Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 07 Декабр соли 2010 - 06:24

Даргузашти Карим Абдулов - кумунисте, ки ду бор ҳаҷ кард

Карим Абдулов

Карим Абдулов аз фаъолони ҳизби кумунисти Тоҷикистон ба шумор мерафт (акс аз сойти шахсии Карим Абдулов)

Карим Абдулов, сиёсатмадор, нависанда ва узви фаъоли ҳизби кумунисти Тоҷикистон, дар синни 71-солагӣ бар асари беморӣ дар вилояти Суғд аз олам чашм пӯшид.

Маросими дафни Карим Абдулов рӯзи 5 декабр бо ширкати намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва удабои вилояти Суғд дар зодгоҳаш, ноҳияи Мастчоҳ, баргузор шуд.

Пруфессур Карим Абдулов 26 феврали соли 1939 дар деҳаи Сурхкати ноҳияи кӯҳистонии Мастчоҳ ба дунё омадааст.

Вай баъди анҷоми мактаби миёна дар Омӯзишгоҳи (техникуми) молияи шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) ва сипас дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон таҳсил кардааст. То соли 1967 симати раҳбарии созмони ҷавонони кумунист ё комсомол дар ин донишгоҳро ба ӯҳда доштааст.

Карим Абдулов дар соли 1970 фаъолияти худро дар ҳизби кумунисти Тоҷикистон шурӯъ карда ва дар чанд соли ахир аз чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон маҳсуб мешуд.

Дар гузашта, вай дар симатҳои мухталифи давлатӣ фаъолият карда ва аз ҷумла замоне раҳбарии дафтар ва мудирияти котиботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Замоне вай мушовири раиси Ҳукумати вилояти Суғд ва раиси ҷамъияти "Дониш" ҳам буд.

Пруфессур Карим Абдулов барои хидматҳояш ҷавоизи мухталифи давлатӣ, аз ҷумла "Нишони фахрӣ", медолҳо ва унвони "Корманди шоистаи Тоҷикистон"-ро дарёфт кардааст.

Ҳамчунин, вай барандаи ҷоизаи ба номи окодемисиян Бобоҷон Fафуров ва ҷоизаи Иттиҳодияи Рӯзноманигорон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд.

Ба қалами Карим Абдулов кутуби публисистии "Роҳи беҳбуд", "Дар ин дунё", "Сиёсатномаи асри ХХI", "Ягонагии сухан ва амал", "Абадзинда", "Лоиқи миллат", "Дарёниҳод", "Аловаддин Бобоев", "Бахти таърихӣ", "Асъори миллӣ" ва ғайраҳо мутаъаллиқанд.

Удабо ва донишмандони Суғд мегӯянд, ки Карим Абдулов аз чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон буда ва нақши вай дар рушди ҷомеъаи ин кишвар муассир будааст.

Ба гуфтаи Ғуфронҷон Рустамов, раҳбари маҳаллии ҳизби кумунисти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Карим Абдулов то охири умр аз аъзои фаъоли ин ҳизб буд ва қабл аз марг дар раёсати марказии ҳизби кумунист узвият дошт.

Оқои Рустамов афзуд, ки Карим Абдулов ҳамвора ба ҳамҳизбиёнаш мегуфт, ки бояд "чизҳои хуби ҷомеъаи кумунистиро гирифт ва дар ҷомеъаи имрӯзӣ ба кор андохт."

Бо вуҷуди ин ки Карим Абдулов аз фаъолони ҳизби кумунист ба шумор мерафт, вале ду бор ба ҳаҷ сафар карда ва он гуна, ки дар сойти шахсияш омадааст, "дар тарғиби маърифати ислом аз дидгоҳи дунявӣ" рисолае ба номи "Ҳаҷнома" таълиф кардааст.

Бо ин ҳол, вай аз мухолифони баркандани пайкараи Ленин дар шаҳри Хуҷанд будааст. Ҳарчанд гуфтугӯҳое дар бораи бардоштани ин пайкара аз яке аз хиёбонҳои аслии шаҳри Хуҷанд дар солҳои ахир матраҳ аст, вале ин пайкара ҳамчунон побарҷост.

Карим Абдулов ҳамчунин аз тарафдорони сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, буд ва пайваста дар нашрияҳои дохилӣ мақолоте дар ташвиқу таблиғи сиёсатҳои ӯ интишор медод.

Вай ҳамчунин падари Олими Каримзод, молики ширкати маъруфи "Олими Каримзод" аст. Ин ширкат як ширкати фючерсӣ ё сармоягузор дар воҳидҳои кишоварзии вилояти Суғд аст, ки дар гузашта ихтилофоте бар сари он дар миёни кишоварзони вилоят матраҳ будааст.

Тамос бо мо

* Бахшҳои ситорадор бояд пур шаванд

0-(Ҳадди аксари хуруфи маҷоз: 500)

BBC © 2014 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.