тулӯъ дар ин муассиса дар Кобул ифои вазифа мекунад.

Роҳ ба сӯйи тафреҳгоҳи Қарға
Ҷавод мегӯяд: "Тоҷикистонро хеле дӯст дорам, на аз он хотир, ки ҳамсари ман духтаре тоҷик аст, балки хотироти ширине дорам аз шаҳри зебои Душанбе, чун аз соли 1994 то соли 2007 ман дар Душанбе будам ва ҳамон ҷо хонавода барпо кардам, ки ҳосили ин издивоҷ се фарзанд аст, ду писар ва як духтари ноз."

Ҷавод бо хонаводааш
Ҷавод мегӯяд, ки ба ҳангоми хурдсолӣ бобояш ба ӯ аз Тоҷикистон зиёд таъриф мекард ва қиссаҳои зиёде аз сафарҳояш то ба Самарқанду Бухоро ва шаҳрҳои дигари Осиёи Марказӣ мегуфт.
Вай афзуд: "Ман, ки бузург шудам, ин қиссаҳои бобо ҳамеша дар зеҳнам буд ва баъди пош хӯрдани Шӯравӣ чунин имкон барои ман фароҳам шуд, ки як рӯз кӯлбори худро гирифта, озими Тоҷикистон шудам ва 13 сол дар Душанбе будам, ки бароям дарвоқеъ хуш гузашт."

Кӯле дар Қарға
Ҷаводи Каримӣ дар ин 13 сол, ки дар Душанбе буд, барои аксари овозхонҳои тоҷик оҳангҳое сохтааст, ки бештари ин овозхонҳо маҳз бо оҳангҳои ӯ ба дили ҳаводорони ҳунарашон роҳ ёфтаанд.
Масалан, Сироҷиддини Фозил оҳанги Биё, ёрҷон вафо кун, Шабнами Сурайё оҳангҳои Вой-вой, Модар, Ватан, Кибриё Раҷабова оҳанги Дунё ба касе намонд-ро хондаанд, ки ба Ҷаводи Каримӣ мутаъаллиқ будаанд.
Вай чанд оҳанг барои Манижаи Давлат низ сохтааст, ки гӯё сабт шудаанд, аммо ба дасти алоқамандони ҳунари Манижа ҳануз нарасидаанд.
Дар ин сӯҳбат Фирӯзабону, ҳамсари Ҷаводҷон, низ бо фарзандонаш бо мо буданд ва аз ӯ пурсидам, ки падару модараш тасмими ӯ дар бораи издивоҷ бо Ҷаводро чигуна қабул кардаанд?

Ҷавод бо ҳамсар ва яке аз писаронаш
Вай гуфт: "Падарам гуфтанд, ки тасмими ниҳоиро бояд худат бигирӣ ва агар дарвоқеъ дӯст медорӣ, метавонӣ издивоҷ кунӣ. Аммо модарам чанд муддат розӣ набуданд ва бо саъйу талошҳои зиёд, билохара, розӣ шуданд. Аниқтараш, чун модари Ҳорун, як дӯсти Ҷавод, ки ба хонаи мо хостгорӣ омада буд, модарамро розӣ кард."

Қисмате аз Кобул
Аз ӯ пурсидам дар ин чаҳор сол чи тағйиротеро дар Афғонистон мебинад?
Фирӯзабону гуфт: "Албатта, чаҳор сол қабл, ки ман бо фарзандонам омада будам, вайронаҳо дар Кобул хеле зиёдтар буд, муҳоҷирин ва хайманишинон зиёд буданд, ки ҳоло бамаротиб камтар шудаанд."
"Имрӯз сохтмони иморатҳои баландошёна дар мантақаҳои мухталифи шаҳр зиёд ба чашм мехӯрад, ки намои шаҳрро зеботар мекунанд ва ободии бештар шуда, сатҳи зиндагии мардум низ дар муқоиса бо чанд соли қабл беҳтар шудааст."

Кӯдакон дар Афғонистон
Хонуми Фирӯза фориғуттаҳсили донишкадаи муҳандисии (политехники) шаҳри Душанбе аст ва қабл аз сафараш ба Кобул дар мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе кор мекард.
Дар барномаҳои оянда гуфтаниҳои бештаре дар бораи Афғонистон дорем.
Сипоси фаровон аз ин ки ба сафҳаи мо сар задед.
Назарот ва пешниҳодҳои худро дар бораи барнома ба одреси электрунии мо zevarshoh@bbc.tj ё bbc_dushanbe@yahoo.com фиристед.
Дар инҷо аз номи ман, Зеваршоҳ, ва тамоми ҳамкоронам дар Душанбе ва Ландан то ҳафтаи дигар падруууууууууууууууууууууууд!
* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд
BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست
بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.